Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор"
Мутобиқи моддаҳои 52, 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор" таъсис дода шавад.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ташкилию ҳуқуқии муассисаи мазкурро ҳаллу фасл намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор"-ро дар соли 2015-ум аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои минбаъда дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишуда амалӣ намоянд.
4. Дар номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, пас аз сархати шасту дуюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 7 майи соли 2015 № 316
ш. Душанбе