Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 апрели соли 2014 таҳти рақами 728
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ
ҚАРОР
аз 28 марти соли 2014 № 295 шаҳраки С. Исоев
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
Дар асоси моддаҳои 8, 9, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 24, 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ва моддаи 81 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", моддаҳои 6, 262 ва 309 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, қарор мекунад:
1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул мутобиқи бобҳои 40 ва 41-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
2. Дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои ҳар як воҳиди объекти андозбандии бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқакардашуда, тибқи ҷадвали замимагардида, муайян карда шавад.
3. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунонии рекламаҳои берунии корхонаю муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда шаванд:
а) ҷойгиркунонии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 м2 ба андозаи 4,50 сомонӣ;
б) ҷойгиркунонии объектҳои рекламавӣ (бо истифодаи технологияи муосир) барои 1 м2 ба андозаи 6,00 сомонӣ.
4. Вобаста ба мавқеи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффисентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шаванд:
а) дар ҳудуди маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ коэффисенти 1,2;
б) дар мавзеи берун аз маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ коэффисенти 1,0.
5. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо мисли корхонаю муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории ватанӣ муайян карда шуда, коэффисентҳои танзимкунандаи зерин муайян карда шаванд.
а) дар ҳудуди маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ коэффисенти 2,0;
б) дар мавзеи берун аз маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ коэффисенти 1,5.
6. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ супориш дода шавад, ки дар мувофиқа бо Нозироти андози ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ корҳои зеринро иҷро намоянд:
- ҷойгиркунии рекламаи беруниро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;
- ситонидани пардохтҳои муқарраргардидаро нисбат ба ҷойгиркунонии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффисентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд;
- фаъолияти субъектҳои бо паҳнкунии реклама машғулбударо мавриди таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оид ба паҳнкунии реклама дар ҳудуди ноҳия ва мавзеи берун аз ноҳияро санҷида, раванди иҷозатдиҳиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
7. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
8. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
9. Интишори қарори мазкур тариқи рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Балх", сомонаи расмии (вебсайти) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва дигар расонаҳои маҳаллии расмӣ, амалӣ карда шавад.
10. Қарорҳои зерини Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 25 декабри соли 2012, №178 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ";
- аз 20 июни соли 2013, №221 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ барои соли 2013";
- аз 24 декабри соли 2013, №254 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 20 июни соли 2013, № 221 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ барои соли 2013".
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат ва Нозироти андози ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ вогузор карда шавад.
Раисикунандаи
Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Р. Файзалиев
Замима
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН
ХАТЛОНСКАЯ ОБЛАСТЬ
МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ РАЙОНА ДЖАЛОЛИДДИНА РУМИ
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об установлении норм местных налогов и обязательных платежах в районе Джалолиддина Руми
На основании статей 8, 9 и 20 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статей 24 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актов", статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", статьи 81 Закона Республики Таджикистан "О других обязательных оплатах бюджету", статей 6, 262 и 309 Налогового кодекса Республики Таджикистан и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми по вопросам бюджета, торговли, расценки, обслуживания и труда, Маджлис народных депутатов района Джалолиддина Руми постановляет:
1. Налог на транспортные средства, недвижимое имущество, в том числе земельный налог и налог на объекты недвижимости установить согласно главами 40 и 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
2. На территории района Джалолиддина Руми сумму налога на игорный бизнес с каждой единицы объекта налогооблажения, согласованного с уполномоченным государственным органом, определить согласно прилагаемой таблицы.
3. Нормы обязательных оплат для размещения наружной рекламы учреждений и предприятий, частных предпринимателей и других хозяйственных субъектов на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктов территории района Джалолиддина Руми установить в следующих размерах:
а) размещение обычных рекламных объектов (без использования современных технологий) на 1 м2 в размере 4,50 сомони.
б) размещение рекламных объектов (с использованием современных технологий) на 1 м2 в размере 6,00 сомони;
4. Исходя из местонахождения рекламы, установить следующие регулирующие коэффициенты:
а) в центре района Джалолиддина Руми коэффициент 1,2;
б) за пределами центра района Джалолиддина Руми коэффициент 1,0.
5. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и юридических иностранных лиц при использовании рекламных объектов, норма обязательных оплат, для размещения рекламы устанавливая, как и отечественным учреждениям и предприятиям, частным предпринимателям и другим хозяйственным субъектам, определить следующие регулирующие коэффициенты:
а) в центре района Джалолиддина Руми коэффициент 2,0;
б) за пределами центра района Джалолиддина Руми коэффициент 1,5;
6. Обязать исполнительный орган государственной власти по согласованию с налоговой инспекцией района Джалолиддина Руми выполнять следующее:
- установить размещение наружной рекламы в соответствии с действующими законами Республики Таджикистан;
- взыскать установленные платежы по отношению к размещениям наружной рекламы согласно с регулирующими коэффициентами;
- анализировать деятельность субъектов занимающихся распространением рекламы, изучить разрешающие документы по распространению рекламы на территории района и за пределами района, обеспечить процесс разрешения согласно с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
7. Представить настоящее постановление для регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.
8. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
9. Осуществить публикацию настоящего постановления местной районной газетой "Навиди Балх", официальным сайтом исполнительного органа государственной власти района Джалолиддина Руми и другими средствами массовой информации.
10. Нижеследующие постановления Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми считать утратившими силу:
- от 25 декабря 2012 года, №178 "Об установлении нормы местных налогов и обязательных отдельных видов оплаты в районе Джалолиддина Руми";
- от 20 июня 2013 года, №221 "Об установлении нормы местных налогов и обязательных отдельных видов оплаты в районе Джалолиддина Руми в 2013 году";
- от 24 декабря 2013 года, №254 "О введениии изменений и дополнений в постановления Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми от 20 июня 2013 года, №221 "Об установлении нормы местных налогов и обязательных отдельных видов оплаты в районе Джалолиддина Руми в 2013 году".
11. Контроль над выполнением настоящего постановления возлагается на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми по вопросам бюджета, торговли, расценки, обслуживания и труда и налоговую инспекцию района Джалолиддина Руми.
Председательствующий
Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми Р. Файзалиев
от 28 марта 2014 года № 295
Утверждена
постановлением Маджлиса народных депутатов района Джалолиддина Руми
от 28 марта 2014 года, № 295
ТАБЛИЦА суммы налога на игорный бизнес с каждой еденицы объекта налогооблажения на территории района Джалолиддина Руми
таблица