ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор лайдо кардани Шартномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш.Душанбе, 20 майи соли 2015, № 83
Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон
Ҷумҳурни Тоҷикистон ва Ҷумҳурни Халқми Хитой, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд,
дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобила,
бо ҳадафи таҳким бахшидан ба ҳамкории ду давлат дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноӣ,
имкон додан ба маҳкумшудагон ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо дар давлате, ки шаҳрванди он мебошанд, фароҳам овардани шароит барои бозгашти маҳкумшудагон ба ҷомеа, ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1 Мафҳумҳо
Барои ноил шудан ба мақсадҳои Шартномаи мазкур истилоҳоти дар поён зикргардида чунин маънӣ доранд:
а) "Тарафи интиқолкунанда" - Тарафе мебошад, ки шахси маҳкумшударо месупорад ва ё аз ҳудуди машакати худ интиқол менамояд.
б) "Тарафи қабулкунанда " - Тарафе мебошад, ки маҳкумшударо ба ҳудуди худ қабул мекунад.
в) "Маҳкумшуда" - шахсест, ки аз тарафи суд ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҳудуди Тарафи интиқолкунанда маҳкум шудааст.
Моддаи 2 Муқаррароти умумӣ
Ҳар яке аз Тарафҳо бояд мувофиқи шартҳои Шартномаи мазкур ба Тарафи дигар маҳкумшудаеро, ки шаҳрванди Тарафҳо мебошад, барои адои минбаъдаи ҷазо ба Тарафи дигар бидиҳад.
Моддаи 3 Мақомоти марказӣ
1. Барои нҷрои Шартномаи мазкур Тарафҳо бо ҳамдигар ба воситаи Мақомоти Марказӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо роҳҳои дипломатӣ робита мекунанд.
2. Мувофиқи банди 1 Моддаи мазкур Мақомоти Марказӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон - Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Халкии Хитой - Вазорати адлияи Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.
3. Тарафҳо мутобиқи Шартномаи мазкур ҳамдигарро дар хусуси иваз намудани Мақомоти Марказӣ бо роҳҳои дипломатӣ ба таври хаттӣ хабардор менамоянд.
Моддаи 4 Шартҳои бозпас гардонидан
1. Бозпас гардонидани маҳкумшуда танҳо дар сурати риояи шартҳои зерин мумкии аст:
а) агар ин шахс шаҳрванди Тарафи қабулкунанда бошад:
б) агар кирдоре, ки шахс барои он маҳкум шудааст, тибқи қонунгузории Тарафи қабулкунанда ҳамчун ҷиноят эътироф шуда бошад;
в) агар ба қарори судии нисбати шахс баровардашуда имконияти шикоят кардан мавҷуд набошад;
г) агар мӯҳлати ҷазои адонакардаи маҳкумшуда дар лаҳзаи қабули дархост барои бозпас гардонидан на камтар аз як солро ташкил диҳад:
д) агар дар бораи бозпас гардонидан розигии хаттии маҳкумшуда ва ё дар сурати ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амалкунӣ будан, розигии хаттии намояндаи қонунии ӯ мавҷуд бошад;
е) агар ҳар ду Тараф барои интиқол розигии худро дода бошанд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ мақомоти марказии Тарафҳо мувофиқи банди г) қисми 1 Моддаи 4 Шартномаи мазкур, ҳатто агар то гузаштани мӯҳлати ҷазо камтар аз як сол монда бошад ҳам, дар бораи бозпас гардонидан (интиқол) метавонанд ба мувофиқа оянд.
Моддаи 5 Қарори бозпас гардонидан
Ҳар як Тараф метавонад бо иродаи худ розигӣ ва ё норозигиро оид ба дархости бозпас гардонидан изҳор намояд.
Моддаи 6 Дархост ва ҷавоб 6а он
1. Шахси маҳкумшуда мставонад ба ҳар як Тараф мувофиқи ин Шартнома муроҷиат намояд. Ба Тарафе, ки шахси маҳкумшуда барои бозпам гардонидан муроҷиат мекунад, Тарафи муқобилро дар шакли хаттӣ дар бораи ин дархост огоҳ менамояд.
2. Ҳар як Тараф метавонад бо дархост ба Тарафи муқобил муроҷиат намояд. Тарафи дархостшаванда бояд Тарафи дигарро дар бораи қарори худ оид ба қабул ва ё рад кардани дархост огоҳ намояд.
3. Дархост ва ё ҷавоб ба он бояд дар шакли хаттӣ ва тибқи муқаррароти дар банди 1 Моддаи 3 Шартнома зикргардида, ба расмият дароварда шавад.
Моддаи 7 Ҳуҷҷатҳои зарурӣ
1. Агар оид ба бозпас гардонидан дархост карда шавад, Тарафи интиқолкунанда бояд ба Тарафи қабулкунанда ҳуҷҷатҳои зеринро ирсол намояд, дар сурате ки Тарафи дархостшуда аллакай изҳор накарда бошад, ки он ба бозпас гардонидан розигӣ нахоҳад дод:
а) нусхаи тасдиқшудаи ҳукм, инчунин матни муқарарроти дахлдори конунгузорӣ, ки дар асоси он ҳукм бароварда шудааст;
б) маълумотнома дар бораи намуди ҷиноят, мӯҳлати ҷазо ва санаи оғози парванда барои ҳисоби мӯҳлат;
в) маълумотнома дар бораи рафтори маҳкумшуда дар вақти адои ҷазо, мӯҳлати ҷазои адошуда ва боқимонда. ҳабси пешакӣ, инчунин дигар маълумоти марбут ба иҷрои ҷазо;
г) тасдиқи хаттии розигӣ барои бозпас гардонидан, ки дар қисми 1 зербанди (е) Моддаи 4 ин Шартнома омадааст;
д) маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ ва рӯҳии маҳкумшуда.
2. Тарафи қабулкунанда Тарафи ирсолкунандаро бо ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зерин таъмин менамояд:
а) маълумотнома ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии Тарафи қабулкунанда доштани шахси маҳкумшударо тасдиқ мекунанд;
б) муқаррароти дахлдори қонунҳои Тарафи қабулкунанда нисбат ба кирдоре, ки шахс барои он маҳкум шудааст, ҳамчун ҷиноят эътироф шуда метавонад ва;
в) маълумот дар бораи расмиёти Тарафи қабулкунанда, ки мувофиқи қонунгузории дохилии он иҷрои ҳукме, ки аз ҷониби Тарафи интиқолкунанда бароварда шудааст, таъмин мегардад.
Моддаи 8 Огоҳинома ба шахси маҳкумшуда
1. Ҳар як Тараф дар ҳудуди худ шахси маҳкумшударо, ки субъекти ин Шартнома аст, дар бораи имконияти бозпас гардонидан мувофиқи шартҳои ин Шартнома огоҳ менамояд.
2. Ҳар як Тараф дар ҳудуди худ дар шакли хаттӣ шахси маҳкумшударо дар бораи чораҳо ва қарори Тарафи имтиқолкунанда ва ё Тарафи қабулкунанда бо дархоот барои бозпас гардонидан, ки дар Моддаҳои 5 ва 6 Шартномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, огоҳ мекунад.
Моддаи 9 Розигии маҳкумшуда ва санҷиши риояи он
1. Тарафи интиқолкунанда бояд он ҷиҳатро таъмин намояд, ки маҳкумшуда ё намояндаи қонунии ӯ оқибатҳои ҳуқуқии бозпас гардониданро пурра дарк намуда, дар бораи ӯ ихтиёран розигӣ диҳад ва инро дар аризаи худ оид 6а розигӣ барои бозпас гардонидан тасдиқ намояд.
2. Тарафи интиқолкунанда бошад, бо хоҳиши Тарафи қабулкунанда ба шахсони расмие, ки Тарафи қабулкунанда таъйин намудааст, имконняти санҷидани риояи шартҳои дар бандҳои дахлдор пешбинишудаи барои бозпас гардонидан розигӣ додани маҳкумшударо таъмин менамояд.
Моддаи 10 Овардани шахси боздоштшуда
Тарафҳо дар сурати ба мувофиқа расидан оид ба бозпас гардонидан, бояд дар хусуси вақт, ҷой ва тартиби бозпас гардонидани маҳкумшуда бо роҳҳое, ки дар банди 1 Моддаи 3 ин Шартнома дарҷ шудаанд, машваратҳо гузаронанд.
Моддаи 11 Идомаи иҷрои ҷазо
1. Баъди бозпас гардонидани маҳкумшуда Тарафи қабулкунанда ӯҳдадор аст идомаи иҷрои ҳукмро мувофиқи хусусият ва давомнокии ҳукм, ки аз тарафи Давлати интиқолкунанда муайян шудааст, таъмин намояд.
2. Агар чора ё мӯҳлати ҷазо, ки бо ҳукми суди Тарафи интиқолкунанда таъни шудааст, ба қонунгузории Тарафи қабулкунанда мувофиқ набошад, Тарафи қабулкунанда бояд онро бо қонунгузории дохилии худ мутобиқ созад. Ҳангоми мувофиқатсозии адои ҷазо:
а) ҷазо бояд ба ҳолатҳои воқеии ҷинояте, ки дар ҳукм муқаррар шудаанд, асос ёфта бошад;
б) Тарафи қабулкунанда наметавонад ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба дигар ҷазои ҷиноятӣ нваз намояд;
в) ҷазо бояд ҳадди аксар мутаносиб ба ҷазое, ки аз Тарафи интиқолкунанда муайяи шудаст, таъин шавад;
г) ҷазои таъиншуда наметавонад нисбат ба ҷазои таъиннамудаи Тарафи интиқолшуда вазнинтар бошад, инчунин аз рӯи мӯҳлат наметавонад аз ҳадди аксари мӯҳлати ҷазое, ки бо қонунгузории Тарафи қабулкунанда барои ҳамон гуна ҷиноят татбиқ мегардад, бештар бошад;
д) мутобиқгардонии ҳукме, ки ба ҳадди мӯҳлати ниҳоии ҷазо алоқаманд нест, марбут ба чунин ҷиноятҳо тибқи қонунгузории Тарафи қабулкунанда муқаррар мегардад.
е) мӯҳлати ҷазое, ки маҳкумшуда дар ҳудуди Тарафи ирсолкунанда адо кардааст, ба инобат гирифта мешавад;
3. Идомаи адои ҷазо баъди интиқол шудан мувофиқи қонунҳо ва расмиёти Тарафи қабулқунанда, аз он ҷумла барои сабук намудани ҳукм ва озод намудан пеш аз мӯҳлат сурат мегирад.
Моддаи 12 Нигоҳдории доираи ҳуқуқӣ
1. Тарафи интиқолкунанда салоҳияти даровардани тағйирот ва ё бардоштани айби эълоншуда ва ҳукми суди худиро дар ихтиёри худ мемонад.
2. Тарафи қабулкунанда фавран бояд қарори судро тағйир ва ё бекор кунад, дар ҳолате ки агар суди Тарафи интиқолкунанда чунин қарор қабул намояд.
Моддаи 13 Авф ва бахшиши ҷазо
Ҳар як Тараф метавонад мувофиқи қонунгузориихуд нисбат ба маҳкумшудаи бозпасгардонидашуда авф ва бахшишро татбиқ намуда, дар ин бора бояд сари вақт ба Тарафи дигар бо роҳҳои дар банди 1 Моддаи 3 ин Шартнома зикргардида хабар диҳад.
Моддаи 14 Иттилоъ оид ба иҷрои ҷазо
Тарафи қабулкунанда дар ҳолатҳои зерин оид ба иҷрои ҷазо сари вақт ба Тарафи интиқолкунанда иттилоъ манзур менамояд:
а) агар ҷазо пурра ба иҷро расонида шуда бошад;
б) агар маҳкумшуда то анҷоми иҷрои ҷазо фирор ё вафот карда бошад;
в) агар Тарафт интиқолкунанда пешниҳоди шарҳи махсусро дархост намояд.
Моддаи 15 Транзит
1. Тарафе, ки барои иҷрои паймони бо Давлати сеюм дар хусуси бозпас гардонидани маҳкумшудаи бадастовардааш ба интиқоли транзитӣ эҳтиёҷ дорад, бояд ба Тарафи дигар дар бораи амалигардонии транзит дархост ирсол намояд.
2. Ин гуна иҷозат дар сурати фуруди ғайринақшавӣ дар ҳудуди Тарафи дигар ҳангоми истифодаи нақлиёти ҳавой татбиқ намегардад.
3. Тарафи дархостшаванда ба Тарафи дархосткунанда барои интиқоли транзитӣ розигӣ медиҳад, агар ин ба қонунгузории Тарафи дархостшаванда мухолифат накунад.
Моддаи 16 Забон
Ҳангоми иҷрон Шартномаи мазкур Тарафҳо аз забони расмии давлатии худ ва тарҷума ба забонн давлатии Тарафи дигар ё ба забони англисӣ истифода менамоянд.
Моддаи 17 Озод будан аз қонунигардонӣ
Барои мақсадҳои ин Шартнома ҳар ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти дахлдори Тарафҳо тартиб дода шудааст ва ба он бо роҳҳои дар банди 1 Моддаи 3 ин Шартнома пешбинигардида имзо ва ё мӯҳри мақомоти дахлдори яке аз тарафҳо гузошта шудааст, дар ҳудуди тарафи дигар бе ҳеҷ гуна шакли қонунигардонӣ истифода бурда мешавад.
Моддаи 18 Хароҷот
1. Тарафи қабулкунанда барои хароҷоти зерин ӯҳдадор аст:
а) барои интиқоли шахси маҳкумшуда ба ғайр аз хароҷоте, ки танҳо дар ҳудуди Тарафи интиқолкунанда ба вуҷуд омадааст;
б) идомаи иҷрои ҷазо баъди бозпас гардонидан.
2. Тарафи қабулкуианда мегавонад аз шахси маҳкумшуда пардохти қисман ва ё пурра пардохтани хароҷотро талаб мамояд.
Моддаи 19 Ҳаллӣ баҳсҳо
Баҳсҳое, ки нисбати шарҳ ё татбиқи Шартномаи мазкур алоқаманд мебошанд, бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешаванд, дар сурате ки, агар Мақомоти марказии Тарафҳо ба мувофиқа наоянд.
Моддаи 20 Эътибор пайдо кардан ва қатъи Шартнома
1. Ин Шартнома бояд ба тасвиб расонида шавад. Тасдиқнома оид ба тасвиб бояд мубодила шавад. Шартномаи мазкур дар рӯзи 30-юм баъди мубодилаи ҳуҷҷати тасвиб эътибор пайдо мекунад.
2. Ҳар як Тараф метавонад дар шакли хаттӣ Тарафи муқобилро бо роҳҳои дипломатӣ оид ба қатъи Шартномаи мазкур огоҳ намояд. Қатъи Шартномаи мазкур баъди 180 рӯз пас аз санаи гмрифтани огоҳинома эътибор пайдо мекунад.
3. Шартномаи мазкур ҳар гуна дархостро барои бозпас гардонидан, ки баъд аз эътибор пайдо кардани Шартнома пешниҳод мешавад, фаро мегирад, ҳатто дар он мавридҳое, ки ҷиноят пеш аз эътибор пайдо кардани Шартнома содир шуда бошад.
Шартнома 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо забонҳои тоҷикӣ, хитоӣ ва англисӣ, ки эътибори якхела доранд, ба имзо расонида шуд. Дар сурати бо миён омадани ихтилофи назар дар шарҳу эзоҳи муқаррароти Шартномаи мазкур, ба матни англисӣ афзалият дода мешавад.
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз ҷониби
Ҷумҳурии Халқии Хитой |