Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020
Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 284 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зикр гардидаанд", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020-ро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020 чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 феврали соли 2015 № 101
ш. Душанбе