Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Хатлон Маҷлиси Вакилони Халқи Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 28 марти соли 2014 № 296 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 апрели соли 2014 таҳти рақами 729

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ

ҚАРОР

аз 28 марти соли 2014 № 296 шаҳраки С. Исоев

Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

Дар асоси моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ қарор мекунад:

1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 0,05 гектар муайян карда шавад.

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 4. Қарорҳои зерини Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 21 июни соли 2011, № 114 "Дар бораи муқаррар намудани меъёри тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ";

- аз 20 июни соли 2013, № 220 "Дар бораи муайянсозии меъёри ҳадди ақали додани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ";

- аз 24 декабри соли 2013, № 253 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 20 июни соли 2013, № 220 "Дар бораи муайянсозии меъёри ҳадди ақали додани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ" .

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ вогузор карда шавад.

Раисикунандаи

Маҷлиси вакилони халқи

ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Р. Файзалиев