Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 апрели соли 2014 таҳти рақами 729
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ
ҚАРОР
аз 28 марти соли 2014 № 296 шаҳраки С. Исоев
Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
Дар асоси моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ қарор мекунад:
1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 0,05 гектар муайян карда шавад.
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 4. Қарорҳои зерини Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 21 июни соли 2011, № 114 "Дар бораи муқаррар намудани меъёри тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ";
- аз 20 июни соли 2013, № 220 "Дар бораи муайянсозии меъёри ҳадди ақали додани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ";
- аз 24 декабри соли 2013, № 253 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 20 июни соли 2013, № 220 "Дар бораи муайянсозии меъёри ҳадди ақали додани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ" .
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ вогузор карда шавад.
Раисикунандаи
Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Р. Файзалиев
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН
ХАТЛОНСКАЯ ОБЛАСТЬ
МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ РАЙОНА ДЖАЛОЛИДДИНА РУМИ
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об определении минимальной нормы приусадебных земельных участков граждан в районе Джалолиддина Руми
На основании статьи 8 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти" и статьи 71 Земельного кодекса Республики Таджикистан, Маджлис народных депутатов района Джалолиддина Руми постановляет:
1. Минимальную норму приусадебных земельных участков граждан в районе Джалолиддина Руми определить в 0,05 гектаров.
2. Настоящее постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.
3. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официальной опубликовании.
4. Нижеследующие постановления Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми считать утратившими силу:
- от 21 июня 2011 года, №114 "Об установлении размера распределения приусадебных земельных участков нуждающимся семьям района Джалолиддина Руми";
- от 20 июня 2013 года, №220 "Об определении минимальных размеров отдаваемых приусадебных земельных участков гражданам в районе Джалолиддина Руми";
- от 24 декабря 2013 года, №253 "О введении изменения и дополнения в постановление Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми от 20 июня 2013 года, №220 "Об определении минимальных размеров отдаваемых приусадебных земельных участков гражданам в районе Джалолиддина Руми".
5. Контроль над выполнением настоящего постановления возлагается на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми по аграрным и пищевым вопросам, реформы земли, охраны окружающей среды и использования природных ресурсов.
Председательствующий
Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми Р. Файзалиев
от 28 марта 2014 года № 296
городок С. Исаев
*** Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 4 апреля 2014 года, регистрационный номер 729