Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 июни соли 2014 таҳти рақами 739
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 июни соли 2014 таҳти рақами 739
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҚӯРҒОНТЕППА
ДАЪВАТИ ЧОРУМ
Қ А Р О Р
аз 28 марти соли 2014 № 653 ш. Қӯрғонтеппа
Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа
Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, ба андозаи 0,05 га муайян карда шавад.
2. Қарори мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раискунандаи Маҷлиси
вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа Ф.Баротов
...