Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм" аз 30 апрели соли 2015 № 269

Санаи амалкуни: 30.04.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2015, № 269

тасдиқ шудааст

Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.06.2019 № 336)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм" (минбаъд - "Ҷамъият") дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 392 тасдиқ гардидааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Ҷамъият дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва муқаррароти Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. НОМ ВА МАҲАЛЛИ ҶОЙГИРШАВИИ ҶАМЪИЯТ

3. Номи пурраи Ҷамъият бо забони давлатӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм".

4. Номи пурраи Ҷамъият бо забони русӣ - Открытое акционерное общество "Осоишгохи Ходжа Обигарм".

5. Номи пурраи Ҷамъият бо забони англисӣ - Open Joint Stok Company "Osoishgohi Khoja Obigarm".

6. Номи мухтасари Ҷамъият бо забони давлатӣ - ҶСК "Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм".

7. Номи мухтасари Ҷамъият бо забони русӣ - ОАО "Осоишгохи Ходжа Обигарм".

8. Номи мухтасари Ҷамъият бо забони англисӣ - OJSC "Osoishgohi Khoja Obigarm".

9. Маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Варзоб, деҳаи Хоҷа Обигарм.

3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ҶАМЪИЯТ

10. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият бо муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.

11. Ҷамъият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ мебошад.

12. Муассиси Ҷамъият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 100 (сад) фоизи саҳмияҳои Ҷамъият ба он тааллуқ дорад.

13. Ҷамъият фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

14. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият тибқи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

15. Ҷамъият дорои молу мулки алоҳида мебошад, ки дар тавозуни мустақили он ба ҳисоб гирифта шуда, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсиро ба даст орад, дорои ӯҳдадорӣ бошад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.

16. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ қушояд.

17. Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳояш бо тамоми молу мулки ба он тааллуқдошта ҷавобгар мебошад.

18. Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои саҳмдорони худ ҷавобгар нест.

19. Саҳмдорон аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷамъият дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ҷавобгар мебошанд.

20. Ҷамъият дорои мӯҳр бо зикри номи пурраи он бо забони давлатӣ мебошад. Дар мӯҳр ҳамчунин метавонад номи Ҷамъият бо ҳар забони дигар нишон дода шавад.

21. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраргардида мӯҳр (штамп) ва бланкаҳоро бо зикри номи худ, инчунин тамғаи молии бақайдгирифташуда ва дигар воситаҳои тасвирии шинохташавандаро дошта бошад.

22. Ҷамъият метавонад филиалҳо ва намояндагиҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҷо филиал ва намояндагӣ ҷой гирифтааст, дар мувофиқа бо Шӯрои нозирони Ҷамъият таъсис диҳад, агар созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

23. Роҳбари филиал ва намояндагии Ҷамъият аз ҷониби Директори генералии Ҷамъият дар мувофиқа бо Шӯрои нозирони Ҷамъият ба вазифа таъиин ва аз вазифа озод карда шуда, дар асоси ваколатномаи аз ҷониби Директори генералии Ҷамъият додашуда амал менамояд.

24. Ҷамъият барои фаъолияти филиал ва намояндагии худ масъул мебошад.

25. Ҷамъият метавонад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва тобеи дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ дошта бошад.

26. Ҷамъият метавонад бо мақсади нигоҳ доштани мутахассисон ва дар оянда самаранок истифода бурдани онҳо захираи кадрӣ ташкил намояд.

4. МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТ

27. Мақсадҳои асосии фаъолияти Ҷамъият хизматрасонӣ, зиёд намудани даромад ва фоидаи Ҷамъият мебошанд.

28. Барои хизматрасонӣ, зиёд намудани даромад ва фоида Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳама намудҳои фаъолиятеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, амалӣ созад, аз ҷумла:

- истифодаи объектҳое, ки барои табобат лозим мешавад;

- истифода бурдани обҳои чашмаҳои табобатӣ;

- истифода бурдан ва муҳофизат намудани чашмаҳое, ки оби онҳо барои табобат ва нӯшокӣ лозим мешавад;

- истифодабарии манбаҳои оби минералӣ;

- ба амал баровардани корҳои профилактикӣ;

- мушоҳида ва пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ;

- истифодабарӣ ва нигоҳдошти иншооти обтаъминкунӣ ва иншооти тозакунии обҳои партов;

- гузаронидани чорабиниҳои беҳдоштию солимгардонӣ;

- гузаронидани корҳои фарҳангӣ ва хизматрасониҳои маишӣ;

- истифодабарии иншооти таъиноти варзишӣ.

29. Ҷамъият фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагидории худро мустақилона дар асоси қарордодҳои хоҷагӣ ба роҳ мемонад.

30. Ҷамъият метавонад дигар намудҳои фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намояд.

5. САРМОЯИ ОИННОМАВИИ ҶАМЪИЯТ

31. Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши номиналии саҳмияҳои Ҷамъият иборат мебошад.

32. Сармояи оинномавии Ҷамъият 107 303 000 (яксаду ҳафт миллиону сесаду се ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва он ба 107 303 (яксаду ҳафт ҳазору сесаду се) адад саҳмияҳои оддии номии ғайриҳуҷҷатӣ бо арзиши номиналии ҳар як саҳмия 1,000 (ҳазор) сомонӣ тақсим шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.06.2019 № 336).

33. Сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи саҳмгузорӣ дар шакли бино, иншоот, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, коғазҳои қиматнок, моликияти зеҳнӣ (ноу-хау), инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ, воситаҳои пулӣ ташкил ва арзиши саҳмҳо бо пули миллӣ баҳо дода мешавад.

34. Дар лаҳзаи бақайдгирии Ҷамъият сармояи оинномавии он пурра ба Муассис тааллуқ дошта, Муассис ягона дорандаи саҳмияҳои Ҷамъият мебошад.

35. Сармояи оинномавии Ҷамъият метавонад:

- бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад;

36. Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият танҳо баъди пардохти пурраи он мумкин аст.

37. Зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброн намудани зараре, ки ба Ҷамъият расидааст ё барои пардохти қарзи мӯҳлаташ гузаштаи кредиторӣ мумкин нест.

38. Кам кардани сармояи оинномавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.

39. Ҷамъият вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам намояд.

6. САҲМДОРОНИ ҶАМЪИЯТ, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ОНҲО

40. Ҷамъият вазифадор аст, ки пешбурд ва нигоҳдории Феҳристи саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

41. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

42. Ҳар як саҳмияи оддии Ҷамъият ба саҳмдор ҳаҷми баробари ҳуқуқҳоро медиҳад.

7. СУДИ (ДИВИДЕНДИ) САҲМИЯҲО

43. Ҷамъият вазифадор аст, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соле на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳн кардашуда қарор қабул кунад.

44. Суди саҳмияҳо аз даромади софи Ҷамъият бо асъори миллӣ пардохт мешавад.

45. Қарор дар бораи пардохт ва андозаи суди саҳмияҳои солонаи Ҷамъият аз тарафи Муассиси он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

46. Пардохти суди саҳмияҳо дар муддати на бештар аз 90 (навад) рӯз аз санаи қабули қарор дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо амалӣ карда мешавад.

8. ФОНДҲОИ ҶАМЪИЯТ

47. Ҷамъият ба андозаи 5 (панҷ) фоизи сармояи оинномавӣ фонди захиравӣ ташкил менамояд.

48. Андозаи ҳиссаҷудокунии ҳатмии ҳарсола ба фонди захиравии Ҷамъият то ба маблағи муқарраршудаи фонди захиравӣ расидан 5 (панҷ) фоизи маблағи фоидаи софи Ҷамъиятро ташкил медиҳад.

49. Фонди захиравии Ҷамъият барои пӯшонидани зарари молиявӣ, пардохти вомбаргҳои Ҷамъият ва харидории саҳмияҳои Ҷамъият дар сурати нарасидани дигар маблағҳо пешбинӣ гардидааст.

50. Фонди захиравии Ҷамъиятро барои дигар мақсадҳо истифода бурдан манъ аст.

51. Ҷамъият метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фондҳои дигарро, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории онро таъмин менамоянд, таъсис диҳад.

52. Амволи Ҷамъият аз ҳисобҳои зерин ташаккул меёбад:

- даромад аз фурӯши маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ;

- қарзи бонкҳо;

- кӯмакҳои молиявии бебозгашт ва хайрияи созмонҳои байналмилалӣ;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

9. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ҶАМЪИЯТ

53. Мақомоти идоракунии Ҷамъият инҳо мебошанд:

- мақоми олӣ - Маҷлиси умумии саҳмдорон:

- мақоми идоракунии - Шӯрои нозирон;

- мақоми иҷроия - Директори генералӣ;

10. МАҶЛИСИ УМУМИИ САҲМДОРОН

54. Дар Ҷамъияте, ки ҳамаи саҳмияҳои овоздор ба як саҳмдор тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби ҳамин саҳмдор (минбаъдМуассис) қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешаванд.

55. Ба салоҳияти истисноии Муассис масъалаҳои зерин мансуб мебошанд:

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Директори генералии Ҷамъият;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият ё тасдиқи он дар таҳрири нав;

- азнавташкилдиҳии Ҷамъият;

- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъини Комиссияи барҳамдиҳӣ ва

тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

- муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо, инчунин ҳуқуқҳое, ки бо ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудаанд;

- зиёд кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи баланд бардоштани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;

- кам кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи паст кардани арзиши номиналии саҳмияҳо, тавассути хариди як қисми ин саҳмияҳо аз ҷониби Ҷамъият бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо ва инчунин бо роҳи пардохтани арзиши саҳмияҳои бадастоварда ё азнавхаридаи Ҷамъият;

- таъсиси мақомоти идоракунии Ҷамъият, тасдиқи низомномаҳои онҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи супурдани як ё якчанд қисми дороӣ ба маблағе, ки дар маҷмӯъ 25 (бисту панҷ) фоиз ё бештари ҳамаи дороии Ҷамъиятро ташкил медиҳад;

- пардохти суди (дивидендҳои) саҳмия;

- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии Ҷамъият, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти салоҳияти Муассис қарор дорад;

- дигар масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба салоҳияти Муассис мансубанд.

56. Масъалаҳое, ки ба салоҳияти Муассис мансуб мебошанд, наметавонанд ҷиҳати ҳал намудан ба мақоми иҷроияи Ҷамъият ирсол карда шаванд.

57. Масъалаҳои ташкил ва гузаронидани маҷлиси умумии саҳмдорон, маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, инчунин тартиби иштироки саҳмдорон дар маҷлиси умумии саҳмдорон, кворуми маҷлиси умумии саҳмдорон, пешниҳоди иттилоот дар бораи гузаронидани маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби пешниҳоди таклифҳо ба рӯзномаи маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби қабул кардани қарори маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии саҳмдорон, ташкили кори комиссияи ҳисоб, талабот нисбати таҳия ва тасдиқи протоколҳои маҷлиси умумии саҳмдорон мувофиқи моддаҳои 45-62 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" танзим карда мешавад.

11. ШӯРОИ НОЗИРОНИ ҶАМЪИЯТ

58. Шӯрои нозирони Ҷамъият мақоми идоракунӣ буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро амалӣ менамояд, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи Ҷамъият ба салоҳияти Муассиси Ҷамъият дохил карда шудаанд.

59. Шӯрои нозирон аз тарафи Муассиси Ҷамъият дар ҳайати на камтар аз 7 (ҳафт) нафар тасдиқ карда мешавад.

60. Бо қарори Муассиси Ҷамъият ваколатҳои аъзои Шӯрои нозирон метавонанд пеш аз мӯҳлат қатъ карда шаванд.

61. Ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ҷамъият масъалаҳои зерин дохил мешаванд:

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;

- тасдиқи нақшаҳои корӣ ва молиявии Ҷамъият, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи сметаҳои ҳарсола;

- баррасии пешниҳодҳо оид ба дохил намудани масъалаҳо ба рӯзномаи маҷлиси Шӯрои нозирони Ҷамъият;

- тасдиқи аудитори Ҷамъият ва подошпулии ӯ;

- тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ, аз ҷумла ҳисобот дар мавриди фоида ва зарари (ҳисоби даромад ва зарари) Ҷамъият, инчунин тақсими фоида, аз ҷумла пардохти (эълони) суди саҳмияҳо ва товони зарари Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ;

- муайян намудани ҳаҷми маошҳои вазифавӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва мукофотонидани аъзои мақоми иҷроия;

- муайян намудани иттилооти мансуб ба Ҷамъият ё фаъолияти он, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад, инчунин тартиби кушодани он ба шахсони сеюм аз ҷониби Ҷамъият;

- аз ҷониби Ҷамъият паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- харидорӣ намудани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- харидорӣ намудани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки паҳннамудаи Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тавсияҳо оид ба андозаи суди саҳмияҳо ва тартиби пардохти онҳо; - муайян намудани нархи (арзиши пулии) молу мулк, нархи паҳн кардан ва хариди коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои Ҷамъият;

- тасдиқи нигоҳдорандаи феҳристи Ҷамъият ва шартҳои шартномаи бо ӯ басташуда, инчунин бекор кардани шартнома;

- дар ҳолати зарурӣ таъсис додани кумитаҳо барои ҳалли масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби дигар кормандони Ҷамъият;

- тасдиқи сохтори идоракунии мақоми иҷроияи Ҷамъият;

- тасдиқи санадҳои дохилиидоравии Ҷамъият, ки тартиби ташкил ва истифодаи фондҳои Ҷамъиятро муайян менамоянд;

- муайян намудани сиёсати қарзии Ҷамъият оид ба

гирифтани қарзҳо, бастани шартномаҳои кредитӣ, барориши коғазҳои қиматнок, додани замонатҳо, ҳамаи намудҳои кафолатҳо ва аккредитивҳо;

- муайян намудани шартҳои шартномаи меҳнатӣ бо Директори генералӣ (мақоми иҷроия);

- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар фаъолияти дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, тағйири ҳиссаи иштирок ва қатъ намудани иштироки Ҷамъият дар фаъолияти ташкилотҳои дигар;

- интихоби муовини Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қать намудани ваколатҳои ӯ;

- ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани Директори генералии Ҷамъият ва ҳавасмандгардонии ӯ мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баррасии ҳисоботи Директори генералӣ оид ба фаъолияти Ҷамъият (аз ҷумла оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ аз тарафи

ӯ), иҷрои қарорҳои Муассиси ҷамъият ва Шӯрои нозирон;

- тасдиқи тартиби ҳамкории Ҷамъият бо ташкилотҳое, ки Ҷамъият дар фаъолияти онҳо иштирок менамояд;

- тасдиқи номзадии нархгузори (нархгузорони) мустақил ҷиҳати муайян кардани арзиши саҳмияҳо, амвол ва дороиҳои дигари Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва қарорҳои ҷудогонаи Шӯрои нозирон;

- маъқул донистани пешакии шартномаи дастаҷамъӣ ва созишномаҳое, ки аз тарафи Ҷамъият дар доираи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баста шудаанд;

- муайян намудани сиёсати харид дар Ҷамъият ва қабули қарорҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои дар Ҷамъият тасдиқшуда, ки фаъолияти хариди Ҷамъиятро ба танзим медароранд;

- қабули қарор дар бораи пешбарии номзадии Директори генералии Ҷамъият барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ; - қабули қарор дар бораи истифодаи фонди захиравӣ ва фондҳои дигари Ҷамъият;

- муайян намудани арзиши аҳдҳое, ки ҳамчун аҳдҳои калон шуморида мешаванд, инчунин тасдиқи аҳдҳои калони Ҷамъият; - тасдиқи ахдҳои калон, аз ҷумла аҳдҳое, ки бо гирифтани қарзҳои бонкӣ алоқаманд мебошанд;

- тасдиқи низомномаҳо дар бораи идоракунии хавфҳо, дар бораи сиёсати итгилоотӣ, дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳо, дар бораи феҳристи иттилооте, ки дорои сирри тиҷоратӣ ва хизматӣ мебошанд, дар бораи расмиёти (қоидаҳои) назорати дохилӣ аз болои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии Ҷамъият, ба истиснои ҳуҷҷатҳои дохилиидоравие, ки тасдиқи онҳо тибқи Оиннома ба салоҳияти Муассис ё мақоми иҷроияи Ҷамъият дохил мебошанд;

- масъалаҳои дигаре, ки ҳалли онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Низомномаи Шӯрои нозирон ва ҳамин Оиннома ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ҷамъият дохил карда шудаанд.

62. Масъалаҳое, ки баррасиашон ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ҷамъият вогузор шудааст, барои ҳаллу фасл ба мақоми иҷроияи Ҷамъият супорида шуда наметавонанд.

63. Аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал карда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар фаъолияти Ҷамъият софдилона амалӣ намоянд.

64. Аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият барои зараре, ки аз амали (беамалии) гунаҳкоронаашон ба Ҷамъият расидааст, дар назди Ҷамъият масъулият доранд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар асос ё андозаи дигари масъулият муқаррар нашуда бошад.

65. Ҳамзамон, аъзои Шӯрои нозирон, ки зидди қарори ба Ҷамъият зарароварда овоз додаанд, масъулият надоранд.

12. КОМИССИЯИ ТАФТИШОТИИ ҶАМЪИЯТ

66. Барои амалӣ намудани назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Ҷамъият аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият дар ҳайати на камтар аз се аъзо Комиссияи тафтишотии Ҷамъият интихоб мегардад.

67. Аъзои Комиссияи тафтишотии Ҷамъият наметавонанд ҳамзамон аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият бошанд, инчунин дар мақомоти идораи Ҷамъият мансабҳои дигарро ишғол намоянд.

68. Тибқи қарори Шӯрои нозирони Ҷамъият ваколатҳои Комиссияи тафтишотии Ҷамъият пеш аз мӯҳлат қатъ шуда метавонанд.

69. Ба салоҳияти Комиссияи тафтишотии Ҷамъият инҳо дохиланд:

- тасдиқи дурустии маълумоте, ки дар ҳисоботи солона, тавозуни муҳосибӣ, ҳисоботи фоида ва зарарҳои Ҷамъият дарҷ гардидааст;

- таҳлили ҳолати молиявии Ҷамъият, ошкор намудани захираҳои беҳтарсозии ҳолати молиявии Ҷамъият ва таҳияи тавсияҳо барои мақоми идоракунии Ҷамъият;

- ташкил ва амалӣ намудани назорати (тафтиши) фаъолияти молиявию хоҷагидории Ҷамъият, аз ҷумла:

а) санҷиши (тафтиши) ҳуҷҷатҳои молиявӣ, муҳосибавӣ, пардохтӣ ва ғайраи Ҷамъият вобаста ба фаъолияти молиявию хоҷагидории Ҷамъият ва мутобиқати онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва ғайраи Ҷамъият;

б) назорати нигоҳдорӣ ва истифодаи воситаҳои асосии Ҷамъият;

в) тафтиши иҷрои дастурҳои қаблан додашуда барои рафъи қонуншиканиҳо ва камбудиҳое, ки бо тафтишҳои (санҷишҳои) қаблӣ муайян шудаанд;

г) амалӣ намудани чораҳои дигари марбут ба тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Ҷамъият.

70. Тартиби фаъолияти Комиссияи тафтишотии Ҷамъият бо ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият тасдиқ мешаванд, муайян карда мешавад.

71. Санҷиши (тафтиши) фаъолияти молиявию хоҷагидории Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти солонаи Ҷамъият ба роҳ монда мешавад.

72. Бо ташаббуси Комиссияи тафтишотии Ҷамъият, қарори Шӯрои нозирони Ҷамъият ва бо талаби Муассиси Ҷамъият метавонад санҷиши (тафтиши) фаъолияти молиявию хоҷагидории Ҷамъият гузаронида шавад.

13. МАҚОМИ ИҶРОИЯИ ҶАМЪИЯТ

73. Ба фаъолияти ҷории Ҷамъият мақоми иҷроияи Ҷамъият Директори генералӣ роҳбарӣ мекунад, ки ба Муассиси Ҷамъият ва Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад.

74. Директори генералии Ҷамъият аз тарафи Муассиси Ҷамъият ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

75. Ба салоҳияти Директори генералии Ҷамъият ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷории Ҷамъият, ба истиснои масъалаҳои таҳти салоҳияти Муассис ё Шӯрои нозирони Ҷамъият қарордошта марбутанд.

76. Директори генералии Ҷамъият бе ваколатнома аз номи Ҷамъият баромад мекунад, аз ҷумла манфиатҳои Ҷамъиятро ҳимоя менамояд, аз номи Ҷамъият аҳдҳо мебандад, воҳидҳои кориро тасдиқ намуда, фармоишҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Ҷамъият ҳатмӣ мебошад, инчунин:

- иҷроиши нақшаҳои кори Ҷамъиятро таъмин менамояд;

- иҷрои қарорҳои Муассис ва Шӯрои нозирони Ҷамъиятро ташкил менамояд;

- пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳиро таъмин менамояд;

- моликияти Ҷамъиятро идора менамояд, аз номи Ҷамъият амалиётҳо мегузаронад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисобҳои Ҷамъиятро мекушояд;

- аз номи Ҷамъият шартномаҳо мебандад, дигар амалҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, анҷом медиҳад;

- ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ, ҳисобӣ ва ғайра имзо мегузорад;

- нархи шартномавии маҳсулот, арзиши хизматрасониҳоро муайян ва тасдиқ мекунад;

- кормандон, роҳбарони воҳидҳо ва шӯъбаҳои Ҷамъиятро ба кор қабул мекунад, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, тағйир медиҳад ва қатъ месозад;

- муовинони Директори генералӣ, сармуҳосиб, роҳбарони филиал ва намояндагиҳои Ҷамъиятро дар мувофиқа бо Шӯрои нозирони Ҷамъият ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ мебандад, тағйир медиҳад ва қатъ месозад;

- вазифаҳоро байни муовинони Директори генералӣ тақсим менамоянд;

- нисбати кормандони Ҷамъият мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои корфарморо амалӣ намуда, низомнома дар бораи музди меҳнат, дар бораи пардохти мукофотпулии яквақта барои собиқаи корӣ ва додани имтиёзҳои иҷтимоӣ ба кормандони Ҷамъиятро тасдиқ менамояд;

- дигар масъалаҳои ҷории фаъолияти Ҷамъиятро ҳал менамояд.

77. Муовинони (муовини) Директори генералӣ ва дигар кормандони Ҷамъият аз номи Ҷамъият амал мекунанд, дар мақомот ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ манфиатҳои онро намояндагӣ менамоянд, дар доираи ваколатҳои ба онҳо додаи Директори генералии Ҷамъият, ки дар ваколатнома дарҷ гардидааст, муомилот ва дигар амалҳои ҳуқуқиро анҷом медиҳанд.

14. АУДИТОРИ ҶАМЪИЯТ

78. Барои амалигардонии назорати фаъолияти солонаи молиявию ҳоҷагидории Ҷамъият Шӯрои нозирон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Ҷамъият аудиторро ҷалб мекунад.

79. Аудити Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мсшавад.

81. Аудитор набояд бо Ҷамъият муносибатҳои молумулкӣ дошта бошад.

81. Подошпулии аудитори Ҷамъият аз тарафи Шӯрои нозирон тасдиқ карда мешавад.

15. БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБАВӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВИИ ҶАМЪИЯТ

82. Ҷамъият вазифадор аст баҳисобгирии муҳосибавиро пеш бурда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи молиявиро пешниҳод кунад.

83. Масъулияти ташкил, ҳолат ва саҳеҳии баҳисобгирии муҳосибавӣ дар Ҷамъият, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи солона ва дигар ҳисоботи молиявӣ ба мақомоти давлатии дахлдор, инчунин маълумот оид ба фаъолияти Ҷамъият, ки барои Муассиси Ҷамъият, Шӯрои нозирони Ҷамъият, кредиторон ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегарданд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур ба зиммаи Директори генералии Ҷамъият гузошта шудааст.

84. Саҳеҳии маълумоти ҳисоботисолонаи Ҷамъият ва ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ бояд аз ҷониби аудитори Ҷамъият тасдиқ карда шавад.

85. Ҷамъият вазифадор аст пеш аз нашри ҳуҷҷатҳои дар моддаи 91 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" нишондодашуда барои тафтиши ҳарсола ва тасдиқи ҳисоботи солонаи молиявӣ аудитореро, ки бо Ҷамъият ва ё саҳмдорони он дар асоси манфиатҳои молумулкӣ алоқаманд намебошад, ҷалб намояд.

16. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ҶАМЪИЯТ

86. Барҳамдиҳии Ҷамъият, инчунин азнавташкилдиҳии Ҷамъият бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

87. Молу мулки Ҷамъият, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ ба миён меояд, танҳо аз ҳисоби молу мулки Ҷамъияти аз нав ташкилшаванда ташаккул меёбад.

88. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии Ҷамъият ё қатъ намудани корҳое, ки дорои маълумоти давлатии махфӣ мебошанд, Ҷамъият ӯҳдадор аст нигоҳдории ин маълумот, бехатарии зиддисӯхтории он ва ҳимояи паҳнкунандагони маълуматро таъмин намояд.

32. Сармояи оинномавии Ҷамъият 17,830,000 (ҳабдаҳ миллиону ҳаштсаду сӣ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва он ба 17,830 (ҳабдаҳ ҳазору ҳаштсаду сӣ ҳазор) адад саҳмияҳои оддии номии ғайриҳуҷҷатӣ бо арзиши номиналии ҳар як саҳмия 1,000 (ҳазор) сомонӣ тақсим шудааст.