Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 октябри соли 2014 таҳти рақами 768
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
ҚАРОР
аз 8 августи соли 2014 № 7 н. Тоҷикобод
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Тоҷикобод
Мутобиқи талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 6, 262, 308, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 79 ва 82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо назардошти таклифи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисодиёт ва буҷет Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод.
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт мутобиқи талаботи боби 40 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
2. Андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи талаботи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
3. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба андозаҳои зайл муқаррар карда шаванд:
а) барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 м, ба андозаи 15 сомонӣ;
б) барои ҷойгиркунии объектҳои рекламавӣ бо истифодаи технологияи муосир барои 1 м, ба андозаи 20 сомонӣ.
4. Вобаста ба мавқеи ҷоийгиркунии рекламаҳо коэффисиентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шавад:
а) дар ҳудуди маркази ноҳияи Тоҷикобод коэффисиенти 1,2.
5. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо мисли корхонаю муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории ватанӣ муайян карда шуда, коэффисиентҳои танзимкунанда муайян карда шавад:
а) дар ҳудуди маркази ноҳия коэффисиенти 2,0;
б) дар мавзеҳои берун аз маркази ноҳия коэффисиенти 1,5.
6. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва нозироти андози ноҳия супориш дода шавад, ки:
а) ҷойгиркунии рекламаҳои беруниро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ба роҳ монанд;
б) ситонидани пардохтҳои муқарраргардидаро нисбати ҷойгиркунонии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффисиентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд;
в) фаъолияти субъектҳои бо паҳнкунии реклама машғул бударо мавриди таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оид ба паҳнкунии рекламаро дар ҳудуди ноҳия мавриди санҷиш қарор дода, раванди иҷозатдиҳиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
7. Қарори мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ, қайди давлатӣ ва дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
8. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
9. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод аз 23 декабри соли 2013, №5 "Дар бораи муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Тоҷикобод" аз эътибор соқит дониста шавад.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иқтисодиёту буҷет ва Нозироти андоз гузошта шавад.
Раиси
Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳ. Х.
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН МАДЖЛИСИ НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ТАДЖИКАБАДСКОГО РАЙОНА
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об установлении нормы местных налогов и сборов в Таджикабадском районе
В соответствии с требованиями статей 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статей 6, 262, 308, 309 и раздела 15 Налогового кодекса Республики Таджикистан, статей 79 и 82 Закона Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет", статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе" и статьи 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов Таджикабадского района по вопросам экономики и бюджета, Маджлис народных депутатов Таджикабадского района:
ПОСТАНОВЛЯЕТ:
1. Налог на транспортные средства установить в соответствии с требованиями главы 40 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
2. Налог с недвижимого имущества, в том числе налог на землю и налог на недвижимые объекты, установить в соответствии с требованиями главы 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
3. Нормы обязательных оплат для размещения наружной рекламы юридических и физических лиц на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктов территории Таджикабадского района установить следующими размерами:
а) размещения обычных рекламных объектов (без использования современных технологий) на 1 м? в размере 15 сомони;
б) размещения рекламных объектов (с использованием современных технологий) на 1 м? в размере 20 сомони.
4. В связи с местонахождением рекламы установить следующие регулирующие коэффициенты:
а) на территории центра Таджикабадского района коэффициент 1,2.
5. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и юридических иностранных лиц при использовании рекламных объектов, норма обязательных оплат для размещения рекламы, устанавливая, как и отечественным учреждениям и предприятиям, частным предпринимателям и другим хозяйственным субъектам, определить следующие регулирующие коэффициенты:
а) на территории центра Таджикабадского района коэффициент 2,0;
б) за переделами центра Таджикабадского района коэффициент 1,5.
6. Обязать исполнительный орган государственной власти Таджикабадского района и налоговую инспекцию Таджикабадского района выполнять следующие задания:
а) установить размещения наружной рекламы в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О рекламе";
б) взыскать установленные налоги по отношению к размещениям наружной рекламы согласно с регулирующими коэффициентами;
в) анализировать деятельность субъектов, занимающихся распространением рекламы, изучить разрешающие документы по распространению рекламы на территории района и за пределами района, обеспечить процесс разрешения согласно нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
7. Настоящее постановление представить Министерству юстиции Республики Таджикистан для учёта, государственной регистрации и внесения в Единый государственный реестр нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
8. Настоящее постановление вступает в силу после государственной регистрации и официального опубликования.
9. Признать утратившими силу Постановление Маджлиса народных депутатов Таджикабадского района от 23 декабря 2013 года, №5 "Об установлении нормы местных налогов и обязательных отдельных видов оплаты".
10. Контроль над выполнением настоящего постановления возлагается на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов Таджикабадского района по вопросам экономики и бюджета и налоговую инспекцию Таджикабадского района.
Председатель
Маджлиса народных депутатов Таджикабаского района Ализода Х.Х
от " 8 " августа 2014 года № 7
п. Таджикабад
Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 15 октября 2014 года, регистрационный номер 768