Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 ноябри соли 2014 таҳти рақами 772
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 ноябри соли 2014 таҳти рақами 772
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ ДАЪВАТИ (IV) ВИЛОЯТИ СУҒД
ҚАРОР
аз "25 " сентябри соли 2014 №258 ш. Истиқлол
Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон
Мутобиқи талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Кумитаи идораи замини шаҳри Истиқлол аз 24 сентябри соли 2014, №87 ва хулосаи комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ба андозаи 0,06 гектар муайян карда шавад.
2. Ба комиссияи ҷамъиятӣ, кумитаи идораи замини шаҳри Истиқлол, бахши меъморӣ ва сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол супорида шавад, ки ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ меъёри муайяншударо ба инобат гиранд.
3. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Интишори қарори мазкур тариқи рӯзномаи шаҳрии "Навиди Табошар", сомонаи расмии (веб-сайти) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва дигар расонаҳои маҳаллии расмӣ, амалӣ карда шавад.
5. Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол аз 18 июли соли 2013, №223 "Дар бораи муайян намудани андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд" аз эътибор соқит дониста шавад.
...