Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикжстон
аз "23" июни соли 2015, № 510
тасдиқ шудааст
Оинномаи интизомии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 7.02.2019 № 1213)
Оинномаи интизомии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Оинномаи интизомӣ) моҳияти интизоми хизматӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ), намудҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои интизомӣ, ҳуҳуқу ӯҳдадориҳои сардорон ҷиҳати татбиқи онҳо, инчунин тартиби арзу шикоят овардан ба ҷазои интизомиро муайян мекунад .
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1. Интизоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ ба Конститутсяяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин ба Оинномаи интизомии мазкур асос меёбад .
2. Интизоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ аз риояи қатъӣ ва дурусти тартиб ва қоидаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, инчунин аз риояи савганд, оинномаву фармоишҳои Директори Агентӣ ва сардорони бевосита иборат мебошад.
3. Интизом дар Агентӣ ба шуурнокии баланд ва иродаи устувор асос ёфта, аз дарки амиқи қарзи хизмативу масъулиятнокии ҳар як шахси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда оид ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ иборат мебошад.
4. Усули асосии ноилшавӣ ба шуурнокии баланди ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти Агентӣ ин талқин мебошад. Вале талқин истифодаи чораҳои таъсиррасонии маҷбуриро нисбат ба ашхосе, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ беэътиноӣ ва бепарвоӣ зоҳир менамоянд, истисно намекунад.
5. Ҷиҳати риояи қатьии интизом дар Агентӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда вазифадоранд:
а) ба савганди худ содиқ бошанд, Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эьтироф кардааст, қатъиян риоя намоянд;
б) талаботи савганд, супориш ва амру фармоишҳои роҳбариятро бечунучаро иҷро намуда, интизомро риоя кунанд ва қадру манзалати дигаронро эҳтиром намоянд;
в) барои муҳофизати ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунни шаҳрвандон, давлат ва ҷамъият аз суиқасди ҷиноятӣ ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ ҳаёти худро дареғ надоранд;
г) сирри давлатӣ ва хизматиро қатъиян махфӣ нигоҳ доранд;
д) силоҳ, техника ва дигар лавозимоти ба онҳо вобасташударо эҳтиёт намоянд;
е) вазифаҳои хизматиашонро софдилона иҷро намуда, малакаи касбии худро доимо такмил диҳанд ва сифати коргузориро баланд бардоранд;
ж) ба сардорон дар таҳкими интизоми хизматӣ ва риояи талаботи оинномавӣ мусоидат намоянд, бо ҳамкорон хушмуомила бошанд, қоидаҳои додани саломи ҳарбӣ ва пӯшидани либоси муқарраршударо риоя намоянд;
з) дар фаъолияти худ принсипҳои зеринро ба роҳбарӣ гиранд:
- қонуният;
- ягонагии системаи мақомоти Агентӣ ва мутамарказонии идораи он;
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ;
- яккасардорӣ;
- баробарии ҳама дар назди қонун;
- беҳизбиятӣ.
6. Интизоми қатъӣ дар Агентӣ тавассути амалҳои зерин ба даст оварда мешавад:
- тарбия ва такмили хислатҳои волои корию ахлоқӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, муносибати бошууронаи онҳо нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
- риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ ;
- таъмини риояи бечунучарои қонуният, серталабии ҳамарӯзаи сардорон нисбат ба зердастони:худ, ғамхории доимӣ ва эҳтироми шахсияти онҳо, истифодаи дурусти чораҳои талқин ва маҷбурӣ (водоркунанда).
7. Барои риоя намудани интизоми хизматӣ дар байни ҳайати шахсӣ, сардорони воҳидҳои Агентӣ масъулияти шахсӣ доранд. Онҳо бояд доимо дар риояи Конститутсия ва конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи савганд, оинномаҳо, амру фармоишҳо ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба зердастон намунаи ибрат бошанд. Сардорон бояд ҳамеша ба омӯзиш, рушди сифатҳои ахлоқӣ ва шахсии зердастон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд, дарки қарзи хизматиро дар онҳо ташаккул дода, шараф, эътибор, ташаббуси оқилона, кӯшиш, ғайрат ва афзалият дар хизматро ҷонибдорӣ намоянд, ҷиҳати ба ҷазои интизомӣ кашидани вайронкунандагони қонуният ва интизоми хизматӣ пешниҳод ирсол намоянд. Дар ҳолати вайрон намудани қонуняят ва содир намудани ҷиноят аз ҷониби зердастон масъалаи ба ҷазои интизомӣ кашидани сардор бевосита пас аз гузаронидани санҷиши хизматӣ ҳал мегардад .
8. Таваҷҷӯҳи махсуси сардор бояд ба омӯзиши сифатҳои фардии зердастон, таҳкими муносибатҳои ошномавӣ байни онҳо, муттаҳидии коллектив, сари вақт ошкор намудани сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии интизом аз ҷониби зердастон ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба вайронкунандагони интизом равона карда шавад. Ҳамзамон ӯ бояд ҳамаҷониба қувваи таъсирбахши ҷамъиятӣ ва коллективро истифода намояд.
9. Дар сурати риоя накардани интизом аз ҷониби зердастон сардор бояд ин амалҳоро пешгирӣ намояд, риояи вазифаҳои хизматиро аз онҳо талаб ва доир ба такрор наёфтани чунин амалҳо огоҳ кунад ва дар мавриди зарурат вобаста ба вазнинии гуноҳ оид ба додани ҷазои интизомӣ ба вайронкунанда ба Директори Агентӣ гузориш пешниҳод намояд.
10. Дар як вақт ҷиҳати баррасӣ ба суди шарафи ҳайати қаторӣ, миёна ва роҳбарикунандаи мақомоти Агентӣ ирсол кардани мавод оид ба вайронкунии интизоми хизматӣ ва ба зердастон додани ҷазои интизомӣ барои содир намудани чунин вайронкунӣ манъ мебошад.
11. Сардоре, ки ҷиҳати риояи интизоми хизматӣ ва талаботи оинномавӣ чораҳои муассирро наандешвдааст ё ҳуқуқвайронкуниро пинҳон доштааст, тибқи талаботи Оинномаи интизомии мазкур ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
12. Тибқи муқаррароти Оинномаи интизомии мазкур сардорони бевосита ё дар мавриди фаъолияти корманд дар ҳайати ягон гурӯҳ сардорони ин гурӯҳҳо ҳуқуқ доранд, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани зердастони худ пешниҳод манзур намоянд.
13. Сардори бевосита сардоре мебошад, ки зердастон бевосита аз рӯи хизмат дар тобеияти ӯ қарор доранд.
14. Ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ, ки дар хизмат ба ҳамдигар тобеъ намебошанд, метавонанд мутобиқи рутбаҳояшон кормандони хурд ва калон бошанд.
15. Шахсоне, ки рутбаи баландтар доранд, дар ҳама ҳолат метавонанд аз кормандони рутбаи пасттар дошта риоя намудани интизоми хизматӣ, риояи мартабот, қоидаҳои додани саломи ҳарбӣ ва пӯшидани либоси муқарраршударо талаб намоянд.
16. Ҳангоми иҷрои муштараки вазифаҳои хизматии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ба якдигар тобеънабуда ва муайян нагаштани муносибатҳои хизматии онҳо аз ҷониби сардор, корманде, ки аз рӯи вазифа баландтар аст, барои дигар кормандон сардор ҳисоб мешавад. Дар сурати баробар будани вазифаи кормандон, ҳамон корманд сардор ба ҳисоб меравад, ки рутбаи баландтар дошта бошад ва ё бо фармоиш ё супориши шифоҳӣ роҳбар таъин шуда бошад.
17. Ҳангоми муваққатан иҷро намудани вазифаи сардор, корманди мувофиқи фармоиш сардор таъиншуда аз ҳуқуқҳои вазифаи муваққатан иҷро карда истодааш пурра истифода мебарад.
18. Фармоиши сардор бояд бечуну чаро, аниқ ва дар вақташ иҷро шавад. Дар сурати аз сардор гирифтани фармоиш ё амре, ки баръало ба қонун мутобиқат намекунанд, зердастон метавонанд бо тариқи хаттӣ ба роҳбарияти Агентӣ муроҷиат намоянд.
19. Ҳангоми вохӯрӣ бо якдигар ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи сафароии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи интизомии мазкур саломи ҳарбӣ медиҳанд .
20. Амали Оинномаи интизомии мазкур ба тамоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ, аз ҷумла шунавандагон ва курсантҳои аз ҷониби Агентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ равонашуда дахл дорад.
Боби 2. Чораҳои ҳавасмандгардоние, ки нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ истифода мешаванд
21. Нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ чораҳои зерини ҳавасмандгардонӣ истифода мешаванд:
- эълон кардани раҳматнома;
- мукофотонидан бо тӯҳфаи қиматбаҳо ва ё маблағи пулӣ;
- сарфароз гардонидан бо "Ифтихорномаи Агентӣ";
- ворид намудан ба "Китоби фахрии Агентӣ";
- ворид намудан ба "Лавҳаи фахрии Агентӣ";
- сарфароз гардонидан бо медалҳо ва нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар";
- пеш аз мӯҳлат додани рутбаи махсус;
- додани рутбаи махсуси навбатӣ як зина болотар аз рутбае, ки мувофиқи вазифаи мансабии ишғолкарда пешбинӣ гардидааст ;
- пеш аз мӯҳлат бекор кардани ҷазои интизомӣ.
22. Барои хизматҳои шоиста, ноил шудан ба комёбиҳо, нишон додани мардонагӣ, шуҷоат ва ҷасорат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ метавонанд тибқи тартиби муҳарраргардида барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шаванд.
Боби 3. Ҷазои интизомие, ки нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ татбиқ карда мешавад
23. Нисбати шахсони ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаи Агентӣ метавонад ҷазои интизомии зерин татбиқ шаванд :
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ ;
- як зина паст кардани рутбаи махсус;
- маҳрум намудан аз нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар";
- аз мансаб озод намудан ;
- хориҷ кардан аз хизмат дар Агентӣ.
24. Нисбат ба ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда метавонад ҷазои интизомии зерин татбиқ шаванд
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ ;
- огоҳ намудан аз мутобиқати нопурраи хизматӣ;
- як зина паст кардани рутбаи махсус;
- ба мансаби паст гузаронидан ;
- маҳрум намудан аз нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар";
- аз мансаб озод намудан ;
- хориҷ кардан аз хизмат дар Агентӣ.
25. Нисбат ба ҳайати олии роҳбарикунанда метавонад ҷазои интизомии зерин татбиқ шаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.02.2019 № 1213):
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ ;
- огоҳ намудан аз мутобиқати нопурраи хизматӣ;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар барои озод намудан аз вазифаи ишғолкарда.
Боби 4. Ҳуқуқҳои сардорон оид ба истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва татбиқи ҷазои интизомӣ нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ
26. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои интизомӣ бо пешниҳоди сардорон дар доираи ҳуқуқҳои муайяннамудаи Оинномаи интизомии мазкур татбиқ карда мешаванд. Номгӯйи шахсони вазифадор ва ҳуқуқҳои онҳо барои истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва татбиқи ҷазои интизомӣ дар замимаи Оинномаи мазкур пешбинӣ гардидааст.
27. Директори Агентӣ метавонад ҷазои интизомиро бекор намояд, агар муайян кунад, ки он ба амали содиркарда мувофиқат намекунад ва метавонад ҷазои сабуктар ё вазнинтарро татбиқ намояд.
28. Барои як кирдор танҳо як ҷазои интизомӣ дода мешавад. Дар мавриди аз ҷониби якчанд шахс якҷоя вайрон намудани интизоми хизматӣ ҷазои интизомӣ ба ҳар як гунаҳгор алоҳида дода мешавад.
29. Дар сурати риоя накардани интизоми хизматӣ аз ҷониби ҳайати қаторӣ, миёна ва роҳбарикунанда ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои оҳан, ҳавоӣ, баҳрӣ ва ғайра, ҳамчунин ҳангоми сафари хизматӣ роҳбари бевоситаи аз ин кирдор огаҳшуда вазифадор аст, ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ чораандешӣ намояд ва ба сардори бевосита, сардорони раёсатҳои минтақавӣ ва роҳбарияти Агентӣ таъҷилан хабар диҳад.
Боби 5. Тартиби ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷазои интизомӣ кашидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ
30. Қарор дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ дар шакли фармоиши Директори Агентӣ ба расмият дароварда мешавад, ки он бевосита дар назди сафкашидагон ё дар маҷлиси умумии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо ҳузури шахсони дахлдор эълон карда мешавад.
31. Дар як вақт бо ду намуди ҳавасмандгардонӣ сарфароз гардонидани кормандони Агентӣ манъ мебошад.
32. Пеш аз татбиқи ҷазои интизомӣ санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад ва аз вайронкунанда бояд баёноти хаттӣ гирифта шавад. Саркашӣ кардани корманд аз додани баёнот, ба татбиқи ҷазои интизомӣ монеъ шуда наметавонад. Дар мавриди саркашӣ кардани корманд аз додани баёнот санад тартиб дода мешавад.
33. Ҷазои интизомӣ бояд ба вазнинии кирдор ва меъёри рафтор мутобиқат кунад. Ҳангоми муайян кардани намуд ва чораи ҷазо ҷиҳатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: хусусияти кирдор, ҳолатҳои содир шудани он, рафтори қаблии вайронкунандаи интизоми хизматӣ, муносибати ӯ ба хизмат ва собиқаи хизматии ӯ дар Агентӣ.
34. Ҷазои интизомӣ пас аз ошкоршавӣ ва огаҳӣ ёфтани сардор оид ба вайронкунии интизом дар муддати 10 рӯз, дар сурати гузаронидани санҷиши хизматӣ бошад, на дертар аз 10 рӯзи баитмомрасии он татбиқ карда мешавад.
35. Ҷазои интизомӣ на дертар аз як моҳи лаҳзаи аз ҷониби суди шараф баровардани қарор татбиқ карда мешавад.
36. Ҳангоми беморӣ, дар давраи рухсатии меҳнатӣ ё сафари хизматӣ будан, таҳсил намудани корманд, ҳамчунин гузаштани як моҳ аз рӯзи ошкор намудани вайронкунии интизоми хизматӣ ва ё аз натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ шаш моҳ гузаштан ҷазои интизомӣ татбиқ карда намешавад.
37. Ба як моҳи пешбинигардида давраи беморӣ, таҳсил, мӯҳлати рухсатии меҳнатӣ ва сафари хизматии корманд дохил намегардад.
38. Ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки интизомро дар давраи навбатдорӣ ва бурдани хизмати қаровулӣ вайрон кардаанд, ҷазои интизомӣ бо гузориши шахси масъул танҳо баъди анҷоми навбатдорӣ, қаровулӣ, посбонӣ ё баъди онҳоро иваз намудани шахсони дигар татбиқ мешавад.
39. Дар мавридҳои таъхирнопазир аз ҷониби сардори бевосита ашхоси ҳайати ҳаторӣ ва роҳбарикунандаи интизоми хизматиро вайроннамуда аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ озод карда мешаванд.
40. Ҳангоми татбиқи ҷазои интизомӣ ё хотирнишон намуданн ӯҳдадориҳои зердаст сардор набояд шаъну эътибори шахсии ӯро паст занад.
41. Қарор дар бораи додани ҷазои интизомӣ ба ҳайати ҳаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ дар шакли фармоиши Директори Агентӣ ба расмият дароварда мешавад, ки он бевосита дар назди сафкашидагон ё ҷаласаи умумии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо ҳузури шахсони дахлдор эълон карда мешавад.
42. Ҷазои интизомӣ дар он сурат бардошта мешавад, ки агар дар давоми шаш моҳ аз рӯзи додани ҷазо нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ ҷазои дигари интизомӣ татбиқ нашуда бошад. Ҳангоми ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ дар давраи амали ҷазо татбиқ намудани ҷазои нав, муҳлати ҷазо аз лаҳзаи додани ҷазои нав ҳисоб карда мешавад .
43. Хориҷ карда шуд .
44. Хориҷ карда шуд .
45. Барои хизматҳои махсус ва ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас ҷазои интизомӣ метавонад ба таври истисно, пеш аз мӯҳлати муайянкардаи Оинномаи мазкур, ҳамчун тадбири ҳавасмандгардонӣ бардошта шавад.
46. Директори Агентӣ ҳуқуқ дорад ҷазои интизомиро пеш аз мӯҳлат бардорад. Сардори бевосита метавонад дар мувофиқа бо сардори болоӣ ҷиҳати бекор кардани ҷазои интизомие, ки нисбат ба зердасташ татбиқ шудааст, пешниҳодот манзур намояд.
47. Дар сурати татбиқи ҷазои интизомӣ дар шакли паст кардани рутбаи махсус, агар шахси ҷазогирифта исноҳ шудани худро бо хизмати намунавӣ ва ахлоқи хуб иобот карда бошад, рутбаи пештара метавонад баъди гузаштани як сол барқарор карда шавад.
48. Ҷазоҳои интизомӣ дар намуди як зина паст кардани рутбаи махсус, ба мансаби паст гузаронидан ё аз мансаб озод намудан, агар дар қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, дар он сурат нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ татбиқ мегардад, ки агар ҷазоҳои сабуки қаблан додашуда ба шахси вайронкунандаи интизоми хизматӣ таъсир набахшида бошанд .
49. Аз Агентӣ хориҷ намудани шахсони ҳайати қаторию миёна ва роҳбарикунанда ҷазои ниҳоӣ мебошад ва он барои мунтазам вайронкунии интизоми хизматӣ, иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ё содир намудаш кирдори пастзанандаи шаъну шарафи корманди Агентӣ амалӣ мегардад.
50. Дар сурати шикоят кардан татбиқи ҷазои интизомӣ боздошта намешавад. Ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ оид ба ҷазои интизомии эълоншуда ҳуқуқ доранд ба Директори Агентӣ ё ба суд муроҷиат намоянд.
51. Арзу шикояти ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ мутобиқи мӯҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
Замима
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикжстон
аз "23" июни соли 2015, № 510
тасдиқ шудааст
Оинномаи интизомии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оинномаи интизомии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Оинномаи интизомӣ) моҳияти интизоми хизматӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ), намудҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ, ҳуҳуқу ӯҳдадориҳои сардорон ҷиҳати татбиқи онҳо, инчунин тартиби арзу шикоят овардан ба муҷозоти интизомиро муайян мекунад.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1. Интизоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ ба Конститутсяяи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин ба Оинномаи интизомии мазкур асос меёбад.
2. Интизоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ аз риояи қатъӣ ва дурусти тартиб ва қоидаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, инчунин аз риояи савганд, оинномаву фармоишҳои Директори Агентӣ ва сардорони бевосита иборат мебошад.
3. Интизом дар Агентӣ ба шуурнокии баланд ва иродаи устувор асос ёфта, аз дарки амиқи қарзи хизмативу масъулиятнокии ҳар як шахси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда оид ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ иборат мебошад.
4. Усули асосии ноилшавӣ ба шуурнокии баланди ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти Агентӣ ин талқин мебошад. Вале талқин истифодаи чораҳои таъсиррасонии маҷбуриро нисбат ба ашхосе, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ беэътиноӣ ва бепарвоӣ зоҳир менамоянд, истисно намекунад.
5. Ҷиҳати риояи қатьии интизом дар Агентӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда вазифадоранд:
а) ба савганди худ содиқ бошанд, Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эьтироф кардааст, қатъиян риоя намоянд;
б) талаботи савганд, супориш ва амру фармоишҳои роҳбариятро бечунучаро иҷро намуда, интизомро риоя кунанд ва қадру манзалати дигаронро эҳтиром намоянд;
в) барои муҳофизати ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунни шаҳрвандон, давлат ва ҷамъият аз суиқасди ҷиноятӣ ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ ҳаёти худро дареғ надоранд;
г) сирри давлатӣ ва хизматиро қатъиян махфӣ нигоҳ доранд;
д) силоҳ, техника ва дигар лавозимоти ба онҳо вобасташударо эҳтиёт намоянд;
е) вазифаҳои хизматиашонро софдилона иҷро намуда, малакаи касбии худро доимо такмил диҳанд ва сифати коргузориро баланд бардоранд;
ж) ба сардорон дар таҳкими интизоми хизматӣ ва риояи талаботи оинномавӣ мусоидат намоянд, бо ҳамкорон хушмуомила бошанд, қоидаҳои додани саломи ҳарбӣ ва пӯшидани либоси муқарраршударо риоя намоянд;
з) дар фаъолияти худ принсипҳои зеринро ба роҳбарӣ гиранд:
- қонуният;
- ягонагии системаи мақомоти Агентӣ ва мутамарказонии идораи он;
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ;
- яккасардорӣ;
- баробарии ҳама дар назди қонун;
- беҳизбиятӣ.
6. Интизоми қатъӣ дар Агентӣ тавассути амалҳои зерин ба даст оварда мешавад:
- тарбия ва такмили хислатҳои волои корию ахлоқӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, муносибати бошууронаи онҳо нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
- риояи тартиботи оинномавӣ;
- таъмини риояи бечунучарои қонуният, серталабии ҳамарӯзаи сардорон нисбат ба зердастони:худ, ғамхории доимӣ ва эҳтироми шахсияти онҳо, истифодаи дурусти чораҳои талқин ва маҷбурӣ (водоркунанда).
7. Барои риоя намудани интизоми хизматӣ дар байни ҳайати шахсӣ, сардорони воҳидҳои Агентӣ масъулияти шахсӣ доранд. Онҳо бояд доимо дар риояи Конститутсия ва конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи савганд, оинномаҳо, амру фармоишҳо ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба зердастон намунаи ибрат бошанд. Сардорон бояд ҳамеша ба омӯзиш, рушди сифатҳои ахлоқӣ ва шахсии зердастон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд, дарки қарзи хизматиро дар онҳо ташаккул дода, шараф, эътибор, ташаббуси оқилона, кӯшиш, ғайрат ва афзалият дар хизматро ҷонибдорӣ намоянд, ҷиҳати ба муҷозоти интизомӣ кашидани вайронкунандагони қонуният ва интизоми хизматӣ пешниҳод ирсол намоянд. Дар ҳолати вайрон намудани қонуняят ва содир намудани ҷиноят аз ҷониби зердастон масъалаи ба ҷазои интизомӣ кашидани сардор бевосита пас аз гузаронидани санҷиши хизматӣ ҳал мегардад.
8. Таваҷҷӯҳи махсуси сардор бояд ба омӯзиши сифатҳои фардии зердастон, таҳкими муносибатҳои ошномавӣ байни онҳо, муттаҳидии коллектив, сари вақт ошкор намудани сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии интизом аз ҷониби зердастон ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба вайронкунандагони интизом равона карда шавад. Ҳамзамон ӯ бояд ҳамаҷониба қувваи таъсирбахши ҷамъиятӣ ва коллективро истифода намояд.
9. Дар сурати риоя накардани интизом аз ҷониби зердастон сардор бояд ин амалҳоро пешгирӣ намояд, риояи вазифаҳои хизматиро аз онҳо талаб ва доир ба такрор наёфтани чунин амалҳо огоҳ кунад ва дар мавриди зарурат вобаста ба вазнинии гуноҳ оид ба додани ҷазои интизомӣ ба вайронкунанда ба Директори Агентӣ гузориш пешниҳод намояд.
10. Дар як вақт ҷиҳати баррасӣ ба суди шарафи ҳайати қаторӣ, миёна ва роҳбарикунандаи мақомоти Агентӣ ирсол кардани мавод оид ба вайронкунии интизоми хизматӣ ва ба зердастон додани ҷазои интизомӣ барои содир намудани чунин вайронкунӣ манъ мебошад.
11. Сардоре, ки ҷиҳати риояи интизоми хизматӣ ва талаботи оинномавӣ чораҳои муассирро наандешвдааст ё ҳуқуқвайронкуниро пинҳон доштааст, тибқи талаботи Оинномаи интизомии мазкур ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
12. Тибқи муқаррароти Оинномаи интизомии мазкур сардорони бевосита ё дар мавриди фаъолияти корманд дар ҳайати ягон гурӯҳ сардорони ин гурӯҳҳо ҳуқуқ доранд, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани зердастони худ пешниҳод манзур намоянд.
13. Сардори бевосита сардоре мебошад, ки зердастон бевосита аз рӯи хизмат дар тобеияти ӯ қарор доранд.
14. Ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ, ки дар хизмат ба ҳамдигар тобеъ намебошанд, метавонанд мутобиқи рутбаҳояшон кормандони хурд ва калон бошанд.
15. Шахсоне, ки рутбаи баландтар доранд, дар ҳама ҳолат метавонанд аз кормандони рутбаи пасттар дошта риоя намудани интизоми хизматӣ, риояи мартабот, қоидаҳои додани саломи ҳарбӣ ва пӯшидани либоси муқарраршударо талаб намоянд.
16. Ҳангоми иҷрои муштараки вазифаҳои хизматии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ба якдигар тобеънабуда ва муайян нагаштани муносибатҳои хизматии онҳо аз ҷониби сардор, корманде, ки аз рӯи вазифа баландтар аст, барои дигар кормандон сардор ҳисоб мешавад. Дар сурати баробар будани вазифаи кормандон, ҳамон корманд сардор ба ҳисоб меравад, ки рутбаи баландтар дошта бошад ва ё бо фармоиш ё супориши шифоҳӣ роҳбар таъин шуда бошад.
17. Ҳангоми муваққатан иҷро намудани вазифаи сардор, корманди мувофиқи фармоиш сардор таъиншуда аз ҳуқуқҳои вазифаи муваққатан иҷро карда истодааш пурра истифода мебарад.
18. Фармоиши сардор бояд бечуну чаро, аниқ ва дар вақташ иҷро шавад. Дар сурати аз сардор гирифтани фармоиш ё амре, ки баръало ба қонун мутобиқат намекунанд, зердастон метавонанд бо тариқи хаттӣ ба роҳбарияти Агентӣ муроҷиат намоянд.
19. Ҳангоми вохӯрӣ бо якдигар ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи интизомии мазкур саломи ҳарбӣ медиҳанд.
20. Амали Оинномаи интизомии мазкур ба тамоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ, аз ҷумла шунавандагон ва курсантҳои аз ҷониби Агентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ равонашуда дахл дорад.
Боби 2. Чораҳои ҳавасмандгардоние, ки нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ истифода мешаванд
21. Нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ чораҳои зерини ҳавасмандгардонӣ истифода мешаванд:
- эълон кардани раҳматнома;
- мукофотонидан бо тӯҳфаи қиматбаҳо ва ё маблағи пулӣ;
- сарфароз гардонидан бо "Ифтихорномаи Агентӣ";
- ворид намудан ба "Китоби фахрии Агентӣ";
- ворид намудан ба "Лавҳаи фахрии Агентӣ";
- сарфароз гардонидан бо медалҳо ва нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар";
- пеш аз мӯҳлат додани рутбаи махсус;
- додани рутбаи махсуси навбатӣ як зина болотар аз рутбае, ки мувофиқи вазифаи штатии ишғолкарда пешбинӣ гардидааст;
- пеш аз мӯҳлат бекор кардани ҷазои интизомӣ.
22. Барои хизматҳои шоиста, ноил шудан ба комёбиҳо, нишон додани мардонагӣ, шуҷоат ва ҷасорат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ метавонанд тибқи тартиби муҳарраргардида барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шаванд.
Боби 3. Муҷозоти интизомие, ки нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ татбиқ карда мешавад
23. Нисбати шахсони ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаи Агентӣ метавонад муҷозоти интизомии зерин татбиқ шаванд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- як зина паст кардани рутбаи махсус;
- маҳрум намудан аз нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар";
- озод намудан аз вазифаи хизматӣ;
- хориҷ кардан аз хизмат дар Агентӣ.
24. Нисбат ба ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда метавонад муҷозоти интизомии зерин татбиқ шаванд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- огоҳ намудан аз мутобиқати нопурраи хизматӣ;
- як зина паст кардани рутбаи махсус;
- ба вазифаи пасттар гузаронидан;
- маҳрум намудан аз нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар";
- озод намудан аз вазифаи хизматӣ;
- хориҷ кардан аз хизмат дар Агентӣ.
25. Нисбат ба ҳайати олии роҳбарикунанда метавонад муҷозоти интизомии зерин татбиқ шаванд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- огоҳ намудан аз мутобиқати нопурраи хизматӣ;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар барои озод намудан аз вазифаи ишғолкарда.
Боби 4. Ҳуқуқҳои сардорон оид ба истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва татбиқи ҷазои интизомӣ нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ
26. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои интизомӣ бо пешниҳоди сардорон дар доираи ҳуқуқҳои муайяннамудаи Оинномаи интизомии мазкур татбиқ карда мешаванд. Номгӯйи шахсони вазифадор ва ҳуқуқҳои онҳо барои истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва татбиқи ҷазои интизомӣ дар замимаи Оинномаи мазкур пешбинӣ гардидааст.
27. Директори Агентӣ метавонад ҷазои интизомиро бекор намояд, агар муайян кунад, ки он ба амали содиркарда мувофиқат намекунад ва метавонад ҷазои сабуктар ё вазнинтарро татбиқ намояд.
28. Барои як кирдор танҳо як ҷазои интизомӣ дода мешавад. Дар мавриди аз ҷониби якчанд шахс якҷоя вайрон намудани интизоми хизматӣ ҷазои интизомӣ ба ҳар як гунаҳгор алоҳида дода мешавад.
29. Дар сурати риоя накардани интизоми хизматӣ аз ҷониби ҳайати қаторӣ, миёна ва роҳбарикунанда ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои оҳан, ҳавоӣ, баҳрӣ ва ғайра, ҳамчунин ҳангоми сафари хизматӣ роҳбари бевоситаи аз ин кирдор огаҳшуда вазифадор аст, ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ чораандешӣ намояд ва ба сардори бевосита, сардорони раёсатҳои минтақавӣ ва роҳбарияти Агентӣ таъҷилан хабар диҳад.
Боби 5. Тартиби ҳавасмандгардонӣ ва ба муҷозоти интизомӣ кашидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ
30. Қарор дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ дар шакли фармоиши Директори Агентӣ ба расмият дароварда мешавад, ки он бевосита дар назди сафкашидагон ё дар маҷлиси умумии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо ҳузури шахсони дахлдор эълон карда мешавад.
31. Дар як вақт бо ду намуди ҳавасмандгардонӣ сарфароз гардонидани кормандони Агентӣ манъ мебошад.
32. Пеш аз татбиқи ҷазои интизомӣ санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад ва аз вайронкунанда бояд баёноти хаттӣ гирифта шавад. Саркашӣ кардани корманд аз додани баёнот, ба татбиқи ҷазои интизомӣ монеъ шуда наметавонад. Дар мавриди саркашӣ кардани корманд аз додани баёнот санад тартиб дода мешавад.
33. Ҷазои интизомӣ бояд ба вазнинии кирдор ва меъёри рафтор мутобиқат кунад. Ҳангоми муайян кардани намуд ва чораи ҷазо ҷиҳатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: хусусияти кирдор, ҳолатҳои содир шудани он, рафтори қаблии вайронкунандаи интизоми хизматӣ, муносибати ӯ ба хизмат ва собиқаи хизматии ӯ дар Агентӣ.
34. Ҷазои интизомӣ пас аз ошкоршавӣ ва огаҳӣ ёфтани сардор оид ба вайронкунии интизом дар муддати 10 рӯз, дар сурати гузаронидани санҷиши хизматӣ бошад, на дертар аз 10 рӯзи баитмомрасии он татбиқ карда мешавад.
35. Ҷазои интизомӣ на дертар аз як моҳи лаҳзаи аз ҷониби суди шараф баровардани қарор татбиқ карда мешавад.
36. Ҳангоми беморӣ, дар давраи рухсатии меҳнатӣ ё сафари хизматӣ будан, таҳсил намудани корманд, ҳамчунин гузаштани як моҳ аз рӯзи ошкор намудани вайронкунии интизоми хизматӣ ва ё аз натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ шаш моҳ гузаштан ҷазои интизомӣ татбиқ карда намешавад.
37. Ба як моҳи пешбинигардида давраи беморӣ, таҳсил, мӯҳлати рухсатии меҳнатӣ ва сафари хизматии корманд дохил намегардад.
38. Ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки интизомро дар давраи навбатдорӣ ва бурдани хизмати қаровулӣ вайрон кардаанд, ҷазои интизомӣ бо гузориши шахси масъул танҳо баъди анҷоми навбатдорӣ, қаровулӣ, посбонӣ ё баъди онҳоро иваз намудани шахсони дигар татбиқ мешавад.
39. Дар мавридҳои таъхирнопазир аз ҷониби сардори бевосита ашхоси ҳайати ҳаторӣ ва роҳбарикунандаи интизоми хизматиро вайроннамуда аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ озод карда мешаванд.
40. Ҳангоми татбиқи ҷазои интизомӣ ё хотирнишон намуданн ӯҳдадориҳои зердаст сардор набояд шаъну эътибори шахсии ӯро паст занад.
41. Қарор дар бораи додани ҷазои интизомӣ ба ҳайати ҳаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ дар шакли фармоиши Директори Агентӣ ба расмият дароварда мешавад, ки он бевосита дар назди сафкашидагон ё ҷаласаи умумии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо ҳузури шахсони дахлдор эълон карда мешавад.
42. Ҷазои интизомӣ он вақт бардошта мешавад, агар дар давоми як сол аз рӯзи додани ҷазо нисбат ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ ҷазои дигари интизомӣ татбиқ нашуда бошад.
43. Ҳамчун тадбири ҳавасмандгардонӣ ҷазо метавонад то гузашти як сол, вале на пештар аз шаш моҳ бардошта щавад.
44. Ҷазои интизомӣ дар шакли сарзаниш метавонад барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар мӯҳлати се моҳ бекор карда шавад.
45. Барои хизматҳои махсус ва ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас ҷазои интизомӣ метавонад ба таври истисно, пеш аз мӯҳлати муайянкардаи Оинномаи мазкур, ҳамчун тадбири ҳавасмандгардонӣ бардошта шавад.
46. Директори Агентӣ ҳуқуқ дорад ҷазои интизомиро пеш аз мӯҳлат бардорад. Сардори бевосита метавонад дар мувофиқа бо сардори болоӣ ҷиҳати бекор кардани ҷазои интизомие, ки нисбат ба зердасташ татбиқ шудааст, пешниҳодот манзур намояд.
47. Дар сурати татбиқи ҷазои интизомӣ дар шакли паст кардани рутбаи махсус, агар шахси ҷазогирифта исноҳ шудани худро бо хизмати намунавӣ ва ахлоқи хуб иобот карда бошад, рутбаи пештара метавонад баъди гузаштани як сол барқарор карда шавад.
48. Ҷазои интизомӣ дар шакли паст кардани рутбаи махсус ва ё озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда метавонад дар ҳолати ба вайронкунандаи интизоми хизматӣ таъсир набахшидани чораҳои дигари ҷазои интизомӣ таъин гардад.