×

Қарори Маҷлиси Вакилони Халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (даъвати Iv) аз 19 июли соли 2013 № 163 "Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои ободони ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 июли соли 2014 таҳти рақами 761

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӯҲИСТОНИ МАСТЧОҲ (ДАЪВАТИ IV)

Қ А Р О Р

аз 19 июли соли 2013 № 163 ш. Меҳрон

Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои ободони ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ

Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (даъвати IV) қарор мекунад:

1. Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ва Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати татбиқи қоидаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Ба шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия супорида шавад, ки интишори расмии қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологиро таъмин намояд

4. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия "Оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, масъули оила ва занон, ҳифзи табиат" гузошта шавад.

Раиси маҷлис С. Охунов

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи

ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (даъвати IV)

 аз 19 июли соли 2013 №163 тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ ОБОДОНӢ ВА БЕҲДОШТИ ҲОЛАТИ САНИТАРИЮ ЭКОЛОГӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ (минбаъд-қоидаҳои мазкур) мутобиқи моддаҳои 8, 9 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" таҳия шуда, муносибатҳои беҳдошти ободонӣ ва экологиро танзим намуда тартиби ҳифзи муҳити зист, беҳбудии ҳолати санитарию экологии аҳолӣ ва масъулиятро барои вайрон кардани талаботи қоидаҳои мазкур муқаррар менамояд.

2. Қоидаҳои мазкур нисбат ба мақомоти коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва шаҳрвандон оид ба беҳдошти ҳолати санитарии ҳудудҳо, ташкилоти тозакунӣ ва таъминоти тозагию ободонии зоҳирӣ паҳн гардида, тартиби тоза намудани кӯчаҳо, роҳҳои мошингард, роҳравҳо, ҳудудҳои дохили шаҳр ва деҳот, инчунин худудҳои истеҳсолии дохилиро барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки истифодабарандаи қитъаҳои замин, иншоот, молик ва ё иҷорагирони биноҳо ва иншоот сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ муайян мекунад.

3. Мафҳумҳои асосие, ки дар қоидаҳои мазкур истифода мешаванд:

- ободонӣ ва кабудизоркунӣ - иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати ба меъёрҳои муқарраргардидаи санитарӣ ҷавобгӯ намудани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид, солимӣ ва маданиву фароғатӣ барои аҳолӣ;

- беҳдошти ҳолати санитарӣ - тоза намудан, ҷамъоварӣ, интиқол ва безарраргардонии партовҳои сахти маишӣ ва партовҳои калонҳаҷм ба партовгоҳҳои марказӣ ва интиқоли партовҳои сахту моеъи рӯзгор;

- ҳудуди корхона, ташкилот, муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ - қитъаҳои замин, ки дар кадастри давлатии замин, мувофиқи шаҳр ё ноҳия инъикос ёфтааст ва бо таъиноти муайян ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеи тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо ва ё вобаста карда шудааст;

- ҳудуди пайваст - ҳудуди истифодаи умумӣ, ки бевосита ба сарҳади қитъаи замин, бино, иншоот, майдончаи сохтмон, объектҳои савдо, реклама ва дигар объектҳо ё девораҳои онҳо пайваст, ки дар моликият, истифода, иҷора ва мувозинаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд ва масофаи муайян доранд;

- объект - бино, сохтмон, иншооти муҳандисӣ, майдончаи сохтмон, мағоза, конструксияи рекламавӣ, пояҳои хаттӣ таъминоти барқ ё алоқа ва ғайра;

- нигоҳдории объект - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ободонӣ ва кабудизоркунӣ, таъмин намудани тозагӣ, ҳолати хуби техникӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои техникии объект муқаррар карда шудаанд;

- сабзазор - қисми ободонӣ, ки аз сабза ё дигар растаниҳои даравидашудаи баландиашон на зиёд аз 20 см иборат аст;

- минтақаи кабудизоркунӣ - дарахтон, буттазор, ҳам сабзазори табии ва ҳам сунъӣ парваришшаванда;

- осебёбии минтақаи кабудизор - таъсири техникӣ, химиявӣ ва дигар қисми рӯизаминӣ ва системаи решаҳои кабудизор, ки боиси нобудшавии сабзиши он намегардад;

- нобуд сохтани кабудизор - осебёбии кабудизор, ки боиси насабзидани кабудизор мегардад;

- иншооти боронқабулкунанда - иншоотест дар шабакаи корезӣ, ки барои қабул ва ҷорӣ намудани оби борон ва оби барфи обшуда таъин шудааст;

- иншооти роҳ - ҷузъҳои таркиби қитъаҳои замин, қисми роҳи нақлиётгузар, пул, роҳгузар, эстакадаҳо, тоннел ва инчунин дигар иншооте, ки барои дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштан, нигоҳубин ва дар ҳолати хуби техникӣ истифода шудани роҳи автомобилгард заруранд;

- таъмири асосии таркиби рӯпӯши роҳ - маҷмӯи тадбирҳое, ки барои пурра барқарор намудани мӯҳлати коршоямии таркиби рӯпӯши роҳ, қитъаи замин ва иншооти роҳ иҷро карда мешаванд, иваз намудани таҷҳизот (конструксияҳо) ва қисмҳои фарсудашуда ё иваз кардани онҳо ба таҷҳизот (конструксияҳо) ва қисмҳои нисбатан мустаҳкам ва дар ҳолатҳои зарурӣ баланд бардоштани нишондиҳандаҳои геометрии роҳ бо назардошти афзоиши шиддатнокии ҳаракати нақлиёт ва сарбории меҳварии автомобилҳо дар ҳудуди меъёрҳои муқарраргардида;

- хатти (қитъаи) назди роҳ - минтақаи муайяни қитъаи замин ё сатҳи иншооти сунъӣ, ки он назди роҳи мошингард ҷойгир буда, дар худ ҷуйборҳои обрав (кюветҳо), қитъаи замин бо назардошти дурнамои васеъшавии роҳ, ҷойгиронии роҳравҳо, пиёдагардону велосипедронӣ, инчунин дигар иншооти маҷмӯи роҳ ва хизматрасонӣ дар ҳудуди роҳи автомобилӣ ҷойгир буда дар масофаи 50 метр аз ҳар ду ҷониби роҳи нақлиётгард мебошад;

- таъмири ҷории бино ва иншоотҳо - корҳое, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани фарсудашавии бармаҳали конструксияҳо, ороиш (аз ҷумла рангубор), шабакаҳои муҳандисӣ, инчунин корҳо оид ба бартараф намудани ҳисорот ва вайроншавии хурд нигаронида шудаанд;

- иншооти ғайрикапиталӣ - иншооти таъиноташон мавсимӣ ё ёридиҳанда, аз ҷумла павилонҳои муваққатии табистона, нуқтаҳои савдои муваққатӣ аз конструксияҳои сабук, конструксияҳои металлии бе таҳкурсии чуқур, гармхонаҳо, инчунин иншооти савдои чакана, объектҳои хизматрасонӣ ва хӯроки қадди роҳ, павилонҳои истгоҳ, ҳуҷраҳои ҳоҷатхонаи рӯизаминӣ, мошинсаройҳои (гараҷҳои) боксӣ;

- таъмири капиталӣ - таъмири иншоот, бино ва дигар объектҳо бо мақсади барқарор намудани захира ҳангоми зарурат, унсурҳои конструктивии системаи таҷҳизоти муҳандисӣ, инчунин беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истифодабарӣ;

- нигоҳдории кӯчаҳо, роҳи мошингард - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати истифодабарии қитъаи нақлиётгарди роҳ, иншооти роҳ, хаттӣ ҷудокунӣ, унсурҳои ободонии роҳ, ташкил ва бехатарии ҳаракат, ки ба талаботи меъёрҳои амалкунанда ҷавобгӯй аст;

- партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ - пасмондаи ашё, мавод, ашёи нимтайёр ва дигар маснуоту маҳсулот, ки дар раванди истеҳсолот ва истеъмолкунӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин мол (маҳсулоте), ки хусусиятҳои истеъмоли худро гум кардаанд;

- партовҳо - тамоми партовҳо, аз ҷумла боқимондаҳои сахти ашё, маводҳо, масолеҳи нимтайёр, дигар масолеҳу маснуот, ки хусусиятҳои истеъмолии мол (маҳсулот)-ро гум кардаанд;

- партовҳои сахту моеъи рӯзгор - партовҳое мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти ҳаёти ҳамарӯзаи аҳолӣ ба вуҷуд меоянд;

- партовҳои сохтмон - партовҳое, ки дар натиҷаи корҳои таъмири асосӣ, таъмири ҷорӣ, вайрон кардани бино ва иншоотҳо, манзили истиқоматии шаҳрвандон ва корҳои ободонӣ ба вуҷуд меоянд;

- ҷамъ кардани партовҳои сахту моеъи рӯзгор - маҷмӯи чорабиниҳоест, ки барои тоза кардани нуқтаҳои партовпартоӣ, пур кардани қуттиҳои партовҷамъкунӣ (контейнерҳо) бо мақсади интиқоли партов ба партовгоҳҳои марказӣ алоқаманд аст;

- ҷадвали баровардани партовҳои сахту моеъи рӯзгор - санади тасдиқгардидаи ташкилоти хизматрасон, ки тибқи он ва мувофиқи шартномаи тарафайн интиқоли партовҳо сурат мегирад;

- вайрон намудани ҷадвали интиқоли партовҳои сахту моеъи рӯзгор - риоя накардани хатти сайр, ҷадвали аз рӯи соат баровардан ва интиқоли партовҳо ба мӯҳлати зиёд аз 2 соат;

- нуқтаҳои партовпартоӣ - ҷойҳои махсус бо қуттиҳои партови ҳаҷмашон 0,75 м3 (контейнерҳо) муҷаҳҳаз дар микроноҳия ва маҳаллаҳо, ки барои баровардани партови аҳолӣ пешбинӣ шудааст;

- нуқтаҳои партовтӯдаи ғайримуқаррарӣ - ҷамъшавии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, ки дар натиҷаи худсарона (ғайриқонунӣ) партофтан ё ҷамъ кардани партов ба вуҷуд меоянд ва ҳаҷмаш аз 1 метри мукааб зиёд нест, инчунин ҷамъшавии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, дар партовтӯдаи алоҳида, ки дар натиҷаи худсарона партофтан (ҷойгир намудан) ё ҷамъ кардани то 30 метри мукааб партов дар масоҳати зиёда аз 50 метри мураббаъ ба амал меояд;

- безараргардонии партов - коркарди партов бо усулҳои технологии гуногун дар таҷҳизоти махсусгардонидашуда бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири зарарнок ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ;

- усулҳои махсуси ороишӣ ва обод кардани мавзеи зисти аҳолӣ - композитсияи ҳайкалтарошию меъморӣ, монументалию ороишӣ, кабудизоркунӣ бо дизайни хос нишонаҳои хотиравӣ ва ғайра.

2. БЕҲДОШТИ САНИТАРӢ ВА ТАРТИБИ ИНТИҚОЛИ ПАРТОВҲОИ САХТУ МОЕЪИ МАИШӢ

4. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳудуди (ноҳия) фаъолият менамоянд, барои интиқоли партовҳои сахт ва моеъ бо ташкилотҳои барои баровардани партовҳои масъул, бояд шартномаи хизматрасонии интиқоли партов ба расмият дароранд.

5. Партовҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ ба вуҷуд меоянд, дар ҳудуд ва бо истифода аз имкониятҳои корхонаву ташкилотҳо дар ҷойҳои махсус барои ин мақсад ташкилгардида ва бо мувофиқаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ҷамъ ва муваққатан нигоҳ дошта мешавад.

6. Муассисаҳои хизматрасонии интиқоли партов ҷамъоварии партовҳои сахту моеъро ба зарфҳои партовҷамъкунии (контейнерҳо) ғунҷоишашон 0,75 ва 1,1 метри мукааб ба амал меоранд.

7. Миқдор ва ғунҷоиши зарфҳои партовҷамъкунӣ бо назардошти ҳаҷми ҷамъшавии партовҳои сахту моеъ бояд омода карда шаванд.

8. Ба зарфҳои партовҷамъкунӣ партофтани маводҳои сӯхт ва молиданӣ, маводҳои (латтакӯҳнаҳо) равғанолуд, авторезина, лампаҳои гази разрядӣ ва люминессентӣ манъ аст Партовҳои мазкур дар биноҳои ба ин мақсад махсус ҷудо карда шуда, нигоҳ дошта шуда, ба корхонаҳои махсусгардонидашудаи безараргардонӣ интиқол дошта шаванд.

9. Ба қуттиҳои партовпартоӣ (контейнерҳо) партофтани маводҳои сохтмон, партовҳои моеъ, рег, ангишт ва партовҳои хомӯшнашуда манъ аст.

10. Сӯзондани тамоми намуди партовҳо дар ҳудуди хонаҳо ва нуқтаҳои партов манъ аст.

11. Тамоми намуди зарфҳои партовпартоӣ ва нуқтаҳои партов бояд дар ҳолати техникӣ коршоям нигоҳ ва соле ду маротиба дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ бо тамғаи муайяни мутааллақият ба ташкилоти хизматрасон ранг карда шаванд.

12. Қуттиҳои партов ва дигар намуди партовҷамъкуниҳо, инчунин майдончаҳо барои онҳо бояд мувофиқи талаботи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида (ғайр аз фасли зимистон) бо маводи дезинфексиякунӣ (безараркунанда) коркард карда шаванд.

13. Қуттиҳои партов ва партовҷамъкунакҳо чун қоида бояд дар майдончаҳои махсус ҷиҳозонидашуда гузошта шаванд. Майдонча бояд мумфарш ё бетонрезӣ карда, ба сӯи роҳи мошингард моил ва барои ҳаракати нақлиёти махсуси партовкашон мувофиқ ҷойгир карда шавад.

14. Ҷойгиронии нуқтаҳои партовпартоӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии меъморию шаҳрсозӣ муқаррар ва тасдиқ карда мешавад. Омодасозии нуқтаҳои мазкур бо лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо тартиби муайяншуда таҳия ва тасдиқ шудаанд, иҷозат дода мешавад.

15. Нуқтаҳои партовпартоии барои қуттиҳои партови чархакдор аз роҳи мошингард бо пандусҳо ва иҳотаҳои (бордюрҳо) баландияшон 7-10 см бояд муҷаҳҳаз гардонида шаванд.

16. Мавзеи ҷойгиронии нуқтаҳои партовпартоиро муассисае, ки дар мувозинааш нуқта воқеъ аст, дар мувофиқа бо сохторҳои маҳалллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист, хадамоти маҳаллии назорати зидди сӯхтор, маркази назорати эпидемиологию санитарӣ, ташкилоти партовкашон муайян карда мешавад. Майдончаҳои мазкур аз дару тирезаи хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, майдончаҳои варзишӣ ва мавзеи фароғатии одамон дуртар, вале на камтар аз 20 метр ва на зиёда аз 100 метр бояд ҷойгир карда шаванд.

17. Ҳангоми дар назди манзили истиқоматӣ, мағозаҳо, муассисаҳои таълимӣ, мавзеъи фароғатии аҳолӣ ва ғайра, ки ҷойгирони нуқтаҳои партов дар масофаи дар банди 16 қоидаҳои мазкур зикргардида ғайриимкон аст, ин масофаҳо аз ҷониби комиссияи созмондодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад.

18. Муваққатан (ба мӯҳлати то 1 шабонарӯз) дар ҳудуди ҳавлиҳо барои ҷамъ кардани партовҳои сохтмон дар назди ҷойҳои таъмиру сохтмон, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ иҷро карда мешаванд, дар ҳолати дар ин ҳудудҳо мавҷуд набудани майдончаҳои махсус барои бункерпартовҷамъкуниҳо гузоштани бункерпартовҷамъкуниҳо иҷозат дода мешавад. Ҷойҳои муваққатан гузоштани бункер-партовҷамъкунакҳо бояд бо мақомоти ҳифзи муҳити зист мувофиқат карда шаванд.

19. Гузоштани партовҷамъкунакҳо дар кӯчаҳои марказӣ, аз ҷумла дар қисми гузаргоҳи роҳ, роҳравҳо, сабзазор ва гузаргоҳи равоқи хонаҳо манъ аст.

20. Нуқтаҳои партовпартоӣ, ҷои гузоштани бункер -партовҷамъкунакҳо ва ҳудудҳои ба онҳо пайваст дар масофаи 20 метр аз ҷониби корхонаҳое, ки ин нуқтаҳо дар мувозинаи онҳост, мунтазам аз партовҳои сахту моеъи рӯзгор ва калонҳаҷм тоза карда шаванд.

21. Ташкили ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳои сахту моеъи рӯзгор, назорати риоя намудани ҷадвали баровардани партовҳои сахту моеъ ва истифодабарии нуқтаҳои партовпартоӣ ба зиммаи сохторҳои зерин вогузор карда мешавад:

- муассисаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- кумитаи маҳаллаҳо

22. Партовҳои сахту маиширо ташкилотҳои партовбарор, ки соҳиби иҷозатнома мебошанд, мувофиқи мӯҳлати дар ҷадвал муайянгардида ё аз рӯи дархост, агар ин шарт дар шартнома ҷойдода шуда бошад, интиқол медиҳанд.

23. Дар ҳолати беасос даст кашидан аз бастани шартнома барои хизматрасонии интиқоли партов ва дар натиҷаи он ба муҳити зист расонидани зарар аз ҷониби истеъмолкунанда ё иҷрокунанда, истеъмолкунандаи хизматрасонӣ ва ё иҷрокунанда ӯҳдадоранд, ки ҳаҷми зарари расонидашударо тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.

24. Интиқоли тамоми намуди партовҳо бе рӯйпӯш намудани он, ки кӯчаҳоро аз ифлосшавӣ эмин медорад, манъ аст.

25. Партове, ки ҳангоми аз қуттиҳои партов (контейнерҳо) ба нақлиёти махсуси партовкашон бор намудан мерезад ё дар натиҷаи бо саҳланкории муассисаи партовкашон саривақт интиқол надодан ҷамъ мешавад, аз ҳисоби муассисаи зикргардида тоза ва интиқол дода мешавад.

26. Партофтани партовҳои сохтмонӣ ва ҳайвонот, инчунин ҳайвоноти забҳгардида ба нуҳтаҳои партовпартоӣ манъ аст. Муассисаҳои хизматрасонии интиқоли партов метавонанд, мувофиқи нархномаҳои тасдиқгардидаи алоҳида ба шартномаи тарафайн партовҳои сохтмонӣ, ҳайвонот ва ҳайвоноти забҳгардидаро интиқол диҳанд.

27. Безараргардонидани партовҳои истеҳсолот аз ҷониби ташкилотҳое амалӣ гардида мешавад, ки барои муомилот бо партовҳо (коркард ва ҷамъ намудани ин намуд партовҳо) иҷозатнома (литсензия) доранд.

28. Дар назди манзилҳои истиқоматии хусусӣ метавонад барои муҷаҳҳаз гардонидани нуқтаҳо, қуттиҳои партовпартоӣ ё партовҷамъкунакҳои ҳаракатдиҳанда гузошта шаванд. Ҷойгиронии чунин нуқтаҳо ва қуттиҳо, беҳдошти санитарии онҳо аз ҷониби корхонае, ки онҳо дар мувозинаашон мебошанд, таъмин карда мешаванд.

29. Партовҳои сахт ва маишӣ аз ҷониби ташкилоти партовкашон (иҷрокунанда) дар мӯҳлатҳое, ки дар шартномаи тарафайн пешбинӣ шудааст, вале на дертар аз мӯҳлатҳое, ки бо меъёрҳо ва қоидаҳои санитрию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд, танҳо ба нуқтаҳои партовпартои марказии маҳалли ҷойгиршуда интиқол дода мешаванд.

30. Дар роҳҳои нақлиёти мусофиркашон, бозорҳо, боғ ва боғҳои фарьангӣ, минтақаҳои фароғатии одамон, қароргоҳҳои нақлиёт, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар маҳалли серодам, дар кӯчаҳо, истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон, дар даромади иншоотҳо ва нуқтаҳои савдо аз ҷумла хизматрасон бояд қуттиҳо, ки ба намунаҳои мувофиқи меъёрҳои тасдиқгардида мувофиқат менамоянд, таҷҳизонида шаванд.

31. Масофаи байни қуттиҳо дар кӯчаҳои ноҳия, бозорҳо ва дигар маҳалли серодам набояд аз 50 метр зиёд бошад, дар кӯчаҳои дуюмдараҷа, ҳавлию боғ ва боғҳои фарҳангиву дигар ҳудудҳо ин масофа набояд аз 100 метр зиёд бошад.

32. Тоза намудани қуттиҳои партов аз ҷониби муассисаҳое, ки хонаҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳо дар мувозинаи онҳо мебошанд, бо мурури пур шуданашон, вале на дертар аз як шабонарӯз тоза шуда, дар мӯҳлати як ҳафта шуста мешаванд. Қуттиҳо, ки дар истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон гузошта шудаанд, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорие, ки истгоҳҳоро тоза мекунанд, тоза ва шуста мешаванд, қуттиҳои дар назди иншоотҳои савдо гузошташударо субъектҳои дахлдори хоҷагидории савдо тоза менамоянд.

33. Қуттиҳои дар мувозинаи субектҳои хоҷагидорӣ қарордошта, ҳангоми зарурат, вале дар мӯҳлати на зиёд аз як сол (моҳи апрел) як маротиба ва инчунин аз рӯи дастури мақомоти назоратӣ ранг карда мешаванд.

3. ТАШКИЛИ ТОЗА НАМУДАНИ ҲУДУДИ НОҲИЯ

34. Ҳудуди ноҳия дар як рӯз ду маротиба тоза карда мешавад; то соати 8-00 саҳарӣ ва то соати 18-00 бегоҳӣ Дар кӯчаҳои асосӣ ва кӯчаҳое, ки шиддатнокии ҳаракати нақлиёт зиёд аст, тозакунӣ дар вақти шабона аз соати 23-00 то 7-00 амалӣ мегардад.

35. Хусусияти вақти кори шабонаро санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.

36. Маҳали серодам (роҳҳои нақлиёти автомобилӣ, истгоҳҳо, бозорҳо, минтақаҳои савдо ва ғайра) давоми рӯзи корӣ мунтазам тоза карда мешаванд.

37. Сарҳади ҳудуди тозакунӣ байни ташкилотҳо, муассисаҳо, иҷорагирон аз ҷониби маъмурияти ҳуҷҷатҳои заминистифодабарӣ ва мутобиқи қоидаҳои мазкур муайян карда мешавад.

38. Иншоотҳое, ки ҳудудашонро ба таври механикӣ тоза намудан ғайриимкон аст (бинобар камбар буданашон ё мураккаб будани сатҳи онҳо), бояд ба таври дастӣ то оғози кори нақлиёти махсус тоза карда шаванд.

39. Масъулияти ташкил ва гузаронидани корҳои тозакунӣ ба зиммаи ташкилот, корхонаву муассисаҳо вогузошта мешавад.

40. Тоза намудан ва беҳдошти қисми мошингарди роҳҳо, майдонҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои шабакаи роҳи шаҳр, аз ҷумла минтақаи думетра, инчунин соҳилҳо, кӯпрукҳо, аз ҷумла тоза намудани дастӣ пас аз тозакунии механикӣ аз барф ва тоза намудани минтақаҳои лотокдор аз ҷониби корхонае, ки ин рӯйпӯшҳои роҳи иншооти зикргардида дар мувозинаи онҳо қарор доранд амалӣ карда мешавад.

41. Тоза намудани қисми сабзазори хати ҷудокуни беҳдошти деворчаҳои қисми мошингарди роҳ, роҳравҳо ва сабзазор, дигар унсурҳои ободонии роҳ аз тарафи корхонае, ки ин объектҳо дар мувозинаи он карор доранд амалӣ мегардад. Ҳангоми иҷро кардани корҳои мазкур ба қисми мошингарди кӯчаҳо ва гузаргоҳҳо партофтани партов манъ аст.

42. Тоза намудани майдончаҳои таваққуфи истгоҳҳои охирини нақлиёти мусофиркашон ба зиммаи корхонаҳое, ки роҳи мишингардро тоза менамоянд, вогузор карда мешавад.

43. Тоза намудани ҳудудҳои кабудизор (боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, хиёбонҳо, гулгаштҳо ва ғайра) аз ҷумла дар роҳравҳо, минтақаҳои пиёдагард, роҳравҳои назди зинапоя аз ҷониби ташкилотҳое, ки ин объектҳо дар мувозинаи онҳо қарор доранд ва ё аз ҷониби онҳо истифода бурда мешавад амалӣ мегардад.

44. Тоза намудани ҳудудҳое, ки ба гузаргоҳҳои пиёдагардон мепайвандад, то масофаи 5 метр гирдогирди қисми рӯизаминии гузаргоҳ ё толор, зинаҳои гузаргоҳҳо ва худи гузаргоҳҳоро корхонаҳое, ки ин объектҳо дар мувозина ва ё истифодабарии онҳо мебошанд амалӣ менамоянд.

45. Паҳнкунандагони реклама ё ташкилотҳои махсусгардонидашуда мувофиқи шартнома тоза намудани ҳудудҳое, ки ба объектҳои алоҳидаи реклама дар масофаи 5 метр аз иншооти рекламавӣ наздиканд аз ҳисоби паҳнкунандагони реклама амалӣ карда мешавад.

46. Тоза намудани нуқтаҳои муваққатии савдои кӯчагӣ, ҳудудҳое, ки ба нуқтаҳои савдо наздиканд (бозор, мағозаҳо, павилонҳои савдо, ҳаймаҳои савдо, дӯконҳо ва ғайра) дар атрофи (радиуси) 50 метр соҳибони объектҳои савдо амалӣ менамоянд. Гузоштани борҷомаю зарфҳо ва партови ҷамъкардашуда дар ҳудуди зикргардида манъ аст.

47. Тоза намудан, ободонӣ, беҳдошти ҳудудҳои даромад ва баромад аз истгоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ, нуқтаҳои мошиншӯӣ, маҷмӯи фурӯши сӯишворӣ, инчунин ҳудудҳои ба онҳо наздик дар атрофии 50 метр ва гузаргоҳҳои нақлиёт ба ин иншоот ба зиммаи корхонаҳое, ки ин объектҳо дар мувозинаи онҳо мебошанд вогузор карда мешаванд.

48. Тозакунии дастии ҳудуди атрофи пояҳо ва сутунҳои таҷҳизоти равшанидиҳии кӯчаҳо, шабакаҳои ёридиҳандаи муҳандисӣ аз ҷониби корхонаҳое, ки ин объектҳоро дар мувозинаи худ доранд, амалӣ карда мешавад.

49. Тоза намудан, шустан ва ранг намудани пояҳои хатҳои равшандиҳии барқӣ, алоқаи электрикӣ, чароғакҳои роҳнамои роҳ аз ҷониби корхонаҳое, ки ин объектҳоро дар мувозинаи худ доранд, амалӣ карда мешавад.

50. Тоза намудани муҷассамаҳо, пайкара ва нимпайкарҳо ва ғайра аз ҷониби муассисаи ободонӣ сурат мегирад.

51. Тоза намудани ҳудуди ба зеристгоҳҳои трансформаторӣ ва тақсимотӣ, хатти қубурҳои рӯизаминӣ ва дигар иншооти муҳандисии бо реҷаи автоматӣ (бе кормандони хизматрасон) кор мекунанд ва инчунин ба пояҳои хатҳои интиқоли барқ, байпасҳо дар масофаи 5 метр мепайвандад аз тарафи ташкилоте, ки иншооти зикргардида дар мувозинаи онҳо қарор дорад, амалӣ карда мешавад.

52. Тоза намудани истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳудудҳои ба онҳо пайваст то масофаи 5 метр соҳибони идора ва ё ташкилоте масъуланд, ки ин иншоотҳо дар мувозинаашон мебошад ба анҷом расонида мешавад.

53. Тоза намудани истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо модули савдои истгоҳ ва ҳудуди ба он ҳамсарҳад то масофаи 50 метр соҳибмулки модули савдои истгоҳ иҷро менамояд.

54. Тоза намудани ҳудудҳои сохтмони мошинсаройҳо, кооперативҳои полезию боғдорӣ, қароргоҳҳои нақлиёт ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар масофаи 15 метр ва инчунин роҳҳои ба онҳо пайваст аз тарафи маъмурияти ин сохторҳо анҷом дода мешавад.

55. Тоза намудан ва беҳдошти ҳудуҳои иншооти хоҷагидорӣ ва минтақаҳои ба он наздик то масофаи 15 метр ва роҳҳои ба онҳо пайваст ба зиммаи иншоотҳои хоҷагидорӣ, ки ин ҳудудҳо дар моликият ва ихтиёри онҳо мебошанд вогузор карда мешавад.

56 Тоза намудан, ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани хонаҳову мошинсаройи хусусӣ, рӯйпӯшҳои нақлиёти шахсӣ ва минтақаҳои наздики онҳо дар масофаи 5 метр шаҳрвандоне, ки истифодабарандаи қитъаҳои замини иншоотҳои зикргардида мебошанд амалӣ менамоянд.

57. Барои тоза намудан ва ободонии ҳудудҳо дар масофаи минтақаи 15 метра аз сарҳади объекти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмир фармоишгар ва ташкилоти пудрадчии генералӣ масъулият доранд.

58. Тоза намудан ва интиқоли партов аз ҳудуди истгоҳ, мошинсаройҳо ва таваққуфгоҳҳои муваққатии пулакии нақлиёт аз ҳисоб ва бо қувваи соҳибон ва ё ташкилотҳое, ки иншоотҳои зикргардидаро ихтиёрдорӣ менамоянд, иҷро карда мешавад.

59. Ташкили корҳо оид ба набуд ва тоза намудани эълонҳо, варақаҳо, дигар маводҳои маълумотӣ, воситаҳои ҷойгиронии маълумотҳо дар ҳама иншоотҳои инфрасохторӣ (намуди берунаи бино ва иншоотҳо, мағозаҳо, дарахтон, сутунҳои шабакаҳои муҳандисӣ, телефонҳо ва рӯшноии беруна ва ғайра) ба зиммаи соҳибмулкон, соҳибон, истифодабарандагони иншоотҳои зикргардида вогузор карда мешавад.

60. Бе мувофиқаи дорандаи баланс ва мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ насб намудани реклама, варақаҳо, маводҳои тарғиботӣ дар бино ва иншоотҳо, мағозаҳо, дарахтон, сутунҳои шабакаҳои муҳандисӣ, телефонӣ ва рӯшноии беруна манъ аст.

61. Ҳангоми ба вуҷуд омадани обзеркунӣ дар натиҷаи вайрон шудани кори мӯътадили шабакаи корезии боришотқабулкунӣ, ӯҳдадорӣ оиди бартараф намудани онҳо ба зиммаи муассисаҳои ободонӣ, муассисаҳои роҳдорӣ ва дар дигар ҳолат ба зиммаи соҳибмулк вогузор карда мешавад.

62. Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахолат кардан ба фаъолияти мӯътадили шабакаҳои обқабулкунӣ, ки боиси обзеркунии кӯчаҳо, роҳравҳо ва гулгашту майдончаҳои кабудизор мегардад, онҳо барои ба ҳолати аввала баргардонидани кӯчаҳо, роҳравҳо ва гулгашту майдончаҳои кабудизор масъуланд.

4. ТОЗА НАМУДАНИ ҲУДУДИ НОҲИЯ ДАР МАВСИМИ ТОБИСТОН

63. Мавсими тозакунии тобистон аз 1 апрел то 31 октябр муқаррар карда мешавад Дар ҳолати тағйир ёфтани вазъи обу ҳаво, аз рӯи нишондоди хадамоти фармоишгар мӯҳлати гузаронидани тозакунии тобистон метавонад таҷйир дода шавад. Чорабиниҳо оиди омодасозии таҷҳизоти тозакунӣ ба давраи тобистона дар мӯҳлатҳое гузаронида мешавад, ки онро хадамоти фармоишдиҳанда муайян мекунад.

64. Рӯфтани кӯчаҳо, роҳҳо, роҳравҳо ва роҳҳои баромад ба мошинрав (проезд) бояд бо обпошии (намкунии) пешакӣ ба амал оварда шавад.

65. Хокрӯба ва партовҳое, ки ҳангоми тоза кардани қисми мошингарди кӯча ба вуҷуд меоянд, роҳравҳо ва сабзазор, майдончаҳои нишасти мусофирон, павилонҳои истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон, намуди берунаи биноҳои наздик ҷойгиршуда, иншооти савдо ва ғайраро субъектьои хоҷагидоре, ки ба назорати қисми мошингарди кӯча масъуланд, тоза менамояд.

66. Дар рӯзҳои гарм (ҳангоми аз 25 градус С баланд будани ҳарорати ҳаво) обпошии рӯпӯшҳои роҳ аз соати 12-00 то 16-00 (баъди ҳар ду соат) амалӣ карда мешавад.

67. Ташкилотҳои барои тоза кардани ҳудудҳои ба онҳо вобасташуда барои ҷамъоварии хазон аз сабзазори қад-қади кӯчаҳо ва шоҳроҳҳо дар масофаи 10 метр дар давраи тирамоҳ, аз ҳудудҳои ҳавлиҳо ва дигар ьудудҳо дар давраи баҳор масъуланд. Хазони пӯсида барои таъмини муҳити ғизобахши кабудизор нигоҳ дошта мешавад.

5. ХУСУСИЯТҲОИ ДАР МАВСИМИ ТОБИСТОН ТОЗА КАРДАНИ ҚИСМҲОИ АЛОҲИДАИ КӯЧАҲО ВА РОҲҲО

68. Қисми мошингузари кӯча бояд пурра аз ифлосиҳо тоза карда шуста шавад.

69. Хатҳои меҳварӣ, ки бо хати тақсимот ишорат гардидаанд, бояд аз хок ва дигар ифлосиҳо мунтазам тоза карда шаванд.

70. Минтақаҳои ду метраи лотокҳо набояд овардаҳои хокию регӣ, партовҳои гуногун дошта бошанд: ифлосшавии начандон зиёд бо зарраҳои рег ва партови майда роҳ дода мешавад.

71. Роҳравҳои пиёдагардон ва майдончаҳои истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон пурра аз овардаҳои чангу хок ва партовҳо бояд тоза карда, шуста шаванд.

72. Канори роҳ бояд аз партовҳои калонҳаҷм ва дигар партовҳо тоза карда шавад.

73. Баландии алафзор ва сабзазор дар ҳудуди минтақаҳои аҳолинишин, хати ҷудокунии роҳи автомобилгард, набояд аз 20 см баланд бошад.

74. Манъ карда шавад:

- ба қисми мошингарди кӯча, роҳҳои магистралӣ, гузаргоҳҳои дохилии маҳаллаҳо партофтани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, хокрӯбаи ҳудудҳои ҳавлиҳо, роҳравҳо ва қисми мошингузари дохили маҳалла;

- истифодабарии намаки техникӣ ва калсии хлории моеъ ба сифати маводи зиддилағҷиш ба роҳравҳои пиёдагардон, майдончаҳои истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон, дар боғҳо, хиёбонҳо ва минтақаҳои пиёдагард ва кабудизор;

- ба роҳи мошингард кашида партофтани об ҳангоми бартараф кардани садамаҳо дар шабакаҳои обу корезӣ ва гармгузаронӣ;

- ҷойгир намудани маводҳои инертӣ, хока ва дигар масолеҳи сохтмон дар роҳравҳо, қисми мошингарди кӯча ва роҳ.

6. ХУСУСИЯТҲОИ ТОЗА НАМУДАНИ ҲУДУДИ ҲАВЛИҲО ДАР МАВСИМИ ТОБИСТОН

75. Рӯбучини ҳудуди ҳавлиҳо, гузаргоҳҳои мошингарди дохили ҳавлӣ ва роҳравҳо аз чанг ва партовҳои хурди маишӣ аз ҷониби соҳибмулкон ё корхонаҳое, ки ин ҳавлиҳо дар ихтиёрдории онҳост гузаронида мешавад, тозагӣ ва ободонӣ дар ин ҳудудҳо дар тамоми рӯзи корӣ бояд таъмин карда шавад.

76. Ҷумакҳои обдиҳӣ барои шустан ва бо шланг обёрӣ намудани сатҳи ҳудуди ҳавлиҳо бояд дар ҳар як ҳавлӣ гузаронида шуда, дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дошта шаванд Масъулияти нигоҳ доштани таҷҳизот ва истифодаи об ба зиммаи соҳибмулк ё ташкилоте, ки ин ҳавлиҳо дар ихтиёрдории онҳост, вогузошта мешавад.

7. НИГОҲДОРИИ МИНТАҚАЕ, КИ ДАР ОН КОРҲОИ ЗАМИНӢ, ТАЪМИР ВА ДИГАР НАМУДИ КОРҲО ИҶРО МЕШАВАНД

77. Иншоотҳо ва майдончаҳои сохтмон, карерҳо (аз ҷумла карерҳои барқароршаванда), корхонаҳо оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон бо тартиби ҳатмӣ бо нуқтаҳои тозакунии чархҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои мошингарде, ки рӯйпӯшашон мумфарш ё оҳанубетонӣ аст, таҷҳизонида шаванд.

78. Дар майдончаи сохтмон барои ҷамъоварӣ ва нигоҳ доштани партов, қуттии партов (контейнер) ва барои ҷойгиронии партовҳои сохтмон бояд таҷҳизоти ҷамъкунӣ (бункер) гузошта шаванд.

79. Дар ҳудуди майдончаи сохтмон нобуд кардани дарахтону буттазор, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ пешбинӣ накардаанд, хокпӯш намудани танаи дарахтон ва буттазор манъ аст. Дарахтоне, ки набояд бурида шаванд, бояд бо тахтадеворҳо иҳота карда шаванд.

80. Партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ, ки дар майдончаи сохтмон ба амал меоянд, бо тартиби дар лоиҳаи сохтмон пешбинишуда ва дар раванди иҷроиши корҳо бояд тоза ва безарар карда шаванд.

81. Намуди зоҳирии иҳотаҳои майдончаҳои сохтмон ва ҷойҳои кофташуда бояд ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат намояд, яъне аз ифлосиҳо тоза ва шуста шаванд, набояд равзанаҳои бо лоиҳа пешбининашуда ва ҷойҳои шикаста дошта бошанд, аз ҳолати амудӣ моил шаванд, эълону ҳар гуна навиштаҷот насб шуда бошад, дар иҳотаҳои майдончаи сохтмонӣ бояд асбобҳои равшанидиҳӣ таҷҳизонида шаванд.

82. Партовҳои сохтмон ва хок аз майдончаҳои сохтмон бояд мунтазам ба ҷойҳои махсус ҷудокардашуда, дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи табиат интиқол дода шаванд.

83. Масолеҳи сохтмон ва маснуот бояд танҳо дар дохили иҳотаҳои майдон мувофиқи лоиҳаи тасдиқшудаи ташкилоти сохтмон ва нақшаи иҷроиши корҳо ҷамъ карда шаванд.

84. Ба истифода супоридани иншооти сохтмонаш ба итмомрасида пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои лоиҳавии сохтмон, ободонӣ ва кабудизоркунӣ суръат мегиранд.

85. Қисмҳои иморати вайронкардашаванда бояд дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҷудо ва бароварда шаванд.

86. Майдончаи сохтмон баъди вайрон кардани иншоот дар мӯҳлати 2 ҳафта бояд тарҳрезӣ ва обод карда шавад.

87. Гузарнидани корҳои заминӣ бе иҷозатномаҳои дахлдор маън аст.

88. Хокпӯш кардани чуқуриҳо ва ҳавзҳои кофташуда бояд дар мӯҳлати барои корҳои заминӣ муқарраркардашуда гузаронида шаванд.

89. Рӯпӯшҳои роҳ, роҳравҳо, сабзазор ва дигар қитъаҳои кофташуда бояд дар мӯҳлатҳои бо иҷозатнома муқарраргардида барқарор карда шаванд.

90. Баистифодадиҳии шабакаҳои зеризаминӣ танҳо пас аз барқарор кардани рӯпӯшҳои роҳ ва унсурҳои ободонӣ иҷозат дода мешавад.

91. Ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ манъ аст:

- вайрон намудани иншооти мавҷуда, кабудизор ва унсурҳои ободонӣ, тайёр намудани маҳлул ва бетон бевосита дар қисми мошингарди кӯча;

- аз чоҳҳо, ҷойҳои кофтагишуда, чуқуриҳо обро кашида ба роҳравҳо ва қисми мошигард пошидан;

- пас аз ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар қисми мошингарди роҳ, роҳрав, минтақаи кабудизор боқӣ мондани партовҳои сохтмон;

- ишғол намудани масоҳати иловагӣ барои анбор, аз ҳудуди муқарраргардида зиёд гузоштани иҳотаҳо;

- банд намудани гузаргоҳҳо ва роҳҳои воридот ба ҳавлиҳо, халал расонидан ба ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон;

- ҳаракати нақлиёт аз майдончаҳои сохтмон, ҷои гузаронидани таъмир ва иҷроиши дигар корҳо бе тоза намудани чархҳои мошин аз лой ва хоки часпида.

92. Дар ҳолати осеб ёфтани шабакаҳои зеризаминӣ иҷрокунандагони кор бояд соҳиби ин иншоотҳоро дар ин хусус хабардор намояд ва оид ба бартарф намудани садама тадбирҳои фаврӣ андешанд.

93. Ҳангоми корҳои заминӣ, таъмир, садамавию барқароркунӣ ва ғайра мавзеи гузаронидани корҳо бояд бо иҳотаҳои намуди тасдиқгардида таҷҳизонида шуда, равшаннамоии садамавӣ таъмин карда шавад, ишораҳои дахлдор ва бункерҷамъкунакҳо барои ҷамъоварии партовҳои сохтмон ва пасмондаҳои сохтмон таҷҳизонида шавад.

94. Интиқоли пасмондаҳои асфалту бетон ҳангоми гузаронидани корҳои таъмири роҳ дар шоҳроҳҳо аз ҷониби ташкилотҳои иҷрокунандаи ин корҳо фавран (дар рафти иҷроиши кор) аз дигар кӯчаҳо ва ҳавлиҳо дар муддати як шабонарӯз бароварда мешаванд. Муваққатан дар сабзазор ва қитъаҳои кабудизор ҷамъ намудани пораҳои мумфарш (асфалт) манъ аст.

95. Дар ҳудуди маҳалли аҳолинишин ва ба он наздик гузаронидани корҳои заминӣ, таъмири сохтмон ва баровардану фаровардан, иҷрои корҳои дигар дар вақти шабона манъ аст, агар чунин корҳо оромӣ ва осудагии шаҳрвандонро халалдор созанд ва ё халал расонида тавонад. Муқаррароти банди мазкур ба фаъолияти зерин дахл надорад;

- амале, ки барои пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ, бартараф намудани оқибатҳои садама, фалокатҳои табии ва дигар вазъиятҳои фавқулодда равона карда шуда бошанд, барои гузаронидани дигар корҳои фаврӣ, ки бо таъминоти бехатарии шахсӣ ва ҷамъиятии шаҳрвандон мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба амалҳое, ки барои содир намудани онҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудаанд.

8. НИГОҲДОРИИ ҲОЛАТИ НИҲОЛҲОИ САБЗ

96. Нигоҳдории ҳолати ниҳолҳои сабз бо Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

97. Бурриши дарахтон, буттагулҳо ва ғайраи минтақаи кабудизор бо мувофиқаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва муассисаҳое, ки кабудизор дар мувозинаи онҳост, амалӣ мегардад.

98. Ҳангоми мумфарш намудани ҳудуди атрофи дарахтон бо қутри (диаметр) на камтар аз 1 м масоҳати кушод гузошта мешавад.

99. Дар минтақаи муҳофизатии симҳои барқгузор, инчунин назди аломатҳои кӯча ва рақами хонаҳои истиқоматӣ, воситаҳои техникии танзими ҳаракати роҳ (дар масофаи 1 метр) сари вақт буридани шохҳои дарахтонро муассисаи кабудизоркунӣ ё ташкилоти дахлдор таъмин менамояд.

100. Шохи дарахтон аз рӯи ҷадвале, ки бо идораҳои барқ, мувофиқа карда шудааст ва таҳти назорати онҳо бо риояи талаботи меъёрҳои бехатарӣ бурида мешаванд.

101. Буридан ва баровардани дарахтони касал, шохҳо ва ё танашон пурра хушкшуда намуди ороишии худро гум намуда, инчунин буридани шохҳои дарахтон, ки аёнияти воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракати роҳро маҳдуд менамояд аз ҷониби ташкилоти дахлдор дар давоми рӯзи корӣ аз минтақаи кабудизори роҳҳои асосӣ ва магистралҳо ва дар давоми 3 рӯз аз кӯчаҳои дуюмдараҷа ва ҳудуди ҳавлиҳо, бо шарти иҳотакунии ҷойҳои хавфнок амалӣ мегардад Корҳои зикргардида танҳо пас аз мувофиқа бо мақомоти ҳифзи муҳити зист иҷро карда мешаванд. Шохҳои боқимонда, ки пас аз буридани дарахтон боқӣ мемонанд, дар кӯчаҳои асосӣ ва шоҳроҳҳо дар муддати як шабонарӯз, дар кӯчаҳои аҳамияти дуюмдараҷа дошта дар муддати 6 соат аз лаҳзаи хабардор шудан бароварда шаванд.

102. Обпошии ниҳолҳои сабз дар иншоотҳои кабудизоркунӣ саҳарӣ на дертар аз соатҳои 800- 9-00 ё вақти бегоҳӣ баъди соатҳои 18-00 -19-00 аз ҷониби ташкилот ё корхонае, ки он дар мувозинааш мебошад ё ташкилоту корхонаҳои пудратӣ гузаронида мешавад.

103. Дар боғҳо, боғҳои фарҳагӣ, гулгаштҳо ва дигар ҳудудҳое, ки ниҳолҳои сабз доранд, манъ аст;

- гузаштан ва ташкили истгоҳи воситаҳои нақлиёт, техникаи сохтмон ва роҳсозӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои истисноии ба истифодаи ин ҳудудҳо вобаста будани техника ва ё барои нигоҳубини кабудизор истифодашаванда;

-таъмири нақлиёт, рехтан ва ё партофтани партовҳо, шустани воситаҳои нақлиёт, сохтан ё гузоштани мошинсаройҳо (гараҷҳо) ва тентҳо- паногоҳҳо барои нақлиёт;

- шикастан ва нобуд намудани дарахтон, буттаҳо, сабзазор, кандани гулҳо, ба дарахтон мустаҳкам намудани тамоми намуди предметҳо;

- худсарона кофтани қитъаҳои замини сабзазор;

- насби эълонҳо дар танаи дарахтон;

- буридани худсаронаи дарахту буттаҳо.

9. НИГОҲДОРИИ БИНОҲО, ИНШООТҲО ВА ОБЪЕКТҲОИ ИНФРАСОХТОРӢ

104. Роҳбарияти корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар мувозинаашон биноҳо ва иншоотҳо доранд, соҳибон ва истифодабарандагони хонаҳои истиқоматӣ ва бӯстонсаройҳо ӯҳдадоранд саривақт тармим, таъмир ва ранг намудани намуди берунаи объектҳои зикргардида ва шабакаи муҳандисии онҳо, иморатҳои дохилиҳавлиро таъмин намояд, инчунин лавҳаҳои хотиравӣ, лавҳачаҳои маълумотӣ ва ғайраи намуди берунаи биноро дар ҳолати хуб ва тоза нигоҳ доранд. Худсарона дигар кардани намуди берунаи биноҳо ва унсурҳои муҳандисии онҳо манъ аст

105. Вайроншавӣ ва осебёбии қисмҳои алоҳидаи ороишот, қабатҳои ороишӣ ва рангкардашуда, таркишҳои андова, вайроншавии маводҳои герметизатсиякардашудаи пайвастҳои биноҳои аз блокҳо сохташуда, вайроншавӣ ва ё фарсудашавии рӯйпӯшҳои металлӣ дар қисми барҷастаи биноҳо, вайроншавии парапетҳо ва дигар вайроншавиҳои ба ин монанд бояд сари вақт бартараф карда шаванд.

106. Дар ҳолатҳое, ки агар дар моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ё оперативии шахсони ҳуқуқӣ биноҳои алоҳидаи ғайриистиқоматӣ ё истиқоматӣ мавҷуд бошад, чунин шахсон дар таъмири намуди берунаи биноҳои зикргардида мутаносибан ба масоҳати ишғолнамудаашон ӯҳдадоранд.

107. Худсарона азнавсозии балкон ва айвонҳо, гузоштани қуттиҳои гулдон аз тарафи берунаи тиреза ва балконҳо, азнавсозии намуди берунаи бино ва унсурҳои конструктивӣ бе иҷозатномаи дахлдори мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ манъ аст. Тамоми сӯрохиҳо, ҷӯякҳо ва сӯрохиҳо дар зерфарши техникӣ барои ба бино ворид нашудани хояндаҳо бояд бо тӯр ( андозаи сӯрохиаш -0,5 см) маҳкам карда шаванд.

108. Мувофиқи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ ташкилоти хизматрасонии фонди манзил ва мақомоти санитарию эпидемиологӣ мунтазам дератизатсия ва дезинфексияи нобуд кардани хояндаҳо ва ҳашаротро дар ҷойҳои истифодаи умумӣ, таҳхонаҳо, ва зерфаршҳои техникӣ мегузаронанд.

109. Ҷойгир намудани иншооти ғайрикапиталӣ дар равокҳои биноҳо, сабзазор, майдончаҳои кӯдакона, фароғатӣ, таваққуфгоҳи нақлиёт, майдончаҳои нишасти нақлиёти мусофиркашон (ба истиснои павилонҳои бо истгоҳҳо якҷоякардашуда) дар минтақаи муҳофизатии шабакаи обу корезӣ, шабакаҳои барқӣ ва хатҳои алоқа мутаносибан 10 метр аз павилонҳои истгоҳ, 25 метр аз шахтаҳои вентилятсионӣ, 20 метр аз тирезаҳои хонаҳои истиқоматӣ, витринаҳои нуқтаҳои савдо, 3 метр аз танаи дарахтон, 1,5 метр аз сарҳади шохаҳои буттаҳо манъ аст.

110. Иншооти субъектҳои ҳоҷагидорӣ, ки бо савдои чакана, хизматрасонии маишӣ ва хизматрасонии умумӣ (палаткаҳо, қаҳвахонаҳои тобистона, хаймаҳои савдо ва ғайра) машғуланд, дар ҳудуди минтақаҳои пиёдагардӣ, боғҳои фарҳангӣ, гулгаштҳо бояд дар рӯйпӯшҳои сахт гузошта шуда, бо таҷҳизоти равшанидиҳӣ, урнаҳо ва қуттиҳои партовҷамъкунӣ, нуқтаҳои хӯроки омма, ҳуҷраҳои хоҷатхона (дар ҳолати набудани ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди мазкур то масофаи 200метр) муҷаҳҳаз карда мешаванд.

111. Муҷаҳҳаз гардонидани иншооти ғайрикапиталӣ танҳо бо иҷозатнома ва бо тартибе, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, иҷозат дода мешавад.

112. Рангу бори иншооти ғайрикапиталӣ бояд на камтар аз 1 маротиба дар 1 сол (то 1 май) амалӣ карда шавад ва таъмир бошад, ҳангоми зарурат.

10. НИГОҲДОРӢ ВА ОБОДОНИИ РОҲҲОИ МОШИНГАРД

113. ӯҳдадориҳо оид ба нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳои мошингард ба таври зерин вогузор мешаванд:

- ҳудудҳои истгоҳҳои роҳҳои мошингард ва ҳудудҳое, ки ба онҳо пайванданд ба масофаи ҳудуди хатти ҷудокунӣ, вале на камтар аз 10 метр аз охири гузаргоҳҳо, чорроҳаҳо, байни истгоҳҳо ба ташкилоте, ки хизматрасонии ин қитъаи роҳро ба зимма дорад;

- ҳудуди атрофи бино, иншоот, хонаҳои шахсӣ, ки ба роҳи мошингард мепайванданд ба соҳибони ин объектҳо ва заминистифодабарандагони он.

114. Дар хати ҷудокунии роҳҳои мошингард иҷро кардани корҳои зерин бе мувофиқа манъ аст:

- кишт намудан ва кофтани қитъаҳо, буридани дарахтону буттазор, канда гирифтани чим ва кофта гирифтани хок;

- ҷорӣ намудани оби ташноб, обҳои мелиоратвӣ ва партовобҳо ба иншооти обҷудокунӣ ва резервуарҳо.

115. Ба хати ҷудокунии роҳҳои мошингард рехтани равған ва сӯзишворӣ манъ аст.

116. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки дар бурриши роҳҳои мошингард, роҳи ба онҳо пайваст сохтмон намуданд, роҳҳои автомабилгард, иншоотҳо ва унсурҳои ободониро вайрон намудаанд зарари ба хоҷагии роҳ расонидашударо тибқи тартиби муқарраргардида ҷуброн менамоянд.

11. НИГОҲДОРИИ ХОНАҲОИ ХУСУСӢ, АЗ ҶУМЛА ХОНАҲОЕ, КИ БАРОИ ИСТИҚОМАТИ МАВСИМӢ Ё МУВАҚҚАТӢ ИСТИФОДА МЕШАВАНД

117. Соҳибони манзилҳои истиқоматии инфиродӣ, аз ҷумла хонаҳое, ки барои истиқомати мавсимӣ ва муваққатӣ истифода мешаванд ӯҳдадоранд;

- саривақт гузаронидани таъмири асосӣ ва ҷории хонаҳо ва инчунин таъмир ва ранг намудани иморатҳои дар ҳавлӣ сохташуда ва деворҳо;

- ҷамъ намудани партовҳои маишӣ ва пасмондаҳои ҳайвонот дар ҷойҳои махсус ташкилгардида, мунтазам ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида баровардани партовҳои маишӣ;

- роҳ надодан (зиёд аз 7 рӯз) ба нигоҳ доштани сӯзишворӣ, нуриҳо, масолеҳи сохтмон ва дигар маводҳо дар ҳудуди намоёни хонаҳои истиқоматӣ;

- бо мурури ифлосшавӣ тоза намудани ҳудуди назди ҳавлиҳои истиқоматӣ;

- роҳ надодан барои нигоҳ доштани техника, механизмҳо, нақлиёт, аз ҷумла механизмҳои ба қисмҳо ҷудошуда дар ҳудуди назди ҳавлиҳои истиқоматӣ;

- пешгирии таъмир ё шустани мошин, иваз намудани равған ё моеъҳои техникӣ дар ҳудуди назди ҳавлии истиқоматӣ;

- гӯр кардани партовҳо дар ҳудуди қитъаҳои замине, ки хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд.

12. НИГОҲДОРИИ ҲУДУДИ ИТТИҲОДИЯҲОИ БОҒДОРӢ, ПОЛЕЗӢ, БӯСТОНСАРОҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТИИ ШАҲРВАНДОН ВА ИМОРАТҲОИ ДАР ОНҲО СОХТАШУДА

118. Иттиҳодияҳои боғдорӣ, полезӣ ва бӯстонсароҳои шаҳрвандон барои риоя намудани тозагӣ ва тартибот дар қитъаҳои ҷудокардашуда ва ҳудуди назди иттиҳодияҳои ғайритиҷоратии боғдорӣ, полезкорӣ ва бӯстонсароҳои шаҳрвандон то масофаи 15 метр аз девор масъуланд.

119. Иттиҳодияҳои боғдорӣ, полезӣ ва бӯстонсароҳои шаҳрвандон бояд дар майдончаҳои махсус қуттиҳои партов (контейнер) бункерпартовҷамъкунакҳо гузоранд ва мунтазам партовҳоро мувофиқи шартномаҳои басташуда бароранд.

13. НИГОҲДОРИИ МАЙДОНЧАҲОИ НИГОҲ ДОШТАНИ НАҚЛИЁТ ВА МОШИНСАРОӢ НУҚТАҲОИ ТАВАҚҚУФИ МУВАҚҚАТИИ НАҚЛИЁТ

120. Нигоҳдорӣ ва ташкил намудани таваққуфгоҳи муваққатии нақлиёти шахсӣ дар ҳудуди ҳавлӣ ва дохили маҳалла, дар маҳалли ба ин мақсад ҷудокардашуда иҷозат дода шуда, ҳаракати онҳо набояд ба нақлиёти махсуси партовкашон монеагӣ кунад.

121. Нигоҳдорӣ ва бозистии нақлиёти автомобили боркаши давлатию шахсӣ танҳо дар мошинсаройҳо (гараҷҳо), қароргоҳҳо ва таваққуфгоҳҳои муваққатии нақлиёт мумкин аст.

122. Шустан, тоза намудан ва таъмири воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди шаҳр, ба истиснои ҷойҳои махсус ҷудокардашуда, манъ аст.

123. Майдончаҳои таваққуфгоҳҳои муваққатии нақлиёт бояд рӯпӯши оҳану бетонӣ, мумфаршу бетонӣ дошта ё шағалпӯш карда шуда бо таҷҳизоти равшанидиҳананда ва воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз бошанд Таваққуфгоҳҳои наклиётӣ барои нигоҳдории дуру дарози нақлиёт метавонанд бо айвончаҳо, деворҳои сабук, боксҳо ва эстакадаҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд.

124. Субъектҳои хоҷагидоре, ки нақлиёт, техникаи нақлиётии роҳсозӣ ва нақлиёти кишоварзиро истифода менамоянд ё воситаҳои техникии зикргардидаро таъмир менамоянд, ӯҳдадоранд, қисмҳои ивазшударо ҷамъ намуда, ба суъбектҳои хоҷагидории бо коркард ё безараргардонии онҳо машғулбуда интиқол намояд.

125. Оташ задани чархҳои истифодабурдашуда ва қисмҳои ивазшудаи нақлиёт дар маҳали ғайримуқаррарӣ ва ба нуқтаҳои партов партофтани онҳо манъ аст.

126. Патофтан ва нигоҳ доштани нақлиёти ба қисмҳо ҷудошуда, садамавӣ ва аз кор баромада дар кӯчаҳо, ҳудуди ҳавлиҳои истиқоматӣ, майдончаҳои кӯдакон ва варзишӣ, роҳравҳо, роҳҳои пиёдагард, сабзазор, қитъаҳои кабудизор манъ аст.

127. Сохтмон ва ҷойгиронии мошинсарой, истгоҳҳои хизматрасонии техникӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи муҳити зист иҷозат дода мешавад.

128. Соҳибони мошинсаройҳои металлӣ тозакунии санитарӣ ва рӯбучини минтақаҳои ҷудошударо аз ҳисоби воситаҳои худӣ анҷом медиҳанд.

129. Дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои нақлиётӣ, майдончаи нигоҳ доштани нақлиёт, ҷамъоварии алоҳидаи равғанҳои коркардашуда, ҷисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва оҳанпора дар гӯшаҳои махсус ва дар зери айвон ташкил карда мешавад.

14. НИГОҲДОРИИ МИНТАҚАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

130. Ташкили корҳои тозакунӣ ва беҳдошти ҳудудҳои истеҳсолии суъбектҳои хоҷагидорӣ минтақаҳои ба онҳо наздик ва гузаргоҳҳои онҳо ба зиммаи соҳибмулкон ва истифодабарандагон (иҷорагирони) иншоотҳои ҳудуди зикргардида вогузор карда мешавад.

131. Минтақаҳои таъминоти истеҳсолӣ бояд рӯпӯшҳои оҳану бетонӣ, мумфаршу бетонӣ, кабудизор, харакҳо, қуттиҳои партови калон ва майда барои партов, таҷҳизоти равшанидиҳанда, ва аёниятҳои ороишӣ-маълумотӣ дар бораи ташкилот дошта бошанд.

132. Ғундоштан ва муваққатан нигоҳ доштани партовҳои истеҳсолии субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ба амал меояд бо қувваи худи ин субъектҳои хоҷагидор дар ҳудуди корхона ва дар нуқтаҳои ба ин мақсад махсус ташкилгардида ба амал оварда мешавад.

15. НИГОҲДОРИИ ҚИСМҲОИ РӯИЗАМИНИИ ИНШООТҲОИ СИМГУЗАР ВА КОММУНИКАТСИЯҲО

133. Шабакаҳои муҳандисии беруна (гармидиьӣ, қубурҳои газ,хатҳои барқ, обу корезӣ ва ғайра) бояд дар ҳолати коршоямӣ ва ҳудудҳои ба онҳо пайваст тоза нигоҳ дошта шаванд.

134. Ба вайрон намудани қисмҳои рӯизаминии чоҳҳои мушоҳидавӣ ва боронқабулкунӣ, хатҳои гармигузаронӣ, лӯлаҳои газ, қубурҳои гармигузаронӣ, хатҳои обрасон, интиқоли барқ ва дигар қисмҳои иншоотҳои инфрасохторӣ ва коммуникатсияҳо роҳ дода намешавад.

135. Ба ифлосшавӣ ё дар ҳолати рангнокарда нигоҳ доштани деворҳо, сарпӯшҳои чоҳҳои мушоҳидавӣ ва боронқабулкунӣ, набудани изолятсияи хатҳои рӯизаминии қубурҳои гармигузаронӣ, газ, об дигар қисмҳои иншооти инфрасохторӣ ва коммуникатсияҳо роҳ дода намешавад. Корҳои таъмирии иншооти мазкур ва тоза намудани онҳо бояд мунтазам гузаронида шаванд.

136. Санҷиши профилактикии обравҳои боришотӣ (ливнесток), чоҳҳои мушоҳидавӣ ва боронқабулкунӣ, корезии боришот (шабакаи обрав) ва тоза намудани онҳо аз ҷониби ташкилоти соҳибмулк ва ё истифодабаранда мувофиқи шартнома бо соҳибмулк тибқи ҷадвали тасдиқгардида, вале на дертар аз як маротиба дар як сол амалӣ карда мешавад.

137. Барои пешгирӣ намудани ифлосшавии шабакаҳои корезии обрав партофтани хокрӯба ва партовҳо ба чоҳҳои боронқабулкунӣ манъ ас. Панҷараҳои чоҳҳои боронқабулкунӣ дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта мешавад. Ба ифлосшавӣ ва реголудшавии панҷараҳо ва чоҳҳо, ки имконияти обгузаронии онҳоро маҳдуд менамоянд, роҳ дода намешавад

138. Ташкилотҳои хизматрасонии фонди манзил ҳаракати озодонаи нақлиёти махсусро ба сарпӯшҳои чоҳҳои назоратӣ, қисмҳои идораи шабакаҳои муҳандисӣ, инчунин манбаъҳои обтаъминкунии воситаҳои оташнишон (гидрантҳои сӯхторнишон, обанборҳо), ки дар ҳудуди хизматрасонӣ ҷойгиранд, бояд шароит фароҳам намояд.

139. Бо мақсади нигоҳ доштани вазъи мӯътадили истифодабарии шабакаҳои дохилимаҳалла ва ҳавлиҳои истиқоматӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷрои корҳои зерин манъ аст;

- мустақилона кушодани сарпӯши чоҳҳо ва гузаронидани корҳо оид ба танзими фаъолияти шабакаҳои обу корезӣ ва гармигузаронӣ;

- дар шабакаҳои инфрасохтори кӯча, ҳавлӣ бунёди иншооти капиталӣ ё муваққатӣ, ба шабакаҳои муҳандисӣ ҷойгир намудани масолеҳи сохтмон, партов;

- нодуруст маҳкам намудани сарпӯши чоҳҳо ва бо сарпӯшҳои шикаста пӯшидани онҳо;

- ба хатти корезӣ равона сохтани обҳои рӯизаминӣ;

- бо мақсади хоҷагидорӣ истифода намудани гидрантҳои зиддисӯхтор;

- истифода ва интиқоли об аз нуқтаҳои обтаъминкунии кӯчаҳо (водопровод) тариқи қубурҳои резинӣ (шлангҳо);

- ҳангоми иҷрои корҳои заминӣ ва роҳсозӣ дар кӯчаҳо ва ҳудудҳои дохили маҳалла хокпӯш намудани чоҳҳо аз ҷумла чоҳҳои коммуникатсияҳои зеризаминиро хокпӯш намудан;

- мустақилона пайваст намудани хатҳои обтаъминкунии ҳавлиҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои обу корезии умумӣ.

16. ТАЪМИНОТИ ТОЗАГӢ ДАР НОҲИЯ

140. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ бояд ба тозагӣ риоя намояд ва тартиботро дар тамоми ҳудуди ноҳия, аз ҷумла ҳудуди хонаҳои шахсӣ нигоҳ доранд.

141. Дар миқёси ноҳия ба истиснои нуқтаҳои муқарраргардида партофтани партовҳои маишӣ, сохтмон ва истеҳсолӣ манъ аст.

142. Оташ задани партовҳо, баргҳо, зарфҳо, партовҳои истеҳсолӣ, дар дохили ҳудуди корхона ва хонаҳои шахсӣ манъ аст.

143. Ба биноҳо, иншооти муҳандисӣ, деворҳо, павилонҳои нақлиёти мусофиркашони ноҳия, сутунҳои хатти равшандиьӣ, хатҳои обрасон (трубопровод), дарахтон насби эълонҳо ё дигар маълумотҳо манъ аст.

144. Маъмурияти муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ давлатию шахсӣ ва соҳибони нақлиёт ӯҳдадоранд воситаҳои нақлиётиро дар намуди тоза ба хатсайр равон намоянд.

145. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият ва навъи хоҷагидорӣ ӯҳдадоранд барои таъмини тозагии санитарӣ ва интиқоли партов бо муассисаи партовкашони маҳали ҷойгиршуда шартнома банданд.

17. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОИДАҲОИ МАЗКУР

146. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, қоидаҳои мазкур ва дигар меъёрҳои муқарраршудаю стандартҳоро дар соҳаи ободонӣ, тозагии санитарӣ ва ҳолати экологӣ риоя намояд.

147. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қоидаҳои мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.