Низомномаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ аз 30 майи соли 2015 № 355

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015, № 355

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур салоҳият, тартиби ташкил ва фаъолияти Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллиро (минбаъд - Шӯро), ки мақоми доимоамалкунандаи машваратӣ мебошад, муайян менамояд.

2. Шӯро ба мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва итгиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди кинематографияи миллӣ ва татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино таъсис дода мешавад.

3. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Низомнома ва ҳайати Шӯроро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

2. Вазифаҳои асосии Шӯро

5. Вазифаҳои асосии Шӯро аз инҳо иборатанд:

- таҳияи пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вобаста ба рушди кинематографияи миллӣ;

- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи кино;

- дастгирии манфиатҳои соҳаи кино дар раванди қонунгузорӣ ва буҷетӣ;

- баррасӣ ва тасвиби сенарияҳои аз ҷониби студияҳои филмбардорӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ пешниҳодшуда;

- таъмини самаранокии бештари дастгирии давлатии истеҳсол, нусхабардорӣ, пахш, густариш ва намоиши филмҳои миллӣ;

- таъмини истифодаи самараноки моликияти давлатии дар ихтиёри соҳа буда;

- дастгирии давлатии тарғиб ва паҳнкунии бештари филмҳои миллии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

- рушди илму маърифат ва истифодаи технологияҳои ҳозиразамон дар соҳаи кино;

- таҳияи тадбирҳои протексионӣ (ҳимояи бозори дохилӣ аз рақобати хориҷӣ тавассути боҷҳои содиротиву воридотӣ, кӯмаки моддӣ ва ғайра) вобаста ба бозори кино дар Тоҷикистон;

- ба роҳ мондани озмунҳои кушод ва фармоишҳои давлатӣ барои беҳтарин сенарияҳои кино ва филмҳои миллӣ;

- амалигардонии дигар вазифаҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуқуқҳои Шӯро

6. Шӯро барои иҷрои вазифаҳои ба ихтиёраш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

- ҳангоми зарурат мувофиқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки дар доираи ваколатҳои Шӯро мебошанд, мавод дархост намояд;

- ҳисоботу гузоришҳои намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттифоқҳои эҷодӣ ва ходимони фарҳангу ҳунарро аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯро шунавад;

- тибқи тартиби муқарраргардида гурӯҳҳои кории муваққатӣ ва доимӣ ҷиҳати таҳияи пешниҳодҳо барои иҷрои вазифаҳо ба Шӯро вогузоршуда таъсис диҳад.

7. Шакли асосии фаъолияти Шӯро маҷлиси Шӯро мебошад.

8. Шӯро аз Раис, муовини ӯ, котиби масъул ва аъзо аз рӯи вазифа иборат аст.

9. Раиси Шӯро ҳуқуқ дорад;

- нақшаи кор, рӯзномаи маҷлис ва рӯйхати иштирокчиёни ба маҷлиси Шӯро даъватшударо тасдиқ намояд;

- кори Шӯроро ташкил ва дар маҷлисҳои он раисӣ кунад;

- протоколи маҷлисҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои содиротиро имзо намояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Шӯро ва Низомномаи мазкур таклиф пешниҳод намояд.

10. Муовини Раиси Шӯро:

- дар мавриди набудани Раиси Шӯро, маҷлиси Шӯроро раисӣ менамояд;

- дар ташкили кори Шӯро ва омода намудани нақшаи кори он иштирок менамояд;

- иҷрои дигар супоришҳои Раиси Шӯроро таъмин менамояд.

11. Котиби масъули Шӯро:

- лоиҳаи протоколҳои маҷлиси Шӯроро ва дигар ҳуҷҷатҳои содиротиро омода менамояд;

- аъзои Шӯроро доир ба баргузории маҷлиси Шӯро огоҳ мекунад;

- таҳия ва ворид намудани пешниҳодро ба нақшаи кори Шӯро ташкил менамояд;

- ҷараёни иҷрои нақшаи кор ва протоколҳои маҷлиси Шӯроро назорат менамояд;

- фаъолияти ташкилию техникӣ ва иттилоотии Шӯроро таъмин менамояд.

12. Аъзои Шӯро:

- ба рӯзномаи маҷлис ва нақшаи кори Шӯро таклиф пешниҳод менамоянд;

- ҷиҳати иштирок дар маҷлисҳои Шӯро номзадии кормандони давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳидаро пешниҳод менамоянд;

- дар омода кардани ҳуҷҷатҳои маҷлиси Шӯро иштирок менамоянд;

- фикру андешаи худро оид ба масъалаи муҳокимашаванда дар маҷлиси Шӯро баён менамоянд;

- таклиф оид ба масъалаи ташкили комиссияҳо ва гурӯҳҳои корие, ки Шӯро созмон медиҳад, пешниҳод менамоянд;

- мавод ва лоиҳаи қарори маҷлисҳои Шӯроро, ки ба онҳо вобастагӣ дорад ва ё бо ташаббуси онҳо ба баррасӣ пешниҳод гардидаанд, таҳия менамоянд;

- маълумоти заруриро бо дархости Раиси Шӯро ё муовини ӯ оид ба масъалаҳои дахлдор пешниҳод менамоянд.

13. Шӯро фаъолияти худро аз рӯи Нақшаи кор, ки дар ҷаласаи Шӯро қабул ва аз ҷониби Раиси он тасдиқ карда мешавад, ба роҳ мемонад.

14. Тартиби кори Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро ва ё бо супориши ӯ аз ҷониби муовини Раиси Шӯро муайян карда мешавад.

15. Нақшаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, ки дар асоси Нақшаи кори Шӯро тартиб дода мешаванд, аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳо тасдиқ карда мешаванд.

16. Ҷаласаи Шӯро тибқи Нақшаи кори Шӯро, инчунин қарори Раиси Шӯро гузаронида мешавад.

17. Ҷаласаи Шӯроро Раиси Шӯро ва ё бо супориши ӯ муовини Раиси Шӯро мегузаронад.

18. Маҷлиси Шӯро на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шӯро метавонад маҷлиси ғайринавбатии худро баргузор намояд.

19. Маҷлиси Шӯро, агар дар кори он аз нисф зиёди аъзои Шӯро иштирок намоянд салоҳиятдор ҳисоб карда мешавад. Аъзои Шӯро дар кори ҷаласаи он бидуни ҳуқуқи ивазшавӣ ширкат меварзанд. Аъзои Шӯро дар ҳолати бо сабабҳои узрнок дар кори маҷлиси Шӯро иштирок накарданаш, метавонад фикру ақидаи худро вобаста ба масъалаҳои дар маҷлис баррасишаванда қаблан ба таври хаттӣ ба Шӯро пешниҳод намояд.

20. Қарорҳои Шуро бо овоздиҳии аксарияти аъзои дар маҷлиси Шӯро иштирокдошта қабул карда мешавад. Дар сурати баробар будани шумораи овозҳо, Раиси Шӯро овозӣ ҳалкунанда дорад.

21. Қарорҳои дар маҷлиси Шӯро қабулшаванда бо протоколи маҷлис, ки онро Раиси Шӯро ё муовини он имзо мекунад, ба расмият дароварда мешаванд. Нусхаи протоколи маҷлис ҷиҳати андешидани тадбирҳо ба ҳамаи аъзои Шӯро ирсол карда мешавад.

22. Шӯро дар бораи қарорҳои қабулкардаи худ мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои эҷодию истеҳсолии дахлдорро тавассути ирсол намудани нусха аз протоколи маҷлиси Шӯро огоҳ месозад.

23. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва кори Шӯро мусоидат менамояд.

4. Муқаррароти хотимавӣ

24. Ба Низомномаи мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо, масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани фаъолияти Шӯро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015, № 355

тасдиқ шудааст

Ҳайати Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ

Раиси Шӯро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа

Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоҳангсоз сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби масъули Директори Киностудияи давлатии Шӯро "Тоҷикфилм"

Аъзои Шӯро:

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов

Директори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"

Раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Кинорежисёр (бо мувофиқа)

Кинорежисёр (бо мувофиқа)

Раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон

Директори Ташкилоти ҷамъиятии "Хома" (бо мувофиқа)