Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 апрели соли 2014 таҳти рақами 187 "г"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "26" декабри соли 2013 № 314 ш. Душанбе
Оид ба тасдиқи Дастурамали № 204 "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ"
Мутобиқи қисми 2 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва моддаҳои 4 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Дастурамали № 204 "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Директори Департаменти танзими асъор (Мавлонов М.М.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз 20 августи соли 2008, №331 "Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани ҳисобҳои асъорӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 сентябри соли 2008, №187 "в" ба қайд гирифта шудааст ва аз 14 ноябри соли 2008, №420 "Дар бораи тасдиқ намудани Талабот нисбат ба таҷҳизонидани нуқтаҳои хизматрасонии интиқолҳои пулӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.
5. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти танзими асъор (Мавлонов М.М.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон. Ҷ Юсуфиён гузошта шавад.
Дастурамал