Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 № 127 "Дар бораи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пешгирии таҳдиди паҳншавии бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома ва ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2005, № 381 аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 феврали соли 2015 № 127

ш.Душанбе