Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2015 № 1204 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2015"

Моддаи 1. Ҷумлаи якуми қисми 5 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2014 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №11, мод. 642; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015, №1203) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Дар соли 2015 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои 2758619 сомонӣ, ки ба пудратчии сохтмони бинои гузаргоҳи назоратӣ ва бино барои вохӯрии сарҳадчиён дар шаҳри Исфара пардохта мешавад, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

5 майи соли 2015 № 1204

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров

ш. Душанбе, 29 апрели соли 2015, № 60

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2015 ГОД"

Статья 1. Предложение первое части 5 статьи 19 Закона Республики Таджикистан от 24 ноября 2014 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015 год" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №11, ст. 642; Закон Республики Таджикистан от 15 апреля 2015 года, №1203) изложить в следующей редакции:

"В 2015 году 50 процентов средств, полученных Агентством по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан от выдачи сертификатов, за исключением 2758619 сомони, оплачиваемых подрядчику строительства здания наблюдательного поста и здания для встреч пограничников в городе Исфаре, перечисляются в доход республиканского бюджета.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2015 года.

Президент

Республики Таджиктан                                       Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 5 мая 2015 года, № 1204

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015год"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015 год".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                      Ш. Зухуров

г. Душанбе, 29 апреля 2015 года, №60