Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 июни соли 2014 таҳти рақами 740
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 июни соли 2014 таҳти рақами 740
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 22 апрели соли 2014 №69 ш.Душанбе
Дар бораи Шакли ҳисоботи омории №1-АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ" ва Дастурамали №205 Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1-АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ"
Мутобиқи моддаҳои 85 ва 86 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шакли ҳисоботи омории №1-АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ" ва Дастурамали №205 Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Сардори Идораи омор ва тавозуни пардохт (Ниёзов М.А.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазму ни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2010, №30 "Дар бораи Шакли ҳисоботи омории №1-АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи воҳидҳои хоҷагидорӣ" ва аз 26 декабри соли 2013, №313 "Дар бораи Шакли ҳисоботи омории №1-АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ" ва Дастурамали №203 Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1-АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.
5. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Идораи омор ва тавозуни пардохт (Ниёзов М.А.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А. М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Холиқзода гузошта шавад.
...