Низомномаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2015 № 491

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "21" майи соли 2015 № 421

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "21" майи соли 2015 № 421

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои марзию маъмуриро татбиқ менамояд.

2. Кумита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

2. Мақсад, вазифа ва ваколатҳои Кумита

4. Мақсади Кумита аз фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд - идоракунии маҳаллӣ) оид ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал ҷиҳати ноил гардидан ба пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

5. Вазифаҳои Кумита аз инҳо иборатанд:

- омода намудани пешниҳодот оид ба ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал;

...

Приложения 1

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 21 мая 2015 года, № 491

Приложения 1

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 21 мая 2015 года, № 491

Положение о Комитете по местному развитию при Президенте Республики Таджикистан

1. Общие положения

1. Комитет по местному развитию при Президенте Республики Таджикистан (далее-Комитет) является центральным исполнительным органом государственной власти, осуществляющим единую государственную политику в сфере управления местным развитием, координации вопросов местного социально-экономического развития, конкретизациями функций и полномочий между центральным и местными органами государственной власти и органами местного самоуправления, а также координации мер по разработке и реализации комплексных проектов социально-экономического  развития административно - территориальных единиц.

2. Комитет подотчетен Президенту Республики Таджикистан.

3. Комитет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республики Таджикистан и настоящим Положением.

2. Цели, функции п полномочия Комитета

4. Целью Комитета является создание условий для местного развития, укрепления системы местного управления, координация деятельности центральных и местных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и сёл (далее - местное управление) по вопросам местного социально-экономического развития для достижения экономического роста и повышения уровня благосостояния населения Республики Таджикистан.

5. Функциями Комитета являются:

- подготовка предложений по формированию единой государственной политики в сфере местного развития;

...