Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "28" сентябри соли 2012 № 1355
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 30.04.2015 № 476)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистои (минбаъд - Шӯрои адлия) мақоми коллегиалӣ буда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Шӯрои адлияро Конститутсияи (Сарқонуии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил медиҳад.
3. Сохтор ва шумораи ҳайати Шӯрои адлия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Шӯрои адлия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ба роҳ мемонад.
2. Ваколатҳо
5. Шӯрои адлия ҷиҳати амалигардонии фаъолияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
-оид ба такмили системаи судӣ-ҳуқуқӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
-фаъолияти ташкилӣ, молиявӣ ва моддию техникии судҳоро таъмин менамояд;
-номзадҳоро ба вазифаи судягӣ ва коромӯз-судя тайёр менамояд;
-такмили ихтисоси судяҳо, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро ташкил мекунад;
-тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд ;
-мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ доир ба таъсиси судҳо барои ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф манзур менамояд;
-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори судӣ, шумораи судяҳо, машваратчиёни халқии судҳо ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳо пешниҳод ирсол менамояд;
-ҷиҳати мукофотонидани судяҳо ва додани дараҷаҳои тахассусӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
-бо тартиби муқарраргардида комиссияи имтиҳонотии Шӯрои адлияро таъсис дода, ҳайати онро тасдиқ мекунад;
-Низомномаи комиссияи имтиҳонотии Шӯрои адлияро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-дастурамали коргузории судҳоро тасдиқ менамояд;
-дастури Шӯрои адлияро тасдиқ менамояд;
-дигар ваколатҳоеро, ки Низомномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян намудаанд, анҷом медиҳад.
6. Шӯрои адлия бо мақсади татбиқи фаъолияти худ ҳуқуқ дорад:
-тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти давлатӣ оид ба ҳалли масоили дахлдор вобаста ба фаъолияти худ муроҷиат намояд ва дар ин бора маълумот гирад;
-аз судҳо ва сохторҳои тобеи худ оид ба фаъолияташон маълумотҳои оморию таҳлилӣ талаб намояд;
-дар доираи ваколатҳои худ оид ба ҳалли масъалаҳо комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории идоравӣ ва байниидоравӣ ташкил диҳад;
-фаъолияти сохторҳои тобеи худро назорат кунад;
-маҷлису машваратҳои корӣ, семинару конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои дахлдор баргузор намояд;
-дигар ҳуқӣуқҳоеро, ки Низомномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян намудаанд, доро мебошад.
3. Ташкили фаъолиити Шӯрои адлия
7. Ҳайати Шӯрои адлия аз ҳафт нафар иборат буда, ба он дохил мешаванд:
-Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муовиии якуми Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
-муовини Раис - Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
"- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо ;
-намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8. Ҳайати Шӯрои адлия ба истиснои Раис ва муовинони ӯ ваколатҳои худро дар Шӯрои адлия дар асоси ҷамъиятӣ иҷро менамоянд.
9. Фаъолияти Шӯрои адлия дар шакли ҷаласаҳо доир гардида, дар се моҳ як маротиба даъват карда мешаванд. Дар сурати зарурат, мумкин аст, ҷаласаи ғайринавбатӣ даъват карда шавад.
10. Ҷалзсая Шӯрои адлиядар мавриде салоҳиятнок мебошад, ки дар он на кам аз се ду ҳиссаи ҳайати он иштирок дошта бошад.
11. Шӯрои адлия оид ба амалӣ намудани ваколатҳои худ қарор қабул мекунад, ки он бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо аз шумораи умумии ҳайати он қабул карда мешавад.
12. Раиси Шӯрои адлия, муовинони якуми Раис ва муовини Раискотиби Шӯрои адлия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд .
13. Раиси Шӯрои адлия:
-дар доираи салоҳияти худ фармон ва фармоишҳо қабул намуда, ба санадҳои хизматӣ имзо мегузорад;
-ӯҳдадориҳои вазифавиро байни муовинони Раиси Шӯрои адлия тақсим мекунад;
-ба фаъолияти Шӯрои адлия, сохторҳои он роҳбарӣ мекунад ва фаъолияти ташкилии онҳоро таъмин менамояд;
-тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои Шӯрои адлия пешниҳод менамояд;
-ҷаласаҳои Шӯрои адлияро мегузаронад ва ба онҳо роҳбарӣ менамояд;
-бо шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва дар доираи салоҳияти худ робита муқаррар менамояд;
-барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Шӯрои адлияро пешниҳод менамояд;
-дар ҳудуди шумораи муқарраргардидаи кормандон ва фонди пардохти музди меҳнат рӯйхати штатӣ ва сметаи хароҷоти дасттоҳ ва воҳидҳои сохтории Шӯрои адлия, инчунин дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷот ва рӯйхати штатии судҳоро тасдиқ менамояд;
-дар асоси қарори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд ;
-кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия, муовини директори Маркази таълимӣ ва кормандони он, коромӯз - судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо, ба истиснои кормандони техникӣ, таъин ва озод мекунад ;
-нисбат ба кормандони дасггоҳ, воҳидҳои сохтории Шӯрои адлия ва Маркази таълимӣ, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ба истиснои кормандони техникӣ муҷозоти интизомӣ ва чораҳои ҳавасмандгардониро татбиқ менамояд, дигар масъалаҳоро вобаста ба фаъолияти онҳо тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд ;
-низомномаҳои дастгоҳ, воҳидҳои сохтории он, сохторҳои тобеи Шӯрои адлия ва Маркази таълимиро тасдиқ мекунад;
-дастурамалҳои мансабии кормандони дастгоҳ, воҳидҳои сохтории Шӯрои адлия ва Маркази таълимиро тасдиқ менамояд;
-ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои ҳарбӣ ба судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии судҳои ҳарбӣ, инчунин хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлия пешниҳод ирсол менамояд;
-дар доираи қонун ба кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, ба истиснои кормандони техникӣ рутбаҳои дараҷавӣ медиҳад;
-ба Шӯрои адлия ҳисоботи дастгоҳи Шӯрои адлияро пешниҳод мекунад;
-барои тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд ;
-дигар ваколатҳоеро, ки Низомномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян намудаанд, анҷом медиҳад;
14. Муовини якуми Раиси Шӯрои адлия :
-дар вақти набудани раиси Шӯрои адлия вазифаҳои ӯро иҷро мекунад;
-дар доираи салоҳияти худ ба санадҳои хизматӣ имзо мегузорад;
-масъалаҳои барқарор намудани робитаро бо шахсони ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил менамояд;

15. Муовини раис - Котиби Шӯрои адлия:
-фаъолияти ташкилии Шӯрои адлияро амалӣ менамояд;
-ҷаласаҳои Щӯрои адлияро тайёр менамояд;

16. Музди меҳнати Раис, муовини якум, муовини Раис ва кормандони дасггоҳи Шӯрои адлияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
17. Бо мақсади таъмини фаъолияти Шӯрои адлия дастгоҳи Шӯрои адлия таъсис дода мешавад, ки сохтор ва шумораи кормандони он бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
18. Дастгоҳи Шӯрои адлия ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои худ чунин салоҳият дорад:
-судҳоро бо бино ва дигар воситаҳои моддию техникӣ таъмин менамояд;
-судҳоро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар маводҳо, ки барои фаъолияти онҳо заруранд, таъмин менамояд;
-хароҷоти моддӣ ва молиявии судҳоро тафтиш менамояд;
-оид ба таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;
-хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳоро ба вазифаи судягӣ ва коромӯз-судя, такмили ихтисоси судяҳо, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро анҷом медиҳад;
-фаъолияти ташкилии судҳоро тафтиш менамояд ва оид ба такмил додани он таклифҳо пешниҳод мекунад;
-омори судиро амалӣ намуда, коргузорӣ ва кори бойгонии судҳоро ташкил медиҳад;
-арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳоро саривақт баррасӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти Шӯрои адлия таклифҳо пешниҳод менамояд:
-дигар ваколатҳоро дар асоси Низомномаи худ, Низомномаи мазкур, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
19. Роҳбари дастгоҳи Шӯрои адлия аз тарафи раиси Шӯрои адлия ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
20. Дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо фаъолият менамояд.
21. Маркази таълимӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолияти он ба амалӣ гаштани ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси судяҳо, номзадҳо ба вазифаи судягӣ, коромӯз - судяҳо, приставҳои судӣ ва дигар кормандоии дастгоҳи Шӯрои адлия ва судҳо равона карда шудааст.
22. Мақсад ва вазифаҳои Маркази таълимӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, сохтор ва идоракунӣ, Шӯрои таълимӣ - машваратӣ, ташкили ҷараёни таълим, базаи моддӣ-таълимӣ, амвол ва сарчашмаи маблағгузорӣ, фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ ва баҳисобгирии муҳосибии он бо Низомномаи Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби раиси Шӯрои адлия тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
23. Директори Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Ваколатҳои директор бо Низомномаи Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад .
24. Маблағгузории Шӯрои адлия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.
25. Раиси Шӯрои адлия дар муҳокимаи лоиҳаи Буҷети давлатӣ оид ба масъалаҳои Шӯрои адлия иштирок мекунад ва оид ба маблағгузории Шӯрои адлия таклифҳо пешниҳод мекунад.
26. Шӯрои адлия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сабти номи худ ба забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
27. Маҳали ҷойгиршавии Шӯрои адлия - Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017, шаҳри Душанбе, кӯчаи Карамов, 20 мебошад.