Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2014 № 183-18 "Оиди тасдиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 "Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

ҚАРОР

№ 183 - 18 аз 24 апрели соли 2014

Оиди тасдиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 "Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015"

Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар давраи зимистон, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 "Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015" тасдиқ карда шавад.

2. Қарори мазкур тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.

3. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои Қарори мазкур барои мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе истиқомат ва фаъолият менамоянд, ҳатмӣ мебошад.

4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии худ бо ҷалби сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои хизматрасонии нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ (ширкатҳои соҳибмулкони манзил, кооперативҳои моликони манзил, кооперативҳои манзилӣ - сохтмонӣ, сардорони биноҳо), корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва сокинони дар ҳудуди ҳавза истиқоматкунанда корҳои сафарбаркунии аҳли ҷамоатчигиро баҳри омодагии бинову иншоот барои қабули гармӣ, омодасозии маҳалла, шаҳрак, ҳар як кӯча, нигоҳдориву тозакунии кӯчаву майдончаҳои истироҳатии умумӣ, роҳравҳо, системаи ирригатсионии обҷамъкунӣ, истифодабарии оқилонаи моликияти ҷамъиятиву коммуналӣ ба роҳ монанд.

5. Ба мақсади таъмини назорати шаффофи ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 "Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015" Комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои саноат ва энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, меъморӣ шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг, гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ гузошта шавад.

Раиси

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев

Замима

ба Қарори Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Душанбе

№ 183-18 аз 24 апрели соли 2014

Ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 "Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015"

1. Каримов Т.Б. - фаъоли гуруҳи фейсбукчиён, роҳбари комиссия;

2. Мусоева Р.Ғ. - директори Муассисаи давлатии "Душанбе Плаза"-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҷонишини роҳбари комиссия;

Аъзои комиссия:

3. Саидов Ҷ.Ҳ. - раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

4. Ҷалолов Ш. - раиси Кумитаи шаҳрии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон

5. Сафиаллоев С.Ғ. - котиби якуми Кумитаи шаҳри Душанбеи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон;

6. Наимов З. - раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон;

7. Амиршоева Г.С. - сармуҳаррири рӯзномаи "Вечерка".

 

Маджлиса народных депутатов города Душанбе

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Постановления Председателя города Душанбе №91-1 от 1 апреля 2014 года "О мерах Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе, соответствующих структур и общественности города по обеспечению всесторонней подготовки отраслей экономики и социальной сферы к осенне-зимнему периоду 2014-2015 годов

В целях обеспечения всесторонней подготовки отраслей экономики и социальной сферы города Душанбе к осенне-зимнему периоду 2014-2015 годов, организации их устойчивой и эффективной работы в зимний период, в соответствии со статьями 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", Маджлис народных депутатов города Душанбе

ПОСТАНОВЛЯЕТ:

1. Утвердить Постановление Председателя города Душанбе №91-1 от 1 апреля 2014 года "О мерах Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе, соответствующих структур и общественности города по обеспечению всесторонней подготовки отраслей экономики и социальной сферы к осенне-зимнему периоду 2014-2015 годов".

2. В соответствии с требованиями нормативно-правовых актов Республики Таджикистан, направить настоящее Постановление для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

3. Установить, что исполнение настоящего Постановления является обязательным для государственных органов, учреждений, предприятий и организаций, независимо от форм собственности, структур общественной самодеятельности, должностных лиц и граждан, проживающих и работающих в пределах административной территории города Душанбе.

4. Депутатам Маджлиса народных депутатов города Душанбе и Маджлисов народных депутатов районов на территории своих избирательных округов мобилизовать общественность с широким привлечением структур общественной самоядеятельности, структур управления многоквартирными домами (товарищества и кооперативы собственников жилья, жилищно-строительные кооперативы, старшие по домам), предприятий и организаций, независимо от форм собственности, а также граждан на подготовку зданий и сооружений для приема теплоэнергии, подготовку махаллей, микрорайонов, каждой улицы, содержание и очистку улиц и площадок общего пользования, тротуаров, ирригационных и лотковых сетей, правильное пользование общественной и коммунальной собственностью.

5. В целях обеспечения объективного контроля за ходом исполнения Постановления Председателя города Душанбе №91-1 от 1 апреля 2014 года "О мерах Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе, соответствующих структур и общественности города по обеспечению всесторонней подготовки отраслей экономики и социальной сферы к осенне-зимнему периоду 2014-2015 годов" создать общественную комиссию в прилагаемом составе.

6. Контроль за ходом исполнения настоящего Постановления возложить на постоянные комиссии Маджлиса народных депутатов города Душанбе по вопросам промышленности и энергетики, транспорта, коммуникаций и содержания дорог, архитектуры, градостроительства, строительства и благоустройства, науки, инноваций, образования и культуры, гендерной политики, здравоохранения, защиты материнства и детей, сотрудничества с организациями общественной самодеятельности, общественными объединениями, политическими партиями, средствами массовой информации, религиозными и неправительственными организациями.

Председатель

Маджлиса народных депутатов

города Душанбе                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ

№ 183 - 18 от 24 апреля 2014 года

Приложение

к Постановлению Маджлиса

народных депутатов города

№ 183-18 от 24 апреля 2014 года

СОСТАВ общественной комиссии по контролю за ходом исполнения Постановления Председателя города Душанбе №91-1 от 1 апреля 2014 года "О мерах Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе, соответствующих структур и общественности города по обеспечению всесторонней подготовки отраслей экономики и социальной сферы к осенне-зимнему периоду 2014-2015 годов"

1. Каримов Т.Б. - активист социальной сети Фейсбук, руководитель комиссии;

2. Мусоева Р.Г. - директор Государственного учреждения "Душанбе Плаза" Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе, заместитель руководителя комиссии;

Члены комиссии:

3. Саидов Ч.Х. - председатель Душанбинского городского исполнительного комитета Народно-демократической партии Таджикистана;

4. Чалолов Ш. - председатель Душанбинского городского комитета Партии экономических реформ Таджикистана;

5. Сафиаллоев С.Г. - первый секретарь Душанбинского городского комитета Коммунистической партии Таджикистана;

6. Наимов З. - председатель Душанбинского городского исполнительного комитета Социалистической партии Таджикистана;

7. Амиршоева Г.С. - главный редактор газеты "Вечерка".

* Текст постановления Председателя Хукумата города Душанбе №91-1 от 1.04.2014 г. приводится в Едином государственном реестре нормативных правовых актов Республики Таджикистан на таджикском языке.

*** Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 6 мая 2014 года, регистрационный номер 736