Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 ноябри соли 2013 таҳти рақами 721
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "26" сентябри соли 2013 № 235 ш. Душанбе
Оид ба тасдиқи Дастурамали № 201 "Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ"
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали №201"Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Директори Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ. М.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Холиқзода гузошта шавад.
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз "26" сентябри соли 2013, №235
"тасдиқ шудааст"
Дастурамали №201 "Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ"
(қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 30.06.2025
№ 88)
Дастурамал "Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ" (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" таҳия шуда, тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкиро муқаррар менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
-хизматрасонии фосилавии бонкӣ – хизматрасонии бонкие, ки бо истифодаи воситаҳои электронӣ, барномавию техникӣ ва телекоммуникатсионӣ ба муштариён бидуни ташрифашон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод мешавад (№ 88);
-муштарӣ - шахси ҳуқуқӣ ё воқеие мебошад, ки бо ташкилоти қарзӣ шартномаи хизматрасонии бонкӣ ё шартнома оид ба пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкиро бастааст;
-мушаххаскунӣ - тартибе, ки дар натиҷаи иҷрои он субъекти муроҷиаткунанда бо мушаххасоти инфиродӣ ва ягонаи дар низоми иттилоотӣ бақайдгирифташуда мушаххас карда мешавад ва тасдиқ меёбад. Барои иҷрои тартиби мушаххаскунӣ дар низоми иттилоотӣ ба муштарӣ пешакӣ бояд мушаххасоти дахлдор дода шавад (яъне, муштарӣ дар низоми иттилоотӣ бояд ба қайд гирифта шавад);
-тасдиқи аслият (аутентификатсия) – расмиёте, ки ба ташкилоти қарзӣ барои муайян ва тасдиқ намудани шахсияти истифодабарандаи хизматрасонии пардохтӣ ва санҷиши ҳуқуқи қонунии истифодаи воситаи электронии пардохтӣ, аз ҷумла бо истифодаи маълумоти ҳифзшудаи шахсӣ имкон медиҳад (№ 88);
-рақами мушаххаскунандаи шахсӣ - рамзи шахсие, ки бо мақсади мушаххас кардани дорандаи корти пардохтии бонкӣ (минбаъд - корт) ҳангоми гузаронидани амалиёт бо истифодаи корт аз тарафи ношир ба дорандаи корт дода мешавад;
-низоми иттилоотӣ - маҷмӯи воситаҳои техникӣ, таъминоти барномавӣ ва ташкилӣ барои пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкӣ;
-интернет-воқеанигор - таъминоти барномавӣ барои аз назаргузаронии сомонаҳо;
-сабти ҳисоби муштарӣ (аккаунт) – маҷмуи маълумоти муштарӣ дар низоми иттилоотии ташкилоти қарзӣ, ки барои тасдиқи аслият ва додани дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ ва танзимоти ӯ зарур аст (№ 88).
2. Хизматрасонии фосилавии бонкӣ тавассути хатҳои алоқа ба таври фосилавӣ бо истифодаи компютерҳо, телефонҳо, банкоматҳо (АТМ), терминалҳои электронӣ, аз ҷумла терминалҳои худкори худхизматрасон ва дигар усулҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешниҳод мегардад.
21. Ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкиро бояд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ намоянд (№ 88).
Боби 2. Назорат дар ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ
3. Ташкилотҳои қарзӣ барои таҳияи стратегияи татбиқ намудани хизматрасонии фосилавии бонкӣ масъул буда, назорати босамарро дар раванди хизматрасонии мазкур бояд ташкил намоянд. Бо ин мақсад ташкилотҳои қарзӣ бояд:
- санадҳои дохилии худро, ки тартиб ва шартҳои пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкиро муқаррар менамоянд, таҳия ва тасдиқ намоянд;
- ба сиёсати амнияти иттилоотии худ бо сабаби пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намоянд.
31. Ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд расмиёти тасдиқи аслияти бисёромиларо истифода намоянд. Тибқи ин расмиёт барои тасдиқи аслият аз истифодабаранда пешниҳоди на кам аз ду омили мустақил аз гурӯҳҳои зерин талаб карда мешавад (№ 88):
а) маълумоте, ки танҳо ба муштарӣ маълум аст (масалан, гузарвожа, рақами мушаххаси шахсӣ (PIN), рамзи якдаъфина, калимаи махфӣ);
б) таҷҳизот ё воситае, ки дар ихтиёри муштарӣ қарор дорад (масалан, компютери фардӣ, телефони мобилӣ, корти пардохтии бонкӣ, токен ё ҳомили дигари электронии иттилоот);
в) маълумоти биометрии муштарӣ (масалан, шинохти рӯй, изи ангушт, овоз, пардаи чашм) (№ 88).
Боби 3. Идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ
4. Ташкилотҳои қарзӣ назорати иҷро ва такмил додани сиёсати амалкунандаи идоракунии хавфҳоро, ки ҳангоми пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкӣ ба вуҷуд меоянд, бояд тибқи санади меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ амалӣ намоянд.
5. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд барномаи мукаммали амнияти иттилооти хизматрасонии фосилавии бонкиро таҳия ва татбиқ намоянд.
6. Барномаи амнияти иттилооти хизматрасонии фосилавии бонкӣ ҳадди ақал бояд ҷанбаҳои зеринро дар бар гирад:
- ошкор ва баҳо додани хавфҳои марбут ба пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ;
- муайян намудани чораҳо оид ба кам кардани хавфҳо, аз ҷумла татбиқи технологияҳои дахлдори мушаххаскунии муштарӣ ва меъёрҳои назорати дохилӣ;
- муайян намудани чораҳо оид ба таъмини амнияти иттилооти муштарӣ аз дастрасии беиҷозат ва таъмин намудани бутунии иттилооти мазкур;
- баҳодиҳии чораҳои хабардоркунии муштариён.
7. Ҳангоми пайдоиши навоварию дигаргуниҳо дар технологияҳои пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ, ошкор гардидани осебпазирии низомҳои иттилоотӣ, инчунин, пайдоиши хатарҳои дохилӣ ва беруна ба махфияту бутунии иттилоот, ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд ба қадри кофӣ барномаи амнияти иттилоотии худро таҷдиди назар намуда, онро нав кунанд.
8. Ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ бояд кафолат диҳанд, ки оид ба амнияти иттилоот ва назорати дохилӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд, онҳо такмил дода шуда, мониторинг ва баҳодиҳии хавфҳои имконпазир мунтазам иҷро карда мешаванд.
9. Бо мақсади ҳифзи муштариён аз қаллобӣ, дуздӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ба хизматрасонии фосилавии бонкӣ алоқаманд, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бояд чунин талаботҳои ҳадди ақали бехатарӣ татбиқ карда шаванд:
а) барои банкоматҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон (минбаъд - терминалҳо):
- банкоматҳо ва терминалҳо бояд дар ҷойҳои намоён насб карда шаванд;
- гирду атрофи банкоматҳо ва терминалҳо ба қадри кофӣ бо равшанӣ таъмин бошанд;
- барои сабти амалҳои истифодабарандагон бояд дар банкоматҳо камераҳои назоратӣ ва аксбардорҳои мушоҳидавӣ насб шуда, сабту аксҳои онҳо на кам аз 45 рӯз дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта шаванд (№ 88);
- муштариён аз хусуси хавфҳои имконпазире, ки ҳангоми истифодаи банкоматҳо ва терминалҳо ба вуҷуд меоянд, инчунин оид ба чораҳои эҳтиёткорӣ бояд хабардор карда шаванд;
- на кам аз 2 маротиба дар як сол санҷиши бехатарӣ дар ҷойҳои насби банкоматҳо ва терминалҳо гузаронида шуда, он дар ҳуҷҷат сабт карда шавад (№ 88);
- марказҳои дастгирӣ (Call-center) ташкил шуда, фаъолияти мунтазами ҳамарӯзаи онҳо таъмин карда шавад;
- дар банкомат ё терминал бояд маълумот оид ба мансубияти банкомат ё терминал ба ташкилоти қарзӣ, нишонҳои низомҳои пардохте, ки кортҳои онҳо аз ҷониби банкомат ё терминал қабул мегарданд, рақамҳои телефонӣ барои тамос, инчунин, телефонҳои шуъбаи наздиктарини милитсия барои дар ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намудан, ҷой дода шавад.
б) барои Интернет-бонкинг (№ 88):
- истифодаи ҳуруфчини экранӣ;
- истифодаи протоколҳои шабакавии ҳифзшуда;
- татбиқи механизми пешгирии ба таври қаллобона иваз кардани саҳифаи сервери Интернет бонкинг;
- истифодаи тасдиқи аслияти бисёромила (№ 88);
- татбиқи сиёсати истифодабарии гузарвожаҳои мураккаб ва мунтазам иваз кардани онҳо;
- истифодаи механизми пешгирии ба таври автоматӣ ошкор кардани гузарвожаҳо;
- истифодаи механизми манъи пайвастшавӣ бо сервери Интернет бонкинг ҳангоми бефаъолиятии истифодабаранда дар муддати вақти муайян.
в) барои замимабарномаҳои мобилӣ (бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) (№ 88):
- дастрасӣ ба сабти ҳисоби муштарӣ дар як вақт танҳо аз як таҷҳизоти бақайдгирифташуда иҷозат дода шавад;
- кӯшишҳои ворид шудан ба сабти ҳисоби муштарӣ аз таҷҳизоти нав ё номаълум қатъ карда шуда, муштарӣ дар ин бора тавассути огоҳсозии фаврӣ (СМС огоҳинома ва/ё почтаи электронӣ) хабардор карда шавад;
- иваз намудани таҷҳизоти бақайдгирифташуда ва/ё гузарвожаву рамзҳои дастрасӣ ба сабти ҳисоби муштарӣ бояд бо истифодаи технологияҳои тасдиқи аслияти бисёромила ё тавассути муроҷиати муштарӣ ба ташкилоти қарзӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият анҷом дода шавад;
- ҳамаи амалиётҳои хароҷотӣ дар замимабарномаҳои мобилӣ бояд бо истифодаи тасдиқи аслияти бисёромила сурат гиранд, ба истиснои пардохт барои хизматрасонии давлатӣ, пардохт тавассути QR-рамзи ягона дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи на зиёда аз 80 (ҳаштод) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз, пардохти молу хизматрасонӣ тавассути Интернет, ки хусусияти интиқоли фаромарзии маблағҳоро надорад, ба маблағи на зиёда аз 20 (бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз, интиқоли маблағ дар реҷаи онлайн ба шахсони воқеӣ дар дохили ташкилоти қарзӣ ба маблағи на зиёда аз 20 (бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз ва ба муштариёни дигар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи на зиёда аз 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз, интиқол ба суратҳисобҳои шахсии муштарӣ, пардохти қарзҳо дар ташкилотҳои қарзӣ;
- барои пайваст намудани кортҳои пардохтии бонкӣ ба замимабарномаҳои мобилӣ бояд протоколҳои бехатарии онлайн-пардохтҳо (ба монанди 3D Secure), ки ташкилоти қарзии ношир татбиқ кардааст, истифода шаванд (№ 88).
10. Ташкилотҳои қарзӣ бояд мунтазам амалҳои ғайриқонуниеро, ки ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ рух медиҳанд, омӯзанд (№ 88).
11. Оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои қаллобӣ дар рафти пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳар семоҳа тибқи шакли муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд (№ 88).
12. Ташкилотҳои қарзӣ ба стандартҳои бехатарии татбиқшаванда ва таҷрибаи озмудашуда таваҷҷуҳ намуда, аз технологияҳои иттилоотии муосир ва навовариҳои соҳаи амнияти иттилоотӣ бояд хабардор бошанд.
13. Барои таъмини мушаххаскунии муштариёни худ, ки хизматрасонии фосилавии бонкиро истифода мебаранд, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти хавфҳои имконпазир бояд чораҳои заруриро татбиқ намоянд. Татбиқи усулҳои дахлдори мушаххаскунӣ дар раванди баҳодиҳии хавфҳо бояд муқаррар гарданд. Усулҳои истифодашаванда бояд ҷанбаҳои зеринро ба инобат гиранд: намуди низомҳои хизматрасонии фосилавии бонкӣ (иттилоотӣ ё амалиётӣ), навъи он (АТМ-бонкинг, низомҳои "муштарӣ-бонк", интернет-бонкинг, бонкинги мобилӣ ва ғайра), вазъи муштарӣ (шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ), намуди амалиётҳои тавассути низом иҷозатдодашуда, ҳаҷм ва миқдори амалиётҳо.
14. Ташкилотҳои қарзӣ бояд аз технологияҳои нави мушаххаскунии муштарӣ огоҳ буда, онҳоро баҳо диҳанд ва татбиқ намоянд, инчунин вобаста аз намуди амалиёт ва сатҳи дастрасӣ бо назардошти хавфҳои мавҷудбуда дохил намудани тағйиротҳои дахлдорро ба низоми мушаххаскунии муштарӣ ба роҳ монанд. Агар баҳодиҳии хавфҳо сатҳи пасти бехатариро ҳангоми истифодаи тадбирҳои мушаххаскуние, ки аз омилҳои содда асос ёфтаанд (масалан, гузарвожа/рамз) муайян намояд, он гоҳ ташкилотҳои қарзӣ бояд тадбирҳои бисёромилаи мушаххаскуниро (масалан, гузарвожа/рамз/рамзи яккарата, рақами корт ва рақами мушаххаскунандаи шахсӣ) истифода намоянд.
15. Бо мақсади кам кардани хавфҳои имконпазир ташкилотҳои қарзӣ метавонанд низоми бехатарии бисёрсатҳаро (масалан, хизматрасонӣ аз компютери муайянгардида, фосилаи муайяни вақт барои хизматрасонӣ ва ғайра) истифода намоянд.
16. хориҷ карда шуд (№ 88).
Боби 4. Низоми мониторинг ва баҳодиҳии амалиётҳо
17. Ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ бояд дорои низоми мониторинг бошанд, ки он барои ошкор намудани амалҳои беиҷозат ва шубҳанок дар низомҳои иттилоотӣ ва сабти ҳисоби муштарӣ қодир бошад (№ 88).
18. Ташкилотҳои қарзӣ барои муайян намудани амалҳои беиҷозат, ошкоркунии ҳамлаҳо ба низоми иттилоотӣ, барқароркунии воқеаҳо, назорат намудани ҷараёни риоя накардани бехатарии низоми иттилоотӣ бояд пешбурди дафтарҳои қайдро ба роҳ монанд.
19. Ҳангоми ошкор шудани далелҳои дастрасии беиҷозат ё амалҳои беиҷозат, дастрасӣ ба суратҳисоби муштарӣ бояд фавран боздошта шавад.
20. Бо мақсади таъмини назорат ва идоракунии бехатарии низоми иттилоотӣ, мақомоти мустақил (яъне, аудити дохилӣ ё беруна) ҳисоботҳоеро, ки дар онҳо амалҳои маъмурони бехатарӣ дарҷ гардидаанд, бояд таҳлил намояд.
21. Ҳангоми аз ҷониби тарафи сеюм идора гардидани низоми иттилоотӣ ва равандҳои муҳим, ки ба хизматрасонии фосилавии бонкӣ алоқаманд мебошанд, тарафи мазкур бояд иҷрои талаботи бехатариро, ки тибқи Дастурамали мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ татбиқ мегардад, таъмин намояд.
Боби 5. Барномаи хабардоркунии муштарӣ ва дастрасӣ ба хизматрасонӣ
22. Ташкилотҳои қарзӣ бояд ба муштарии худ барномаи ҳадди ақали хабардоркунӣ оид ба таъмини бехатарӣ ҳангоми иҷрои амалиётҳо дар доираи пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ ва ҳифзи маълумоти шахсиро, ки дар Замимаи №1 Дастурамали мазкур оварда шудааст, пешниҳод намоянд.
23. Ташкилотҳои қарзӣ бояд шаклҳои самараноки ба муштарӣ ирсол намудани иттилоотро оид ба бехатарӣ, таҳия намоянд. Бо ин мақсад истифодаи якчанд каналҳо (масалан, сомонаи бонк, смс-огоҳӣ ба телефони мобилии муштарӣ, иттилоот дар беруннависҳои бонкӣ, китобча, инчунин дар суҳбати мустақим бо муштарӣ ҳангоми хизматрасонӣ дар бонк) имконпазир мебошад.
24. Ташкилотҳои қарзӣ бояд барномаи хабардоркунии муштариро татбиқ карда, онро мунтазам баҳо диҳанд ва сатҳи зарурии боварии муштариёнро ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ таъмин намоянд.
25. Бо мақсади кам кардани хавфҳо ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ бояд ба муштарӣ иттилоотро оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо пешниҳод намуда, вобаста ба таъмини ҳифзи маълумоти шахсии муштарӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ чораҳои зарурӣ андешанд.
26. Барои таъмини фаъолияти муттасил ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ бояд имконияту иқтидори босамар дошта бошанд (масалан, дастрасӣ ба хизматрасонӣ 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта (24/7)). Ташкилотҳои қарзӣ бояд стратегияи ҳамкории мутақобил ва механизми босамари вокуниш ба ҳодисаҳои ногаҳонию ғайричашмдошт таҳия намуда, онро дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доранд.
27. Ҳангоми гузаронидани амалиёти бонкӣ тавассути хизматрасонии фосилавии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ бояд тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва шартҳои нигоҳдории онҳоро, ки барои амалиёти бонкӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои коғазӣ пешбинӣ шудаанд, истифода намоянд.
Боби 6. Муносибатҳои шартномавӣ байни ташкилоти қарзӣ ва муштарӣ
28. Хизматрасонии фосилавии бонкӣ дар асоси шартномаи хизматрасонии бонкӣ, ки дар он шартҳои пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ дарҷ гардидааст, пешниҳод мегардад ва ҳадди ақал маълумоти зеринро бояд дарбар гирад:
, номгӯи амалиёти бонкие, ки метавонанд тавассути хизматрасонии фосилавии бонкӣ иҷро гарданд;
, усулҳои пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ ва дастрасӣ ба он (тавассути Интернет, хатҳои алоқа, телефон, компютери шахсӣ ва дигар таҷҳизот);
, ҳуқуқу уҳдадориҳои муштарӣ ва ташкилоти қарзӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ;
, тартиби бехатарӣ, аз ҷумла тартиби аутентификатсия ва тасдиқи ҳуқуқҳои муштарӣ барои истифодаи хизматрасонии фосилавии бонкӣ;
, масъулияти тарафҳо ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар рафти пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ;
, асосҳо барои боздоштан ва қатъ намудани пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ;
, тарзи хабардоркунии муштарӣ дар мавриди иваз шудани шартҳои шартнома;
, роҳҳои пешниҳоди арзу шикоятҳои муштариён, шартҳои баррасӣ ва ҳалли онҳо;
, тарифҳо ва комиссияҳо ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ;
, рақамҳои телефонӣ барои хизматрасонии муштариён.
Боби 7. Баррасӣ намудани шикоятҳо
29. Ҳангоми қабули шикоят аз муштариён оид ба амалиётҳои беиҷозат гузаронидашуда дар суратҳисоби бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ бояд мавҷудияти воситаҳои қайди шикоятҳо, баррасӣ ва ҳангоми зарурат гузаронидани таҳқиқро аз рӯи ин шикоятҳо таъмин намоянд. Инчунин, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ тартиби ҳалли ҳолатҳои баҳсталаб/ихтилофот вобаста ба пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ бояд муайян карда шавад.
Замимаи №1 ба Дастурамали № 201
"Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ"
Барномаи хабардоркунии муштарӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ
Барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳо тавассути хизматрасонии фосилавии бонкӣ, муштариён бояд дар бораи вазифа ва масъулияти худ хабардор карда шаванд. Барномаи хабардоркунии муштарӣ барои таъмини амнияти иттилоотии хизматрасонии фосилавии бонкӣ пешбинӣ шуда, қисмҳои зеринро дар бар мегирад:
а) бехатарии рамз ва гузарвожа/рақами мушаххаскунандаи шахсӣ:
, рамз, гузарвожа ва рақами мушаххаскунандаи шахсӣ бояд махфӣ нигоҳ дошта шаванд;
, рамз, гузарвожа ва рақами мушаххаскунандаи шахсӣ дар компютер бояд нигоҳ дошта нашаванд;
, рамз, гузарвожа ва рақами мушаххаскунандаи шахсиро бояд мунтазам иваз намуд, гузарвожае, ки ошкор намуданаш осон аст, аз қабили ном ё санаи таваллуд бояд истифода нашавад. Гузарвожа на камтар аз 6 аломат иборат буда, омехтаи ҳарфҳо (ҳарфҳои хурд ва калон), аломатҳои махсус ва рақамҳоро бояд дар бар гирад.
б) махфияти маълумоти шахсӣ:
, худдорӣ аз ошкор кардани маълумоти шахсӣ, ба монанди суроға, насаби духтарии модар, рақами телефон ё шиноснома, рақами суратҳисоби бонкӣ ё суроғаи почтаи электронӣ ба шахсоне, ки ба эътимоднокии онҳо боварӣ нест.
в) маҳфуз нигоҳ доштани иттилоот оид ба амалиётҳои электронӣ:
- бо мақсади ошкор намудани хатогиҳо ё амалиётҳои беиҷозат гузаронидашуда, таърихи амалиётҳо ва беруннависҳо бояд мунтазам санҷида шаванд;
- оид ба ҳар гуна ҳолатҳои истифодаи беиҷозати суратҳисоб ё гузаронидани амалиёти беиҷозат ташкилоти қарзиро фавран хабардор намудан зарур мебошад.
г) санҷидани саҳеҳӣ ва бехатарии сомона:
, пеш аз гузаронидани ҳар як амалиёти мустақим дар сомона ё пешниҳод намудани мушаххасоти шахсӣ, бояд боварӣ ҳосил намуд, ки сомонаи саҳеҳи интернет-бонкинг истифода шуда истодааст. Аз истифодаи сомонаҳои қалбакие, ки бо мақсади қаллобӣ сохташудаанд, эҳтиёт шудан лозим аст;
, ба бехатарии сомона бо санҷидани нишонаи ягонаи манбаъ (URL), ки бояд аз "https" оғоз шуда, дар мақоми интернет-воқеанигор нишонаи пайвастшавии ҳифзшуда пайдо гардад, бояд боварӣ ҳосил намуд;
, нишонаи ягонаи манбаи сомонаро ҳама вақт бевосита ба интернет-воқеанигор ворид намудан лозим аст. Аз дигар шудани самт ё гирифтани истинод ба сомонае, ки эътимоднокиаш номаълум аст, худдорӣ намудан зарур аст;
, ба қадри имкон, аз истифодаи барномае, ки дар раванди иҷрои амалиётҳои электронӣ мушаххасоти шахсиро рамзгузорӣ менамояд, истифода намудан лозим аст.
ғ) ҳифз намудани компютер аз дастрасии беиҷозат ва барномаҳои зараровар:
, дар компютер барномаҳои экрани байнишабакавӣ ва зиддивирусӣ бояд насб карда шавад;
, пайваста навкунии барномаи зиддивирусӣ ва фаъолияти мунтазами онро назорат намудан зарур аст;
, аз дохил намудани файлҳо ва барномаҳо аз манбаъҳои беэътимод ба компютери шахсӣ худдорӣ намудан зарур аст.
д) бе назорат мондани компютери коркардаистода:
, сомонаеро, ки дар он амалиётҳои электронӣ гузаронида мешаванд бояд тарк кард, ҳатто агар компютер дар муҳлати кӯтоҳ бе назорат гузошта шавад;
, пас аз иҷрои амалиётҳои электронӣ аз низом баромадан бояд фаромӯш нашавад;
, пас аз баромадан аз низоми иттилоотӣ хотираи маваққатии компютер (КЭШ) ва таърихи амалиётҳои гузаронидашуда тоза карда шавад.
е) шиносоӣ бо сиёсати бехатарии сомона:
, бо шартҳои сомона вобаста ба амалигардонии пардохтҳо, интиқол, дебеткунӣ/кредиткунии суратҳисоб ва дигар шартҳои хизматрасонии бонкӣ бояд бодиққат шинос шуд;
, пеш аз дохил намудани иттилооти молиявии шахсӣ ба сомона бо шартҳои истифода ва паҳн гардидани чунин иттилоот бояд бодиққат шинос шуд.
ё) бонкинги мобилӣ:
, рақами мушаххаскунандаи шахсии бонкинги мобилии худро (MPIN) бояд аз шахсони бегона махфӣ нигоҳ дошт;
, рақами мушаххаскунандаи шахсии бонкинги мобилии худро бояд мунтазам иваз намуд;
, ба шахсони дигар истифода намудани телефони мобилии худро, ки тавассути он амалиёти бонкӣ иҷро мегардад, иҷозат додан мумкин нест;
, ҳангоми гум кардан ё дуздида шудани телефони мобилии худ фавран бояд ба ташкилоти қарзии хизматрасон хабар дода шавад.
ж) дигар чораҳои бехатарӣ:
, ирсол намудани маълумоти шахсии худ, алалхусус гузарвожа ё рақами мушаххаскунандаи шахсӣ тавассути почтаи электронӣ номатлуб мебошад;
, аз истифодаи компютерҳои бегона ҳангоми гузаронидани амалиётҳои электронӣ бояд худдорӣ намуд;
, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои электронии бонкӣ бояд функсияи "файлҳои умумӣ"ро ғайрифаъол намуд;
, ҳангоми пайдо шудани саволу муаммоҳо вобаста ба бехатарии суратҳисоби бонкӣ бояд ба ташкилоти қарзӣ муроҷиат намуд.
Чораҳои зарурӣ барои таъмини амнияти кортҳо, мушаххасоти онҳо, рақами мушаххаскунандаи шахсӣ ва амнияти дигар маълумот дар "Тавсияҳо оид ба истифодаи бехатари қартаҳои пардохтии бонкӣ", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2012, №82 тасдиқ шудааст, муқаррар гардидаанд.
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 ноябри соли 2013 таҳти рақами 721
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "26" сентябри соли 2013 № 235 ш. Душанбе
Оид ба тасдиқи Дастурамали № 201 "Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ"
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1. Дастурамали №201"Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Директори Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ. М.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Холиқзода гузошта шавад.
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз "26" сентябри соли 2013, №235
"тасдиқ шудааст"
Дастурамали №201 "Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ"
Дастурамал "Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ" (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" таҳия шуда, тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкиро муқаррар менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
-хизматрасонии фосилавии бонкӣ (бонкинги электронӣ) -хизматрасоние мебошад, ки бо истифодаи воситаҳои барномавию техникӣ ва телекоммуникатсионӣ барои гузаронидани амалиёти бонкӣ, гирифтани иттилоот оиди бақияи маблағ дар суратҳисоби бонкӣ ва амалиёти гузаронидашуда, ба муштарӣ дастрасии фосилавиро ба суратҳисоби бонкии ӯ дар ташкилоти қарзӣ имконият медиҳад;
-муштарӣ - шахси ҳуқуқӣ ё воқеие мебошад, ки бо ташкилоти қарзӣ шартномаи хизматрасонии бонкӣ ё шартнома оид ба пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкиро бастааст;
-мушаххаскунӣ - тартибе, ки дар натиҷаи иҷрои он субъекти муроҷиаткунанда бо мушаххасоти инфиродӣ ва ягонаи дар низоми иттилоотӣ бақайдгирифташуда мушаххас карда мешавад ва тасдиқ меёбад. Барои иҷрои тартиби мушаххаскунӣ дар низоми иттилоотӣ ба муштарӣ пешакӣ бояд мушаххасоти дахлдор дода шавад (яъне, муштарӣ дар низоми иттилоотӣ бояд ба қайд гирифта шавад);
-аутентификатсия - раванди тасдиқи аслият тавассути муқоиса намудани гузарвожаи дохилнамудаи истифодабаранда бо гузарвожа дар низоми иттилоотӣ;
-рақами мушаххаскунандаи шахсӣ - рамзи шахсие, ки бо мақсади мушаххас кардани дорандаи корти пардохтии бонкӣ (минбаъд - корт) ҳангоми гузаронидани амалиёт бо истифодаи корт аз тарафи ношир ба дорандаи корт дода мешавад;
-низоми иттилоотӣ - маҷмӯи воситаҳои техникӣ, таъминоти барномавӣ ва ташкилӣ барои пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкӣ;
-интернет-воқеанигор - таъминоти барномавӣ барои аз назаргузаронии сомонаҳо.
2. Хизматрасонии фосилавии бонкӣ тавассути хатҳои алоқа ба таври фосилавӣ бо истифодаи компютерҳо, телефонҳо, банкоматҳо (АТМ), терминалҳои электронӣ, аз ҷумла терминалҳои худкори худхизматрасон ва дигар усулҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешниҳод мегардад.
Боби 2. Назорат дар ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ
3. Ташкилотҳои қарзӣ барои таҳияи стратегияи татбиқ намудани хизматрасонии фосилавии бонкӣ масъул буда, назорати босамарро дар раванди хизматрасонии мазкур бояд ташкил намоянд. Бо ин мақсад ташкилотҳои қарзӣ бояд:
- санадҳои дохилии худро, ки тартиб ва шартҳои пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкиро муқаррар менамоянд, таҳия ва тасдиқ намоянд;
- ба сиёсати амнияти иттилоотии худ бо сабаби пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намоянд.
Боби 3. Идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ
4. Ташкилотҳои қарзӣ назорати иҷро ва такмил додани сиёсати амалкунандаи идоракунии хавфҳоро, ки ҳангоми пешниҳод намудани хизматрасонии фосилавии бонкӣ ба вуҷуд меоянд, бояд тибқи санади меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ амалӣ намоянд.
5. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд барномаи мукаммали амнияти иттилооти хизматрасонии фосилавии бонкиро таҳия ва татбиқ намоянд.
6. Барномаи амнияти иттилооти хизматрасонии фосилавии бонкӣ ҳадди ақал бояд ҷанбаҳои зеринро дар бар гирад:
- ошкор ва баҳо додани хавфҳои марбут ба пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ;
- муайян намудани чораҳо оид ба кам кардани хавфҳо, аз ҷумла татбиқи технологияҳои дахлдори мушаххаскунии муштарӣ ва меъёрҳои назорати дохилӣ;
- муайян намудани чораҳо оид ба таъмини амнияти иттилооти муштарӣ аз дастрасии беиҷозат ва таъмин намудани бутунии иттилооти мазкур;
- баҳодиҳии чораҳои хабардоркунии муштариён.
7. Ҳангоми пайдоиши навоварию дигаргуниҳо дар технологияҳои пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ, ошкор гардидани осебпазирии низомҳои иттилоотӣ, инчунин, пайдоиши хатарҳои дохилӣ ва беруна ба махфияту бутунии иттилоот, ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд ба қадри кофӣ барномаи амнияти иттилоотии худро таҷдиди назар намуда, онро нав кунанд.
8. Ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ бояд кафолат диҳанд, ки оид ба амнияти иттилоот ва назорати дохилӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд, онҳо такмил дода шуда, мониторинг ва баҳодиҳии хавфҳои имконпазир мунтазам иҷро карда мешаванд.
9. Бо мақсади ҳифзи муштариён аз қаллобӣ, дуздӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ба хизматрасонии фосилавии бонкӣ алоқаманд, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бояд чунин талаботҳои ҳадди ақали бехатарӣ татбиқ карда шаванд:
а) барои банкоматҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон (минбаъд - терминалҳо):
, банкоматҳо ва терминалҳо бояд дар ҷойҳои намоён насб карда шаванд;
, гирду атрофи банкоматҳо ва терминалҳо ба қадри кофӣ бо равшанӣ таъмин бошанд;
, барои сабти амалҳои истифодабарандагон бояд дар банкоматҳо аксбардорҳои мушоҳидавӣ насб шуда, сабтҳои аксбардорҳои мушоҳидавӣ на кам аз 45 рӯз дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта шаванд;
, муштариён аз хусуси хавфҳои имконпазире, ки ҳангоми истифодаи банкоматҳо ва терминалҳо ба вуҷуд меоянд, инчунин оид ба чораҳои эҳтиёткорӣ бояд хабардор карда шаванд;
, мунтазам санҷиши бехатарӣ дар ҷойҳои насби банкоматҳо ва терминалҳо гузаронида шуда, он дар ҳуҷҷат сабт карда шавад;
, марказҳои дастгирӣ (Call-center) ташкил шуда, фаъолияти мунтазами ҳамарӯзаи онҳо таъмин карда шавад;
, дар банкомат ё терминал бояд маълумот оид ба мансубияти банкомат ё терминал ба ташкилоти қарзӣ, нишонҳои низомҳои пардохте, ки кортҳои онҳо аз ҷониби банкомат ё терминал қабул мегарданд, рақамҳои телефонӣ барои тамос, инчунин, телефонҳои шуъбаи наздиктарини милитсия барои дар ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намудан, ҷой дода шавад.
б) барои Интернет-бонкинг ва бонкинги мобилӣ:
, истифодаи ҳуруфчини экранӣ;
, истифодаи протоколҳои шабакавии ҳифзшуда;
, татбиқи механизми пешгирии ба таври қаллобона иваз кардани саҳифаи сервери Интернет бонкинг;
, истифодаи мушаххаскунии бисёромила;
, татбиқи сиёсати истифодабарии гузарвожаҳои мураккаб ва мунтазам иваз кардани онҳо;
, истифодаи механизми пешгирии ба таври автоматӣ ошкор кардани гузарвожаҳо;
, истифодаи механизми манъи пайвастшавӣ бо сервери Интернет бонкинг ҳангоми бефаъолиятии истифодабаранда дар муддати вақти муайян.
10. Ташкилотҳои қарзӣ бояд мунтазам амалҳои ғайриқонуниеро, ки ба истифодаи банкоматҳо ё терминалҳо алоқаманд мебошанд, омӯзанд.
11. Оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои қаллобӣ дар рафти пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод намоянд.
12. Ташкилотҳои қарзӣ ба стандартҳои бехатарии татбиқшаванда ва таҷрибаи озмудашуда таваҷҷуҳ намуда, аз технологияҳои иттилоотии муосир ва навовариҳои соҳаи амнияти иттилоотӣ бояд хабардор бошанд.
13. Барои таъмини мушаххаскунии муштариёни худ, ки хизматрасонии фосилавии бонкиро истифода мебаранд, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти хавфҳои имконпазир бояд чораҳои заруриро татбиқ намоянд. Татбиқи усулҳои дахлдори мушаххаскунӣ дар раванди баҳодиҳии хавфҳо бояд муқаррар гарданд. Усулҳои истифодашаванда бояд ҷанбаҳои зеринро ба инобат гиранд: намуди низомҳои хизматрасонии фосилавии бонкӣ (иттилоотӣ ё амалиётӣ), навъи он (АТМ-бонкинг, низомҳои "муштарӣ-бонк", интернет-бонкинг, бонкинги мобилӣ ва ғайра), вазъи муштарӣ (шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ), намуди амалиётҳои тавассути низом иҷозатдодашуда, ҳаҷм ва миқдори амалиётҳо.
14. Ташкилотҳои қарзӣ бояд аз технологияҳои нави мушаххаскунии муштарӣ огоҳ буда, онҳоро баҳо диҳанд ва татбиқ намоянд, инчунин вобаста аз намуди амалиёт ва сатҳи дастрасӣ бо назардошти хавфҳои мавҷудбуда дохил намудани тағйиротҳои дахлдорро ба низоми мушаххаскунии муштарӣ ба роҳ монанд. Агар баҳодиҳии хавфҳо сатҳи пасти бехатариро ҳангоми истифодаи тадбирҳои мушаххаскуние, ки аз омилҳои содда асос ёфтаанд (масалан, гузарвожа/рамз) муайян намояд, он гоҳ ташкилотҳои қарзӣ бояд тадбирҳои бисёромилаи мушаххаскуниро (масалан, гузарвожа/рамз/рамзи яккарата, рақами корт ва рақами мушаххаскунандаи шахсӣ) истифода намоянд.
15. Бо мақсади кам кардани хавфҳои имконпазир ташкилотҳои қарзӣ метавонанд низоми бехатарии бисёрсатҳаро (масалан, хизматрасонӣ аз компютери муайянгардида, фосилаи муайяни вақт барои хизматрасонӣ ва ғайра) истифода намоянд.
16. Ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ ва савдои электронӣ бояд кушодани суратҳисобҳои нави бонкиро мутобиқи қоидаҳои маъмули "муштарии худро бидон", ки ҳузури бевоситаи муштариро ҳангоми кушодани суратҳисоб талаб менамояд, амалӣ намояд.
Боби 4. Низоми мониторинг ва баҳодиҳии амалиётҳо
17. Ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкӣ бояд дорои низоми мониторинг бошанд, ки он вазифаи аудитро иҷро карда, барои ошкор намудани амалҳои беиҷозат дар низомҳои иттилоотӣ қодир бошад.