ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2015"
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2014 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2014, №11, мод.642) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7. Дар соли 2015 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.";
- қисмҳои 7 ва 8 мутобиқан қисмҳои 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
15 апрели соли 2015 № 1203
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2015 № 38
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2015 ГОД"
Статья 1. Внести в статью 15 Закона Республики Таджикистан от 24 ноября 2014 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015 год" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №11, ст. 642) следующие изменение и дополнение:
- дополнить частью 7 следующего содержания:
"7. В 2015 году выполнение работ и оказание услуг заказчиком и генеральным подрядчиком по строительству Национального театра Таджикистана в городе Душанбе освобождаются от налога на добавленную стоимость, налога с пользователей автомобильных дорог и налога на прибыль.";
- части 7 и 8 соответственно считать частями 8 и 9.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2015 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 15 апреля 2015 года, № 1203
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015 год"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2015 год",
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 8 апреля 2015 года, №38