Регламенти техникии "Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ" аз 4 марти соли 2015 № 136

Санаи амалкуни: 28.10.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 марти соли 2015, № 136

тасдиқ шудааст

Регламенти техникии "Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2016 № 463)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Регламенти техникии "Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Регламенти техникӣ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" таҳия шудааст.

2. Регламенти техникии мазкур муқаррар менамояд:

- иҷро ва истифодаи талаботи ҳатмии бехатарӣ ва самаранокии энергетикӣ ба газҳои моеи карбогидридӣ ва равандҳои истеҳсолот, нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва истифодаи партовҳо, ки ба онҳо алоқаманданд; қоидаҳои ҳаммонандкунии газҳои моеи карбогидридӣ;

- шаклҳои баҳодиҳии мутобиқати газҳои моеи карбогидридӣ ба талаботи Регламенти техникии мазкур.

2. Мафҳумҳои асосӣ

3. Барои мақсадҳои Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- борҳои хатарнок - ашё, молҳо ва маснуоти дорои хосиятҳое, ки дар раванди интиқол метавонанд ба марг, ҷароҳатгирӣ, заҳролудшавӣ, шуоъзанӣ, бемории одамон ва ҳайвонот ва ҳамчунин ба таркиш, сӯхтор, осебёбии биноҳо, воситаҳои нақлиёт, киштиҳо оварда расонанд, ки бо нишондод ва меъёрҳои дар Регламенти техникии мазкур пешниҳодшуда тавсиф мешаванд ва дар зарфҳои ҳавоногузари нақлиётӣ роҳи оҳан ё автомобилӣ интиқол дода мешаванд.

- рақами силсилавии СММ - рақами тартибӣ, ки бештар ба борҳои хатарноки интиқолшаванда. аз тарафи Кумитаи экспертҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба интиқоли борҳои хатарнок дода мешавад.

- газҳои моеи карбогидридӣ - омехтаи карбогидридҳо (пропан, бутан, бутилен, пропилен), ки дар шароити муътадил (фишори атмосферии 760 мм ст.обӣ ва ҳарорати 0шС) дар ҳолати газӣ қарор доранд ва дар ҳолати баланд шудани фишор (дар ҳолати ҳарорати доимӣ) ё паст шудани ҳарорат (дар ҳолати фишори атмосферӣ) аз ҳолати газӣ ба моеъ мегузаранд;

- фурӯшандаи газҳои моеи карбогидридӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки фурӯши газҳои моеи карбогидридиро дар ҳама марҳилаҳои давраи мавҷудияташон, ба истиснои давраи истифода ба сифати сӯзишворӣ ба роҳ мемонад;

- зарф - ғунҷоиши пӯшидаи ҳавоногузар, ки барои нигоҳдорӣ ва таҳвили (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ шудааст;

- махзан (резервуар) - зарфҳои доимӣ (статсионарӣ), ки барои нигоҳдории газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ шудаанд;

- систернаҳои роҳи оҳан - зарфҳои сайёре, ки доимӣ дар рамаи қатораи роҳи оҳан ҷойгир карда шудаанд ва барои нигоҳдорӣ ва таҳвили (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ гардидаанд;

- систернаҳои автомобилӣ - зарфҳои сайёре, ки доимӣ дар шассии (ядаки) автомобил ҷойгир карда шудаанд ва барои нигоҳдорӣ ва таҳвил додани (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ гардидаанд;

- контейнер-систерна - маснуоти универсалии интиқолшаванда барои нигоҳдории бехатар ва таҳвил додани (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ бо нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ, дарёӣ ва автомобилӣ;

- баллон - зарфҳои дорои як гардана, барои ҷойгир намудани таркиботи маҳкамшаванда, ки барои нигоҳдорӣ, таҳвил додан (интиқол) ва истифодабарии газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ шудаанд;

- баллони автомобилӣ - баллоне, ки дар автомобил ҷойгир карда шудааст ва кори муҳаррики автомобилро аз ҳисоби истифодаи газҳои моеи карбогидридии дар он мавҷудбуда пешбинӣ менамояд.

Мафҳумҳое, ки дар боби 2 Регламенти техникӣ муқаррар шудаанд, танҳо барои муносибатҳое, ки бо таъмини бехатарии равандҳои истеҳсол, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯш ва истифодаи партовҳои газҳои моеи карбогидридӣ алоқаманданд, истифода мешаванд.

3. Доираи истифодаи Регламенти техникӣ

4. Регламенти техникии мазкур барои газҳои моеи карбогидридӣ бо фишори барзиёдӣ на зиёда аз 1,6 МПа дар ҳарорати аз г40шС то + 45шС, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд ва ба сифати сӯзишворӣ истифода мегарданд, татбиқ карда мешавад.

5. Талаботи Регламенти техникии мазкур вобаста ба навъҳои зерини газҳои моеи карбогидридӣ, ки хосиятҳои физикӣ-кимиёвиашон дар замимаи А пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешаванд:

- ПТ - пропани техникӣ;

- ПА - пропани автомобилӣ;

- ПБА - пропан-бутани автомобилӣ;

- ПБТ - пропан-бутани техникӣ;

- БТ - бутани техникӣ.

6. Ҳаммонандкунии газҳои моеи карбогидридӣ барои муқаррар намудани мансубият ба доираи амали Регламенти техникии мазкур бо роҳи муқоисаи муоинашавандаи тамғаи газҳои моеи карбогидридӣ, ки дар зарфи дорои газҳои моеи карбогидридӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ва сертификати мутобиқат бо тамғаи дар банди 5 Регламенти техникии мазкур муқарраршуда нишон дода шудааст, гузаронида мешавад.

7. Барои ҳаммонандкунии газҳои моеи карбогидридӣ бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои истеъмолкунандаро ба иштибоҳ оваранда дилхоҳ шахси манфиатдор барои боварӣ ба мувофиқат намудани маҳсулоти ҳаммонандшуда ба нишонаҳои дар банди 4 ва замимаи А-и Регламенти техникии мазкур муқарраршуда ва ҳамчунин маълумоти нишондода дар зарфи дорои газҳои моеи карбогидридӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ва сертификати мутобиқат ҳуқуқ дорад.

8. Регламенти техникии мазкур бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:

- ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, амволи давлатӣ; ҳифзи муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва наботот;

- пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандагонро ба иштибоҳ меоранд;

- таъмини самаранокии энергетикӣ.

4. Қоидаҳои ба мубмилоти бозорӣ баровардан

9. Ба муомилоти бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани газҳои моеи карбогидридӣ дар ҳолати мутобиқати онҳо ба Регламенти техникии мазкур ва ҳамчунин дигар регламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ мегардад, иҷозат дода мешавад.

10. Агар дар зарфҳои дорои газҳои моеи карбогидридӣ нишони миллии мутобиқати (нишони муомилот дар бозор) Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ нашуда бошад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани онҳо иҷозат дода намешавад.

11. Ворид намудани газҳои моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ, ки дорои ҳайати кории соҳибтахассус, анборҳои худӣ ва (ё) иҷоравии нигоҳдории газҳои моеи карбогидридӣ, нуқтаҳои доимии фурӯш ва васоити интиқолдиҳӣ мебошанд, амалӣ карда мешавад.

12. Воридоти газҳои моеи карбогидридӣ аз тарафи шахсони ҳукуқӣ ва ё соҳибкорони инфирбдӣ, ки дорои шаҳодатномаи аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ додашуда мебошанд (Замимаи Б), ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми додани шаҳодатнома бояд ҳама талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экология, бехатарии оташнишонӣ, тасдиқи сифат ва талабот ба зарфҳое, ки зери фишор кор мекунанд, ба инобат гирифта шаванд. Расмиёти шаҳодатномадиҳӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ муайян ва ба роҳ монда шуда, маблағи корҳо оид ба шаҳодатномадиҳӣ панҷоҳу панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад. Шаҳодатнома ба мӯҳлати як сол дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2016 № 463).

13. Расмиёти гумрукӣ вобаста ба воридоти газҳои моеи карбогидридӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор дар ҳолати мавҷуд будани шаҳодатнома (Замимаи Б) ва сертификати мутобиқат амалӣ карда мешавад.

5. Талабот ба бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ ва равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва нобудсозӣ, ки бо онҳо алоқаманданд.

14. Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ дар раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва нобудсозии онҳо таъмин карда мешавад.

15. Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ дар раванди истеҳсоли онҳо бо омилҳои зерин таъмин мешавад:

- бо интихоби равандҳои технологӣ ва реҷаҳои ба амал баровардани онҳо дар ҳама марҳилаҳои истеҳсоли газҳои моеи карбогидридӣ;

- бо интихоби шароити мувофиқи муттасили равандҳои теҳнологӣ;

- бо санҷиши корҳои таҷҳизоти технологӣ;

- бо мавҷуд будани бинои истеҳсолӣ, ки таъминкунандаи бехатарии равандҳои технологӣ мебошанд.

16. Таҷҳизоти технологие, ки дар раванди истеҳсоли газҳои моеи карбогидридӣ мавриди истифода қарор мегиранд, бояд дар ҳолати коршоям буда, дорои тавсифномаи конструктивӣ ва истифодабарии таъминкунандаи истеҳсоли бехатари газҳои моеи карбогидридӣ башанд.

17. Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ дар ҷойҳои махсуси таҷҳизонидашудае, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ мебошанд, амалӣ карда мешаванд:

- мавҷуд будани ҳавокашҳои бо шохаҳои ҳавокаши дигар пайвастбуда, қи табодули даҳкаратаи ҳаворо таъмид менамоянд;

- мавҷуд будани воситаҳои автоматикунонидаи оташнишонӣ ё огоҳкунандаҳои сӯхтор;

- назорати мавҷуд будани газҳои карбогидридӣ дар доираи корӣ тавассути асбобҳои сайер ва статсионарии худкори доимоамалкунанда.

18. Дар биноҳое, ки истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ ба роҳ монда мешавад, истифодаи оташи кушода манъ аст.

19. Конструксияи сохтмонии биноҳое, ки дар онҳо истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ ба роҳ монда мешавад, бояд устуворӣ ба оташ, таркиш ва баровардани шарораангезиро таъмин намоянд.

20. Асбобҳои барқие, ки дар дохили бинои истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, моеъкашӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ ҷойгир шудаанд, бояд дар ҳолати муҳофизаткунии таркиш бошанд.

21. Таҳвил (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ ба таври зерин амалӣ мешавад:

- тавассути нақлиёти роҳи оҳан дар зарфҳои (систернаҳои) роҳи оҳан ва ҳамчунин контейнер-систернаҳо;

- тавассути нақлиёти автомобилӣ - дар зарфҳои (систернаҳои) автомобилӣ, контейнер-систернаҳо, автомашинаҳои махсус барои интиқоли баллонҳо;

- тавассути нақлиёти баҳрӣ ва дарёӣ дар танкерҳо ва киштиҳо, ки бо контейнер-систернаҳо ҷиҳозонида шудаанд;

- нақлиёти қубурӣ - бо хатдои қубурӣ.

22. Нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ бояд дар зарфҳои махсуси ҳавоногузар (резервуарҳо, систернаҳои роҳи оҳан, систернаҳои автомобилӣ, контейнерсистёрнаҳо, баллонҳо) ба роҳ монда шавад.

23. Зарфҳое, ки барои нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ гардидаанд (ба истиснои баллонҳои газӣ моеъ), бояд бо арматураҳои маҳкамкунӣ ва муҳофизатӣ, асбобҳои санҷишию ченкунӣ таҷҳизонида шуда, шиноснома дошта бошанд.

24. Зарфҳои нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ (ба истиснои баллонҳо), бояд шиноснома дошта бошанд.

25. Баллонҳои газҳои моеи карбогидридӣ бояд бо арматураҳои маҳкамкунанда ҷиҳозонида шаванд.

26. Зарфҳое, ки барои нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ истифода мегарданд, бояд ба сарбориҳои истифодашавандаи механикию ҳароратӣ, дар ҳолати шаклдигаркуниву шикастанҳои нақлиёти боркашон, ки ба газҳои моеи дохили зарфҳо таъсир мерасонанд, тобовар бошанд.

27. Маводе, ки барои тайёр намудани зарфҳои нигоҳдорӣ, интиқолдиҳӣ ва ба фурӯш баровардани газҳои моеи карбогидридӣ истифода мегарданд, бояд ба таъиноти худ мутобиқат намоянд ва ба таъсиррасонии механикӣ, ҳароратӣ ва кимиёвӣ, ки дар тамоми мӯҳлати истифода пайдо мешаванд, тобовар бошанд.      

28. Дар ҳудуди объектҳои нигоҳдории газҳои моеи карбргидридӣ бояд сӯхторхомӯшкунии берунӣ ва дар ҳолати асосноккунии дахлдор таҷҳизоти обёрикунӣ, инчунин асбобҳои аввалияи сӯхторхомӯшкунӣ пешбинӣ карда шаванд.

29. Дар ҳудуди объектҳои истеҳсолӣ, биноҳое, ки истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯшӣ газҳои моеи карбогидридӣ ба роҳ монда мешавад, дар майдончаҳои ҷобаҷогузорӣ резервуарҳо ва механизмҳои баллонҳои гурӯҳӣ ва ҳамчунин механизмҳои берунӣ бояд чораҳои роҳ надодан ба дохилшавии шахсони бегона пешбинӣ карда шавад.

30. Дар дарвозаи биноҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ бояд навиштаҷоти огоҳкунандаи "Оташангез-газ", "Ба шахсони бегона даромадан манъ аст", "Дараҷаи бино А" пешбинӣ шуда бошанд.

31. Дар механизмҳои берунӣ бояд аломатҳои огоҳкунандаи хатар: "Оташангез-газ", "Дараҷаи механизми берунии А" пешбинӣ шаванд.

32. Қубурҳое, ки барои интиқоли газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ шудаанд, бояд аз қубурҳои пӯлодии бо баҳисобгирии фишори 1,6 МПа сохта шаванд. Арматура бояд дорои дараҷаи ҳавоногузаронии маҳкамкунандаи А бошад.

33. Барои интиқоли газҳои моеи карбогидридӣ истифода бурдани қубурҳо аз лӯлаҳои полиэтиленӣ, ба истиснои интиқоли фазаҳои буғии газҳои моеъ бо фишори то 0,05 МПа манъ аст.

34. Ҳангоми таҳвили (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, дарёӣ ё баҳрӣ, бояд ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли бор, ки барои амалӣ намудани назорати ҳолатҳои техникии воситаҳои нақлиёт, муқаррар намудани технологияи барҳам додани оқибатҳои ҳодисаҳои ногувор, муайян намудани хатсайри тасдиқшудаи интиқоли газҳои моеи карбогидридӣ мусоидат менамоянд, ба расмият дароварда шаванд.

35. Интиқоли газҳои моеи карбогидридӣ ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, дарёӣ ё баҳрӣ дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ барои баровардани миқдори муайяни (партияи) газҳои моеи карбогидридӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида (борхат, шаҳодатномаи бор) пур карда шудаанд, иҷозат дода мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ бояд дараҷа (зердараҷа), рақами нақшаи нишони хатарнокӣ, рамзи таснифотӣ ва рақами силсилавии СММ дарҷ шуда бошад.

36. Контейнер-систернаҳои барои таҳвили (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ истифодашаванда - нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, автомошинаҳои махсус барои кашонидани баллонҳо ва танкерҳо бояд дорои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои истифодабарию техникӣ (шаҳодатномаи иҷозат додан ба воситаҳои нақлиёт барои кашонидани борҳои хатарнок, варақаҳои садамавӣ ва маълумотдиҳии системаи иттилоот дар бораи хатарҳо) бошанд.

37. Нобудсозии газҳои моеи карбогидридӣ, бояд аз тарафи фурӯшанда ё истеъмолкунанда, мутобиқи лоиҳае, ки дар он чорабиниҳои таъминкунандаи пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва таъсири номатлуб ба ҳаёт ва саломатии одамон ва ҳайвонот муқаррар шудаанд, амалӣ гардад.

38. Нобудсозӣ ба боқимондаҳои бухорнагардидаи газҳои моеи карбогидридӣ мансуб аст, ки наметавонанд дар алоқа бо тағйироти коркарднашудаи хусусияти физикию кимиёвӣ, ки дар натиҷаи онҳо мутобиқати нишондиҳандаи газҳои моеи карбогидридӣ ба талаботи дар замимаи А-и Регламенти техникии мазкур муқарраршуда қатъ мегардад, ба муомилот бароварда шаванд.

39. Боқимондаҳои бухорнагардидаи газҳои моеи карбогидридии аз зарфҳои газнигоҳдоранда беруншуда пеш аз гузаронидани шаҳодатномакунонии техникӣ, инчунин аз зарфҳо пеш аз гузаронидани ташхиси техникӣ бояд барои коркарди такрорӣ ба корхонаи истеҳсолкунанда бурда шаванд.

40. Хизматрасониҳои фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд.

41. Дар ҳолати ба фурӯш баровардани газҳои моеи карбогидридӣ, ки дар баллонҳо мавҷуданд, фурӯшанда бояд омодагии пеш аз фурӯшро, ки муоинаи баллон, санҷиши ҳолати техникии он барои ҳавоногузаронӣ ва мавҷуд будани нуқсонҳои механикӣ (аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ), санҷиши сатҳи пуршавии газ бо усули баркашӣ ё дигар усулҳо, кӣ гузаронидани назорати муқарраршударо таъмин менамоянд, дар бар мегиранд, амалӣ намояд.

42. Ҳангоми ба фурӯш баровардани баллони газҳои моеи карбогидридӣ ва пур кардани баллони автомобилҳо бо ин газ фурӯшанда бояд ба истеъмолкунанда чиптаи хазинавӣ диҳад, ки дар он рақами баллон, вазни он ба ҳисоби кг (ҳаҷм бо литр барои баллонҳои автомобилӣ), нарх ва санаи фурӯш нишон дода шуда бошад.

43. Ба фурӯш баровардани баллонҳои газҳои моеи карбогидридӣ ва пур намудани баллони автомрбилҳо бо ин газ бе пешниҳоди шаҳодатномаи газҳои моеи карбогидридӣ ба истеъмолкунанда, ё дигар ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсияти харидор, манъ аст. Барои шахсони ҳуқуқӣ мавҷуд будани ваколатнома, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст, ҳатмӣ ҳисобида мешавад.

44. Кормандоне, ки дар раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва нобудсозии гази моеи карбогидридӣ машғул мебошанд, бояд ба талаботе, ки дар замимаи В Регламенти техникии мазкур нишон дода шудааст, мутобиқат намоянд.

45. Ҳар як партияи тамғаи газҳои моеи карбогидридие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии ТоҶикистон ба муомилот бароварда мешавад, бояд дорои шаҳодатномае бошад, ки дар он оид ба шароити истифодаи гази моеи карбогидридӣ ва ё маълумоти огоҳкунанда дар бораи зарурати истифодаи тадбирҳо оид ба таъмини бехатарӣ дарҷ гардиданд.

Талабот ба маълумоти дар шиносномаи гази моеи карбогидридӣ дарҷгардида дар замимаи Г Регламенти техникӣ мазкур муқаррар шудаанд.

46. Ҳар як зарф, ки дорои газҳои моеи карбогидридӣ мебошад, бояд дар ҷойи ба назар намоён лавҳачаи тамғагузорӣ бо маълумоте, ки дар давоми мӯҳлати истифодаи зарф ҳифз мешаванд, дошта бошад.

47. Талабот ба тамғагузорӣ ва қоидаҳои насби он ба бор дар замимаи Д Регламенти техникии мазкур муқаррар шудаанд.

6. Тамғагузорӣ бо нишонаи муомилоти бозорӣ

48. Тамғагузории зарфҳое, ки дорои гази моеи карбогидридӣ мебошанд, бо нишони муомилоти бозорӣ аз тарафи истеҳсолкунандаи мол, фурӯшанда ва ё шахсе, ки намояндагии истеҳсолкунандаи хориҷиро ба зимма гирифтааст, агар мутобиқати газҳои моеи карбогидридӣ ба талаботи Регламенти техникии мазкур тасдиқ шуда бошад, амалӣ карда мешавад.

49. Нишони муомилоти бозорӣ дар зарфҳои дорои гази моеи қарбогидридӣ ва варақаи унвони ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ гузошта мешавад. Нишони муомилоти бозорӣ бояд дар давоми мӯҳлати муқарраргардидаи истифодабарии зарфҳои дорои газҳои моеи карбогидридӣ намоён ва хоно бошад.

50. Нишони муомилоти бозорӣ дар зарфҳои дорои газҳои моеи карбогидридӣ тамғагузорӣ мегардад, ки мутобиқати онҳо ба талаботи Регламенти техникии мазкур тасдиқ шудааст.

7. Баҳодиҳии мутобиқат

51. Мутобиқати газҳои моеи карбогидридӣ ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур бо иҷрои бевоситаи талаботи он ва иҷрои талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Регламенти техникии мазкур алоқаманданд, таъмин карда мешавад.

52. Иҷрои талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи бехатарии Регламенти техникии мазкур, шаҳодат медиҳад.

53. Номгӯи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Регламенти техникии мазкур алоқаманданд, аз тарафи мақом оид ба татбиқи батанзимдарории давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешаванд.

54. Тартиби ташаккули номгӯи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Регламенти техникии мазкур алоқаманданд, аз тарафи мақом оид ба татбиқи батанзимдарории давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешаванд.

8. Тасдиқи мутобиқат

55. Сертификаткунонии ҳатмии маҳсулот бо гузаронидани санҷиши намунаҳои газҳои моеи карбогидридӣ, санҷиши назоратии маҳсулоти сертификатшаванда дар худ интихоб, ҳаммонандкунӣ ва гузаронидани ташхиси намунаҳои газҳои моеи карбогидридиро дар озмоишгоҳи санҷишии аккредитатсияшудаи мустақил, ҷамъбасти натиҷаҳои ташхис ва қарор қабул намудан дар бораи ба дархостдиҳанда додан (оид ба рад намудани) сертификати мутобиқат, ба дархостдиҳанда додани сертификати мутобиқат, санҷиши назоратии мақоми сертификаткунонӣ ҷиҳати сертификаткунонии маҳсулот ва гузаронидани тадбирҳои ислоҳоти дар ҳолати вайрон намудани мутобиқати маҳсулот ба талаботи муқарраршуда ва истифодаи нодурусти нишони муомилотро дар бар мегирад.

56. Эътирофи натиҷаҳои ташхис ва сертификатҳои мутобиқат аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба сертификаткунонӣ мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

57. Назорати давлатӣ оид ба риояи Регламенти техникии мазкур нисбат ба равандҳои истеҳсол ва ба муомилоти бозорӣ баровардани газҳои моеи карбогидридӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ амалӣ карда мешавад. Тартиби гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи Регламенти техникии мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешавад.

9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур

58. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур аз рӯи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

10.Муқаррароти хотимавӣ

59. Аз рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур газҳои моеи карбогидридӣ, ки барои муомилот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешаванд, тибқи тартибе, ки Регламенти техникии мазкур муқаррар намудааст, бояд мавриди тасдиқи мутобиқати ҳатмӣ қарор дода шавад.

60. Сертификатҳои мутобиқате, ки то рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур гирифта шудаанд ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки бехатарии газҳои моеи карбогидридиро тасдиқ мекунанд ва то рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур дода шудаанд, то ба оҳир расидани мӯҳлати амали онҳо барои фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ эътибор доранд.

61. Дар давоми як сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур гардиши газҳои моеи карбогидридӣ, то рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур иҷозат дода мешавад.

62. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати маҳсулот, ки то эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур дода шудаанд, то  ба охир расидани мӯҳлати амали онҳо эътибор доранд.

11.Тартиби мавриди амал қарор додани Регламенти техникии мазкур

63. Регламенти техникии мазкур баъди гузаштани се моҳи интишори нахустини расмии он мавриди амал қарор дода мешавад.

Замимаҳои А-Д

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 марти соли 2015, № 136

тасдиқ шудааст

Регламенти техникии "Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Регламенти техникии "Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Регламенти техникӣ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" таҳия шудааст.

2. Регламенти техникии мазкур муқаррар менамояд:

- иҷро ва истифодаи талаботи ҳатмии бехатарӣ ва самаранокии энергетикӣ ба газҳои моеи карбогидридӣ ва равандҳои истеҳсолот, нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва истифодаи партовҳо, ки ба онҳо алоқаманданд; қоидаҳои ҳаммонандкунии газҳои моеи карбогидридӣ;

- шаклҳои баҳодиҳии мутобиқати газҳои моеи карбогидридӣ ба талаботи Регламенти техникии мазкур.

2. Мафҳумҳои асосӣ

3. Барои мақсадҳои Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- борҳои хатарнок - ашё, молҳо ва маснуоти дорои хосиятҳое, ки дар раванди интиқол метавонанд ба марг, ҷароҳатгирӣ, заҳролудшавӣ, шуоъзанӣ, бемории одамон ва ҳайвонот ва ҳамчунин ба таркиш, сӯхтор, осебёбии биноҳо, воситаҳои нақлиёт, киштиҳо оварда расонанд, ки бо нишондод ва меъёрҳои дар Регламенти техникии мазкур пешниҳодшуда тавсиф мешаванд ва дар зарфҳои ҳавоногузари нақлиётӣ роҳи оҳан ё автомобилӣ интиқол дода мешаванд.

- рақами силсилавии СММ - рақами тартибӣ, ки бештар ба борҳои хатарноки интиқолшаванда. аз тарафи Кумитаи экспертҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба интиқоли борҳои хатарнок дода мешавад.

- газҳои моеи карбогидридӣ - омехтаи карбогидридҳо (пропан, бутан, бутилен, пропилен), ки дар шароити муътадил (фишори атмосферии 760 мм ст.обӣ ва ҳарорати 0шС) дар ҳолати газӣ қарор доранд ва дар ҳолати баланд шудани фишор (дар ҳолати ҳарорати доимӣ) ё паст шудани ҳарорат (дар ҳолати фишори атмосферӣ) аз ҳолати газӣ ба моеъ мегузаранд;

- фурӯшандаи газҳои моеи карбогидридӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки фурӯши газҳои моеи карбогидридиро дар ҳама марҳилаҳои давраи мавҷудияташон, ба истиснои давраи истифода ба сифати сӯзишворӣ ба роҳ мемонад;

- зарф - ғунҷоиши пӯшидаи ҳавоногузар, ки барои нигоҳдорӣ ва таҳвили (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ шудааст;

- махзан (резервуар) - зарфҳои доимӣ (статсионарӣ), ки барои нигоҳдории газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ шудаанд;

- систернаҳои роҳи оҳан - зарфҳои сайёре, ки доимӣ дар рамаи қатораи роҳи оҳан ҷойгир карда шудаанд ва барои нигоҳдорӣ ва таҳвили (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ гардидаанд;

- систернаҳои автомобилӣ - зарфҳои сайёре, ки доимӣ дар шассии (ядаки) автомобил ҷойгир карда шудаанд ва барои нигоҳдорӣ ва таҳвил додани (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ гардидаанд;

- контейнер-систерна - маснуоти универсалии интиқолшаванда барои нигоҳдории бехатар ва таҳвил додани (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ бо нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ, дарёӣ ва автомобилӣ;

- баллон - зарфҳои дорои як гардана, барои ҷойгир намудани таркиботи маҳкамшаванда, ки барои нигоҳдорӣ, таҳвил додан (интиқол) ва истифодабарии газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ шудаанд;

- баллони автомобилӣ - баллоне, ки дар автомобил ҷойгир карда шудааст ва кори муҳаррики автомобилро аз ҳисоби истифодаи газҳои моеи карбогидридии дар он мавҷудбуда пешбинӣ менамояд.

Мафҳумҳое, ки дар боби 2 Регламенти техникӣ муқаррар шудаанд, танҳо барои муносибатҳое, ки бо таъмини бехатарии равандҳои истеҳсол, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯш ва истифодаи партовҳои газҳои моеи карбогидридӣ алоқаманданд, истифода мешаванд.

3. Доираи истифодаи Регламенти техникӣ

4. Регламенти техникии мазкур барои газҳои моеи карбогидридӣ бо фишори барзиёдӣ на зиёда аз 1,6 МПа дар ҳарорати аз г40шС то + 45шС, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд ва ба сифати сӯзишворӣ истифода мегарданд, татбиқ карда мешавад.

5. Талаботи Регламенти техникии мазкур вобаста ба навъҳои зерини газҳои моеи карбогидридӣ, ки хосиятҳои физикӣ-кимиёвиашон дар замимаи А пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешаванд:

- ПТ - пропани техникӣ;

- ПА - пропани автомобилӣ;

- ПБА - пропан-бутани автомобилӣ;

- ПБТ - пропан-бутани техникӣ;

- БТ - бутани техникӣ.

6. Ҳаммонандкунии газҳои моеи карбогидридӣ барои муқаррар намудани мансубият ба доираи амали Регламенти техникии мазкур бо роҳи муқоисаи муоинашавандаи тамғаи газҳои моеи карбогидридӣ, ки дар зарфи дорои газҳои моеи карбогидридӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ва сертификати мутобиқат бо тамғаи дар банди 5 Регламенти техникии мазкур муқарраршуда нишон дода шудааст, гузаронида мешавад.

7. Барои ҳаммонандкунии газҳои моеи карбогидридӣ бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои истеъмолкунандаро ба иштибоҳ оваранда дилхоҳ шахси манфиатдор барои боварӣ ба мувофиқат намудани маҳсулоти ҳаммонандшуда ба нишонаҳои дар банди 4 ва замимаи А-и Регламенти техникии мазкур муқарраршуда ва ҳамчунин маълумоти нишондода дар зарфи дорои газҳои моеи карбогидридӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ва сертификати мутобиқат ҳуқуқ дорад.

8. Регламенти техникии мазкур бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:

- ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, амволи давлатӣ; ҳифзи муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва наботот;

- пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандагонро ба иштибоҳ меоранд;

- таъмини самаранокии энергетикӣ.

4. Қоидаҳои ба мубмилоти бозорӣ баровардан

9. Ба муомилоти бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани газҳои моеи карбогидридӣ дар ҳолати мутобиқати онҳо ба Регламенти техникии мазкур ва ҳамчунин дигар регламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ мегардад, иҷозат дода мешавад.

10. Агар дар зарфҳои дорои газҳои моеи карбогидридӣ нишони миллии мутобиқати (нишони муомилот дар бозор) Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ нашуда бошад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани онҳо иҷозат дода намешавад.

11. Ворид намудани газҳои моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ, ки дорои ҳайати кории соҳибтахассус, анборҳои худӣ ва (ё) иҷоравии нигоҳдории газҳои моеи карбогидридӣ, нуқтаҳои доимии фурӯш ва васоити интиқолдиҳӣ мебошанд, амалӣ карда мешавад.

12. Воридоти газҳои моеи карбогидридӣ аз тарафи шахсони ҳукуқӣ ва ё соҳибкорони инфирбдӣ, :ки дорои шаҳодатномаи аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ додашуда мебошанд (Замимаи Б), ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми додани шаҳодатнома бояд ҳама талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экология, бехатарии оташнишонӣ, тасдиқи сифат ва талабот ба зарфҳое, ки зери фишор кор мекунанд, ба инобат гирифта шаванд. Расмиёти шаҳодатномадиҳӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ муайян ва ба роҳ монда шуда, маблағи корҳо оид ба шаҳодатномадиҳӣ 1,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Шаҳодатнома ба мӯҳлати як сол дода мешавад.

13. Расмиёти гумрукӣ вобаста ба воридоти газҳои моеи карбогидридӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор дар ҳолати мавҷуд будани шаҳодатнома (Замимаи Б) ва сертификати мутобиқат амалӣ карда мешавад.

5. Талабот ба бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ ва равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва нобудсозӣ, ки бо онҳо алоқаманданд.

14. Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ дар раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва нобудсозии онҳо таъмин карда мешавад.

15. Бехатарии газҳои моеи карбогидридӣ дар раванди истеҳсоли онҳо бо омилҳои зерин таъмин мешавад:

- бо интихоби равандҳои технологӣ ва реҷаҳои ба амал баровардани онҳо дар ҳама марҳилаҳои истеҳсоли газҳои моеи карбогидридӣ;

- бо интихоби шароити мувофиқи муттасили равандҳои теҳнологӣ;

- бо санҷиши корҳои таҷҳизоти технологӣ;

- бо мавҷуд будани бинои истеҳсолӣ, ки таъминкунандаи бехатарии равандҳои технологӣ мебошанд.

16. Таҷҳизоти технологие, ки дар раванди истеҳсоли газҳои моеи карбогидридӣ мавриди истифода қарор мегиранд, бояд дар ҳолати коршоям буда, дорои тавсифномаи конструктивӣ ва истифодабарии таъминкунандаи истеҳсоли бехатари газҳои моеи карбогидридӣ башанд.

17. Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ дар ҷойҳои махсуси таҷҳизонидашудае, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ мебошанд, амалӣ карда мешаванд:

- мавҷуд будани ҳавокашҳои бо шохаҳои ҳавокаши дигар пайвастбуда, қи табодули даҳкаратаи ҳаворо таъмид менамоянд;

- мавҷуд будани воситаҳои автоматикунонидаи оташнишонӣ ё огоҳкунандаҳои сӯхтор;

- назорати мавҷуд будани газҳои карбогидридӣ дар доираи корӣ тавассути асбобҳои сайер ва статсионарии худкори доимоамалкунанда.

18. Дар биноҳое, ки истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ ба роҳ монда мешавад, истифодаи оташи кушода манъ аст.

19. Конструксияи сохтмонии биноҳое, ки дар онҳо истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ ба роҳ монда мешавад, бояд устуворӣ ба оташ, таркиш ва баровардани шарораангезиро таъмин намоянд.

20. Асбобҳои барқие, ки дар дохили бинои истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, моеъкашӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ ҷойгир шудаанд, бояд дар ҳолати муҳофизаткунии таркиш бошанд.

21. Таҳвил (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ ба таври зерин амалӣ мешавад:

- тавассути нақлиёти роҳи оҳан дар зарфҳои (систернаҳои) роҳи оҳан ва ҳамчунин контейнер-систернаҳо;

- тавассути нақлиёти автомобилӣ - дар зарфҳои (систернаҳои) автомобилӣ, контейнер-систернаҳо, автомашинаҳои махсус барои интиқоли баллонҳо;

- тавассути нақлиёти баҳрӣ ва дарёӣ дар танкерҳо ва киштиҳо, ки бо контейнер-систернаҳо ҷиҳозонида шудаанд;

- нақлиёти қубурӣ - бо хатдои қубурӣ.

22. Нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ бояд дар зарфҳои махсуси ҳавоногузар (резервуарҳо, систернаҳои роҳи оҳан, систернаҳои автомобилӣ, контейнерсистёрнаҳо, баллонҳо) ба роҳ монда шавад.

23. Зарфҳое, ки барои нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ гардидаанд (ба истиснои баллонҳои газӣ моеъ), бояд бо арматураҳои маҳкамкунӣ ва муҳофизатӣ, асбобҳои санҷишию ченкунӣ таҷҳизонида шуда, шиноснома дошта бошанд.

24. Зарфҳои нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ (ба истиснои баллонҳо), бояд шиноснома дошта бошанд.

25. Баллонҳои газҳои моеи карбогидридӣ бояд бо арматураҳои маҳкамкунанда ҷиҳозонида шаванд.

26. Зарфҳое, ки барои нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ истифода мегарданд, бояд ба сарбориҳои истифодашавандаи механикию ҳароратӣ, дар ҳолати шаклдигаркуниву шикастанҳои нақлиёти боркашон, ки ба газҳои моеи дохили зарфҳо таъсир мерасонанд, тобовар бошанд.

27. Маводе, ки барои тайёр намудани зарфҳои нигоҳдорӣ, интиқолдиҳӣ ва ба фурӯш баровардани газҳои моеи карбогидридӣ истифода мегарданд, бояд ба таъиноти худ мутобиқат намоянд ва ба таъсиррасонии механикӣ, ҳароратӣ ва кимиёвӣ, ки дар тамоми мӯҳлати истифода пайдо мешаванд, тобовар бошанд.      

28. Дар ҳудуди объектҳои нигоҳдории газҳои моеи карбргидридӣ бояд сӯхторхомӯшкунии берунӣ ва дар ҳолати асосноккунии дахлдор таҷҳизоти обёрикунӣ, инчунин асбобҳои аввалияи сӯхторхомӯшкунӣ пешбинӣ карда шаванд.

29. Дар ҳудуди объектҳои истеҳсолӣ, биноҳое, ки истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯшӣ газҳои моеи карбогидридӣ ба роҳ монда мешавад, дар майдончаҳои ҷобаҷогузорӣ резервуарҳо ва механизмҳои баллонҳои гурӯҳӣ ва ҳамчунин механизмҳои берунӣ бояд чораҳои роҳ надодан ба дохилшавии шахсони бегона пешбинӣ карда шавад.

30. Дар дарвозаи биноҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ бояд навиштаҷоти огоҳкунандаи "Оташангез-газ", "Ба шахсони бегона даромадан манъ аст", "Дараҷаи бино А" пешбинӣ шуда бошанд.

31. Дар механизмҳои берунӣ бояд аломатҳои огоҳкунандаи хатар: "Оташангез-газ", "Дараҷаи механизми берунии А" пешбинӣ шаванд.

32. Қубурҳое, ки барои интиқоли газҳои моеи карбогидридӣ пешбинӣ шудаанд, бояд аз қубурҳои пӯлодии бо баҳисобгирии фишори 1,6 МПа сохта шаванд. Арматура бояд дорои дараҷаи ҳавоногузаронии маҳкамкунандаи А бошад.

33. Барои интиқоли газҳои моеи карбогидридӣ истифода бурдани қубурҳо аз лӯлаҳои полиэтиленӣ, ба истиснои интиқоли фазаҳои буғии газҳои моеъ бо фишори то 0,05 МПа манъ аст.

34. Ҳангоми таҳвили (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, дарёӣ ё баҳрӣ, бояд ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли бор, ки барои амалӣ намудани назорати ҳолатҳои техникии воситаҳои нақлиёт, муқаррар намудани технологияи барҳам додани оқибатҳои ҳодисаҳои ногувор, муайян намудани хатсайри тасдиқшудаи интиқоли газҳои моеи карбогидридӣ мусоидат менамоянд, ба расмият дароварда шаванд.

35. Интиқоли газҳои моеи карбогидридӣ ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, дарёӣ ё баҳрӣ дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ барои баровардани миқдори муайяни (партияи) газҳои моеи карбогидридӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида (борхат, шаҳодатномаи бор) пур карда шудаанд, иҷозат дода мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ бояд дараҷа (зердараҷа), рақами нақшаи нишони хатарнокӣ, рамзи таснифотӣ ва рақами силсилавии СММ дарҷ шуда бошад.

36. Контейнер-систернаҳои барои таҳвили (интиқоли) газҳои моеи карбогидридӣ истифодашаванда - нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, автомошинаҳои махсус барои кашонидани баллонҳо ва танкерҳо бояд дорои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои истифодабарию техникӣ (шаҳодатномаи иҷозат додан ба воситаҳои нақлиёт барои кашонидани борҳои хатарнок, варақаҳои садамавӣ ва маълумотдиҳии системаи иттилоот дар бораи хатарҳо) бошанд.

37. Нобудсозии газҳои моеи карбогидридӣ, бояд аз тарафи фурӯшанда ё истеъмолкунанда, мутобиқи лоиҳае, ки дар он чорабиниҳои таъминкунандаи пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва таъсири номатлуб ба ҳаёт ва саломатии одамон ва ҳайвонот муқаррар шудаанд, амалӣ гардад.

38. Нобудсозӣ ба боқимондаҳои бухорнагардидаи газҳои моеи карбогидридӣ мансуб аст, ки наметавонанд дар алоқа бо тағйироти коркарднашудаи хусусияти физикию кимиёвӣ, ки дар натиҷаи онҳо мутобиқати нишондиҳандаи газҳои моеи карбогидридӣ ба талаботи дар замимаи А-и Регламенти техникии мазкур муқарраршуда қатъ мегардад, ба муомилот бароварда шаванд.

39. Боқимондаҳои бухорнагардидаи газҳои моеи карбогидридии аз зарфҳои газнигоҳдоранда беруншуда пеш аз гузаронидани шаҳодатномакунонии техникӣ, инчунин аз зарфҳо пеш аз гузаронидани ташхиси техникӣ бояд барои коркарди такрорӣ ба корхонаи истеҳсолкунанда бурда шаванд.

40. Хизматрасониҳои фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд.

41. Дар ҳолати ба фурӯш баровардани газҳои моеи карбогидридӣ, ки дар баллонҳо мавҷуданд, фурӯшанда бояд омодагии пеш аз фурӯшро, ки муоинаи баллон, санҷиши ҳолати техникии он барои ҳавоногузаронӣ ва мавҷуд будани нуқсонҳои механикӣ (аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ), санҷиши сатҳи пуршавии газ бо усули баркашӣ ё дигар усулҳо, кӣ гузаронидани назорати муқарраршударо таъмин менамоянд, дар бар мегиранд, амалӣ намояд.

42. Ҳангоми ба фурӯш баровардани баллони газҳои моеи карбогидридӣ ва пур кардани баллони автомобилҳо бо ин газ фурӯшанда бояд ба истеъмолкунанда чиптаи хазинавӣ диҳад, ки дар он рақами баллон, вазни он ба ҳисоби кг (ҳаҷм бо литр барои баллонҳои автомобилӣ), нарх ва санаи фурӯш нишон дода шуда бошад.

43. Ба фурӯш баровардани баллонҳои газҳои моеи карбогидридӣ ва пур намудани баллони автомрбилҳо бо ин газ бе пешниҳоди шаҳодатномаи газҳои моеи карбогидридӣ ба истеъмолкунанда, ё дигар ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсияти харидор, манъ аст. Барои шахсони ҳуқуқӣ мавҷуд будани ваколатнома, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст, ҳатмӣ ҳисобида мешавад.

44. Кормандоне, ки дар раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва нобудсозии гази моеи карбогидридӣ машғул мебошанд, бояд ба талаботе, ки дар замимаи В Регламенти техникии мазкур нишон дода шудааст, мутобиқат намоянд.

45. Ҳар як партияи тамғаи газҳои моеи карбогидридие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии ТоҶикистон ба муомилот бароварда мешавад, бояд дорои шаҳодатномае бошад, ки дар он оид ба шароити истифодаи гази моеи карбогидридӣ ва ё маълумоти огоҳкунанда дар бораи зарурати истифодаи тадбирҳо оид ба таъмини бехатарӣ дарҷ гардиданд.

Талабот ба маълумоти дар шиносномаи гази моеи карбогидридӣ дарҷгардида дар замимаи Г Регламенти техникӣ мазкур муқаррар шудаанд.

46. Ҳар як зарф, ки дорои газҳои моеи карбогидридӣ мебошад, бояд дар ҷойи ба назар намоён лавҳачаи тамғагузорӣ бо маълумоте, ки дар давоми мӯҳлати истифодаи зарф ҳифз мешаванд, дошта бошад.

47. Талабот ба тамғагузорӣ ва қоидаҳои насби он ба бор дар замимаи Д Регламенти техникии мазкур муқаррар шудаанд.

6. Тамғагузорӣ бо нишонаи муомилоти бозорӣ

48. Тамғагузории зарфҳое, ки дорои гази моеи карбогидридӣ мебошанд, бо нишони муомилоти бозорӣ аз тарафи истеҳсолкунандаи мол, фурӯшанда ва ё шахсе, ки намояндагии истеҳсолкунандаи хориҷиро ба зимма гирифтааст, агар мутобиқати газҳои моеи карбогидридӣ ба талаботи Регламенти техникии мазкур тасдиқ шуда бошад, амалӣ карда мешавад.

49. Нишони муомилоти бозорӣ дар зарфҳои дорои гази моеи қарбогидридӣ ва варақаи унвони ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ гузошта мешавад. Нишони муомилоти бозорӣ бояд дар давоми мӯҳлати муқарраргардидаи истифодабарии зарфҳои дорои газҳои моеи карбогидридӣ намоён ва хоно бошад.

50. Нишони муомилоти бозорӣ дар зарфҳои дорои газҳои моеи карбогидридӣ тамғагузорӣ мегардад, ки мутобиқати онҳо ба талаботи Регламенти техникии мазкур тасдиқ шудааст.

7. Баҳодиҳии мутобиқат

51. Мутобиқати газҳои моеи карбогидридӣ ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур бо иҷрои бевоситаи талаботи он ва иҷрои талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Регламенти техникии мазкур алоқаманданд, таъмин карда мешавад.

52. Иҷрои талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи бехатарии Регламенти техникии мазкур, шаҳодат медиҳад.

53. Номгӯи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Регламенти техникии мазкур алоқаманданд, аз тарафи мақом оид ба татбиқи батанзимдарории давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешаванд.

54. Тартиби ташаккули номгӯи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Регламенти техникии мазкур алоқаманданд, аз тарафи мақом оид ба татбиқи батанзимдарории давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешаванд.

8. Тасдиқи мутобиқат

55. Сертификаткунонии ҳатмии маҳсулот бо гузаронидани санҷиши намунаҳои газҳои моеи карбогидридӣ, санҷиши назоратии маҳсулоти сертификатшаванда дар худ интихоб, ҳаммонандкунӣ ва гузаронидани ташхиси намунаҳои газҳои моеи карбогидридиро дар озмоишгоҳи санҷишии аккредитатсияшудаи мустақил, ҷамъбасти натиҷаҳои ташхис ва қарор қабул намудан дар бораи ба дархостдиҳанда додан (оид ба рад намудани) сертификати мутобиқат, ба дархостдиҳанда додани сертификати мутобиқат, санҷиши назоратии мақоми сертификаткунонӣ ҷиҳати сертификаткунонии маҳсулот ва гузаронидани тадбирҳои ислоҳоти дар ҳолати вайрон намудани мутобиқати маҳсулот ба талаботи муқарраршуда ва истифодаи нодурусти нишони муомилотро дар бар мегирад.

56. Эътирофи натиҷаҳои ташхис ва сертификатҳои мутобиқат аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба сертификаткунонӣ мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

57. Назорати давлатӣ оид ба риояи Регламенти техникии мазкур нисбат ба равандҳои истеҳсол ва ба муомилоти бозорӣ баровардани газҳои моеи карбогидридӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ амалӣ карда мешавад. Тартиби гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи Регламенти техникии мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешавад.

9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур

58. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникии мазкур аз рӯи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

10. Муқаррароти хотимавӣ

59. Аз рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур газҳои моеи карбогидридӣ, ки барои муомилот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешаванд, тибқи тартибе, ки Регламенти техникии мазкур муқаррар намудааст, бояд мавриди тасдиқи мутобиқати ҳатмӣ қарор дода шавад.

60. Сертификатҳои мутобиқате, ки то рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур гирифта шудаанд ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки бехатарии газҳои моеи карбогидридиро тасдиқ мекунанд ва то рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур дода шудаанд, то ба оҳир расидани мӯҳлати амали онҳо барои фурӯши газҳои моеи карбогидридӣ эътибор доранд.

61. Дар давоми як сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур гардиши газҳои моеи карбогидридӣ, то рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур иҷозат дода мешавад.

62. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати маҳсулот, ки то эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур дода шудаанд, то  ба охир расидани мӯҳлати амали онҳо эътибор доранд.

11. Тартиби мавриди амал қарор додани Регламенти техникии мазкур