Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2015, № 189
тасдиқ шудааст
Регламенти техникии бехатарии таҷҳизоти пастшиддат
1. Муқаррароти умумӣ
1. Регламенти техникии бехатарии таҷҳизоти пастшиддат (минбаъд - Регламенти техникӣ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" таҳия шуда, талаботи ҳатмиро барои истифода ва иҷроиш нисбат ба таҷҳизоти пастшиддати барқӣ муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникии мазкур бо мақсади дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани талаботи ягонаи ҳатмӣ ба таҷҳизоти пастшиддат барои истифода ва иҷро, таъмини ҷойивазкунии озоди таҷҳизоти пастшиддат, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, таҳия шудааст.
3. Регламенти техникии мазкур талаботро ба таҷҳизоти пастшиддат, бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, амвол, инчунин пешгирии амалҳое, ки истеъмолкунандагонро (истифодабарандагонро) нисбати таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ меандозанд, муқаррар менамояд.
2. Мафҳумҳои асосӣ
4. Дар Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- истеҳсолкунанда - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ, ки аз номи худ истеҳсол ва (ё) фурӯши таҷҳизоти пастшиддатро ба роҳ мемонад ва барои мутобиқати он ба талаботи бехатарии регламенти техникӣ масъул аст;
- воридкунанда - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли таҷҳизоти пастшиддат шартнома ба имзо расонидааст, ба муомилот баровардани ин таҷҳизотро ба роҳ мемонад ва барои мутобиқати он ба талаботи бехатарии регламенти техникӣ масъулият дорад;
- шиддати номиналии таҷҳизоти пастшиддат - шиддати дароянда ва (ё) барояндаи (диапазони шиддати) таҷҳизоти пастшиддат, ки аз тарафи истеҳсолкунанда дар ин таҷҳизот ва ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ нишон дода шудааст;
- муомилоти таҷҳизоти пастшиддат дар бозор - равандҳои гузариши таҷҳизоти пастшиддат аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунанда (истифодабаранда) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз ба охир расидани истеҳсоли он сурат мегирад;
- истифода аз рӯи таъинот - истифодаи таҷҳизоти пастшиддат мутобиқи таъиноте, ки истеҳсолкунанда дар ин таҷҳизот ва (ё) дар ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ зикр намудааст;
- шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдоршуда - шахси ҳуқуқӣ ва воқеии бо тартиби муқарраргардида тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда, ки аз тарафи истеҳсолкунанда дар асоси шартнома бо вай барои ба роҳ мондани амалиёт аз номи вай ҳангоми тасдиқи мутобиқат ва паҳн намудани маҳсулот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати ба зимма гирифтани ҷавобгарӣ барои мутобиқат накардани маҳсулот ба талаботи регламенти техникӣ муайян гардидааст;
- таҷҳизоти пастшиддат - таҷҳизоте, ки барои коркард, табдил додан, интиқол, тақсим ва истифодаи нерӯи барқ, аз ҷумла чӣ гунае, ки барои истифодаи бевосита бошад, ҳамон гуна дар мошинаҳо, механизмҳо, дастгоҳҳо, асбобҳо ва дигар молҳо насбгардида пешбинӣ шудааст.
3. Доираи истифодаи Регламенти техникӣ
5. Регламенти техникии мазкур барои таҷҳизоти пастшиддати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашуда татбиқ карда мешавад.
6. Ба таҷҳизоти пастшиддат, ки амали Регламенти техникии мазкур татбиқ мегардад, таҷҳизоти барқие мансуб дониста мешавад, ки барои истифода дар шиддати номиналии аз 50 то 1000 В (ҳамчунин) ҷараёни тағйирёбанда ва аз 75 то 1500 В (ҳамчунин) ҷараёни доимӣ муқаррар гардидааст.
7. Регламенти техникии мазкур ба инҳо татбиқ намегардад:
- таҷҳизоти пастшиддате, ки барои кор дар муҳити тарканда пешбинӣ гардидааст;
- молҳои таъиноти тиббӣ;
- таҷҳизоти пастшиддати лифтҳо ва дастгоҳҳои борбардор (ба истиснои мошинаҳои барқӣ);
- таҷҳизоти пастшиддати таъиноти мудофиавӣ;
- дастгоҳҳои идоракунӣ барои панҷараҳои (девораҳои) чарогоҳӣ;
- таҷҳизоти пастшиддати барои истифода дар нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, рӯизаминӣ ва зеризаминӣ пешбинигардида;
- таҷҳизоти пастшиддате, ки барои системаи бехатарии дастгоҳҳои реактории нерӯгоҳҳои атомӣ пешбинӣ шудааст.
4. Қоидаҳои муомилот дар бозор
8. Таҷҳизоти пастшиддат дар ҳолати мутобиқати он ба Регламенти техникии мазкур, агар мутобиқи боби 8 Регламенти техникии мазкур тасдиқи мутобиқатро гузашта бошад ва ҳуҷҷатҳоеро ҳамроҳ дошта бошад, ки бехатарии онро тасдиқ намоянд, барои муомилот ба бозор бароварда мешавад.
5. Талаботи бехатарӣ
9. Таҷҳизоти пастшиддат бояд тавре таҳия ва истеҳсол карда шавад, ки ҳангоми истифодаи он аз рӯи таъинот ва иҷрои талабот ба васлкунӣ, корфармоӣ (истифодабарӣ), нигаҳдорӣ, интиқол (ҳамлу нақл) ва хизматрасонии техникӣ ин таҷҳизот омилҳои зеринро таъмин намояд:
- сатҳи зарурии ҳимоя аз таъсири мустақим ва ғайримустақими ҷараёни барқ;
- набудани хавфи норавои зуҳуроти баландшавиҳои ҳарорат, безарядшавии камонаки барқӣ ё афканишот, ки метавонанд сабабҳои пайдоиши хатар гарданд;
- сатҳи зарурии ҳимоя аз зарбҳои даврзананда ва қисмҳои беҳаракати таҷҳизоти пастшиддат;
- сатҳи зарурии ҳимоя аз хатарҳои ғайрибарқӣ, ки ҳангоми истифодаи таҷҳизоти пастшиддат, аз ҷумла дар асари омилҳои физикӣ, кимиёӣ ва биологӣ ба вуҷуд меоянд;
- сатҳи зарурии ҳимояи изолятсионӣ;
- сатҳи зарурии фарсуданашавандагии механикӣ ва коммутатсионӣ;
- сатҳи зарурии устуворӣ ба омилҳои таъсиррасонии беруна, аз ҷумла дорои хусусияти ғайримеханикӣ, дар шароити зарурии иқлимии муҳити атроф;
- вуҷуд надоштани хатари нораво дар ҳолати сарборӣ, реҷаҳои садамавӣ ва аз кор мондан, ки бар асари омилҳои таъсиркунандаи берунӣ ва дохилӣ ба вуҷуд меоянд;
- вуҷуд надоштани иловаҳои зарарноки кимиёиву физикӣ дар масолеҳи ҷузъҳои таҷҳизот;
- вуҷуд надоштани хосияти пайдоиши зиёновари барқи статикӣ дар таҷҳизот;
- вуҷуд надоштани хатари нораво ҳангоми ба кор андохтан ва (ё) васлнамоӣ.
10. Таҷҳизоти пастшиддат бояд бо ҷузъи муносиб пайвасткунак ба васлаки барқии кишвари мо мусоидат намояд ва ё бо ҷузъи ёрирасони муштарак таъмин карда шавад.
11. Таҷҳизоти пастшиддат бояд тавре таҳия ва истеҳсол карда шавад, ки он дар шароити мӯътадил ва садамавии кор манбаи пайдоиши сӯхтор нагардад.
12. Ба истеъмолкунанда (истифодабаранда) бояд сатҳи зарурии иттилоот барои истифодаи бехатари таҷҳизоти пастшиддат тибқи таъинот пешниҳод карда шавад.
6. Талабот ба тамғагузорӣ ва ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ
13. Номгӯй ва (ё) ишораи таҷҳизоти пастшиддат (навъ, тамға, модел), параметр ва тавсифҳои асосии он, ки ба бехатарӣ таъсир мерасонанд, номгӯй ва (ё) нишони молии истеҳсолкунанда, номи мамлакате, ки таҷҳизоти пастшиддат дар он истеҳсол шудааст, бояд дар таҷҳизоти пастшиддат дарҷ гардида, инчунин дар ҳуҷҷатҳои замимагардидаи истифодабарӣ нишон дода шаванд.
14. Бузургиҳои асосии таҷҳизоти пастшиддат: шиддати номиналӣ, тавоноии номиналӣ ва суръати номиналии он ҳатман дар худи таҷҳизот дарҷ карда шавад.
15. Ҳамзамон, номи истеҳсолкунанда ва (ё) нишони молии он, номгӯй ва ишораи таҷҳизоти пастшиддат (намуд, тамға, модел), бояд инчунин дар борҷома нишон дода шаванд.
16. Агар маълумоти дар банди 13 Регламенти техникии мазкур овардашударо дар таҷҳизоти пастшиддат сабт кардан ғайриимкон бошад, дар ин маврид он метавонад танҳо дар ҳуҷҷатҳои истифодабарии ба таҷҳизоти мазкур замимагардида нишон дода шавад. Зимнан номи истеҳсолкунанда ва (ё) нишони молии он, номгӯй ва ишораи таҷҳизоти пастшиддат (намуд, тамға, модел (дар ҳолати мавҷудият) бояд дар борҷома сабт карда шаванд.
17. Ҳар як адади таҷҳизоти пастшиддат, ки дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, бояд тамғагузории фаҳмо, осонхон, дар ҷойи барои азназаргузаронӣ дастрас бе кушодан бо истифода аз асбоб сабт шуда, дар давоми мӯҳлати хизмати таҷҳизоти пастшиддат маҳфузмонанда дошта бошад.
18. Ҳуҷҷатҳои истифодабарии таҷҳизоти пастшиддат бояд дорои маълумоти зерин бошанд:
- маълумоте, ки дар банди 13 Регламенти мазкур номбар шудааст;
- маълумот дар бораи таъиноти таҷҳизоти пастшиддат;
- тавоифҳо ва параметрҳо;
- қоида ва шартҳои корфармоии (истифодаи) бехатар;
- қоида ва шартҳои васлкунӣ, нигаҳдорӣ, интиқол (ҳамлу нақл), фурӯш ва ба партов табдилдиҳӣ (дар ҳолати зарурӣ - муқаррар намудани талабот ба онҳо);
- маълумот дар бораи чораҳое, ки бояд дар ҳолати ошкор гардидани иллатнокии ин таҷҳизот дида шаванд;
- ном ва макони ҷойгиршавии истеҳсолкунанда (шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдоргардида), воридкунанда, маълумот барои тамос бо онҳо;
- моҳ ва соли истеҳсоли таҷҳизоти пастшиддат ва (ё) маълумот дар бораи ҷойи сабт ва роҳи муайян намудани соли истеҳсол.
19. Таҷҳизоти пастшиддати намунаи инноватсионт (дар ҳолати зарурӣ) бояд бо барномаҳои мутобиқгардонт бо дигар асбобҳо дар ҳомилҳои электронӣ таъмин карда шавад.
20. Ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ, бо забони давлатӣ ва (ё) руст таҳия мешаванд.
21. Ҳуҷҷатҳои истифодабарт дар ҳомилҳои варақт тайёр карда мешаванд. Ба онҳо метавонанд маҷмӯи ҳуҷҷатҳои истифодабарт дар ҳомилҳои электронӣ замима карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои истифодабарии ба маҷмӯи таҷҳизоти пастшиддати таъиноти ғайримаиши дохилшаванда метавонанд танҳо дар ҳомилони электронӣ тайёр карда шаванд.
7. Таъмини мутобиқат ба талаботи бехатарӣ
22. Мутобиқати таҷҳизоти пастшиддат ба талаботе, ки Регламенти техникии мазкур муқаррар намудааст, бо иҷрои бевосита талаботи он ё иҷрои талаботи стандартҳои байналмилалт, байнидавлатт ва давлатӣ, ки дар натиҷаи ба таври ихтиёрӣ истифода бурдани онҳо талаботи Регламенти техникии мазкур риоя мешавад, таъмин мегардад.
23. Қоида ва усулҳои тадқиқ (ташхис) ва ченкунӣ, аз ҷумла қоидаи гирифтани намунаҳо, ки барои истифода ва иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулот заруранд, дар стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
24. Номгӯи стандартҳои дорои қоидаҳо ва усулҳои санҷиш ва ченкунӣ, аз ҷумла қоидаҳои гирифтани намунаҳое, ки барои истифода ва иҷрои регламенти техникӣ барои таҷҳизоти пастшиддат ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулот заруранд, аз тарафи мақоми ваколатдори татбиқи танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешавад.
25. Иҷрои ихтиёрии талаботи стандартҳои мазкур, ки номгӯи онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, дар бораи мутобиқати таҷҳизоти пастшиддат ба талаботи Регламенти техникии мазкур шаҳодат медиҳад.
8. Баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати таҷҳизоти пастшиддат
26. Баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати таҷҳизоти пастшиддат ба талаботи Регламенти техникии мазкур дар шакли зерин амалӣ мегардад:
- сертификатсикунонии ҳатмӣ;
- назорати давлатии риояи талаботи Регламенти техникии мазкур.
27. Сертификаткунонии ҳатмии таҷҳизоти пастшиддат аз тарафи мақоми миллӣ оид ба сертификаткунонӣ (мақоми давлатии марказӣ) ва дигар мақомоти сертификатсиякунонӣ, ки акредитатсияи онҳо таҷҳизоти пастшиддатро фаро мегирад, дар асоси шартнома ва дархости байни дархостдиҳанда ва мақоми сертификаткунонӣ амалӣ карда мешавад. Озмоиш бо мақсади сертификаткунонӣ дар озмоишгоҳҳои санҷишии аккредитатсияшуда гузаронида мешавад.
28. Дархостдиҳанда (истеҳсолкунанда, фурӯшанда, таҳвилкунанда) дар асоси сертификати мутобиқати гирифтааш ӯҳдадор аст, мутобиқати таҷҳизоти пастшиддатро ба талаботе, ки Регламенти техникии мазкур муқаррар намудааст, таъмин намояд.
29. Назорати давлатии риояи талаботи Регламенти техникии мазкур нисбати равандҳои истеҳсолот ва ҳангоми дар бозор ба муомилот баровардани таҷҳизоти пастшиддат аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани назорати давлатии риояи талаботи Регламенти техникии мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешавад.
9. Масъулият барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур
30. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
10. Мӯҳлат ва мавриди амал қарор додан
31. Регламенти техникии мазкур баъд аз гузаштани шаш моҳ аз рӯзи интишори расмии аввали он мавриди амал қарор дода мешавад.
Замима