Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1175 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2015, № 1787

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 780

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 379) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима калимаҳои "муносибатҳои ҳуқуқиро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "муносибатҳои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаи "қонунгузориро" ба калимаҳои "меъёрии ҳуқуқиро" иваз карда шавад.

3. Қисми 2 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта, синнаш аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, интихоб мешавад.".

4. Дар моддаи 11:

- дар қисми 3 калимаи "фикрашро" ба калимаи "ақидаашро" иваз карда шавад;

- ба қисми 5 пас аз калимаҳои "ҳолатҳое, ки" калимаҳои "Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шуда, калимаи "кардааст" ба калимаи "кардаанд" иваз карда шавад.

4. Ба моддаи 14 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- барои истиқомати доимӣ баромада рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;".

6. Ба қисми 4 моддаи 15 пас аз калимаҳои "Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон," калимаҳои "Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.

7. Дар қисми 5 моддаи 20 калимаи "фикрашро" ба калимаи "ақидаашро" иваз карда шавад.

8. Дар моддаи 57 калимаҳои "Фикри" ва "фикри" мувофиқан ба калимаҳои "Ақидаи" ва "ақидаи" иваз карда шаванд.

9. Дар сархати чоруми қисми 3 моддаи 34 калимаҳои "меъёрии ҳуқуқии" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 марти соли 2015 № 1175