Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ аз 2 апрели соли 2015 № 192

Санаи амалкуни: 02.05.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" апрели 2015, № 192

тасдиқ шудааст

Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.11.2016 № 477, аз 2.05.2019 № 234)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ (минбаъд-Тартиб) бо мақсади ба низом даровардани расмиёти маъмурӣ таҳия гардидааст.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда шудаанд:

- идора намудани хатарҳо - фаъолият оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва арзёбии дараҷаи хатар бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ;

- розигӣ бе зикр кардан - расмиёте, ки дар натиҷаи он ҳуҷҷати иҷозатдиҳии додашуда аз нав ба расмият даровардашуда ва барқароршуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳӣ вобаста ба ариза дар мӯҳлат ва бо шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо огоҳониданн аризадиҳанда қарор қабул накарда бошад;

- супоришҳои меъморию банақшагирӣ - ҳуҷҷат дар таркиби супориши лоиҳасозӣ, ки аз маҷмӯи талабот ба ҳалли меъморию банақшагирии объекти сохтмон, ба таъинот, нишондиҳандаҳои асосӣ ва ҷойгиршавии объект дар қитъаи замини додашуда, инчунин шартҳои ҳатмии экологӣ, техникӣ, ташкилӣ ва шартҳои дигари тибқи қонунгузорӣ барои лоиҳасозӣ ва сохтмон пешбинишуда иборат аст;

- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ - ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои амалӣ намудани фаъолият ё амалҳои муайян дар давоми мӯҳлати муқарраргардида бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ тасдиқ менамояд.

3. Тартиби мазкур бо дарназардошти истифодаи принсипҳои "идора намудани хатарҳо", "равзанаи ягона" ва "розигӣ бе зикр кардан" амалӣ мегардад.

4. Принсипҳои "идора намудани хатарҳо", "равзанаи ягона" ва "розигӣ бе зикр кардан" масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозиро бо дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ, бо мақсади гирифтани шартҳо, мувофиқаҳо ва хулосаҳо, ба ғайр аз ҷудо кардани қитъаи замин ва гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ заруранд, пешбинӣ менамоянд.

5. Тартиби мазкур татбиқ намешавад:

а) ба иншооти мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин ба ёдгориҳои табиат, ки тартиби истифодаи онҳоро қонунгузорӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ муайян менамояд;

б) ба ҳудудҳое, ки дар онҳо танзими махсуси давлатии фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ амал мекунад;

в) ба расмиёти ба таъхир андохтан ва муваққатан мавқуф гузоштани иншооти сохтмонаш нотамом;

г) ба иншооте, ки ҷараёни сохтмонашон мутобиқи шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ танзим мешавад.

2. МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ АНҶОМ ДОДАНИ РАСМИЁТИ ИҶРОИ КОРҲОИ ЛОИҲАКАШӢ ВА СОХТМОНӢ

6. Расмиёти вобаста ба амалӣ намудани иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

а) интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин;

б) супоришҳои меъморию банақшагирӣ;

в) таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

г) мувофиқаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

д) экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

е) иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ;

ж) қабули объекти сохташуда барои истифода.

7. Иҷозат барои амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ мутобиқи расмиёти соддакардашуда дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда дар ҳаҷми маҳдуд дода мешавад.

8. Барои иҷрои корҳои сохтмоние, ки дар Тартиби мазкур пешбинӣ нашудаанд, гирифтани иҷозат талаб карда намешавад.

3. ДОДАНИ СУПОРИШҲОИ МЕЪМОРИЮ БАНАҚШАГИРӢ

9. Ҷиҳати гирифтани супориши меъморию банақшагирӣ барои лоиҳакашии иншоот, аризадиҳанда тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза пешниҳод мекунад.

10. Ба ариза замима мегардад:

а) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин);

б) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва шиносномаи техникӣ барои азнавтарҳрезии иншоот;

в) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаи аризадиҳанда, агар аз номи аризадиҳанда намояндаи вай муроҷиат намояд;

г) иқтидори истеъмолшавандаи системаи муҳандисии иншооти лоиҳааш таҳияшаванда барои гирифтани шартҳои техникӣ.

11. Талаб кардани пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

12. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинишударо қабул намуда ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳоро тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд.

13. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинишуда, нусхаи ариза ва ҳуҷҷатҳои замимашударо барои гирифтани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ба соҳаҳои зерин ирсол намоянд: а) таъминот бо нерӯи барқ;

б) обу корез;

в) таъминот бо шабакаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва алоқаи барқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.11.2016 № 477);

г) гармидиҳӣ (дар ҳолати мавҷуд будан);

д) таъминот бо газ (дар ҳолати мавҷуд будан);

е) алоқа (барои насби қуттиҳои почтаи абонентӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 234).

14. Хадамоти муҳандисию техникии дар банди 13 Тартиби мазкур зикршуда, ӯҳдадораид дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз гирифтани ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда, ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ шартҳои техникиро оид ба имконияти пайвастшавии иншооти лоиҳааш таҳияшаванда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ, бо нишон додани ҷойҳои пайвастшавӣ пешниҳод намоянд.

15. Дар ин сурат супоришҳои меъморию банақшагирӣ барои тарҳрезии иншоот, тибқи талаботи умумии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои пешниҳоди шартҳои техникӣ ҷиҳати додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ, хадамоти муҳандисию техникии дар банди 13 Тартиби мазкур нишондодашуда ҷавобгар мебошанд.

16. Мақоми маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадор аст, дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи ба охир расидани мӯҳлати дар банди 14 Тартиби мазкур пешбинишуда, ба аризадиҳанда супоришҳои меъморӣ ва ё қарори асоснокро дар бораи рад кардани аризаи ӯ бо ҳатман огоҳонидани аризадиҳанда тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ диҳад.

17. Супориши меъморӣ барои банақшагирии иншоот дар ду нусха тартиб дода шуда, як нусхаи он ба аризадиҳанда дода мешавад, нусхаи дуюм бошад дар мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ нигоҳ дошта мешавад.

18. Супоришҳои меъморию банақшагирӣ дар бар мегиранд:

а) талаботи асосии шаҳрсозӣ ва меъморию банақшагирӣ ба иншооти тарҳрезшдаванда, аз ҷумла маълумот оид ба регламентҳои шаҳрсозӣ истифодабарӣ ва эъмори қитъаи замин, ҳуҷҷатҳои муқарраршудаи шаҳрсозӣ, аз ҷумла нақшаҳои минтақабандӣ ва эъмори ҳудудҳо;

б) талабот оид ба ободонӣ, ташкил намудани таваққуфгоҳҳо ва даромадгоҳҳо (вобаста ба таъиноти вазифавии иншоот);

в) шартҳои техникии пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ.

19. Ба супоришҳои меъморию банақшагири дохил намудани дигар талабот, ки дар банди 18 Тартиби мазкур пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

20. Мавҷуд набудани имконият барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ наметавонад асоси рад намудан барои додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ шавад.

21. Баррасии ариза, ҷиҳати додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ ва шартҳои техникӣ пулакӣ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" амалӣ карда мешавад.

4. ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲОИ ЛОИҲАВӢ БАРОИ СОХТМОН

22. Таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 63 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

23. Таҳиягарони лоиҳаҳои сохтмонӣ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо мебошанд ва барои қабули қарорҳои лоиҳавӣ тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ таҳиягардида ҷавобгар мебошанд.

5. МУВОФИҚАКУНИИ ҲУҶҶАТҲОИ ЛОИҲАВӢ

24. Мувофиқакунии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ бо дарназардошти талаботи қонун ҷиҳати мутобиқати онҳо бо шарту талаботи зерин амалӣ мегардад:

а) ба шарту талаботи супоришҳои меъморию банақшагирӣ;

б) ба меъёру қоидаҳо ва талаботи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ;

в) ба нақшаҳои минтақабандӣ ва эъмори ҳудудҳо;

г) ба талаботи зиддисӯхторӣ, санитарию беҳдоштӣ ва экологӣ.

25. Аризадиҳанда ба мақоми маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ аризаро тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод менамояд.

26. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза ва ҳуҷҷати лоиҳавиро қабул намуда, ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ин ҳуҷҷатҳоро медиҳад.

27. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи ворид шудани ариза мутобиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро ба талаботи муқарраршуда санҷида бароянд ва дар бораи мувофиқ ё номувофиқ будани онҳо қарори (фармоиши) хаттӣ қабул намуда, аризадиҳандаро аз қарори қабулкарда ба таври хаттӣ хабар диҳанд.

28. Мувофиқаи қисмҳои алоҳидаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ бо мақомоти ваколатдор ва хадамоти муҳандисию техникӣ барои мутобиқати он бо шартҳо ва талаботи техникие, ки дар марҳилаи аввал ҳангоми додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ педшиҳод шуда буданд, талаб карда намешавад.

29. Барои риоя намудани талаботи зиддисӯхторӣ, санитарию беҳдоштӣ, экологӣ ва дигар талаботи шаҳрсозӣ вобаста ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сармеъмор ва сармуҳандиси лоиҳа ҷавобгар мебошанд.

30. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии мувофиқашуда бо имзо ва гузоштани мӯҳри мақоми маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ тасдиқ карда мешаванд.

31. Асос барои рад кардани мувофиқати ҳуҷҷати лоиҳавӣ номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба меъёру талаботи шаҳрсозии супоришҳои меъморию банақшагирӣ ва номувофиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба нақшаи қитъаи замин шуда метавонад.

32. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз санаи мувофиқаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшударо якҷоя бо ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда барои гузаронидани экспертизаи дахлдори давлатӣ ба аризадиҳанда бармегардонад.

6. ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ҲУҶҶАТҲОИ ЛОИҲАВИИ ШАҲРСОЗӢ

33. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (минбаъдэкспертизаи давлатӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми экспертизаи давлатӣ анҷом дода мешавад.

34. Экспертизаи давлатӣ бо мақсади мутобиқати лоиҳаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ба талаботи регламентҳои техникӣ, аз ҷумла ба талаботи санитарию эпидемиологӣ, экологӣ, ҳифзи давлатии бино ва иншооти таърихию фарҳангӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, бехатарии саноатӣ, ядроӣ, радиатсионӣ ва натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ гузаронида мешавад.

35. Арзёбии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи давлатӣ бояд ба ҳуҷҷатҳои зерин мутобиқат намояд:

а) ба қарорҳои лоиҳавии супоришҳои меъморию банақшагирӣ, супориш барои таҳияи лоиҳаҳо (байни фармоишгар ва таҳиякунанда) ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

б) ба асоснокии қарорҳои қабулшудаи ҳаҷмию банақшагирӣ ва конструктивӣ, қобили қабули мавод ва таҷҳизоти муҳандисии истифодашаванда, боэътимодӣ ва мустаҳкамии конструксияҳои асосии сохтмони биноҳо ва иншоот;

в) ба натиҷаҳои ҷустуҷӯиҳои муҳандисию геологӣ.

36. Экспертизаи давлатӣ метавонад ҳатмӣ ё ихтиёрӣ бошад.

37. Экспертизаи ҳатмӣ нисбат ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва ҷустуҷӯиҳои муҳандисии зерин гузаронида мешавад:

а) иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ё ғайрибуҷетӣ бунёд мегарданд, вале мувофиқи қонунгузорӣ ҳиссаи моликияти давлатиро дар ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ пешбинӣ мекунанд;

б) иншооте, ки новобаста ба манбаъҳои маблағгузорӣ сохтмонашон дар қисми ба талаботи меъёрҳои давлатӣ оид ба бехатарии санитарӣ, экологӣ, оташангезӣ ва таркиш, ҳифзи меҳнат, боэътимодии конструксияҳо, пойдории фаъолият дар ҳолати хатарнокии имконпазир мувофиқ будан ва иншооти аз ҷиҳати техникӣ мураккаб, ки ба фароҳам овардани шароити муносиб барои маъюбон ба иншооти иҷтимоӣ, инфрасохторҳои нақлиётию рекреатсионӣ мутобиқат кунанд.

38. Дар иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби маблағҳои хусусии фармоишгар, маблағҳои ҷалбгардида ё маблағгузориҳои сармояи хориҷӣ бунёд мегардад, ба ғайр аз иншооте, ки хатари потенсиалӣ доранд ва аз ҷиҳати техникӣ мураккабанд, оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ фармоишгар қарор қабул мекунад.

39. Бо қарори фармоишгар (соҳибмулк) лоиҳаҳое, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ тасдиқ намудааст, метавонад экспертизаи давлатӣ гузаронида нашавад.

40. Мӯҳлати анҷом додани ҳар як экспертиза вобаста ба ҳаҷм ва мураккабии иншоот ба таври зерин муайян шуда, набояд аз бист рӯзи корӣ зиёд бошад:

а) иншооти калонҳаҷм (зиёда аз 1000 метри мураббаъ) то бист рӯзи корӣ;

б) иншооти миёнаҳаҷм (аз 300 то 1000 метри мураббаъ) то даҳ рӯзи корӣ;

в) иншооти ҳаҷман хурд (то 300 метри мураббаъ) то панҷ рӯзи корӣ.

41. Дар ҳолатҳои алоҳида, ҳангоми баррасӣ намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти калонҳаҷм, мӯҳлати дар зербанди а) банди 40 муқарраршуда метавонад бо огоҳии хаттии аризадиҳанда то даҳ рӯзи корӣ тамдид карда шавад.

42. Аз натиҷаи анҷом додани экспертизаи давлатӣ дар доираи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи банди 40 Тартиби мазкур оид ба мутобиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба талаботи меъёрӣ, тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ хулоса таҳия ва ба фармоишгар пешниҳод карда мешавад.

43. Дар ҳолати мавҷуд будани эродҳо ва тавсияҳои экспертиза оид ба таҳрири ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ бо нишон додани норасоиҳои мушаххас ё дар бораи рад намудани тасдиқи қарорҳои лоиҳавию техникии иншооти экспертизашаванда бо нишон додани сабаби радкунӣ дар доираи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи банди 40 Тартиби мазкур хулоса таҳия ва ба фармоишгар пешниҳод карда мешавад.

44. Дар ҷараёни гузаронидани экспертиза мақомоти давлатии экспертиза ҳуқуқ дорад барои бо тартиби корӣ ислоҳ намудани эродҳо ва хатогиҳои ошкоргардида таҳиякунандаи лоиҳаро ҷалб намояд.

45. Дар ҳолати таҳия намудани хулосае, ки зарурати таҳрири ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро талаб менамояд, аризадиҳанда вазифадор аст ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро бо дарназардошти эродҳо ва пешниҳодҳои дар хулоса дарҷгардида барои гузаронидани экспертизаи такрорӣ пешниҳод намояд.

46. Экспертизаи такрории ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки бо мақсади ислоҳ намудани камбудиҳои ошкоргардида таҳрир шудаанд, дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани маводи дар банди 35 Тартиби мазкур пешбинишуда гузаронида мешавад.

47. Хулосаи мусбии экспертиза аз ҷониби роҳбари мақоми экспертизаи давлатӣ имзо шуда, бо мӯҳри ин мақом тасдиқ карда мешавад ва на дертар аз рӯзи дигари ба охир расидани мӯҳлати дахлдори дар банди 40 Тартиби мазкур нишондодашуда ба фармоишгар дода мешавад.

48. Хулосаи экспертизае, ки аз ҷониби эксперти мустақил гузаронида шудааст, бо имзо ва мӯҳри ҳамин эксперт тасдиқ карда шуда, ба аризадиҳанда дода мешавад.

Эзоҳ: Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз мувофиқа ва (ё) экспертиза гузаштаанд, аризадиҳанда вазифадор аст ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро такроран барои аз мувофиқа ва (ё) экспертиза гузаштан тибқи Тартиби мазкур пешниҳод намояд. Ҳамзамон мавзӯи мувофиқа ва (ё) экспертиза танҳо қисмҳои тағйирдодашудаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ мебошанд.

49. Экспертизаи давлатӣ пулакӣ буда, дар асоси Низомномаи нархномаҳои корӣ оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмонӣ ва пардохти музди меҳнати экспертҳо дар мақоми экспертизаи давлатӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад.

7. ҚАБУЛИ ОБЪЕКТҲО БАРОИ ИСТИФОДА

50. Объектҳо баъди ба охир расидани сохтмонашон, ба истиснои объектҳое, ки дар банди 5 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 72 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи тасдиқшуда ва хулосаи мусбии комиссияи корӣ аз ҷониби Комиссияи давлатии қабул барои истифода қабул карда мешаванд.

51. Ҷиҳати омода намудани объект барои қабул ва истифода аз ҷониби фармоишгар (иморатсоз) комиссияи корӣ таъсис дода мешавад, ки он дар мӯҳлати аз панҷ то даҳ рӯзи корӣ, вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмони объекти барои истифода қабулшаванда, омодагии умумии объектро барои истифода месанҷад ва барои пешниҳод намудан ба Комиссияи давлатии қабул хулоса пешниҳод менамояд.

52. Барои қабул намудани объект барои истифода аризадиҳанда пас аз санҷиши умумии омодагии объект барои истифода ва таҳия шудани хулосаи Комиссияи корӣ ба Комиссияи давлатии қабул аризаро бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод менамояд.

53. Барои саҳеҳии иттилоот дар ҳуҷҷатҳои барои қабули объекти ба истифода пешниҳодшуда, аризадиҳанда масъул мебошад ва дар ин хусус дар ариза қайди дахлдор дарҷ карда мешавад.

54. Талаб намудани дигар ҳуҷҷатҳо ҳангоми қабули объект барои истифода, ки қонунгузорӣ пешбинӣ накардааст, манъ аст.

55. Комиссияи давлатии қабул ариза ва ҳуҷҷатҳои замимашударо қабул менамояд ва ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули аризаро медиҳад.

56. Комиссияи давлатии қабул дар мӯҳлати аз панҷ то даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо, вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмон, санҷиши умумии омодагии объект, озмоиши назоратии таҷҳизоти техникӣ ва системаи муҳандисиро мегузаронад ва тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба қабул ё рад намудани қабули объект барои истифода санад тартиб медиҳад.

57. Санади комиссияи давлатӣ оид ба қабул ё рад намудани қабули объект барои истифода аз ҷониби аризадиҳанда, муаллифи лоиҳа, пудратчӣ, раис ва аъзои Комиссияи давлатии қабул имзо карда мешавад.

58. Санади қабул ё рад намудани қабули объект барои истифода, бояд аз рӯзи имзо шуданаш дар мӯҳлатҳои зерин тасдиқ карда шавад:

а) барои объектҳои таъиноти истеҳсолӣ дар мӯҳлати на зиёда аз панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи ба имзо расонидани санад;

б) барои объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ дар мӯҳлати на зиёда аз се рӯзи корӣ аз рӯзи ба имзо расонидани санад.

59. Агар дар мӯҳлати пешбининамудаи банди 58 Тартиби мазкур санад оид ба қабул ё рад намудани қабули объект барои истифода тасдиқ карда нашавад, объект барои истифода қабулгардида ҳисоб меёбад.

60. Санади қабул ё рад намудани қабули объект барои истифода ва маълумотнома ба онро Комиссияи давлатии қабул таҳия карда, дар мӯҳлати як рӯз аз лаҳзаи имзо шудани санад барои тасдиқ ба мақоме, ки Комиссияи давлатии қабулро таъин намудааст, пешниҳод менамояд.

61. Санади тасдиқгардидаи қабули объект барои истифода ҷиҳати истифодаи объект ва бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти тайёри сохтмонӣ асос мебошад.

8. НОМГӯИ САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ВА НАМУНАИ ҲУҶҶАТҲО, КИ БОЯД ТАҲИЯ ВА ТАСДИҚ КАРДА ШАВАНД

62. Номгӯи санадҳои меъёрӣ ва намунаи ҳуҷҷатҳо дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ, ки вобаста ба салоҳият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд, инҳо мебошанд:

- нархнома барои хизматрасонӣ оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;

- ариза барои таҳияи супоришҳои меъморию банақшагирӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид, инчунин тағйир додани таъиноти асосии бино ва иншоот;

- тасдиқнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он барои гирифтани супориши меъморию банақшагирӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосии) бино ва иншоот;

- супориши меъморию банақшагирӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосии) бино ва иншоот;

- огоҳинома оид ба рад кардани ариза дар хусуси додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ ва шартҳои муҳандисию техникӣ;

- ариза барои мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани, иҷозат барои иҷро намудани корҳои сохтмонӣ;

- тасдиқнома оид ба қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он барои мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани иҷозат барои иҷро намудани корҳои сохтмонӣ;

- хулоса оид ба мувофиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ;

- иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ; - - ариза дар бораи қабули объект барои истифода;

- тасдиқнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он дар бораи қабули объект барои истифода;

- санади қабули объект барои истифода.

9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

63. Вобаста ба амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ, инчунин дигар шахсон, ки ба ҷараёни анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ масъул мебошанд, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти болоии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва ё суд шикоят кардан мумкин аст.

64. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур ҳангоми анҷом додани расмиёти маъмурӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" апрели 2015, № 192

тасдиқ шудааст

Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ (минбаъд-Тартиб) бо мақсади ба низом даровардани расмиёти маъмурӣ таҳия гардидааст.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда шудаанд:

- идора намудани хатарҳо - фаъолият оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва арзёбии дараҷаи хатар бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ;

- розигӣ бе зикр кардан - расмиёте, ки дар натиҷаи он ҳуҷҷати иҷозатдиҳии додашуда аз нав ба расмият даровардашуда ва барқароршуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳӣ вобаста ба ариза дар мӯҳлат ва бо шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо огоҳониданн аризадиҳанда қарор қабул накарда бошад;

- супоришҳои меъморию банақшагирӣ - ҳуҷҷат дар таркиби супориши лоиҳасозӣ, ки аз маҷмӯи талабот ба ҳалли меъморию банақшагирии объекти сохтмон, ба таъинот, нишондиҳандаҳои асосӣ ва ҷойгиршавии объект дар қитъаи замини додашуда, инчунин шартҳои ҳатмии экологӣ, техникӣ, ташкилӣ ва шартҳои дигари тибқи қонунгузорӣ барои лоиҳасозӣ ва сохтмон пешбинишуда иборат аст;

- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ - ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои амалӣ намудани фаъолият ё амалҳои муайян дар давоми мӯҳлати муқарраргардида бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ тасдиқ менамояд.

3. Тартиби мазкур бо дарназардошти истифодаи принсипҳои "идора намудани хатарҳо", "равзанаи ягона" ва "розигӣ бе зикр кардан" амалӣ мегардад.

4. Принсипҳои "идора намудани хатарҳо", "равзанаи ягона" ва "розигӣ бе зикр кардан" масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозиро бо дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ, бо мақсади гирифтани шартҳо, мувофиқаҳо ва хулосаҳо, ба ғайр аз ҷудо кардани қитъаи замин ва гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ заруранд, пешбинӣ менамоянд.

5. Тартиби мазкур татбиқ намешавад:

а) ба иншооти мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин ба ёдгориҳои табиат, ки тартиби истифодаи онҳоро қонунгузорӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ муайян менамояд;

б) ба ҳудудҳое, ки дар онҳо танзими махсуси давлатии фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ амал мекунад;

в) ба расмиёти ба таъхир андохтан ва муваққатан мавқуф гузоштани иншооти сохтмонаш нотамом;

г) ба иншооте, ки ҷараёни сохтмонашон мутобиқи шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ танзим мешавад.

2. МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ АНҶОМ ДОДАНИ РАСМИЁТИ ИҶРОИ КОРҲОИ ЛОИҲАКАШӢ ВА СОХТМОНӢ

6. Расмиёти вобаста ба амалӣ намудани иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

а) интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин;

б) супоришҳои меъморию банақшагирӣ;

в) таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

г) мувофиқаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

д) экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

е) иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ;

ж) қабули объекти сохташуда барои истифода.

7. Иҷозат барои амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ мутобиқи расмиёти соддакардашуда дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда дар ҳаҷми маҳдуд дода мешавад.

8. Барои иҷрои корҳои сохтмоние, ки дар Тартиби мазкур пешбинӣ нашудаанд, гирифтани иҷозат талаб карда намешавад.

3. ДОДАНИ СУПОРИШҲОИ МЕЪМОРИЮ БАНАҚШАГИРӢ

9. Ҷиҳати гирифтани супориши меъморию банақшагирӣ барои лоиҳакашии иншоот, аризадиҳанда тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза пешниҳод мекунад.

10. Ба ариза замима мегардад:

а) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин);

б) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва шиносномаи техникӣ барои азнавтарҳрезии иншоот;

в) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаи аризадиҳанда, агар аз номи аризадиҳанда намояндаи вай муроҷиат намояд;

г) иқтидори истеъмолшавандаи системаи муҳандисии иншооти лоиҳааш таҳияшаванда барои гирифтани шартҳои техникӣ.

11. Талаб кардани пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

12. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинишударо қабул намуда ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳоро тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд.

13. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинишуда, нусхаи ариза ва ҳуҷҷатҳои замимашударо барои гирифтани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ба соҳаҳои зерин ирсол намоянд:

а) таъминот бо нерӯи барқ;

б) обу корез;

в) гармидиҳӣ (дар ҳолати мавҷуд будан);

г) таъминот бо газ (дар ҳолати мавҷуд будан).