Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ аз 30 майи соли 2015 № 358

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015, № 358

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015, № 358

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адабиёти таълимӣ" таҳия гардида, тартиби таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимиро муайян менамояд.

2. Тартиби таҳияи адабиёти таълимӣ

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи таълимии амалкунанда барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Нақшаи таълимӣ) ва маълумот дар бораи эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба адабиёти таълимӣ Нақшаи нашри адабиёти таълимиро барои соли оянда (минбаъд - Нақшаи нашр) тартиб медиҳад.

3. Дар Нақшаи нашр номи адабиёти таълимӣ, номи муаллиф (муаллифон), соли охирини нашри он, миқдори таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба синфҳо, эҳтиёҷоти тахминии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба адабиёти таълимии мазкур (бо дарназардошти афзоиш ё коҳиши шумораи таълимгирандагон дар чор-панҷ соли оянда) ва теъдоди нашри адабиёти таълимӣ нишон дода мешавад.

4. Дар ҳолати зарурӣ (тағйир ёфтани Нақшаи таълимӣ ё бо сабабҳои дигар) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад берун аз Нақшаи нашр низ адабиёти таълимиро ба нашр расонад ё нашри онро боздорад.

5. Дар сурати ба Стандарти давлатии таҳсилот, барномаи таълимӣ ва талаботи дигар мувофиқ будани адабиёти таълимии амалкунанда, барои таҳия ё таълифи он озмун эълон карда намешавад. Номи он пас аз таҷдиди назар ба Нақшаи нашр ворид карда мешавад.

6. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия ва таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои ба Нақшаи таълимӣ нав воридшуда озмун эълон менамояд.

7. Комиссияи тадорукотии озмун оид ба таҳия ва таълифи барнома ва адабиёти таълимӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (минбаъд - Пажӯҳишгоҳ) таъсис дода мешавад.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 мая 2015 года, № 358

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 мая 2015 года, № 358

Типовое положение по разработке, экспертизе и издании учебной литературы

1. Общие правила

1. Типовое положение по разработке, экспертизе и издании учебной литературы разработано в соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "Об учебной литературе" и определяет порядок разработки, экпертизы и издания учебной литературы.

2. Порядок разработки учебной литературы

2. Министерство образования и науки Республики Таджикистан на основе действующего учебного Плана для общеобразовательных учереждений Республики Таджикистан (далее - Учебный план) и информации о потребности учебных заведений в учебной литературе составляет План издания учебной литературы (далее - План издания) на следующий год.

3. В Плане издания указывается наименование учебной литературы, имя автора (авторов), последний год её выпуска, количество обучающихся общеобразовательных учереждений Республики Таджикистан в зависимости от классов, примерное потребности общеобразовательных учреждений в данной учебной литературе (с учетом, прироста или уменьшения количество обучающихся за четырепять следующих годов) и тираж издания учебной литературы.

4. В случае необходимости (изменения учебного Плана или в связи с другими причинами) Министерство образования и науки Республики Таджикистан имеет право помимо Плана издания издавать учебную литературу или остановить её изданию.

5. В случае соответствия действующего учебника Государственному стандарту образования, учебной программе и другим требованиям, на её разработку или сочинения конкурс не объявляется. После рассмотрения он включается в План издания.

6. Министерство образования и науки Республики Таджикистан на разработку и сочинение учебных программ и учебников по книг новым предметам, включенным в учебный План объявляет конкурс.

7. При Институте развития образования Академии образования Таджикистана (далее - Институт) создаётся Подготовительная комиссия конкурса по разработке и сочинению учебных программ и литературы.

...