ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2015"
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2014 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2014, №11, мод.642; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015, №1203; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2015, № 1204; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2015, № 1205) қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"10. Воридоти қубурҳои пластикӣ, насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ, зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва зеристгоҳи барқӣ аз ҷониби Ширкати муштараки Хитой-Тоҷикистон "Ҷунтай-Хатлон Синсилу" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Иттиҳоди Аграрии "Водии Заррин" аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Номгӯй ва миқдори қубурҳои пластикӣ, насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ, зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва зеристгоҳи барқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
17 июни соли 2015 № 1206
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 10 июни соли 2015, № 99
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2015 ГОД"
Статья 1. Статью 15 Закона Республики Таджикистан от 24 ноября 2014 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015 год" (Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №11, ст.642; Закон Республики Таджикистан от 15 апреля 2015 года, №1203; Закон Республики Таджикистан от 5 мая 2015 года, №1204; Закон Республики Таджикистан от 2 июня 2015 года, №1205) дополнить частью 10 следующего содержания:
"10. Импорт пластиковых труб, водяных насосов, электрического оборудования, электроподстанций, запасных частей водяных насосов, электрического оборудования и электроподстанций со стороны Китайско-Таджикской совместной компании "Джунтай-Хатлон Синсилу" и Общества с ограниченной ответственностью "Аграрный Союз "Водии Заррин" освобождается от налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин.
Перечень и количество пластиковых труб, водяных насосов, электрического оборудования, электроподстанций, запасных частей водяных насосов, электрического оборудования и электроподстанций определяются Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 17 июня 2015 года, № 1206
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015 год"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015 год".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, от 10 июня 2015 года, № 99