Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2015, № 127
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 363)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур ҳуқуқ, тартиби ташкил ва фаъолияти Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Кумитаи миллӣ), ки мақоми доимоамалкунандаи машваратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, муайян менамояд.
2. Кумитаи миллӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои динӣ ва ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ ва доир намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемиявӣ оид ба бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа таъсис дода шудааст.
3. Кумитаи миллӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
2. Мақсад ва вазифаҳои асосии Кумитаи миллӣ
4. Мақсад ва вазифаҳои асосии Кумитаи миллӣ инҳоянд:
- ҳамоҳангсозии кори вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- такмили стратегияи миллӣ вобаста ба эпидемияи бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- татбиқи назорати мунтазами иҷрои барномаҳои миллӣ ва стратегӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- амалисозии ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои гуногун байни ташкилотҳои ҳукуматӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ;
- сафарбарии захираҳои молиявӣ ва техникӣ, аз ҷумла кумаки донорӣ барои иҷрои самараноки барномаҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- эътирофи се принсипи асосии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди эпидемияҳо дар фаъолияти Кумитаи миллӣ:
а) сиёсати ягонаи мувофиқашуда;
б) мақоми ягонаи миллии ҳамоҳангсозӣ;
в) системаи ягонаи мувофиқашудаи мониторинг ва баҳодиҳӣ;
- муносибати ҷамъият ба эпидемияи бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа.
5. Инчунин Кумитаи миллӣ мутобиқи масъалаҳои ба зиммааш гирифта вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- таҳияи барномаҳои миллӣ ва нақшаҳои стратегӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- манзур намудани пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- ташкили гузаронидани таҳлили вазъи бамиёномадаи эпидемиологӣ бо мақсади ошкор намудани ҳолати воқеии эпидемия дар кишвар;
- иштирок дар кори ҷаласаҳо, конфронсу машваратҳои сохторҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои корҳои муайян ҷалб намудани намояндагони ташкилоту муассисаҳо, мутахассисон ва олимон;
- ташкил ва таъмини робитаи мутақобила ва ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи шарикон.
3. Ҳуқуқҳои Кумитаи миллӣ
6. Кумитаи миллӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:
- дастур, барномаҳо ва нақшаҳои кории худро таҳия ва тасдиқ намояд;
- дар хусуси такмили минбаъдаи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди эпидемияҳо тавсияю пешниҳоди дахлдор қабул ва ворид намояд;
- бо мақсади таъмини шаффофият ва иттилоот оид ба фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ вобаста ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои номбурда маълумот дархост намояд;
- дар таҳия ва пешниҳоди дархостҳои миллӣ ба Хазинаи глобалӣ ҳамоҳангсоз бошад;
- тибқи нақшаи кори Комиссияи назоратии назди Кумитаи миллӣ истифодабарии грантҳои Хазинаи глобалӣ ва дигар сохторҳоро назорат намояд;
- ҳисоботи гирандагони асосии грантҳои Хазинаи глобалӣ ва дигар сохторҳоро оид ба амалисозии грантҳо баррасӣ намояд;
- ба Хазинаи глобалӣ ҷиҳати иваз намудани гирандагони асосии грантҳо таклиф пешниҳод намояд;
- робитаи мутақобила ва ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи шариконро таъмин намояд;
- мутобиқи мақсаду вазифаҳои худ аз ҳисоби аъзои Кумитаи миллӣ ва кормандони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳое, ки ба Кумитаи миллӣ шомил намебошанд, комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ
ташкил диҳад. Роҳбарии комиссия ва гурӯҳҳои кориро яке аз аъзои Кумитаи миллӣ ба ӯҳда дорад.
4. Сохтор ва тартиби фаъолияти Кумитаи миллӣ
7. Кумитаи миллиро Раис - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, ҷаласаҳоро мегузаронад ва рӯзномаи маҷлисро маъқул мешуморад.
8. Муовини Раиси Кумитаи миллӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад. Муовин дар ҳолати набудани Раис вазифаҳои ӯро иҷро мекунад. Раис ва муовини ӯ дар раванди татбиқи барномаҳои миллӣ оид ба назорати бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ҷонибдории баланди сиёсиро кафолат дода, ҷаласаҳои Кумитаи миллиро даъват ва раисӣ мекунад. Қарорҳои дар ҷаласаҳои Кумитаи миллӣ қабулшуда ва протоколи маҷлисҳоро бо имзои худ тасдиқ карда, дурустӣ ва шаффофияти раванди қабули қарорҳоро кафолат медиҳанд .
9. Ҷаласаи Кумитаи миллӣ на кам аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад. Ҷаласаҳои ғайринавбатӣ метавонанд дар байни ҷаласаҳои мунтазам бо розигии Раиси Кумита ва бо пешниҳоди на кам аз ду аъзои Кумитаи миллӣ даъват карда шаванд. Ҳар як узви Кумитаи миллӣ метавонад оид ба рӯзномаи ҷаласа пешниҳод ворид намояд. Қарорҳои қабулгардида ҳангоми иштироки зиёда аз нисфи аъзои Кумитаи миллӣ эътибор доранд ва бо аксарияти овози аъзо қабул карда мешаванд .
10. Кумитаи миллӣ аз 26 аъзо иборат аст, ки ба он намояндагони сохторҳои давлатӣ, агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, донорҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ашхоси гирифтори бемориҳои вируси норасоии масунияти одам бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ва намояндагони ташкилотҳои динӣ дохил мешаванд .
11. Ҳар муассиса ё шахс аз гурӯҳи номбурда метавонад аъзои Кумитаи миллӣ бошад, дар мавриде, ки ба талаботи зерин ҷавоб дода тавонад:
- фаъолияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташударо намояндагӣ кунад;
- дар самти бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа фаъолият кунад ва дар иҷрои эътинои миллӣ вобаста ба бемориҳои мазкур, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ташаббуси дигар, ки дар соҳаи тандурустӣ иқдом менамоянд, ҳиссагузор бошад;
- намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ, хусусӣ, гирифторони бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ва шахсоне, ки бо онҳо муносибати бевосита доранд ва ташкилоти хайрия бошанд;
- дар фаъолияти пешгирифтаи Кумитаи миллӣ иштирок намоянд ва ҳамчунин вобаста ба табодули таҷриба иттилоот намоянд.
12. Аъзои Кумитаи миллӣ ҳуқуқ дорад:
- иштирок бо ҳуқуқи овоздиҳӣ дар қабули қарорҳои Кумитаи миллӣ;
- пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати баррасӣ ба Кумитаи миллӣ;
- ба гирифтани иттилоот вобаста ба фаъолият дар сатҳи корӣ ва ҳамоҳангсозӣ, ҳангоми пешниҳоди дархост ё тибқи талабот;
- ба иштироки фаъолона дар кори Кумитаи миллӣ.
13. ӯхдадориҳои аъзои Кумитаи миллӣ:
- талаботи Низомномаи мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки фаъолияти кории Кумитаи миллиро муайян кардаанд, риоя ва иҷро намояд;
- дар маҷлисҳои Кумитаи миллӣ ширкат намояд;
- дар баррасӣ ва қабули қарорҳо фаъол бошад;
- дар мавриди ҷой доштани бархӯрди манфиати худ Кумитаи миллиро огоҳ намояд;
- дар назди интихобкунандагони худ ҳисобот пешниҳод намояд.
14. Меъёрҳои хориҷ намудан аз ҳайати Кумитаи миллӣ:
- аъзои Кумитаи миллӣ метавонад ба котиботи Кумита хоҳиши худро дар бораи аз ҳайати Кумитаи миллӣ хориҷ шудан дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд. Раиси Кумитаи миллӣ дар хусуси хориҷ намудан аз ҳайати Кумитаи миллӣ қарор қабул мекунад. Қарори мазкур аз рӯзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва котибот дар ин хусус аъзои Кумитаи миллиро хабардор менамояд.
- дар мавриди бе сабаб ҳозир нашудани аъзои Кумитаи миллӣ ба ду ва ё зиёда ҷаласаҳои Кумитаи миллӣ.
15. Кумитаи миллӣ ҳуқуқи гузаронидани ротатсияи аъзои Кумитаи миллиро дар ҳар 3 сол дорад. Як намоянда метавонад такроран на зиёда аз ду маротиба интихоб гардад.
5. Котиботи Кумитаи миллӣ
16. Мақоми кории Кумитаи миллӣ котибот мебошад. Котиботро котиби масъул сарварӣ мекунад ва ӯ бо пешниҳоди раиси Кумитаи миллӣ аз ҷониби аъзои Кумитаи миллӣ тасдиқ мегардад. Котибот фаъолияти худро тибқи талаботи Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад. Котибот ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ амалҳои зеринро анҷом медиҳад :
- дар доираи ваколатҳояш фаъолият намуда, масъалаҳоро дар мувофиқа бо раиси Кумитаи миллӣ ҳал менамояд ;
- аз номи Кумитаи миллӣ фаъолияти чорабиниҳои пешгирикуниро оид ба бемориҳои вируси норасоии масунияти одам бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ҳамоҳанг месозад;
- нақшаи кори Кумитаи миллиро таҳия менамояд;
- Раис ва муовини Раиси Кумитаи миллиро бо маълумот таъмин менамояд ;
- ҷаласаҳои Кумитаи миллиро ташкил менамояд, ба аъзои Кумитаи миллӣ оид ба сана ва рӯзномаи онҳо иттилоъ медиҳад;
- маводро барои баррасӣ дар ҷаласаи Кумитаи миллӣ таҳия менамояд;
- аъзои Кумитаи миллиро бо маводи зарурӣ таъмин менамояд;
- пешбурди коргузории ҷаласаҳои Кумитаи миллиро ба роҳ мемонад;
- бо муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар мувофиқа бо аъзои Кумитаи миллӣ ҳамкорӣ менамояд ;
- фаъолияти пешниҳоди хизматрасониро вобаста ба бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар сатҳи миллӣ ва вилоят ҳамоҳанг месозад;
- фаъолияти гурӯҳҳои кории техникиро ташкил менамояд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2018, № 363
тасдиқ шудааст
Ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи миллӣ;
2. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи нҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Кумитаи миллӣ; Аъзои Кумитаи миллӣ:
3. Сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15. Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; I
16. Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
17. Директори кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);
18. Роҳбари дафтари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);
19. Директори кишварии ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);
20. Ташкилоти байналмилалии лоиҳаи "ХОУП" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
21. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
22. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
23. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
24. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
25. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
26. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот).
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2015, № 127
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур ҳуқуқ, тартиби ташкил ва фаъолияти Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Кумитаи миллӣ), ки мақоми доимоамалкунандаи машваратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, муайян менамояд.
2. Кумитаи миллӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои динӣ ва ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ ва доир намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемиявӣ оид ба бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа таъсис дода шудааст.
3. Кумитаи миллӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
2. Мақсад ва вазифаҳои асосии Кумитаи миллӣ
4. Мақсад ва вазифаҳои асосии Кумитаи миллӣ инҳоянд:
- ҳамоҳангсозии кори вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- такмили стратегияи миллӣ вобаста ба эпидемияи бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- татбиқи назорати мунтазами иҷрои барномаҳои миллӣ ва стратегӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- амалисозии ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои гуногун байни ташкилотҳои ҳукуматӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ;
- сафарбарии захираҳои молиявӣ ва техникӣ, аз ҷумла кумаки донорӣ барои иҷрои самараноки барномаҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- эътирофи се принсипи асосии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди эпидемияҳо дар фаъолияти Кумитаи миллӣ:
а) сиёсати ягонаи мувофиқашуда;
б) мақоми ягонаи миллии ҳамоҳангсозӣ;
в) системаи ягонаи мувофиқашудаи мониторинг ва баҳодиҳӣ;
- муносибати ҷамъият ба эпидемияи бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа.
5. Инчунин Кумитаи миллӣ мутобиқи масъалаҳои ба зиммааш гирифта вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- таҳияи барномаҳои миллӣ ва нақшаҳои стратегӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- манзур намудани пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа;
- ташкили гузаронидани таҳлили вазъи бамиёномадаи эпидемиологӣ бо мақсади ошкор намудани ҳолати воқеии эпидемия дар кишвар;
- иштирок дар кори ҷаласаҳо, конфронсу машваратҳои сохторҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои корҳои муайян ҷалб намудани намояндагони ташкилоту муассисаҳо, мутахассисон ва олимон;
- ташкил ва таъмини робитаи мутақобила ва ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи шарикон.
3. Ҳуқуқҳои Кумитаи миллӣ
6. Кумитаи миллӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:
- дастур, барномаҳо ва нақшаҳои кории худро таҳия ва тасдиқ намояд;
- дар хусуси такмили минбаъдаи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди эпидемияҳо тавсияю пешниҳоди дахлдор қабул ва ворид намояд;
- бо мақсади таъмини шаффофият ва иттилоот оид ба фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ вобаста ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои номбурда маълумот дархост намояд;
- дар таҳия ва пешниҳоди дархостҳои миллӣ ба Хазинаи глобалӣ ҳамоҳангсоз бошад;
- тибқи нақшаи кори Комиссияи назоратии назди Кумитаи миллӣ истифодабарии грантҳои Хазинаи глобалӣ ва дигар сохторҳоро назорат намояд;
- ҳисоботи гирандагони асосии грантҳои Хазинаи глобалӣ ва дигар сохторҳоро оид ба амалисозии грантҳо баррасӣ намояд;
- ба Хазинаи глобалӣ ҷиҳати иваз намудани гирандагони асосии грантҳо таклиф пешниҳод намояд;
- робитаи мутақобила ва ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи шариконро таъмин намояд;
- мутобиқи мақсаду вазифаҳои худ аз ҳисоби аъзои Кумитаи миллӣ ва кормандони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳое, ки ба Кумитаи миллӣ шомил намебошанд, комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ
ташкил диҳад. Роҳбарии комиссия ва гурӯҳҳои кориро яке аз аъзои Кумитаи миллӣ ба ӯҳда дорад.
4. Сохтор ва тартиби фаъолияти Кумитаи миллӣ
7. Кумитаи миллиро Раис - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, ҷаласаҳоро мегузаронад ва рӯзномаи маҷлисро маъқул мешуморад.
8. Муовинони Раиси Кумитаи миллӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ мебошанд. Муовинон дар ҳолати набудани Раис вазифаҳои ӯро иҷро мекунанд. Раис ва муовинони ӯ дар раванди татбиқи барномаҳои миллӣ оид ба назорати бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ҷонибдории баланди сиёсиро кафолат дода, ҷаласаҳои Кумитаи миллиро даъват ва раисӣ мекунанд. Қарорҳои дар ҷаласаҳои Кумитаи миллӣ қабулшуда ва протоколи маҷлисҳоро бо имзои худ тасдиқ карда, дурустӣ ва шаффофияти раванди қабули қарорҳоро кафолат медиҳанд.
9. Ҷаласаи Кумитаи миллӣ на кам аз чор маротиба дар як сол гузаронида мешавад. Ҷаласаҳои ғайринавбатӣ метавонанд дар байни ҷаласаҳои мунтазам бо розигии Раиси Кумита ва бо пешниҳоди на кам аз ду аъзои Кумитаи миллӣ даъват карда шаванд. Ҳар як узви Кумитаи миллӣ метавонад оид ба рӯзномаи ҷаласа пешниҳод ворид намояд. Қарорҳои қабулгардида ҳангоми иштироки зиёда аз нисфи аъзои Кумитаи миллӣ эътибор доранд ва бо аксарияти овози аъзо қабул карда мешаванд.
10. Кумитаи миллӣ аз 22 аъзо иборат аст, ки ба он намояндагони сохторҳои давлатӣ, агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, донорҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ашхоси гирифтори бемориҳои вируси норасоии масунияти одам бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ва намояндагони ташкилотҳои динӣ дохил мешаванд.
11. Ҳар муассиса ё шахс аз гурӯҳи номбурда метавонад аъзои Кумитаи миллӣ бошад, дар мавриде, ки ба талаботи зерин ҷавоб дода тавонад:
- фаъолияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташударо намояндагӣ кунад;
- дар самти бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа фаъолият кунад ва дар иҷрои эътинои миллӣ вобаста ба бемориҳои мазкур, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ташаббуси дигар, ки дар соҳаи тандурустӣ иқдом менамоянд, ҳиссагузор бошад;
- намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ, хусусӣ, гирифторони бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ва шахсоне, ки бо онҳо муносибати бевосита доранд ва ташкилоти хайрия бошанд;
- дар фаъолияти пешгирифтаи Кумитаи миллӣ иштирок намоянд ва ҳамчунин вобаста ба табодули таҷриба иттилоот намоянд.
12. Аъзои Кумитаи миллӣ ҳуқуқ дорад:
- иштирок бо ҳуқуқи овоздиҳӣ дар қабули қарорҳои Кумитаи миллӣ;
- пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати баррасӣ ба Кумитаи миллӣ;
- ба гирифтани иттилоот вобаста ба фаъолият дар сатҳи корӣ ва ҳамоҳангсозӣ, ҳангоми пешниҳоди дархост ё тибқи талабот;
- ба иштироки фаъолона дар кори Кумитаи миллӣ.
13. ӯхдадориҳои аъзои Кумитаи миллӣ:
- талаботи Низомномаи мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки фаъолияти кории Кумитаи миллиро муайян кардаанд, риоя ва иҷро намояд;
- дар маҷлисҳои Кумитаи миллӣ ширкат намояд;
- дар баррасӣ ва қабули қарорҳо фаъол бошад;
- дар мавриди ҷой доштани бархӯрди манфиати худ Кумитаи миллиро огоҳ намояд;
- дар назди интихобкунандагони худ ҳисобот пешниҳод намояд.
14. Меъёрҳои хориҷ намудан аз ҳайати Кумитаи миллӣ:
- аъзои Кумитаи миллӣ метавонад ба котиботи Кумита хоҳиши худро дар бораи аз ҳайати Кумитаи миллӣ хориҷ шудан дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд. Раиси Кумитаи миллӣ дар хусуси хориҷ намудан аз ҳайати Кумитаи миллӣ қарор қабул мекунад. Қарори мазкур аз рӯзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва котибот дар ин хусус аъзои Кумитаи миллиро хабардор менамояд.
- дар мавриди бе сабаб ҳозир нашудани аъзои Кумитаи миллӣ ба ду ва ё зиёда ҷаласаҳои Кумитаи миллӣ.
15. Кумитаи миллӣ ҳуқуқи гузаронидани ротатсияи аъзои Кумитаи миллиро дар ҳар 3 сол дорад. Як намоянда метавонад такроран на зиёда аз ду маротиба интихоб гардад.
5. Котиботи Кумитаи миллӣ
16. Мақоми кории Кумитаи миллӣ котибот мебошад. Котиботро котиби масъул сарварӣ мекунад ва ӯ ба таври озмун интихоб мегардад. Котибот фаъолияти худро тибқи талаботи Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад. Котибот ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ амалҳои зеринро анҷом медиҳад:
- аз номи Кумитаи миллӣ фаъолияти чорабиниҳои пешгирикуниро оид ба бемориҳои вируси норасоии масунияти одам бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ҳамоҳанг месозад;
- нақшаи кори Кумитаи миллиро таҳия менамояд;
- Раис ва муовинони Раиси Кумитаи миллиро бо маълумот таъмин менамояд;
- ҷаласаҳои Кумитаи миллиро ташкил менамояд, ба аъзои Кумитаи миллӣ оид ба сана ва рӯзномаи онҳо иттилоъ медиҳад;
- маводро барои баррасӣ дар ҷаласаи Кумитаи миллӣ таҳия менамояд;
- аъзои Кумитаи миллиро бо маводи зарурӣ таъмин менамояд;
- пешбурди коргузории ҷаласаҳои Кумитаи миллиро ба роҳ мемонад;
- бо муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд;
- фаъолияти пешниҳоди хизматрасониро вобаста ба бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар сатҳи миллӣ ва вилоят ҳамоҳанг месозад;
- фаъолияти гурӯҳҳои кории техникиро ташкил менамояд;
- ҷиҳати ташкили фаъолияти Комиссияи назоратии назди Кумитаи миллӣ кӯмак мерасонад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2014, № 127
тасдиқ шудааст
Ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Кумитаи миллӣ;
2. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Кумитаи миллӣ;
3. Намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ- муовини раиси Кумитаи миллӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
Аъзои Кумитаи миллӣ:
4. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Муовини Вазир - Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. Директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
13. Роҳбари дафтари Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
14. Директори минтақавии ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
15. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
16. Ташкилоти байналмилалии Лоиҳаи "ХОУП" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
17. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
18. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
19. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);
20. Ташкилоти ҷамъиятӣ (аз рӯи натиҷаи интихобот);