Тартиби хизматрасонии бамузди байторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 66

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2015, № 66

тасдиқ шудааст

Тартиби хизматрасонии бамузди байторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" ва "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" таҳия гардида, қоида ва шартҳои пешниҳоди хизматрасонии муздноки байториро ба шаҳрвандон ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликияташон - соҳибони ҳайвонот муайян мекунад.

2. Ба хизматрасонии бамузди байторӣ мансубанд:

- чорабиниҳои клиникӣ, ташхисӣ, табобатию профилактикӣ, байторию санитарӣ, терапевтӣ, ҷарроҳӣ, акушерию гинекологӣ, зиддиэпизоотӣ, санитарию гигиенӣ, эмкунӣ (фаъол ва мафъул), дезинфексия, дезинсексия, дератизатсия, дегелминтизатсия (ба истиснои 8 номгӯи бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки ташхис ва пешгирии онҳо, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 182 барои ҳамаи категорияҳо ва шаҳрвандон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ сурат мегирад);

- муайян кардани бордорӣ ва ҳомилаи ҳамаи намудҳои чорво, гирифтан ва гузаронидани эмбрионҳо ва дигар чорабиниҳои вобаста ба зиёдшавии чорво, парранда, моҳӣ, занбӯри асал ва ҳамлу нақли онҳо;

- барасмиятдарорӣ ва додани ҳуҷҷатҳои байторӣ (шаҳодатномаи байтории гузариш, сертификатҳо, маълумотномаҳо, шиносномаҳо, шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва ғайраҳо);

- маслиҳатҳо (машваратҳо, тавсияҳо) оид ба масъалаҳои ташхис, табобат, пешгирии ҳамаи намудҳои касалиҳо ва технологияи нигаҳдории чорво;

- додани шаҳодатномаи мутобиқати байторию санитарии шароити истеҳсолии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба забҳи ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, ашёи хоми ҳайвонот, инчунин ба воридоту содироти чунин маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд;

- аккредитатсияи корхонаҳои истеҳсоли ватанию хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳои таҳти назорати байторӣ қарордоштаро ворид (содир) менамоянд;

- барасмиятдарории хулосаҳои байторӣ оид ба сохтмони иншооти таъиноти байторӣ; - сӯзонидан, эвтонизатсия (забҳи маҷбур) ва дигар хизматҳои байторӣ.

2. Маълумот дар бораи хизматҳои бамузди байторӣ, тартиби пур кардани шартномаҳо ва пардохти хизматрасонӣ

3. Корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳое, ки ҳуқуқи хизматрасонии муздноки байториро доранд, вазифадор мебошанд, ки лавҳаи дорои навиштаҷот дар бораи касб ва шакли ташкилии фаъолият, номгӯи фирмавӣ, суроға ва реҷаи кор дошта бошанд.

4. Иҷрокунанда (субъекте, ки хизмати муздноки байториро мерасонад) бояд ба истеъмолгар дар шакли аёнӣ ва дастрас оид ба хизмати байторӣ (корҳои иҷрошаванда) маълумот пешниҳод намояд. Ин маълумот бояд дар ҷои намоён гузошта шуда, хатман маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номгӯи намудҳои асосии хизматрасониҳои муздноки байторӣ ва шаклҳои пешниҳоди онҳо;

- нархномаи хизматрасониҳои байторӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, бо зикри рақам ва санаи тасдиқи он;

- намунаю воситаҳои доруворӣ ва ғайра;

- воситаҳои таъиноти байторӣ, ки ҳангоми хизматрасонии муздноки байторӣ истифода мешаванд;

- намунаҳои шартномаҳо, квитансияҳо, тамғаҳо, забонхат, талонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷро ва пардохти ҳаққи хизмат;

- маълумот дар бораи имтиёзҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи алоҳидаи истеъмолгарон (маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва монанди инҳо) пешбинӣ гардидаанд;

- маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи ҳуқуқии) иҷрокунанда ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти ваколатдор оид ба қабули арзу шикоятҳои истеъмолгарон.

3. Тартиби пешниҳоди хизматиҳои бамузди байторӣ

5. Иҷрокунанда бехатарии чорабиниҳои байториро барои саломатӣ, маҳсулнокии ҳайвонот, ҳаёт ва саломатии истеъмолкунанда ва инчунин муҳити атроф кафолат медиҳад.

б) Истеъмолкунанда вазифадор аст:

- ба иҷрокунанда бо талаби ӯ чорворо барои азназаргузаронӣ пешниҳод намояд, бетаъхир дар бораи ҳама гуна ҳодисаҳои вобаста бо фавти ногаҳонӣ ва ё касалшавии оммавии яквақтаи чорво ва ё дар бораи рафтори ғайримуқаррарии ҳайвонот хабар диҳад; - барои ҷудо нигоҳ доштани ҳайвоноти ба касалӣ гумонбар то омадани иҷрокунанда чораҳо андешад;

- фурӯши гӯшт, шир, маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, тухм ва дигар маҳсулоти чорворо қатъиян баъди гузаронидани ташхиси байторию санитарӣ ва гирифтани хулосаи иҷрокунанда дар бораи хӯрданибоб будани онҳо ба роҳ монад;

- тӯшаҳои ҳайвоноти фавтида, инчунин маҳсули хӯроки забҳи хонагии ҳайвоноту паррандаро, ки барои истифода дар инсон ва ҳайвонот номусоид (маводи мусодиршаванда) барои нобудсозӣ ба гӯристони ҳайвонот расонанд;

- нигоҳдории дахлдори чорво ва хӯрокдиҳии онро мутобиқи талаботи зоогигиенӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои табобатию профилактикии ҳатмиро дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи дастурҳо, нишондодҳо, тавсияномаҳои нигаҳдории чорво таъмин намояд.

4. Қабул ва ба расмиятдарории дархостҳо барои хизматҳои бамузди байторӣ

7. Иҷрокунанда дархостҳоро барои хизматҳои бамузди байторӣ мутобиқи самти фаъолияташ қабул менамояд.

8. Хизматҳои бамузди байторӣ аз ҷониби иҷрокунанда дар асоси бастани шартнома, барасмиятдарории хизматрасонии мизоҷӣ ё додани жетон, купон, чеки хазинавӣ, квитансия ё дигар ҳуҷҷатҳои намунаашон муқарраршуда анҷом дода мешавад.

9. Иҷрокунанда вазифадор аст, ки сари вақт истеъмолкунандаро дар бораи эҳтимолан мураккабшавӣ ва тартиби чораҳои пешгирикунанда, инчунин дар бораи дигар ҳолатҳои ба иҷрокунанда вобастанабуда, ки ба сифати хизматрасонӣ таҳдид мекунанд, огоҳ намояд.

10. Агар истеъмолкунанда ба огоҳсозии саривақт ва асосноки иҷрокунанда нигоҳ накарда, чораҳои пешгирикунанда наандешад ё ҳолатро, ки ба сифати хизматрасонӣ таҳдид менамояд, бартараф насозад, иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаро бекор созад ва талофи зарари ба ӯ расонидашударо тибқи шартнома талаб намояд.

11. Агар иҷрокунанда сари вақт иатеъмолкунандаро дар бораи ҳолатҳои мураккабшавии хизматрасонӣ огоҳ ва дар ин бора дар ҳуҷҷати намунаи муқарраршуда қайд накарда бошад, вай барои хизматрасонии номуносиб мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

5. Тартиб ва шакли пардохти хизматрасонӣ

12. Шакли пардохти хизматрасонӣ бо созишномаи байни истеъмолкунанда иҷрокунанда мутобиқи нархномаи хизматрасониҳои байторӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст муайян карда мешавад.

13. Маблағҳое, ки аз фаъолияти марбут ба хизматрасонии бамузди байторӣ ба даст оварда мешаванд, ба мақсадҳои рушди сохторҳои мақоми ваколатдори давлатии байторӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисон, 15% маблағ барои рушди Хадамоти назорати давлатии байторӣ тавассути системаи фондҳои рушди Хадамоти давлатии байторӣ, инҷунин 15% маблағҳои махсус бо тартиби муқарраркардаи қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Буҷети давлатӣ равона карда мешаванд.

14. Аз ҳисоби маблағҳое, ки аз фаъолияти марбут ба хизматрасонии ба бамузди байтории стансияҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳру ноҳияҳо ба даст оварда мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 10% барои рушди раёсатҳои назорати давлатии байтории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавассути системаи фондҳои рушди Хадамоти давлатии байторӣ равона карда мешаванд.

15. Назорати истифодаи мақсадноки ин маблағҳо ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

6. Муқаррароти хотимавӣ

16. Ташкилотҳои давлатии байторӣ ӯҳдадоранд, ки баҳисобгирии оморӣ ва муҳосибавии хизматрасонии бамузди байториро пеш бурда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба мақомоти дахлдор ва болоӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.

17. Барои вайрон кардани Тартиби мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Перечне видов платных ветеринарных услуг в Республике Таджикистан и Порядке оказания платных ветеринарных услуг в Республике Таджикистан

В соответствии со статьёй 37 Закона Республики Таджикистан "О ветеринарии" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Перечень видов платных ветеринарных услуг в Республики Таджикистан (приложение 1).

2. Утвердить Порядок оказания платных ветеринарных услуг в Республики Таджикистан (приложение 2).

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 марта 2010 года, №180 "Об утверждении Перечня видов платных ветеринарных услуг и порядка оказания платных ветеринарных услуг в Республике Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 26 февраля 2015 года, № 66

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2015 года, № 66

Перечень видов платных ветеринарных услуг в Республики Таджикистан

1. Лаборатории ветеринарно-санитарной экспертизы продовольственных рынков республики и пунктов продажи сельскохозяйственных продуктов:

а) экспертиза:

- мяса;

- молока и молочных продуктов;

- растительного масла;

- рыбы, яиц, мёда;

- солено-квашеных продуктов;

- свежих, сушёных и консервированных фруктов и ягод;

- бахчевых культур.

2. Станции по борьбе с болезнями животных областей, городов и районов республики:

а) регистрация (клеймение) и клинический осмотр животных;

б) выдача ветеринарных свидетельств и предубойной справки животных, за исключением субъектов предпринимательства;

в) ампутация хвоста, ушных раковин собак, кесарево сечение, операция животных;

г) кастрация скота;

д) терапия:

- атония и тимпания преджелудков, болезни сетки и сычуга;

- болезни органов дыхания и грудной клетки;

- эндометриты;

- маститы сельскохозяйственных животных;

- гастроэнтериты, интоксикации;

- дегельминтизация против паразитарных болезней и другие.

е) ветеринарно-санитарные мероприятия:

- дезинфекция;

- дезинсекция;

- дератизация;

- дезинвазия;

- санация;

- купка животных.

ж) ветеринарно-санитарная аттестация производственных условий физических и юридических лиц, занимающихся убоем животных, производством, переработкой, хранением продукции и сырья животного происхождения, за исключением субъектов предпринимательства.

3. Государственный центр контроля ветеринарных препаратов:

а) исследования ветеринарных биологических препаратов и лечебных средств отечественного и зарубежного производства, подлежащих государственной регистрации в Республике Таджикистан;

б) проведение аттестации учреждений, предприятий и физических лиц, занятых фармацевтической деятельностью, обеспечением и реализацией ветеринарных лекарственных средств в Республике Таджикистан.

4. Национальный центр ветеринарной диагностики:

а) исследования продуктов питания;

б) проведение аттестации областных, межрайонных и районных центров ветеринарной диагностики, ветеринарно-санитарных лабораторий рынков, лабораторий предприятий по приработке животных продуктов и кормов для животных и их специалистов;

в) исследование и сертификация кормов и кормовых добавок;

г) исследование грузов подконтрольных ветеринарному надзору ввозимых на территорию Республики Таджикистан, в соответствии с требованиями Всемирной Торговой Организации и Международного Эпизоотического Бюро;

д) бактериологические исследования;

е) вирусологические исследования;

ж) серологические исследования;

з) паразитологические исследования;

и) биохимические, микологические и химико-токсикологические исследования;

к) лабораторная диагностика причины отравления животных;

л) исследования на Хроматографе;

м) радиобиологическое исследование;

н) исследования почвы на наличие возбудителей инфекционных болезней и контроль качества дезинфекции;

о) уничтожение (сжигание) патологического материала.

5. Управление государственного ветеринарного надзора на государственной границе и транспорте Республики Таджикистан:

- ветеринарно-санитарный надзор за ввозом и вывозом грузов, подконтрольных ветеринарному надзору;

- ветеринарный надзор при проверке грузов (контейнеров, вагонов, автомобилей и другие);

- консультации по вопросам соблюдения ветеринарных требований юридическими и физическими лицами занятых ввозом и вывозом грузов, подконтрольных ветеринарному надзору;

- отбор проб для лабораторного исследования грузов, подконтрольных ветеринарному надзору;

- проведение клинического осмотра животных, ввозимых в Республику Таджикистан или вывозимых из неё;

- оформление сопроводительной ветеринарной документации при ввозе (вывозе) грузов, подконтрольных ветеринарному надзору Республики Таджикистан;

- ветеринарно-санитарная обработка транспортных средств и другие дезинфекционные мероприятия.

6. Республиканский противоэпизоотический центр:

а) оздоровление хозяйств от инфекционных болезней:

- дезинфекция;

- дезинсекция;

- дератизация;

- дезинвазия;

- санация;

б) проведение консультации и инструктажа по надлежащему ведению государственного ветеринарного надзора и делопроизводства на станциях по борьбе с болезнями животных городов и районов и управлений государственного ветеринарного надзора Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов.

7. Специальный взвод карантинного надзора:

- проведение дезинфекции животноводческих помещений, территории ферм и транспорта в карантинных зонах;

- проведение дезинфекции и дезинсекции помещений, территории оборудования и транспорта предприятий по переработке и хранению животноводческой продукции;

8. Служба государственного ветеринарного надзора:

а) платные ветеринарные услуги при государственной регистрации ветеринарных биологических препаратов и лечебных средств отечественного и зарубежного производства в Республики Таджикистан;

б) аккредитация отечественных и зарубежных предприятий, юридических и физических лиц, занятых ввозом (вывозом) на территорию Республики Таджикистан грузов, подконтрольных ветеринарному надзору;

в) проведение аттестации производственных условий юридических и физических лиц, занятых ввозом (вывозом) грузов, подконтрольных ветеринарному надзору Республики Таджикистан;

г) государственная регистрация кормов и кормовых добавок отечественного и зарубежного производства в Республике Таджикистан.