Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 июни соли 2014 таҳти рақами 705 "а"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 июни соли 2014 таҳти рақами 705 "а"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "7" майи соли 2014 № 90 ш. Душанбе
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №199 "Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д::
1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №199 "Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2012, №308 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2013, №705 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Директори Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Маркази матбуот (Қурбонов А. М.) вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А. Ҳ. гузошта шавад.
...