Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Китобхонаи миллии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои чорабиниҳои пешбинишударо таъмин намояд.
3. Маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи дар Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг, илм пешбинишаванда, инчунин грантҳои фондҳои байналмилалӣ амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 феврали соли 2015 № 105
ш. Душанбе