Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда (минъбад Барнома) барои солҳои 2015-2017 аз 28 феврали соли 2015 № 103

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2015, № 103

тасдиқ шудааст

Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда (минъбад Барнома) барои солҳои 2015-2017

1. МУҚАДДИМА

1. Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда ба афзалиятҳои миллӣ асос ёфта дар раванди муколамаи машваратӣ байни шарикони иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо иштироки фаъоли Бюрои Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия гардидааст. Дар Барномаи мазкур натиҷаи татбиқи Барнома оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2011-2013, инчунин хулоса ва тавсияҳои баҳогузории иҷрои Барномаи пештара, ба инобат гирифта шудааст.

2. Барнома дар доираи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ таҳия гардида, барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат бо роҳи танзими муносибатҳои меҳнатӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, инкишофи шуғли самаранок, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешрафти минбаъдаи муколамаи иҷтимоӣ равона гардидааст.

Татбиқи Барнома барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, ки ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Стратегияи рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 асос ёфтааст, Стратегияи миёнамӯҳлати баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2015, Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 ва дигар барномаҳои давлатии соҳавӣ мусоидат хоҳад намуд.

3. Барнома ҳамчунин ба афзалиятҳои Барномаи намунавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба расонидани кӯмак бо мақсади рушд (UNDAF) асос ёфта ва ҷиҳати муваффақ гаштан ба натиҷаҳои он нақши муҳим хоҳад гузошт. Дар доираи Барнома ҳамчунин муколамаи сиёсӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсози рушд (минбаъд ШҲР) барои мубодилаи ахбор оид ба масъалаҳо ва чорабиниҳои аҳамияти мутақобиладошта дастгирӣ карда мешавад.

4. Барнома дар заминаи таҳлили вазъи меҳнати арзанда дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии меҳнат моҳҳои июн августи соли 2013 гузаронида шуда буд ва тавсияҳо оид ба натиҷаи баҳодиҳии иҷрои Барномаи пештара таҳия гардидааст. Барнома дорои самтҳои муҳимтарини афзалиятноки ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат барои солҳои 2015-2017, натиҷаҳои дахлдор, нишондиҳандаҳо ва стратегияи татбиқ иборат буда, ҳамчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузориро дар бар мегирад.

2. РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСИИ СОҲАИ МЕҲНАТ

1. Вазъи иқтисодӣ

5. Пас аз таназзули иқтисодиёт дар солҳои 1990 ва пастравии бесобиқаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (минбаъд - ММД) ба андозаи 75 фоиз дар солҳои 2000 афзоиши ММД ба ҳисоби миёна 8 фоизро ташкил дод. Дар натиҷаи ин ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба таври воқеӣ амалан ду баробар афзуд. Бо афзоиши назарраси интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки соли 2012 ҳаҷми онҳо 47 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил дод, даромад ба ҳар сари аҳолӣ боз ҳам зиёдтар гардид. Даромади пулии воқеии аҳолӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 -16,5 фоиз афзоиш ёфт.

6. Афзоиши иқтисодиёти миллӣ дар даҳсолаи охир ба рушди соҳаҳои савдо, сохтмон, нақлиёт ва алоқа вобаста мебошад. Хоҷагии деҳот чун пешина камтар аз иқтидори худ амал менамояд, кӯшишҳо ҷиҳати таҷдиду рушди истеҳсолот ва соҳаҳои нави коркарди саноатӣ алҳол натиҷаи дилхоҳ наовардаанд.

7. Мувозинати иқтисодӣ ҳам дар ин давра аз бисёр ҷиҳат тавассути содироти қувваи арзони меҳнатӣ таъмин карда шудааст. Мутаассифона, маблағҳои интиқолнамудаи муҳоҷирони меҳнатӣ на барои рушди истеҳсоли миллӣ, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, балки асосан барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолӣ равона мегарданд. Барои дар солҳои минбаъда ноил гардадан ба рушд ва густариши ҳаматарафаи меҳнати арзанда дар ҷумҳурӣ, гузаштан ба чунин шакли тараққиёт зарур аст, ки он на ба содироти меҳнат, балки ба таъсис додани занҷири қавии арзиши изофа, пешбурди робитаҳои байнисоҳавӣ дар иқтисодаёти миллӣ такя кунад.

8. Сатҳи камбизоатӣ баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бениҳоят баланд буд ва дар соли 1999 ин нишондиҳанда 81 фоизро ташкил медод. Агар дар соли 2003 амалан аз чор се ҳиссаи аҳолӣ зиндагии камбағалона дошта бошанд, дар соли 2014 ин нишондиҳанда тақрибан 38,3 фоизи хонаводаҳои Тоҷикистонро фаро мегирифт. Дараҷаи бенавоӣ бошад хеле коҳиш ёфта, аз 42 фоизи соли 2009 ба 14 фоиз расид.

9. Нақши муҳимро дар пастшавии сатҳи камбизоатӣ маблағҳои равонакардаи муҳоҷирони меҳнатӣ мебозанд. Чи тавре, ки аз таҳқиқоти гузаронидаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар соли 2009 маълум гардид, барои 31 фоизи хонаводаҳо интиқоли пулӣ манбаи ягонаи даромад ба ҳисоб рафта, барои 31 фоизи дигари аҳолӣ интиқоли пулӣ 60 фоизи даромади умумиашонро ташкил медод. Чунин вазъият хавфи ҷиддиро ба миён оварда метавонад, зеро хонаводаро аз музди меҳнати аъзои оила, ки дар хориҷи кишвар бидуни кафолати даромаднокӣ кор мекунанд, вобаста мегардонад.

2. Бозори меҳнат ва шуғл

10. Дар солҳои 2000-2012 аҳолии Тоҷикистон 29,4 фоиз афзуд ва ҳозир 8,2 млн нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба давраи то расидан ба истиқлолияти соли 1991-ум 42 фоиз зиёд мебошад. Якбора аз 43 фоизи соли 1989 то 36 фоизи соли 2011 кам шудани ҳиссаи кӯдакони то синни 14- сола дар маҷмӯи аҳолӣ зимни нигоҳ доштани ҳиссаи ночизи аҳолии калонсол то ба 4 фоиз ба он оварда расонд, ки коэффитсиенти сарбории муайянкунандаи таносуби кӯдакон ва шахсони калонсол ба ҳар нафари синни қобили меҳнат, якбора аз 0,86 то ба 0,64 кам шуд. Шумораи аҳолии синни қобили меҳнат (15-64 сола) нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ тезтар афзоиш меёбад. Соли 2011 он 61 фоизи шумораи умумии аҳолии мамлакатро ташкил дод. Чунин вазъият аз як ҷониб бо таъсис додани ҷойҳои кории нави истеҳсолӣ ба иқтисодиёт фишор барангезад, аз ҷониби дигар дар шароити нигоҳ доштани сатҳи шуғлнокӣ метавонад ба афзоиши сатҳи истеъмолот, пасандозгузорӣ ва сармоягузорӣ мусоидат намояд. Афзоиши ин нишондаҳандаҳо барои нигоҳ доштани суръатнокии рушди иқтисодӣ зарур мебошад.

11. Майлони дигари бозори меҳнат он аст, ки суръати афзоиши аҳолии қобили меҳнат нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ (аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол) хеле баланд аст. Дар давраи аз соли 2001 то соли 2011 шумораи аҳолии қобили меҳнат 1257 ҳазор нафар афзуд (аз 3415 ҳазор то 4672 ҳазор нафар), ҳол он ки афзоиши шумораи қувваи кории дохилӣ ҳамагӣ 396 ҳазор нафарро ташкил медод (аз 1872 ҳазор то 2267,6 ҳазор нафар). Ин асосан ба он вобастагӣ дорад, ки қисмати зиёди аҳолии қобили меҳнат дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ҳиҷрат мекунанд ва дар бозори қувваи дохилии меҳнат ширкат намекунанд. Ва ин вазъият аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи иштироки қувваи корӣ дар инкишофи иқтисодиёти мамлакат коҳиш меёбад аз 54,8 фоизи соли 2001 то 49,2 фоиз дар соли 2011.

12. Дар баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки аз соли 2009 то соли 2011 татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ имкон дод, ки гарчанде ин майлон бартараф нашуда бошад ҳам, ба ҳар ҳол пастравии минбаъдаи сатҳи иштироки қувваи корӣ дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шавад.

13. Аз рӯи нишондоди ҳисоботҳои расмӣ дар ин давра дар иқтисодиёт 451 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Ин имконият дод, ки аҳолии ба камол расидаистодаи қобили меҳнат бо кор таъмин карда шавад ва нишондиҳандаи иштироки аҳолӣ дар қувваи кории дохилӣ дар сатҳи тақрибан 49 фоиз нигоҳ дошта шавад.

14. Камшавии қувваи корӣ дар дохили мамлакат ҷанбаи муайяни гендерӣ дорад. Зеро асосан мардон дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷи кишвар мераванд. Аммо бо вуҷуди ба ҳисоб гирифтани муҳоҷирати меҳнатӣ коэффитсиенти фарогирии шуғлнокии мардон дар давраи солҳои 2004 - 2009 аз 72,7 фоиз то 65,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Камшавии фаъолнокии иқтисодии занон бевосита ба хориҷшавии онҳо аз бозори меҳнат вобаста мебошад. То соли 2009 иштироки умумии занҳо дар қувваи корӣ, ки панҷ сол қабл 55 фоизро ташкил медод, то 39 фоиз кам гардид.

15. Таҳлили амиқ нишон медиҳад, ки аз бозори меҳнат хориҷшавии занҳо шояд на ба он дараҷае шиддатнок бошад, ки маълумоти оморӣ ифода мекунад. Соли 2004 зиёда аз 16 фоизи занҳо ба сифати аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кори хоҷагиҳои кишоварзӣ вобаста щуда буданд. Гарчанде аксари занҳои пеш дар хоҷагиҳои коллективӣ кор мекардагӣ тамоман аз бозори меҳнат баромада бошанд ҳам, тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳисоби миёна онҳо дар деҳот чун пештара вақти зиёди худро ба корҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ сарф мекунанд. Дастоварди муҳими мусбӣ ба таври назаррас зиёд шудани сатҳи шуғли пардохтшавандаи занҳо гардид. Соли 2009 шуғли пардохтшаванда миёни занҳо 58,5 фоизи ҳамаи занҳои шуғлнокро дар бар мегирифт, ки дар соли 2004 ин нишондиҳанда 26,9 фоизро ташкил медод.

16. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи шуғлнокӣ дар соли 2012 - 97,6 фоизи шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро дар дохили мамлакат ташкил медод, бекории расмӣ бошад - 2,4 фоиз. Ин рақамҳо ннсбат ба рақамҳои соли 2011 бетағир мондаанд. Аммо онҳо ҳолати воқеиро ифода намекунанд, зеро дар маълумоти расмӣ танҳо шумораи бекороне нишон дода мешавад, ки дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд. Натиҷаи таҳқиқоти қувваи кории (минбаъд - ТҚК) соли 2009 гузаронидашуда нишон дод, ки бекории умумӣ 11,5 фоизро ташкил дода, ҳамзамон сатҳи бекории мардҳо нисбат ба занҳо баланд мебошад (12,3 фоиз нисбати 10,5 фоиз). Якҷоя бо шуғлнокии нопурра сатҳи бекории умумӣ 16,9 фоизи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳад, аз ҷумла мардҳо - 17,4 фоиз ва занҳо -12,7 фоиз . Пас аз соли 2009 таҳқиқоти қувваи корӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат дигар гузаронида нашуд ва аз ин рӯ маълумот оид ба сатҳи воқеии бекорӣ дар ин давра вуҷуд надорад.

17. Таҳлили бекорон аз рӯи сатҳи маълумотнокӣ нишон медиҳад, ки ба бекорӣ бештар ҳамон қисмати аҳолӣ мувоҷеҳ аст, ки таҳсилоти касбӣ надорад. Яъне, аз миқдори умумии бекорон тақрибан 75 фоиз таҳсилоти касбӣ надоранд, аз ҷумла: 48,7 фоиз таҳсилоти миёнаи пурра, 18, 4 фоиз - таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 7,7 фоиз таҳсилоти ибтидоӣ доранд.

18. Масъалаи бекорӣ дар байни ҷавонон аҳамияти бештар пайдо карда истодааст. Ҳиссаи ҷавонони синни 15-24 - сола дар ҳайати аҳолии қобили меҳнат ба 1 январи соли 2012 - 35,5 фоизро ташкил медод. Агар ба ин гурӯҳ ҷавонони синни аз 24 то 29 - соларо ҳамроҳ кунем, он вақт ҳиссаи ҷавонон дар қувваи кории умумӣ 53 фоизро ташкил медиҳад.

19. Тибқи натиҷаи Таҳқиқоти қувваи корӣ дар соли 2009 сатҳи бекорӣ байни ҷавонмардон (15-24- сола) 16,7 фоизи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил дод (бидуни муҳоҷирони меҳнатӣ). Бекорӣ миёни Ҷавонони шаҳрӣ зиёда аз 30 фоиз ва миёни ҷавонони деҳот бошад 13,3 фоизро ташкил медод ва сабабаш дар он аст, ки ҷавонони деҳот бештар барои дарёфти кор ба хориҷи кишвар мераванд.

20. Сатҳи бекорӣ байни ҷавонон вобаста аз сатҳи маълумотнокии онҳо фарқ мекунад. Масалан, тибқи маълумоти расмӣ дар охири соли 2011 тақрибан 23,5 фоизи ҳамаи хатмкунандагон расман мақоми бекорӣ гирифта буданд, ки аз онҳо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 11 фоиз, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ - 64 фоиз ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 50 фоизро ташкил медоданд. Афзоиши бекорӣ байни ҷавонон асосан аз набудани таҷриба, номувофиқ будани тайёрии касбӣ ба талаботи воқеии бозори меҳнат вобаста аст.

21. Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҷузъҳои таркибии бозори меҳнати кишвар ва умуман рушди мамлакат мебошад. Маълумоти аниқи оморӣ оиди шумораи аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки айни замон дар хориҷи мамлакат кор мекунанд, мавҷуд нест. Тибқи маълумоти гуногун дар соли 2012 шумораи умумии онҳо аз 800 ҳазор то 1,5 млн. нафарро ташкил медод, ки аз 16 фоиз то 31 фоизи ҳамаи аҳолии қобили меҳнат ё худ аз 27 фоиз то 40 фоизи шумораи умумии қувваи кории кишварро ташкил медиҳад. Россия ва Қазоқистон, чун пешина, мамлакатҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

22. Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз хориҷи кишвар то соли 2011 афзоиш ёфта, 750 ҳазор нафарро ташкил медод. Солҳои минбаъда бошад пастравии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мушоҳида мерасад. Таносуби мардон ва занон миёни муҳоҷирон низ дар ҳоли тағйирёбӣ буда, агар соли 2006 занҳо 9 фоизи шумораи умумии муҳоҷиронро ташкил дода бошанд, дар соли 2012 ин нишондиҳанда ба 11,6 фоиз расидааст.

23. Умуман, муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври бояду шояд ташаккул наёфтааст ва танзим карда намешавад, ки аксаран боиси истисмори муҳоҷирони меҳнатӣ ва вайрон кардани ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва инсонии онҳо мегардад. Бисёр муҳоҷирон мувоҷеҳи хавфу хатари ҷиддӣ ба саломатиашон мегарданд.

24. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои таркибии Стратегияи сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ эътироф гардидааст. Аз соли 2005 сар карда, дар ҷумҳурӣ ҷиҳати танзим ва рушди муҳоҷирати меҳнатӣ чорабиниҳои гуногуни хусусияти ниҳодидошта қабул гардидаанд. Ин чорабиниҳо асосан ба таҳлил ва такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, тақвияти низоми мониторинги равандҳои ҳиҷрат ва рушди низоми омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардидаанд. Бозори меҳнати Тоҷикистон на танҳо бо сатҳи баланди муҳоҷират ва сатҳи пасти шуғлнокӣ, балки бо тағйирёбии мунтазами таносуби байни шуғлнокии расмӣ ва ғайрирасмӣ фарқ мекунад. Ба афзоиши шуғлнокии пардохтшаванда нигоҳ накарда, чун пешина шуғлнокии ғайрирасмӣ чӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва чӣ дар дигар бахшҳои иқтисодиёт бартарӣ дорад. Соли 2009 шуғли ғайрирасмӣ 78 фоизи ҳамаи шуғлҳои дохилиро фаро мегирифт ва ҳиссаи занҳо нисбат ба мардҳо баландтар буда, 80 фоизро нисбати 77 фоиз ташкил медод. Дар бахши шуғли ғайрирасмӣ 54 фоизи ҳамаи кормандони соҳаҳои ғайрикишоварзии иқтисодиёти миллӣ фаро гирифта шуда буданд. Агар ин рақамҳо дар нисбати мардҳо 72 фоизро ташкил дода бошад, нисбати занҳо танҳо 37 фоизро ташкил дод. Таҳқиқоти интихобии дар мамлакат гузаронидашуда нишон дод, ки шуғли ғайрирасмӣ асосан дар корхонаҳои хурди хусусӣ, бахусус дар соҳаи савдо, хизматрасонӣ ва сохтмон ташаккул ёфтаанд.

3. Ҳифзи иҷтимоӣ

25. Бо дарназардошти афзоиши ночизи шуғлнокӣ ва ба андозаи 2,5 маротиба афзудани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар давраи солҳои 2000- 2012 хулоса кардан мумкин аст, ки рушди иқтисодӣ комилан ба афзоиши маҳсулнокии меҳнат, ки дар солҳои 2004-2009 то 59 фоиз боло рафта буд, асос меёбад. Афзоиши босуръати маҳсулнокии меҳнат, дар маҷмӯъ, ба афзоиши музди меҳнати воқеӣ оварда расонд, ки ба ҳисоби миёна дар солҳои 2005-2010 зиёда аз ду маротиба ва нисбат ба соли 2000 қариб ҳашт баробар афзоиш ёфт. Набояд фаромӯш кард, ки ин афзоиши назаррас бо вуҷуди ночиз будани музди меҳнати дар оғози аср ҷойдошта, ба амал омад. Дар се соли минбаъда тамоюли болоравии сатҳи музди меҳнати воқеӣ нигоҳ дошта мешуд: дар давраи январ - декабри соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 он ба андозаи 17,7 фоиз афзоиш ёфт. Музди ҳармоҳаи миёнаи номиналии меҳнат дар соли 2012 - 140,2 доллари ШМА-ро ташкил дод.

26. Бояд эътироф намуд, ки афзоиши музди меҳнат дар Тоҷикистон ба тамоюли камбизоатӣ таъсири мусбат нарасонида, асосан хусусияти иҷтимоӣ дошта, бе назардошти арзиши сабади истеъмолӣ ё индексатсияи даромадҳои аҳолӣ анҷом дода мешавад.

27. Яке аз хусусиятҳои низоми пардохти музди меҳнат дар Точикистон ин тафриқаи (дифференсиатсияи) беасоси музди меҳнат мебошад. Музди меҳнати нисбатан баланд ба бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаҳои нерӯи барқ, об ва газтаъминкунӣ - 380,0 долл. ШМА, сохтмон 436,2 долл. ШМА, саноати маъдантозакунӣ ва кӯҳкорӣ - 312,5 долл. ШМА мансуб аст. Музди меҳнати аз ҳама кам ба соҳаҳои кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал - 57,3 долл. ШМА ва аз ҳама зиёдаш бошад ба кормандони бахши молия - 527,6 долл. ШМА мансуб мебошад.

28. Ба афзоиши музди меҳнати воқеӣ нигоҳ накарда, дар мамлакат раванди беқурбшавии (пастравии қатъии нархи) қувваи корӣ давом дорад. Беқурбшавии меҳнат натиҷаи озодшавии нархҳо дар шароити боздоштани афзоиши музди меҳнат тавассути паст кардани ҳадди ақали музди меҳнат ва механизми андозбандии фонди истеъмолӣ мебошад. Чунин тамоюл ба мураккабшавии вазъи иҷтимоии мамлакат оварда мерасонад.

То соли 2011 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (минбаъд - НБҲ), ки заминаи ҳисоб намудани ҳамаи пардохтҳои иҷтимоӣ ва ёрдампулиҳо мебошад, 40 сомониро ташкил медиҳад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, № 1493 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" аз 1 сентябри соли 2013 ҳадди ақали музди меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт 25 фоиз афзуда, андозаи он 250 сомониро дар як моҳ (52 долл.ШМА) ташкил медиҳад, ки чун пешина ҳатто барои таъмин намудани талаботи камтарини инсон нокифоя мебошад. То ҳоло дар ҳуҷҷатҳои расмии оморӣ буҷети сабади камтарини истеъмолӣ, ки бояд арзиши маводи зарурии озуқаворӣ, молҳои саноатӣ ва хизматрасониро дар бар гирад дар сатҳи мамлакат танҳо аз рӯи арзиши маводи озуқаворӣ ҳисоб карда мешавад.

29. Дар Тоҷикистон низоми умумии ҳифзи иҷтимоӣ муқаррар гардидааст. Солҳои 1990 аксари кӯмакпулиҳо, аз ҷумла нафақапулиҳо, бинобар сабаби таваррум беқурб гардиданд ва якбора камшавии даромади Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми пешина маблағгузорӣ намудани соҳаро мусоидат намекард. Танҳо вақтҳои охир рушди иқтисодӣ ва пуршавии буҷет имконият фароҳам овард, ки ин низом дигар карда, буҷет ғанитар гардонда шавад.

30. Ба ҳифзи иҷтимоӣ дар соли 2012 қариб 39,6 фоиз хароҷоти умумии соҳаи иҷтимоӣ рост омад. Қисми зиёди ин хароҷот ба маблағгузории низоми нафақавӣ равона мешавад. Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" қабул тардид, ки он имкон медиҳад низоми андӯхти маблағҳои нафақавӣ таъсис ва ин маблағҳо дар ҳисобҳои шахсии шаҳрвандон андӯхта шаванд.

31. Ҳамаи шаҳрвандон ба кӯмакпулии суғуртаи иҷтимоӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Гарчанде низоми суғуртаи иҷтимоӣ бояд фарогирӣ на танҳо коргарони кироя, балки табақаҳои васеи аҳолӣ, аз ҷумла, кормандони худиштиғол бошад, вале дар асл он ҳамаро фаро намегирад. Аз доираи амали низоми мазкур аксари муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, берун мондаанд. Барои муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо, ки аз даромади муҳоҷирони меҳнатӣ вобастаанд, суғуртаи иҷтимоӣ мавҷуд нест ва онҳо вобаста ба бадшавии аҳволи саломатиашон, ҳодисаҳои нохуш ё худ бекорӣ, ҳамнунин маҳрумияти иқтисодӣ ҳангоми фарорасии давраи пирӣ мувоҷеҳи хавфу хатари иқтисодӣ мебошанд.

32. Кам будани сатҳи пардохтҳои иҷтимоии давлатӣ (нафақа ва кӯмакпулиҳо) боиси он гардид, ки аҳолии камбизоат ва осебпазир барои бархӯрдор гардидан аз имтиёзҳои давлатӣ кӯшиш менамояд, ки ин дар навбати худ хароҷоти иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб менамояд.

33. Дар Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бехатарӣ ва муҳофизати меҳнат фаъолияти нозироти меҳнат васеъ паҳн гардидааст. Нозироти меҳнати Тоҷикистон дар асоси муттаҳид намудани Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд-Хадамот) таъсис дода шуда буд. Соли 2009 Қонуни нави соҳаи ҳифзи меҳнат дар таҳрири нав маъқул дониста шуда, таҳлили низоми миллии ҳифзи меҳнат гузаронида шуд. Солҳои охир рағбат ба масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ҷои кор афзуда, онҳо яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати миллӣ гардиданд. Моҳи декабри соли 2012 Барномаи миллӣ оид ба ҳифз ва бехатарии меҳнат, ки бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат омода гардида буд, маъқул дониста шуд. Кормандони Хадамот ва шарикони иҷтимоӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат, татбиқи низоми идораи ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо, идора кардани хавфу хатар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ба мисли сохтмон, ки сатҳи хавфнокиаш баланд аст, омӯзонда шуданд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини ин соҳа минбаъд тақвият додани низоми миллии ҳифзи меҳнат, аз ҷумла такмил додани қонунгузорӣ ва муосиркунонии (модернизатсияи) назорати меҳнат боқӣ мемонад.

4. Муколамаи иҷтимоӣ

34. Ба мавҷудияти фарҳанг ва анъанаҳои ба даст овардани ризоият (консенсус) нигоҳ накарда, муколамаи иҷтимоӣ ва трипартизм барои Тоҷикистон мафҳумҳои нисбатан нав мебошанд, ки ба миён омаданашон танҳо баъда соли 2000-ум дар шароити истиқлолият имконпазир гардид.

Он муҳим будани муколамаи иҷтимоиро барои ташаккул ёфтани сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, муттафиқии иҷтимоӣ ва таъсис додани муносибатҳои солими меҳнатӣ пурра эътироф мекунад.

35. Дар 10 соли сипаригардида муколамаи иҷтимоӣ ба пешрафти назаррас ноил гардид. Иттифоқҳои касаба, ки дар даврони шуравӣ низ вуҷуд доштанд, ба мақоми ҳақиқии намояндагии меҳнаткашон, ки манфиатҳои онҳоро тавассути гуфтушунид ва амали коллективона ҳимоя менамояд, табдил ёфтанд. Шумораи аъзои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (минбаъд - ФИКМТ), ки соли 1991 таъсис ёфта буд, қариб 1,2 млн нафарро дар бар мегирад. ФИКМТ 19 филиал ва 14 иттифоқҳои минтақавӣ дорад, ки зиёда аз 10 ҳазор ташкилотҳои ибтидоиро фаро мегиранд.

36. Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ИКҶТ) соли 2006 ташкил ёфта, ҳоло 368 ташкилотро дар узвият дорад, ки асосан аз соҳаҳои саноат, сохтмон, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ иборат мебошад. Сол ба сол намояндагии ИКҶТ дар раванди муколамаи иҷтимоӣ тақвият ёфта истодааст.

37. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, №173 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Комиссияи ҷумҳуриявии сетарафа (минбаъд - КҶС) ҳамчун механизми ниҳодии муколамаи сетарафаи иҷтимоӣ ва муносибатҳо таъсис дода шуд. Ба ҳайати Комиссияи .сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ФИКМТ ва ИКҶТ дохил мешаванд. КҶС ҷои гузаронидани музокироти сетарафа ва бастани созишномаҳо, аз ҷумла муҳокимаи лоиҳаҳои қонунҳо ва муносибати шарикони иҷтимоӣ ба сиёсати иҷтимоӣ ва танзими мубоҳисаҳо мебошад.

38. Умуман, ба пешрафти назаррас ва баъзе тағйироти мусбӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ нигоҳ накарда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки намояндагии занҳо дар муколамаҳои дутарафа ва сетарафаи иҷтимоӣ кифоя намебошад. Мувофиқи таҳлилҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат намояндагии занҳо дар ниҳодҳои муколамаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 13 фоизро ташкил медиҳад.

39. Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияҳои бунёдии "Дар бораи озодии иттиҳодияҳо" ва "Дар бораи истифодабарии принсипҳо ҳуқуқ ба муттаҳидӣ дар иттифоқҳои касаба ва бурдани гуфтушунидҳои коллективӣ" -ро ба тасвиб расонид. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои корфармоён" асоси қонунгузории миллии муносибатҳои меҳнатӣ дар саноат ва муносибатҳои сетарафаро ташкил медиҳанд.

40. Ҳамин тариқ, нерӯи ташкилотчигии аз ҷиҳати таърихӣ нобаробари иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияи корфармоён, инчунин нокифояи чӣ кормандон ва чӣ намояндагони соҳибкорӣ аз афзалияти узвият ба ташкилотҳои намояндагӣ ва иштирок намудан дар ниҳодҳои муколамаи миллии иҷтимоӣ, мушкилоти асосии муколамаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Вазифаи муҳимтарин, чун пешина, рушди имконияти ниҳодии ташкилотҳои шарикони иҷтимоӣ боқӣ мемонад, ки дар навбати худ ба баландшавии мавқеи намояндагии ин ташкилотҳо мусоидат хоҳад намуд.

5. Принсипҳои бунёдӣ ва ҳуқуқҳо дар соҳаи меҳнат

41. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамаи ҳашт конвенсияи асосие, ки таҳкимгари принсипҳои асосӣ ва ҳуқуқҳо дар соҳаи меҳнат мебошанд, ба тасвиб расонида шудаанд. Инчунин аз чор конвенсияи афзалиятӣ дар соҳаи меҳнат ду адад - "Конвенсияи бозрасии меҳнат дар саноат ва савдо", "Оид ба сиёсат дар соҳаи шуғл" ва 39 адад конвенсияҳои техникӣ низ ба тасвиб расидаанд. Ҳамзамон меъёрҳои меҳнати байналмилалӣ дар заминаи миллии қонунгузорӣ ворид карда шудаанд.

42. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ҳуқуқҳоеро дар бар мегирад, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корфармо ва коргаронро таҳким намуда, ҳифз ва бехатарии меҳнатро фарогир мебошад. Он шаклҳои шартномаҳои меҳнатӣ ва шароитҳои қатъ кардани шартномаи меҳнатиро ба танзим медарорад.

43. Инчунин Кодекси меҳнат механизми танзими баҳсҳои меҳнатӣ ва муайян кардани сатҳи пардохти музди меҳнатро тавассути шартномаҳои коллективӣ ва гуфтушунидҳо муқаррар менамояд. Айни замон кор оид ба таҳияи Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад ва дар назар аст, ки то охири соли 2015 ба анҷом расад.

44. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат", №517 аз 19 майи соли 2009 заминаи ҳуқуқии муфассалтар ва муносибати муосири беҳтарро дар соҳаи меҳнат инъикос мекунад.

45. Қатъи назар аз он, ки қонунгузории миллӣ ба кор қабулкунии шахсони то синни 15- соларо манъ кардааст (ғайр аз баъзе намудҳои кори сабуке, ки ба саломатӣ зарар намерасонад ва ба ҷараёни таҳсил монеа намегардад), меҳнати кӯдакон чун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Дар соли 2009 - 180000 кӯдакони синни то 15-сола ба меҳнат ҷалб карда шудаанд, ки ин нишондиҳанда 34,4 фоизи ҳамаи кӯдаконро ташкил медиҳад. Дар шаҳр аксарият кӯдакон ба сифати пешхизмат, фаррош дар хона ё корхонаҳо, ёрдамчиён дар мағозаҳо, мошиншӯён ё кондукторҳо дар наклиёти ҷамъиятӣ кор мекунанд. Бо дарназардошти он, ки аксари аҳолии Тоҷикистон дар деҳот истиқомат мекунанд ва бо хоҷагии деҳот машғуланд, меҳнати кӯдакон асосан дар деҳот, ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ истифода мешавад.

3. НАТИҶАҲОИ ИҶРОИ БАРНОМА ВА АФЗАЛИЯТҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017

1. Натиҷаҳои иҷрои Барнома

46. Баҳодиҳии иҷрои Барнома меҳнати арзанда барои солҳои 2011-2013, ки тобистони соли 2013 гузаронида шуда буд, нишон дод, ки натиҷаҳои асосии ба нақша гирифташуда ба иҷро расиданд. Амали муштараки Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва шарикони сетарафа барои ба вуҷуд овардани имкониятҳои васеи шуғли арзанда, тақвияти нақши муколамаи иҷтимоӣ, танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат равона шудаанд. Умуман, Барномаи мазкур ба афзалиятҳои миллӣ, манфиатҳо ва талаботи шарикони сетарафа мувофиқ эътироф карда шудааст.

47. Аз миёни натиҷаҳои нисбатан муҳим, ки дар давраи солҳои 2011-2013 ба даст омадааст, нуқтаҳои зеринро қайд кардан лозим аст:

- соли 2013 Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат "Оид ба машваратҳои сеҷониба" (меъёрҳои байналмилалии меҳнат) ба тасвиб расонида шуд, ки дастовард ва натиҷаи саъю кӯшиши мураттаб ва мутобиқати шарикони сетарафаи Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат мебошад;

- соли 2012 Конвенсия "Дар бораи кори хонагӣ" ба тасвиб расонида ва Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20132016 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ҳамчунин барои нозирони меҳнат ва шарикони иҷтимоӣ оид ба ҷорӣ намудани низоми идоракунии ҳифзи меҳнат (ТБМ-НИҲФ 2001) тренингҳо гузаронида шуданд;

- роҳнамои рушди минбаъдаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади таҳкими иқтидори хизматрасонӣ таҳия гардид;

- таҳлили низоми мавҷудаи таълими касбӣ барои калонсолон гузаронида ва чораҳо барои мукаммалгардонии он пешниҳод карда шуданд;

- ба воситаи гузаронидани тренингҳои дахлдор иқтидори шарикони сетарафа оид ба масъалаҳои идоракунии музокираҳои коллективӣ, музди меҳнат, шуғли ғайрирасмӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷанбаи гендерии ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳофизати модар мустаҳкам карда шуд;

- таҳлили низоми мавҷудаи музди меҳнат дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт гузаронида, тавсияҳои беҳтаркунии он таҳия гардад;

- "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии Вируси норасогии масунияти одам/ Бемории пайдошудаи норасогии масуният (минбаъд - ВНМО/БПНМ) дар соҳаи меҳнат" таҳия ва ба имзо расид;

- маҷмӯи чорабиниҳо дар доираи Нақшаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, хусусан рӯйхати корҳои хатарнок, ки барои кӯдакон манъ аст, таҳия ва амалӣ гардид;

- таҳқиқоти таҳлилии "Таҳлили вазъи соҳаи меҳнати арзанда" гузаронида шуд, ба шарикони сетарафа ва дигар тарафҳои манфиатдор оид ба таҳлили воқеии вазъият, пешрафт, масъалаҳои ҳалталаби дар роҳи расидан ба ҳадафи меҳнати арзанда, ки бо онҳо кишвар дучор мешавад, гузаронида шуд ва он ба ҷараёни таҳияи сиёсати миллӣ ва муайянкунии роҳҳои имконпазири рушд ёрӣ мерасонад.

48. Сабақҳое, ки дар ҷараёни татбиқи Барнома барои солҳои 2011-2013 гирифта шуданд, хусусан дахл доранд ба тақвияти мақоми шарикони сетарафа дар ташкил, гузаронидан ва қисман маблағгузории якчанд қисматҳои Барнома; ҷалб кардани иттиҳодияҳои корфармо аз бахшҳои воқеии иқтисодиёт - энергетика, сохтмон, саноати истихроҷи маъдан; зарурати таҳияи чораҳо ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ; мукаммалгардонии низоми миллии омори меҳнат; самаранок истифода бурдани ҷамъиятҳои илмӣ ва коршиносӣ; зарурати таҳияи маводи методӣ ва таълимӣ ба забони давлатӣ; фаъолтар истифода бурдани шабакаҳои хабарии ТБМ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори омма барои интишори маълумот оид ба натиҷаҳои Барнома.

2. Афзалиятҳои Барнома

49. Ҳангоми гузаронидани семинар оид ба таҳияи Барномаи нав дар моҳи сентябри соли 2013 ва машваратҳои минбаъда бо шарикони сетарафа оид ба муайянкунии ҷараёни асосии фаъолияти муштарак барои солҳои оянда, пешниҳод карда шуд, ки афзалиятҳои Барномаи пешина, аз сабаби муҳимият ва зарурати худро гум накарданаш барои расидан ба ҳадафҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.

50. Ҳамин тавр, афзалиятҳои Барномаи нав чунин муайян шуданд:

- баланд бардоштани иқтидори шарикони сетарафа дар танзими масъалаҳои афзалиятноки соҳаи меҳнат ҳангоми муколамаи иҷтимоӣ;

- рушди имкониятҳои шуғли арзандаи мардон ва занон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии баргашта;

- беҳтар намудани шароити меҳнат ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ.

4. НАТИҶАҲО, НИШОНДИҲАНДАҲО ВА СТРАТЕГИЯ

Афзалияти 1. Баланд бардоштани иқтидори шарикони сетарафа дар танзими масъалаҳои афзалиятноки соҳаи меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ

51. Натиҷаи 1: Мустаҳкам гардидани механизми миллии сетарафа ва дутарафаи муколамаи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба воситаи тақвияти иқтидори ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва корфармоён оид ба самаранок анҷом додани муколамаи иҷтимоӣ дар ҳамаи сатҳҳо.

52. Амалҳои муштарак ба тақвияти иқтидор ва мақоми иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои корфармо дар муҳокима ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои соҳаи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоӣ, фаъол гардонидани Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд. Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба шарикони сетарафа тариқи гузаронидани омӯзиши дахлдор барои баланд бардоштани нерӯи онҳо оид ба масъалаҳои муколамаи иҷтимоӣ, такмили механизм ва расмиёти он, самаранок ба амал баровардани Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат "Оид ба машваратҳои сеҷониба" (меъёрҳои байналмилалии меҳнат), инчунин Низомномаи Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат "Оид ба танзими масъалаҳои меҳнат" ёрӣ мерасонад. Шарикони иҷтимоӣ оид ба мустаҳкамкунии ҳайати котиботи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини мунтазамии ҷаласаҳои он чораҳо меандешад.

53. Ташкилотҳои корфармоён бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар рушди хизматрасонии нав ё беҳтар гардонидани хизматрасониҳои мавҷуда, инчунин дар пеш гузоштани манфиати аъзои худ дар сатҳи сиёсӣ фаъолият менамоянд. Ин ба афзоиши ҷозибаи Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзои афзалиятнок мусоидат менамояд, эътибор ва салоҳияти онро ҳамчун намояндаи асосии манфиатдори корфармоёни Тоҷикистон баланд мебардорад. Чорабиниҳо ба мусоидат дар рушди механизмҳои муайян кардани матлаби ташкилотҳои аъзо ва даровардани тағйироти зарурӣ; таҳлили бозори хизматрасониҳои эҳтимолӣ; баҳодиҳии имконоти ниҳодаи худӣ барои пешниҳод кардани хизматрасониҳо ва таҳия кардани чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани иқтидори ташкилотҳо равона мегарданд.

54. Ташкилоти байналмилалии меҳнат бо иттифоқҳои касаба (ФИКМТ) оид ба мустаҳкамгардонии иқтидори он дар татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда, махсусан дар фаъолияти кормандони бахши ғайрирасмӣ, корро идома медиҳад. Барои таъмини ҳуқуқҳои кормандон ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, муосиркунонии (таҷдиди) иттифоқҳои касаба, афзоиши намояндагии иттифоқҳои касаба ва вусъат ёфтани шартномаҳои коллективӣ дар бахши ғайридавлатӣ, пурзӯр намудани ҷараёни музокироти коллективӣ оид ба масъалаҳои музди меҳнат чорабиниҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Ташкилоти байналмилалии меҳнат дастгирии рушд ва фаъолияти босамари системаи маорифи иттифоқҳои касаба ва мубодилаи маълумотро давом медиҳад.

55. Ташкилоти байналмилалии меҳнат барои таҳия намудани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав кӯмаки техникӣ ва методӣ мерасонад.

56. Нишондиҳандаҳо:

- ташкилотҳои корфармоён (ИКҶТ) ва иттифокҳои касаба (ФИКМТ) мунтазам дар муҳокима ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои соҳаи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шудаанд;

- самаранокии фаъолияти Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шудааст: Котиботи комиссияи мазкур фаъолият менамояд, шумораи ҷаласаҳо дар давоми сол афзуд; намояндагии занҳо дар ин Комиссия зиёд шуд;

- Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои меҳнатии байналмилалӣ аз нав дида баромада шудааст;

- навъҳои нав ё беҳтар гардонидашудаи хизматрасониҳо аз ҷониби ИКҶТ таҳия ва ба аъзоёни худ вогузор шудааст;

- мунтазам индексатсия намудани пардохтҳои иҷтимоии давлатӣ ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандони кироя ба роҳ монда шудааст;

- шумораи шартномаҳои коллективии нави имзошуда, аз ҷумла дар бахши ғайрирасмӣ;

- байни аъзои нави иттифоқи касаба ҳиссаи занҳо зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.

57. Натиҷаи 2: Нерӯи шарикони сетарафа оид ба ислоҳоти сиёсат ва низоми музди меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ баланд гардид.

58. Дар асоси таҳлили вазъи музди меҳнат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ки бо иштироки Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар доираи Барнома гузаронида шуда буд, оид ба ислоҳот ва беҳтаргардонии низоми музди меҳнат тавсияҳо пешниҳод гардид ва омӯзиши шарикони сетарафа оид ба масъалаҳои музди меҳнат ташкил карда шуд. Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар ҷараёни омода намудани таҳқиқот оид ба масъалаҳои сиёсати ташаккули музди меҳнат дар Тоҷикистон бо хусусияти хоси худ ба соҳаҳои зерин ёрии техникӣ мерасонад: ҳадди ақали музди меҳнат, музокираҳои коллективӣ оид ба масъалаҳои музди меҳнат ва омори музди меҳнат. Аз ҷумлаи намояндагони ҳамаи тарафҳои манфиатдор бо мақсади таҳияи тавсияҳо оид ба сиёсати маҷмӯии масъалаҳои музди меҳнат дар сатҳи миллӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад. Шарикон фаҳмиши худро оид ба усулҳои бунёдии муқаррар намудани сатҳи музди меҳнат тавассути иштирок дар тренингҳо ва музокироти коллективӣ оид ба масъалаҳои музди меҳнат вусъат медиҳанд. Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба паҳн намудани дониш оид ба масъалаҳои музди меҳнат бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ба ҷараёни ташаккули сиёсат дар соҳаи мазкур мусоидат менамояд.

59. Нишондиҳандаҳо:

- механизми мониторинг ва ҷамъоварии маълумот оид ба музди меҳнат бо таснифот аз рӯи ҷинсият дар доираи низоми умумии маълумоти бозори меҳнат тақвият дода шуд;

- шарикони сетарафа мунтазам ба ислоҳоти сиёсат дар соҳаи музди меҳнат тавассути иштирок дар гурӯҳи корӣ ҷалб карда шуданд;

- тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар лоиҳаи сиёсати маҷмӯии нав оид ба масъалаҳои музди меҳнат инъикос ёфтаанд;

- Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи механизми ҳисобкунии арзиши сабади истеъмолӣ татбиқ гардид;

- аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии меҳнат гурӯҳи коршиносон оид ба музди меҳнат аз намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, иттиҳодияи корфармоён (ИКҶТ) ва иттифоқҳои касаба (ФИКМТ) ташкил карда (занон ва мардон) омӯзонида шуданд.

60. Натиҷаи 3: Иқтидори амалиёти муштараки Ҳукумат ва шарикони иҷтимоӣ оид ба иҷрои Нақшаи миллии барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон баланд гардид.

61. Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон (IPEC) ба шарикони сетарафаи ТБМ дар Тоҷикистон оид ба татбиқи Нақшаи аввалини миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон тавассути гузаронидани чорабиниҳои мувофиқ дар самтҳои зерин кӯмак мерасонад:

- беҳдошти иттилоотонӣ ва воқифият оид ба меҳнати кӯдакон, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани аввалин таҳқиқоти миллӣ оид ба меҳнати кӯдакон;

- муайянсозии робита миёни меҳнати кӯдакон ва шуғли ҷавонон;

- мусоидат намудан ба инкишофи ҳамкории "Ҷануб-ҷануб" дар минтақа.

62. Омӯзонидани ташкилотҳои шарикони миллии масъул барои иҷрои Нақшаи миллии амалҳо оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон буда, ба муайянсозии роҳҳои самараноки мубодилаи таҷриба ва воситаҳои мувофиқи барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон равона гардидааст. Ҳамчунин, чораҳо ҷиҳати ошкор намудани меҳнати кӯдакон тавассути низоми мониторинги меҳнати кӯдакон идома дода мешавад. Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон (IPEC) доир ба мубодилаи маълумот ва таҷрибаи масъалаҳои меҳнати кӯдакон ва намунаи ибрат қарор додани амалҳои муваффақона дар ин соҳа ҳамкорӣ хоҳанд намуд.

63. Нишондиҳандаҳо:

- натиҷаҳои таҳқиқоти миллӣ оид ба меҳнати кӯдакон дар тавсияҳои шарикони миллӣ оид ба меҳнати кӯдакон, ки ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо равона мебошад, инъикос ёфтааст;

- стратегияи гендерии барҳам додани меҳнати кӯдакон ва ҳамкории шуғли ҷавонон дар сиёсати миллӣ муттаҳид гардидааст;

- шумораи мисоли амалҳои муваффақона дар самти меҳнати кӯдакон, ки шарикони миллӣ барои тавсеаи минбаъда муайян намудаанд.

64. Натиҷаи 4: Нерӯи шарикони сетарафа дар соҳаи ҳамкорӣ ҷиҳати башаклдарории шуғлнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ тақвият дода шудааст.

65. Фаъолияти ТБМ ба баланд бардоштани воқифияти шарикони сетарафа барои зарурати пеш бурдани шуғли расмӣ ва қувваи пешбарандаи он, бо равонасозии таваҷҷуҳ ба корхонаҳои хурду миёна дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт ва гурӯҳҳои гуногуни коргарони ба шуғли ғайрирасмӣ машғулбуда мутамарказонида мешавад.

Ин бо роҳи ташкил кардани семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, ки яке аз ҳадафҳояш афзун намудани намояндагии кормандони ғайрирасмӣ дар иттифоқҳои касаба аз ҳисоби тавсеаи иттифоқҳои касабаи нав дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ мебошад, татбиқ мегардад. Машваратҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳамкории техникӣ ва рушди нерӯи шарикон барои амалӣ гардидани шуғли расмӣ ба воситаи таҳияи чораҳои мувофиқ ва ташаббускорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, шуғл, сиёсати иҷтимоию меҳнатӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ дар ҳамкории зич бо шарикони иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Ташкилоти байналмилалии меҳнат барои баланд бардоштани иқтидори иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои корфармоён ҷиҳати масъалаҳои густурдани фаъолияти онҳо дар корхонаҳо ва коркунони алоҳидаи бахшҳои ғайрирасмӣ, ки минбаъд барои гузаштан ба шуғли расмӣ мусоидат мекунанд, кӯмак мерасонад.

66. Ташкилоти байналмилалии меҳнат расонидани машваратҳои техникиро барои устувории низоми ба танзимдарории масъалаҳо оид ба меҳнат ва тадриҷан ҷорӣ намудани фаъолият дар бахшҳои ғайрирасмӣ мутобиқи Низомномаи Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат №150 ҷиҳати батанзимдарории масъалаҳои меҳнат давом медиҳад.

67. Нишондиҳандаҳо:

- шумора ё фоизи кормандони ташкилотҳои шарик (бо таснифот аз рӯи ҷинсият), ки оид ба масъалаҳои шуғли ғайрирасмӣ иттилоотонии хубтарин ва салоҳиятнокӣ нишон додаанд

- шумора ё фоизи ташкилотҳои шарик, ки кормандони масъулашон масъалаҳои барасмиятдарориро омӯхтаанд;

- шумораи қабули ташаббусҳои сиёсӣ ва ё чораҳои амалӣ аз тарафи шарикони миллӣ, ки ҷиҳатҳои гендерӣ ва мусоидати барасмиятдарории бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмиро ба назар мегиранд.

Афзалияти 2. Рушди имкониятҳои шуғли арзандаи мардон ва занон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии баргашта

68. Натиҷаи 1: Заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии миллӣ дар соҳаи шуғл такмил гардид.

69. Тоҷикистон Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат "Дар бораи сиёсат дар соҳаи шуғл" - ро ба тасвиб расонда, ҳар ду сол Барномаи рушди шуғл, паст намудани сатҳи бекорӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва бо кор таъминкунии онҳоро қабул менамояд. Стратегияи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, инчунин Барнома оид ба ташкил намудани ҷойҳои корӣ барои солҳои 2008-2015 маъқул дониста шуда буд. Бо вуҷуди он вазифаи асосӣ ба роҳ мондани арзёбии мунтазами самаранокии сиёсати шуғл мебошад. Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар гузаронидани баҳодиҳии иҷрои муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ва дигар тадбирҳо, ки барои рушди шуғл равона шудааст, кӯмаки техникӣ мерасонад.

70. Дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳии гузаронидашуда тадбирҳои нав оид ба вусъатдиҳии щуғл, махсусан бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод карда мешаванд.

71. Нишондиҳандаҳо:

- аз нуқтаи назари гендерӣ аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии меҳнат истифодабарии чораҳои сиёсӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" гузаронида ва аз ҷониби шарикони миллӣ тасдиқ шудааст;

- шумораи тадбирҳои аз тарафи Ҳукумат пешниҳодшуда ба рушди шуғл равона карда шудааст.

72. Натиҷаи 2: Низоми миллии ахбор ва таҳлили бозори меҳнат такмил ёфтааст.

73. Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба рушди низоми маълумот ва таҳлили бозори меҳнат дар Тоҷикистон, инчунин дар сатҳи минтақавӣ, ки барои қабули қарорҳои озмуда дар ин соҳа мусоидат менамояд, таҳия ва амалӣ намудани сиёсат ва барномаи бозори меҳнат дар асоси маълумоти дуруст ва саҳеҳ оид ба бозори меҳнат ёрӣ мерасонад. Низоми маълумот ва таҳлили бозори меҳнат бо дастгирӣ ва кӯмаки мутахассисони махсус таълимгирифтаи дахлдори шӯъбаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркунони хадамоти шуғл татбиқ карда мешавад. Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар ташкили асоси кори Гурӯҳи машваратии техникӣ, ки аз ташкилотҳои манфиатдор ба ҷамъоварӣ ва истифодабарии маълумот оид ба бозори меҳнат машғуланд, мусоидат мекунад. Чунончи, омӯзиши коркунони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Агентии омор оид ба масъалаҳои ҷамъкунӣ, коркард, таҳлил ва паҳнкунии маълумот дар бораи бозори меҳнат ташкил карда мешавад. Истилоҳи омории мавҷуда, муайянкунӣ ва тарзи ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ барои мувофиқа намудан ба сиёсати шуғл ва бозори меҳнат аз нав дида баромада мешавад. Бо талаботи шарикони миллӣ Ташкилоти байналмилалӣ меҳнат барои тайёр намудани муоинаи қувваи кории пилоти мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

74. Нишондиҳандаҳо:

- маълумот дар бораи вазъи бозори меҳнат дар як сол ду маротиба нав мегардад;

- шумораи коркунони ташкилотҳои шарикони миллӣ (бо таснифот аз рӯи ҷинсият), ки донишу малакаи аз дарсҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат гирифтаашонро намоиш медиҳанд;

- шумораи нишондиҳандаҳои бозори меҳнат, ки мувофиқи стандартҳои байналмиллалӣ аз нав дида баромада шуданд.

75. Натиҷаи 3: Имконияти шуғли арзанда барои ҷавонон бо роҳи инкишофи малакаҳои касбӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ зиёд гардид.

76. Стратегияи ТБМ ба устуворшавии нерӯи роҳбарони баландпоя ва мутахассисони кордида дар масъалаҳои коркард ва ба амал баровардани Барномаи аз ҷиҳати илмӣ ва сиёсати гендерӣ асоснок, шуғли ҷавонон, инчунин расидан ба натиҷаҳо тавассути рушди шарикӣ ва иттиҳодияҳо оид ба масъалаҳои шуғли ҷавонон равона карда мешавад. Ҷалб намудани ниҳодҳои давлатӣ, шарикони иҷтимоӣ ва дигар иштироккунандагон ба ташкили иттиҳод ва ҷорӣ намудани стратегияи босамар барои ба даст овардани натиҷаҳо ёрӣ мерасонад. Ин бо таъсиси барномаи минтақавӣ барои ташкили ҳамкорӣ ва мубодилаи дониш, ки дар асоси баҳодиҳии коршиносон ба маъалаҳои шуғли ҷавонон ва иштироки шарикони сетарафаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон ба даст меояд.

77. Фаъолнокии ҳамаҷониба дар доираи ин шабакаи минтақавй пешбинишуда ба устуворшавии нерӯи шахсони вазифадор, ки дар масъалаҳои таҳлили бозори меҳнати ҷавонон, коркард ва баҳодиҳии сиёсат ва сгратегияи вусъати шуғли ҷавонон, ба назар гирифтани маҳдудияти гендерӣ қарорҳои сиёсӣ қабул менамоянд, роҳбарӣ кардан ба ташаббусҳо оид ба таҳкими асосҳои дониш ва инкишофи воситаҳо; дастгирии сиёсӣ намудани ташаббусҳои илман асоснок ва аз нигоҳи иқтисодӣ манфиатовар дар соҳаи шуғли ҷавонон равона карда мешавад. ТБМ инчунин ташаббусҳоеро, ки ба самти таҳкими робитаи маорифу тренингҳо оид ба меҳнати арзанда, баланд бардоштани сатҳи малакаҳои мутобиқи талаботи бозори меҳнат, алалхусус тренингҳое, ки аз рӯи дархости шарикон иҷро мешаванд, дастгирӣ менамояд.

78. Нишондиҳандаҳо:

- шумораи барномаҳо ва тадбирҳои амалӣ, ки бо дастгирии техникии Ташкилоти байналмилалии меҳнат таҳия шуда,ба довталабони ҷавон нигаронида шудаанд;

- шумораи мардҳо ва занҳои ҷавон (дар алоҳидагӣ), ки бо ёрии тадбирҳои амалинамудаи ТБМ ба кори арзанда роҳ ёфтаанд. Афзалияти 3: Беҳтар гардонидани шароити меҳнат ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ

79. Натиҷаи 1: Низоми миллӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат такмил дода, назорати меҳнат муосиркунонӣ карда шуд.

80. Корхонаҳои даромаднок ва рақобатпазир барои таъмини меҳнати арзанда муҳиманд, онҳо бехатарӣ ва беҳбудии коргарон ва эҳтироми ҳуқуқҳои онҳоро таъмин менамоянд. Корхонаҳо қобилияти тавсеашавӣ ва рушдёбиро доранд, ҷойҳои кории устувор ташкил менамоянд. Дар навбати худ меҳнати арзанда шарти зарурӣ барои таъмини қобилияти зист ва устувории корхона, афзоиши маҳсулнокӣ ва рақобатпазирии он мебошад. Корхонаҳое, ки ба масъалаҳои бехатарӣ ва беҳбудии коргарон, эҳтироми ҳуқуқҳо ва пурра ҷалб намудани онҳо ба рафти истеҳсолот афзалият медиҳанд, дар бартараф кардани талаботи шадиди бозори ҷаҳонӣ, рақобати афзоянда ва қонеъ гардонидани талаботи муштариёни ҳарчи бештар серталаб мавқеи судманд доранд.

81. Дар доираи натиҷаҳои Барнома истифодаи бонизоми муносибат оид ба такмил додани низоми муҳофизат ва бехатарии меҳнат (минбаъдМБМ) давом дода мешавад. Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба шарикони миллӣ дар ташкили мақоми мувофиқи сетарафа дар татбиқи Барномаи миллӣ барои солҳои 2013-2016, навсозии тахассуси миллӣ оид ба МБМ ёрӣ мерасонад. Амали якҷояи шарикони сетарафа ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба пешрафти конвенсияҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат №№ 129, 155, 184 ва 187(1) ва навсозии қонунгузории миллӣ мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ, муосиркунонии назорати меҳнат (Хадамот) равона шудааст. Ташкилоти байналмилалии меҳнат иқтидори нозироти меҳнат, аз ҷумла идора намудани фаъолияти он, такмил додани низоми тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ҳисоб ва бақайдгирии онҳоро инкишоф медиҳад. Ба муколамаи иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳофизат ва бехатарии меҳнат ва ба кори назорати меҳнат аҳамияти махсус дода мешавад.

82. Нишондиҳандаҳо:

- симои (тахассуси) миллӣ оиди ҳифзи меҳнат нав карда шуд;

- шумораи коркунони нозироти меҳнат ва мутахассисони МБМ аз ташкилотҳои шарикии иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи омӯзиш аз тарафи ТБМ салоҳияти худро беҳтар намуданд, барқарор гардид;

- шумораи тағйироти қонунгузорӣ ва ниҳодӣ дар соҳаи МБМ барқарор шуд.

83. Натиҷаи 2: Беҳтар шудани ҳифзи иҷтимоӣ бо роҳи ҷорӣ намудани ҳадди ақали кафолатҳои иҷтимоӣ

84. Ҷаласаи 101 Конференсияи байналмилалии меҳнат дар соли 2012 Тавсия "Дар бораи ҳадди ақали кафолатҳои иҷтимоӣ"-ро (минбаъд ҲАКИ) қабул кард. Дар сатҳи миллӣ пеш бурдани Тавсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат бо роҳандозии чораҳои маҷмӯӣ, ки ҳадди ақали кафолатҳои иҷтимоиро таъмин менамоянд дар муколамаи иҷтимоӣ бояд сурат гирад. Тоҷикистон барои пешрафти ҲАКИ дар сатҳи миллӣ якумин мамлакати Осиёи Марказӣ интихоб гардида, шарикони сетарафаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат бояд ташаббускорони асосии ин раванд бошанд. Тақвияти иқтидори таҳқиқотӣ дар сатҳи миллӣ оид ба коркард, иҷро, мониторинг ва баҳои ҳадди ақали кафолатҳои иҷтимоӣ бо роҳи гузаронидани машваратҳои техникӣ, мубодилаи омӯзиш ва таҷриба дар ин соҳа татбиқ карда мешавад.

85. Муҳокимаи ҲАКИ дар Тоҷикистон аз пешбарии Тавсияи ТБМ бо омӯзиши минбаъдаи масъалаҳои марбут оғоз гардад. Соли 2013 дар гуфтугӯи миллӣ оид ба ҲАКИ агентиҳои байналмилалӣ (Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ) ҳамроҳ гардиданд, ки ин барои ба рӯзномаи Шӯрои координатсионӣ оид ба рушд дохил кардани масъалаи мазкур мусоидат намуд.

86. Аввалин қадами муҳим - доҳил намудани ҲАКИ ба ҳуҷҷатҳои таҳияшавандаи нави сиёсӣ, ба мисли Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва Стратегияи баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 мебошад. Иқдоми навбатӣ, тайёрии вазъи экспрессбаҳодиҳии ҳолати ҲАКИ мешавад, ки дар оянда ба муҳокимаи техникии ин масъалаҳо равона мегардад. Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба паҳншавии дониш оид ба ҳифзи иҷтимоӣ бо роҳи вусъат додани таҷрибаи муваффақи байналмилалӣ дар соҳаи татбиқи ҲАКИ мусоидат менамояд. Барои дастгирии пешравии ХАКИ дар сатҳи миллӣ машваратҳои техникӣ оид ба низоми таъминоти иҷтимоӣ дар доираи ҲАКИ пешниҳод мегарданд.

87. Нишондиҳандаҳо:

- принсипҳои ҲАКИ ба сиёсати миллӣ дохил шуданд;

- шарикони миллӣ ба ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ оид ба ҲАКИ ҷалб шуданд;

- барои пешравии ҲАКИ дар сатҳи миллӣ таҷрибаи муносиби байналмилалӣ истифода бурда шуд;

- механизми мунтазами индексатсия кардани андозаҳои пардохтҳои иҷтимоии давлатӣ ва мустаҳкам намудани низоми ҳамрайъии таъминоти нафақаи меҳнатӣ (суғуртавӣ) таҳия ва ба тасвиб расидааст;

- Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи миёнамуҳлат таҳия гардида, тасдиқ шудааст.

88. Натиҷаи 3: Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон тақвият ёфтааст.

89. Тоҷикистон ҳар ду конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат Конвенсияи (навкардашудаи) соли 1949 "Дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ" ва Конвенсияи соли 1975 "Дар бораи муҳоҷирон меҳнаткашон" (дастурамали иловагӣ), инчунин Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид соли 1990 "Оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирон меҳнаткашон ва аъзои оилаҳои онҳо"-ро ба тасвиб расонид. Дар доираи ба тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дохил шудани Хадамоти муҳоҷират Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба тақвияти нерӯи Хадамоти муҳоҷират оид ба самаранок истифода бурдани ин воситаҳо, аз ҷумла барои пешгирӣ намудани кирояи кормандон - муҳоҷирон ба корҳои шароиташон вазнин ва маҳдудкунандаи ҳуқуқ мусоидат хоҳад намуд. Ин беҳтаршавии шароити муҳоҷирони эҳтимолӣ, аз ҷумла ба пуррагӣ воқифияти онҳоро аз ҳуқуқ ва вазифаҳояшон дар мамлакати қабулкунанда дар бар мегирад. Инчунин, истифодаи қоидаҳои дахлдори Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат "Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл" дида баромада мешавад.

90. Нишондиҳандаҳо:

- шумораи коркунони Хадамоти муҳоҷират (бо таснифот аз рӯи ҷинсият), ки дар натиҷаи омӯзонидани Ташкилоти байналмилалии меҳнат салоҳияти худро беҳтар намуданд;

- шумораи воситаҳои бакорбурдашудаи аз ҷиҳати гендерӣ муассир ва тадбирҳо барои беҳбудии иттилоотонӣ ва воқифияти муҳоҷирони эҳтимолӣ дар бораи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои онҳо;

- корҳои тайёрӣ барои ба тасвиб расонидани Конвенсия "Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл" оғоз гардиданд.

5. НАҚШАИ ТАТБИҚ, МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ

91. Барнома бо иштироки бевоситаи шарикони сетарафаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар ҷараёни машварати техникӣ бо мутахассисони Гурӯҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия шудааст. Афзалиятҳои асосии Барнома, натиҷаҳои он, нишондиҳандаҳо ва стратегияи татбиқи он дар ҳамдастӣ муайян карда шудааст.

92. Барнома аз ҷониби шарикони сетарафа дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Гурӯҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, бо дастгирии ширкати минтақавии Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Аврупо, департаментҳои техникии штабквартираи Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Женева, инчунин Маркази илмии байналмилалӣ дар Турин татбиқ карда мешавад. Бо Агентии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ барои барқарор намудани шарикии стратегӣ ва иҷрои натиҷаҳои асосиии Барнома ҳамкориҳо идома меёбад. Ҳамоҳангсози миллии Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон ҳамоҳангсозии умумии раванди иҷрои Барнома ва муттаҳидсозии кӯшишҳои миллӣ ва байналмилалиро, ки ба татбиқи босамари он равона шудааст, таъмин менамояд.

93. Мутобиқи принсипҳои муқарраргардида, барои татбиқи бомуваффақияти Барнома Гурӯҳи кории сетарафаи иборат аз мутахассисони ботаҷрибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, инчунин намояндагони Ташкилоти байналмилалии меҳнат таъсис дода мешавад. Принсипи баробарии гендериро ба роҳбарӣ гирифта, Ташкилоти байналмилалии меҳнат шарикони сетарафаро даъват менамояд, ки ҳайати аз ҷиҳати гендерӣ баробари Гурӯҳи сетарафаи машваратиро таъмин намоянд.

94. Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар татбиқи Барнома вобаста ба мавҷудияти захираҳои молиявӣ ва кадрӣ, инчунин имкониятҳои техникиаш, мусоидат менамояд. Натиҷаҳои алоҳидаи Барнома барои солҳои 2015-2017 дар доираи лоиҳаи ҳамкории техникии "Бартараф намудани буҳрон ва таъмини меҳнати арзанда ва бехатар - марҳилаи II", барои солҳои 2015-2017 бо маблағи Ҳукумати Финляндия; лоиҳаи "Кор фармудани стратегияи такмили ихтисоси Гурӯҳи бист", барои солҳои 2012- 2015 бо маблағи Федератсияи Россия; лоиҳаи "Барҳамдиҳии меҳнати кӯдакон дар Осиёи Марказӣ- аз ӯҳдадорӣ ба амалиёт" барои солҳои 2011- 2015 бо маблағи Ҳукумати Олмон иҷро мешаванд. Масъулияти муштараки сафарбар намудани захираҳо дар сатҳи маҳаллӣ барои иҷрои Барнома ба зиммаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

95. Дар асоси натиҷаҳои банақшагирифта ва захираҳои ҷойдоштаи шарикони сетарафа ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат, ки аз тарафи Гурӯҳи сетарафаи машваратӣ барои таъмини иҷрои босамар танзим мегардад, Нақшаи Барнома таҳия карда мешавад. Баҳодиҳии дохилии иҷрои Барнома ба таври мунтазам (ҳарсола) аз тарафи Гурӯҳи сетарафаи машваратӣ амалӣ мегардад.

96. Тағйиру иловаҳо ба Барнома тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо мувофиқаи тарафҳо, ворид гардида бо протоколи ҷудогона тасдиқ карда мешавад. Протоколи мазкур қисми ҷудонашавандаи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони иҷтимоии сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017 ба шумор меравад.

97. Барномаи мазкур пас аз иҷрои расмиёти дохилидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор мегирад. 98. Барномаи ҳамкории мазкур бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар WEB-сайти ташкилотҳои шарикони сетарафа ва Гурӯҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нашр мегардад.