Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1195 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкуниии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РАҚОБАТ ВА МАҲДУДКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРӢ ДАР БОЗОРҲОИ МОЛ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2015, № 1810

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 800

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.346; с.2008, №10, мод.811; с.2012, №12, қ.1, мод.1007) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Дар матни Қонун калимаҳои "сармояи оинномавии" ба калимаҳои "сармояи оинномавии (шариконаи)" иваз карда шаванд.

3. Дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 15 калимаҳои "талаби" ва "талаботи" ба калимаи "қарори" иваз карда шаванд.

4. Моддаҳои 20 ва 21 хориҷ карда шаванд.

5. Моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 марти соли 2015 № 1195