Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" майи соли 2015, № 362
тасдиқ шудааст
Тартиби интиқоли партовҳои радиоактивӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба хориҷа ва дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259)
1. Тартиби мазкур қоидаҳои содирот ва воридоти партовҳои радиоактивиро аз/ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин транзити партовҳои радиоактивиро тавассути қаламрави он (минбаъд - интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ) муқаррар менамояд.
2. Воридот, содирот ва транзити партовҳои радиоактивӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Содироти партовҳои радиоактивӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави давлате, ки ҷониби Конвенсияи муттаҳида оид ба муомилоти бехатар бо сӯзишвории истифодашуда ва муомилоти бехатар бо партовҳои радиоактивӣ нест, манъ аст. Дар ҳолате, ки шартнома оид ба интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлате, ки тарафи Конвенсияи муттаҳида оид ба муомилоти бехатар бо сӯзишвории истифодашуда ва муомилоти бехатар бо партовҳои радиоактивӣ нест, баста шудааст, чунин интиқол мутобиқи талаботи Конвенсияи мазкур амалӣ карда мешавад.
4. Барои иҷозат гирифтан ба ҳар як интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ аризадиҳанда баъд аз муайян намудани категорияи партовҳои радиоактивӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ муроҷиат менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дархости аризадиҳандаро бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарор пешниҳод менамояд.
5. Номгӯи гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути онҳо интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ иҷозат дода мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ().
6. Соҳиби партовҳои радиоактивӣ оид ба партовҳои радиоактивии интиқолшуда ба Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ворид намудани тағйирот ба феҳристи партовҳои радиоактивӣ маълумот пешниҳод менамояд ().
7. Дар ҳолати интиқоли байнисарҳадии ғайриқонунии партовҳои радиоактивӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи амали содиркунандаи таҳти доираи ҳуқуқи давлати содиркунанда қарордошта, ё дар ҳолати чунин интиқол тавассути қаламрави давлати дигар аз ҷониби содиркунандае, ки таҳти доираи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта рӯй додааст, партовҳои радиоактивӣ ба давлате, ки онҳо аз қаламрави он бароварда шудаанд, баргардонида мешавад.
8. Масъалаҳои баҳснок, ки ҳангоми амалӣ намудани Тартиби мазкур ба вуҷуд меояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
9. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" майи соли 2015, № 362
тасдиқ шудааст
Тартиби интиқоли партовҳои радиоактивӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба хориҷа ва дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Тартиби мазкур қоидаҳои содирот ва воридоти партовҳои радиоактивиро аз/ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин транзити партовҳои радиоактивиро тавассути қаламрави он (минбаъд - интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ) муқаррар менамояд.
2. Воридот, содирот ва транзити партовҳои радиоактивӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Содироти партовҳои радиоактивӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави давлате, ки ҷониби Конвенсияи муттаҳида оид ба муомилоти бехатар бо сӯзишвории истифодашуда ва муомилоти бехатар бо партовҳои радиоактивӣ нест, манъ аст. Дар ҳолате, ки шартнома оид ба интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлате, ки тарафи Конвенсияи муттаҳида оид ба муомилоти бехатар бо сӯзишвории истифодашуда ва муомилоти бехатар бо партовҳои радиоактивӣ нест, баста шудааст, чунин интиқол мутобиқи талаботи Конвенсияи мазкур амалӣ карда мешавад.
4. Барои иҷозат гирифтан ба ҳар як интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ аризадиҳанда баъд аз муайян намудани категорияи партовҳои радиоактивӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ муроҷиат менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дархости аризадиҳандаро бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарор пешниҳод менамояд.
5. Номгӯи гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути онҳо интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ иҷозат дода мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
6. Соҳиби партовҳои радиоактивӣ оид ба партовҳои радиоактивии интиқолшуда ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйирот ба феҳристи партовҳои радиоактивӣ маълумот пешниҳод менамояд.