Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1201 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ РЕПРОДУКТИВӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2015, № 1798

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 806

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Моддаҳои 13 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 699) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Моддаи 13. Ҳуқуқи ноболиғону ҷавонон ба ҳифзи саломатии репродуктивӣ

Ноболиғону ҷавонон ба гирифтани таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ ва хизматрасонӣ дар саҳаи ҳифзи саломатии репродуктивӣ ҳуқуқ доранд.

Барномаҳои таълимӣ оид ба таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҳифзи саломатии репродуктивӣ, омода намудани ноболиғону ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф ва тандурустӣ таҳия карда мешаванд.

Ноболиғону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва муассисаҳои дигар аз рӯи барномаҳое, ки дар онҳо ҷинс, синну сол ва хусусиятҳои инкишофи равонию ҷисмонии онон ба назар гирифта, мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, аз ҷониби шахсони тайёрии махсусдошта тарбия дода, ба ҳаёти оилавӣ омода карда мешаванд.

Ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла ба намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарор дошта, хизмати машварати тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрхоҳона ва маҳрамона расонида мешаванд.

Моддаи 20. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ

Қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва Қонуни мазкур танзим карда мешавад.

То қатъи сунъии ҳомиладорӣ ва пас аз он машварати тиббию иҷтимоӣ дода мешавад. Қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанин манъ аст.

Қатъи сунъии ҳомиладории ноболиғон ва шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал дониста шудаанд, бо розигии намояндагони қонунӣ (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) гузаронида мешавад.

Баҳсҳо вобаста ба қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 марти соли 2015 № 1201

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 25 февраля  2015 года, №1798

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 5 марта  2015 года, №806

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О РЕПРОДУКТИВНОМ ЗДОРОВЬЕ И РЕПРОДУКТИВНЫХ ПРАВАХ"

Статья 1. Статьи 13 и 20 Закона Республики Таджикистан от 2 декабря 2002 года "О репродуктивном здоровье и репродуктивных правах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 г., №11, ст. 699) изложить в следующей редакции:

"Статья 13. Право несовершеннолетних и молодежи на охрану репродуктивного здоровья

Несовершеннолетние и молодежь имеют право на получение нравственно полового образования и воспитания, услуг в области охраны репродуктивного здоровья.

Разработка образовательных программ по нравственно-половому образованию и воспитанию, охране репродуктивного здоровья, подготовке к семейной жизни несовершеннолетних и молодежи осуществляется уполномоченными государственными органами образования и здравоохранения.

Нравственно-половое образование и воспитание, подготовка к семейной жизни несовершеннолетних и молодежи осуществляется в образовательных, медицинских и в других учреждениях, по образовательным программам, разработанным с учетом пола, возраста, особенностей психофизического развития, утвержденных в установленном порядке и осуществляется лицами, имеющими специальную подготовку.

Несовершеннолетним и молодежи, в том числе представителям групп риска, медицинские услуги и консультации в сфере репродуктивного здоровья могут оказываться в условиях благожелательности и конфиденциальности в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан.

Статьи 20. Искусственное прерывание беременности

Искусственное прерывание беременности регулируется Законом Республики Таджикистан "Об охране здоровья населения" и настоящим Законом.

До и после искусственного прерывания беременности производится медико-социальное консультирование. Запрещается производить селективное искусственное прерывание беременности в зависимости от пола плода.

Искусственное прерывание беременности несовершеннолетних и граждан, признанных в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке недееспособными либо ограниченно дееспособными, производится с согласия их законных представителей (отца, матери, усыновителей, опекунов и попечителей).

Споры в отношении проведения искусственного прерывания беременности рассматриваются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                          Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 18 марта 2015 года, № 1201