Маҷлиси вакилони Халқи шаҳри Истиқлол даъвати (iv) Вилояти Суғд аз 25 сентябри соли 2014 № 257 "Дар бораи муқарар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар шаҳри Истиқлол"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 ноябри соли 2014 таҳти рақами 771

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 ноябри соли 2014 таҳти рақами 771

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ ДАЪВАТИ (IV) ВИЛОЯТИ СУҒД

ҚАРОР

аз "25 " сентябри соли 2014 №257 ш. Истиқлол

Дар бораи муқарар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар шаҳри Истиқлол

Мутобиқи талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 6, 262, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 79 ва 82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 24 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" инчунин бо назардошти таклифи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол оид ба саноат, ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул мутобиқи талаботи бобҳои 40 ва 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.

2. Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои як воҳиди объекти андозбандии ба қайд гирифташуда тибқи ҷадвали дар замима овардашуда, муайян карда шавад.

3. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди шаҳри Истиқлол ба андозаҳои зерин муқаррар карда шаванд:

а) барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 м, ба андозаи 5,50 сомонӣ;

б) барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавӣ (бо истифодаи техноло-гияи муосир) барои 1 м, ба андозаи 8,50 сомонӣ.

...

МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА ИСТИКЛОЛ (IV) СОЗЫВА

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

 г. Истиклол, от "25" сентября 2014 года № 257

 г. Истиклол, от "25" сентября 2014 года № 257

Об установлении норм местных налогов и сборов в городе Истиклол

В соответствии с требованиями статей 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статей 6, 262, 309 и раздела 15 Налогового Кодекса Республики Таджикистан, статей 79 и 82 Закона Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет", статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе" и статей 24 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов города Истиклол по вопросам промышленности, экономической реформы и бюджета, Маджлис народных депутатов города Истиклол,

ПОСТАНОВЛЯЕТ:

1. Налог на транспортные средства, недвижимое имущество, в том числе налог на землю и налог на недвижимые объекты, установить в соответствии с требованиями главами 40 и 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.

2. На территории города Истиклол размер налога на игровой бизнес для каждого зарегистрированного налогоплательщика, определить согласно графику, подтвержденному настоящим постановлением (график прилагается).

3. Нормы обязательных оплат для размещения наружной рекламы юридических и физических лиц на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктов территории города Истиклол установить следующих размеров:

а) размещение обычных рекламных объектов (без использования современной технологии) на 1 м? в размере 5,50 сомони;

б) размещение рекламных объектов (с использованием современной технологией) на 1 м2 в размере 8,50 сомони.

4. В связи с местонахождением рекламы, установить следующие регулирующие коэффициенты:

а) на территории центра города Истиклол - коэффициент 0,85;

б) за пределами центра города Истиклол - коэффициент 0,70.

...