Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 феврали соли 2015, № 62
тасдиқ шудааст
Низомномаи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2017 № 221, аз 14.08.2018 № 409)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Низомнома) асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро танзим менамояд.
2. Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Фонд) маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
3. Шакли ташкилию ҳуқуқии Фонд тибқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
4. Фонд шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибавии мустақил, суратҳисоб бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" буда, онҳоро барои амалисозии ҳисоббаробаркунии мутақобилаи амалиёту қарзҳо истифодабарӣ менамояд.
5. Фонд дорои моликият дар асоси идоракунии оперативӣ мебошад, ҳуқуқи ба худ гирифтани ӯҳдадориҳо ва иҷрои онҳоро дошта, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.
6. Фонд дорои мӯҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забони давлатӣ, нишон, мӯҳри чоркунҷа, бланкҳо ва дигар аломатҳои муайянкунанда мебошад .
7. Фаъолияти Фонд ва филиалҳои он аз ҳисоби маблағҳои пулии буҷет, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар маблағҳое, ки бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, таъмин карда мешавад .
8. Фонд дорои ҳуқуқи фаъолияти табъу нашр, гузаронидани курсҳои таълимӣ ва ҳамчунин амалисозии хизматрасониҳои пулакие мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
9. Номи расмӣ:
- бо забони давлатӣ - Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар шакли ихтисоршуда - МД "ФДСҲҶТ";
- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Фонд поддержки предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан", дар шакли ихтисоршуда - ГУ "ФПППРТ";
- бо забони англисӣ - State enterpise "Entrereneurship support fund under the Government of the Republic of Tajikistan", дар шакли ихтисоршуда - SE ESFGRT" .
10. Суроғаи ҳуқуқии Фонд: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони кӯчаи Теҳрон, 21 .
2. ҲУҚУҚҲОИ ФОНД
11. Фонд дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
12. Фонд ҳуқуқ дорад:
- тибқи Низомнома дар доираи самтҳои фаъолияти худ санадҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, қабул намояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкориро дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ, инчунин таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иҷрои барномаҳои таълимӣ, методӣ, молиявию хоҷагӣ ва фаъолиятҳои дигарро амалӣ намояд;
- мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои ҳамоҳангсози молиявӣ, донорҳо ва ғайра), муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар самти таълим, тадқиқоти илмӣ ва иттилоотию таҳлилӣ, ташкили симпозиумҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмию методро оид ба таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, аз ҷумла дар асоси хизматрасонии музднок мутобиқи қонунгузорӣ анҷом диҳад;
- тартиби истифодаи маблағҳои ба суратҳисоби Фонд аз сарчашмаҳои дигари буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ воридгаштаро самаранок ва мақсаднок муайян кунад;
- стратегия ва барномаҳои мушаххаси самтҳои алоҳидаи дастгирии соҳибкориро қабул ва маблағгузории онҳоро таъмин намояд;
- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва итифоқҳо бошад;
- мониторинги маблағҳои ба субъектҳои соҳибкорӣ ҷудошуда, инчунин соҳаҳои афзалиятноки истеҳсолии иқтисодиёти ҷумҳуриро гузаронида, бартарияти самтҳои маблағгузориро пешбинӣ намояд;
- Дастурамал дар бораи "Истифодаи маблағҳои Фонд, вобаста ба самтҳо ва барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ"-ро тасдиқ намояд;
- дар барасмиятдарории шартномаҳои гарав ҳамчун кредитор ва гаравгир иштирок намояд ;
- маълумоти заруриро оид ба субъектҳои соҳибкорӣ аз дигар мақомоти давлатӣ дархост намояд ;
- бо мақсади мониторинги қарз аз қарзгир ҳуҷҷатҳои дигари ба иҷрои назорат алоқамандро талаб намояд ;
- молу мулки аз тарафи субъектҳои соҳибкорӣ ба сифати гарав пешниҳодшударо таҳти омӯзиш қарор дода, таҳлили маркетингии молу мулки ба гарав гузошташавандаро гузаронад, арзиши воқеӣ ва нархи бозории фурӯши молу мулки гаравро муайян намояд ;
- санҷиши ҳолати нигаҳдории молу мулки ба гарав гузошташударо гузаронад, аз қарзгир истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда, аз ҷумла нигоҳдорӣ, истифода ва дигар ҳолатҳоро талаб намояд ;
- дар лоиҳаҳои байналмилалии дастгирии соҳибкорӣ, таълимию илмӣ ва дигар чорабиниҳо иштирок намояд.
3. САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФОНД
13. Самтҳои асосии фаъолияти Фондро таъминоти молиявии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳо дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, фаъолияти таълимӣ, иттилоотию таҳлилӣ, таҳририю интишоротӣ, молиявию хоҷагӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.
14. Вазифаҳои асосии Фонд:
- мусоидат дар раванди рушди муносибатҳои бозорӣ дар асоси дастгирии соҳибкорӣ ва рушди рақобат тавассути ҷалб ва самаранок истифодабарии барномаҳои асосӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои бахши соҳибкории хурду миёна;
- мусоидат дар гузаронидани экспертизаҳо, озмунҳои барномаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои маблағгузорӣ дар бахши соҳибкории хурду миёна, таъминоти бозори мол ва бунёди ҷойҳои нави корӣ;
- ҳифз ва дастгирии молиявии фаъолияти инноватсионии самтҳои соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонӣ барои навоварӣ ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти инноватсионӣ, ҳамкорӣ дар раванди азхудкунии технологияи ҷадид ва ихтирооти он;
- ҳамкорӣ дар раванди ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, қоғазҳои қиматнок ва вомбаргҳо барои амалӣ гардонидани самтҳои асосии рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва бунёди фазои солими соҳибкорӣ;
- ҷалби маблағҳои буҷетӣ, ки ба татбиқи барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ равона шудаанд, ҷалби маблағҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ ҷиҳати афзун намудани захираҳои молиявӣ;
- ҷалби маблағҳои пулии фондҳои хориҷии ёрирасон, барномаҳои хориҷии кӯмаки техникӣ, маблағҳои пулии ниҳодҳои молиявие, ки барои рушд ва таҳкимбахшии сиёсати молиявии лоиҳаҳои рушди соҳибкорӣ равона шудаанд;
- ҷалби мустақими маблағҳои қарзӣ;
- маблағгузории лоиҳаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- маблағгузории молиявии хурду калон, ки ба самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона шудаанд;
- амалисозии фаъолият дар Фондҳо ва созмонҳои хориҷӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, ҳадафҳо ва масъулияти дуҷонибаи иқтисодию иҷтимоии ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ва афзудани маҷмӯи қарзҳо;
- мусоидат дар маблағгузории чорабиниҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон барои субъектҳои соҳибкорӣ, такмили тахассуси онҳо, дастгирии сохторҳои нави иқтисодӣ;
- маблағгузории баргузории конференсияҳои илмию таҳқиқотӣ, машварату симпозиумҳо, аз ҷумла дар хориҷи кишвар, ки ба рушди соҳибкории хурду миёнаи ҷумҳурӣ равона шудаанд;
- мусоидат бо роҳи маблағгузорӣ дар таҳия ва омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, манзур намудани пешниҳодот ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва молиявие, ки ба дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ равона гаштаанд;
- амалисозии назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳои аз ҷониби Фонд ҷудогардида ё бо дастгирии Фонд аз дигар сарчашмаҳои молиявӣ ҷудошуда;
- қатъ намудани маблағгузорӣ дар асоси қарори Шӯрои нозирон дар ҳолатҳои аз тарафи субъектҳои соҳибкор ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳо;
- ба субъектҳои соҳибкорӣ ҷудо намудани қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат, дарозмӯҳлат ва маблағгузорӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ тибқи қарори Шӯрои нозирон;
- расонидани ёрии молиявӣ дар асоси қарори Шӯро барои гузаронидани расмиёти бақайдгирии давлатии соҳибкорон;
- додани қарзҳо тибқи қонунгузорӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ;
- пешниҳоди кӯмаки молиявӣ (субсидияҳо) бо мақсади пӯшонидани фоизҳо аз рӯи қарзҳои субъектҳои соҳибкорӣ, ки барои бақайдгирии давлатии соҳибкорон аз дигар сарчашма ва кӯмакҳои молиявӣ ҷудо гардидаанд;
- таъсиси шӯроҳои таҳқиқотии (экспертии) бонкӣ аз ҳисоби мутахассисони дохилию хориҷӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани навгониҳои илмӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкории судманди мутақобил бо субъектҳои молиявию қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии дохилию хориҷӣ оид ба хизматрасонӣ ва табодули маблағҳои пулӣ;
- тибқи қонунгузории амалкунанда ҳамкорӣ намудани марказҳои илмию омӯзишии молиявӣ дар самти соҳибкорӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, инчунин ба амонат гузоштани маблағҳои дар ихтиёрдошта;
- маблағгузории татбиқи чорабиниҳои Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020;
- амалӣ кардани ҳама намуди хизматрасониҳои музднок аз ҷониби Фонд.
4. МОЛИКИЯТИ ФОНД
15. Моликияти Фонд аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташкил меёбад:
- моликият ва воситаҳои пулии қабулкардаи Фонд ҳангоми таъсисёбӣ;
- ҳиссаҷудокуниҳо аз буҷети ҷумҳурӣ;
- даромад аз фаъолият, аз ҷумла аз барориш ва фурӯши қоғазҳои қиматноки Фонд, хариди қоғазҳои қиматноки давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин даромадҳое, ки аз ҳисоби фоизҳои қарзҳои ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешниҳодгашта гирифта шудаанд;
- саҳмгузории ихтиёрии пулии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ватанию хориҷӣ ва дигар маблағҳои воридшавандае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
- даромадҳо аз фаъолияти хизматрасониҳои Фонд, аз ҷумла даромад аз фурӯш, ҷойгиркунии воситаҳои озод, қоғазҳои қиматнок, маблағҳо ва амволи аз дигар сарчашмаҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомада, ки ҳисоби онҳо дар тавозуни алоҳида бурда мешавад.
16. Фонд барои амалӣ гардонидани фаъолияти худ метавонад дар сохтори худ фондҳои захиравӣ, суғуртавӣ, кафолатӣ вобаста ба шарту тартиботе, ки қонунгузории ҷорӣ муайян кардааст, ташкил намояд.
17. Муассис аз рӯи ӯҳдадориҳои Фонд ҷавобгӯ нест, дар навбати худ Фонд низ аз рӯи ӯҳдадориҳои Муассис ҷавобгӯ намебошад.
5. ИДОРАКУНӢ ВА СОХТОРИ ФОНД
18. Ба мақоми идоракунии Фонд Директор роҳбарӣ мекунад.
19. Директори Фондро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикнстон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд.
20. Ваколатҳои Директори Фонд:
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба фаъолияти Фонд роҳбарӣ менамояд;
- масъалаҳои ташкилию бақайдгирӣ дар Нозироти андоз, ҳангоми кушодани суратҳисоби бонкӣ таъмин менамояд;
- манфиатҳои Фондро бе ваколатнома дар суд, мақомоти давлатӣ, бонкҳо, дигар ташкилотҳо ва дар назди шахсони воқеӣ ҳимоя менамояд;
- нигоҳдории моликият ва маблағҳои пулии Фондро таъмин менамояд;
- фаъолияти молиявию хоҷагии Фондро ба роҳ мемонад;
- шартномаҳоро имзо мекунад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо суратҳисобҳои Фондро мекушояд;
- ба фармонҳо имзо мекунад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Фонд ҳатмӣ мебошанд;
- дар доираи маблағҳои пешбинишуда сохтори Фондро барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ ва филиалҳои Фондро тасдиқ менамояд ;
- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, филиалҳо ва кормандони штатии Фондро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ;
- ӯҳдадориҳои мансабии кормандони Фондро тасдиқ менамояд;
- дар амал татбиқ гардидани қарорҳои Шӯрои нозирони Фондро таъмин менамояд;
- моликияти Фондро ба манфиати он истифода мебарад;
- бо кормандони Фонд шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад ва онҳоро мувофиқи қонунгузорӣ бекор менамояд;
- ҷадвали басти вазифаҳои кормандони Фондро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- оид ба назорат ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои нозирон дар се моҳ як маротиба ба Шӯрои нозирон ҳисобот пешниҳод мекунад.
21. Ҳайати Шӯрои нозирони Фонд аз 12 нафар иборат буда, онро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад. Ҳамзамон Шӯрои нозирон Кумитаи қарзӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳайати аъзои Шӯрои нозирон намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва бахши хусусӣ дохил мешаванд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Дар сурати аз ҳайати он пеш аз анҷоми мӯҳлати ваколати Шӯрои нозирон баромадан (бозхондан) ҳайати Шӯрои нозирон бо ҳамон тартибе, ки Шӯрои нозирон ташкил мегардад, пурра карда мешаванд .
22. Шӯрои нозирон дар асоси Низомномаи мазкур фаъолият менамояд.
23. Вазифаи Шӯрои нозирон:
- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Фонд ва шарту шароити истифодаи маблағҳои он;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикнстон вобаста ба таҷдиди сохтори идоракунии Фонд;
- баррасии хулосаи санҷиши аудитории фаъолияти Фонд аз ҷониби аудитори мустақил;
- тасдиқи буҷети солонаи Фондро бо пешниҳоди Директор ва баррасии натиҷаҳои иҷрои он;
- баррасии ҳисоботи солонаи Фонд;
- муайянсозии шартҳои талабот оид ба бунёд ва самтҳои фаъолияти фондҳои эҳтиётии суғуртавӣ ва кафолатӣ;
- муайянсозии талабот оид ба интихоби намояндагони Фонд дар мақомоти идоракунии субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар сармояи оинномавиашон ҳиссаи аъзогии Фонд мавҷуд аст;
- амалӣ намудани ҷалби сармоя аз манбаъҳои иловагӣ, маблағгузории чорабиниҳои соҳаи дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна;
- андешидани чораҳо ҷиҳати беҳбудии сатҳи иқтисодии Фонд ва вазъи молиявии ҳайати кормандони он;
- мувофиқасозии натиҷаҳои фаъолияти солонаи Фонд ва пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати такмили онҳо;
- ду намояндаи бахши соҳибкориро ба ҳайати Шӯрои нозирон ҷалб намояд ;
- нишони ягонаи Фондро тасдиқ намояд
- таъсис ва барҳам додани филиалҳои муассиса ;
- баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ ва грантиро ба субъектҳои соҳибкорӣ.
24. Ҷаласаи Шӯрои нозирон дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
25. Ду аъзои Шӯро аз бахши соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Шӯро иваз карда мешаванд .
26. Қарорҳои Шӯрои нозирони Фонд оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо овоздиҳии ошкоро, бо ҷонибдории аз нисф зиёди иштирокчиёни ҷаласа қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробарии овозҳо овози Раиси Шӯрои нозирони Фонд ҳалкунанда мебошад.
27. Ҷаласаи Шӯрои нозирон протоколи расмӣ кунонида мешавад, ки ба он Раиси Шӯрои нозирон ва котиби он имзо мегузоранд.
28. Иҷрои протоколи ҷаласаҳои Шӯрои нозирони Фонд барои ҳамаи сохторҳои Фонд ҳатмӣ буда, Директори Фонд барои таъмини он ҷавобгар мебошад.
6. ҲАЙАТИ ФОНД
29. Ҳайати Фонд аз роҳбарият ва кормандон (ҳайати ёрирасон ва техникӣ) иборат мебошад.
30. Ҳайати кормандони Фонд тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
31. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони Фонд бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ кафолат дода мешаванд.
32. Фонд ҳуқуқ дорад, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мутахассисони хориҷию ватаниро ба фаъолияти худ ҷалб намояд.
33. Талабот ва шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони Фонд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
34. Иловапулӣ ва мукофотпулии кормандони Фонд бо дарназардошти коэффитсиенти самаранокии фаъолияти корманд муайян карда мешавад.
35. Кафолати иҷтимоии кормандони Фонд бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
7. ФАЪОЛИЯТИ МАШВАРАТӢ ВА ИНТИШОРӢ
36. Фонд таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ, таҳлили бизнес - нақшаҳо, таҳқиқоти илмию методӣ мегузаронад.
37. Кормандони Фонд бо розигии Директор дар чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он иштирок менамоянд.
8. ҲАКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФОНД
38. Ҳамкориҳои байналмилалии Фонд дар шаклҳои зайл амалӣ мегарданд:
- даъват намудани мутахассисон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар фаъолияти Фонд;
- фиристодани кормандон ва шахсони зарурӣ барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ;
- амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ва хизматрасониҳои якҷоя бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ;
- гузаронидани конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳо ва намоишҳои байналмилалӣ;
- таҳкими заминаи муосири фаъолияти Фонд дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ;
- шомил гаштан ба иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои касбии байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ ФОНД
39. Фонд баҳисобгирии оперативӣ ва муҳосибавии натиҷаҳои фаъолияти худро амалӣ менамояд, дар шакли муқарраршуда ҳисоботи оморию муҳосибавӣ мебарад ва оид ба фаъолияти худ ҳисоботро ба Шӯрои нозирони Фонд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
40. Фаъолияти солонаи Фонд аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ё аудитори мустақил бо розигии Шӯрои нозирони Фонд санҷида мешавад.
41. Фонд ҳамасола дар васоитҳои ахбори омма ҳисобот оид ба азхудкунии маблағҳои буҷетии ҷумҳуриявиро, ки барои ташкили чорабиниҳои ҳимоя ва дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна равона шудааст, нашр менамояд.
9 (1). ФИЛИАЛҲОИ МУАССИСА
41(1). Муассиса филиалҳои худро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон таъсис дода, онҳоро бо таҷҳизот, дастгоҳҳо, воситаҳои дигари барои пешбурди фаъолият зарур таъмин менамояд.
41(2). Филиалҳо воҳидҳои алоҳидаи муассиса буда, бо мақсади хизматрасонӣ, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, омӯзиш ва таҳлили нақшаҳои тиҷоратӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори шӯрои нозирони муассиса таъсис дода мешаванд.
41(3). Филиалҳои муассиса фаъолияти худро дар асоси низомномаи аз ҷониби директори муассиса тасдиқгардида ба роҳ мемонанд.
41(4). Филиалҳо барои нигоҳдории молу мулки истифодашаванда масъул мебошанд .
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
42. Баҳсҳои баамаломада дар ҷаласаҳои Шӯрои нозирони Фонд баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд. Дар ҳолати ҳалли мусбии худро наёфтани баҳсҳо, онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 феврали соли 2015, № 62
тасдиқ шудааст
Сохтори Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Роҳбарият
Раёсати қарздиҳӣ ва ҷалби сармоя:
- шуъбаи қарздиҳӣ
- шуъбаи ҷалби сармоя
Раёсати корҳо:
шуъбаи баҳисобгирии муҳосиботӣ
шуъбаи хоҷагидорӣ
шуъбаи иттилоот ва котибот
бахши умумӣ ва назорат
Раёсати бехатарӣ ва баргардонии қарзҳо
Шуъбаи ҳуқуқ
Шуъбаи аудит
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
Шуъбаи нархгузории молу мулки гарав
Бахши техникаи компютерӣ .
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 феврали соли 2015, № 62
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (аз рӯи вазифа):
1. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон
2. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Шӯрои нозирон
Аъзои Шӯрои нозирон:
1. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Вазири рушди иқтасод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
7. Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон
8. Ду намоянда аз бахши соҳибкорӣ
9. Котиби масъули Шӯрои нозирон (бе ҳуқуқи овоз)
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 августи с.2018, № 409
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Дастгоҳи марказӣ
Филиали муассиса дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Филиали муассиса дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
Филиали муассиса дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон.
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 феврали соли 2015, № 62
тасдиқ шудааст
Низомномаи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Низомнома) асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро танзим менамояд.
2. Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Фонд) маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
3. Шакли ташкилию ҳуқуқии Фонд тибқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
4. Фонд шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибавии мустақил, суратҳисоб бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" буда, онҳоро барои амалисозии ҳисоббаробаркунии мутақобилаи амалиёту қарзҳо истифодабарӣ менамояд.
5. Фонд дорои моликият дар асоси идоракунии оперативӣ мебошад, ҳуқуқи ба худ гирифтани ӯҳдадориҳо ва иҷрои онҳоро дошта, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.
6. Фонд дорои мӯҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, нишон, мӯҳри чоркунҷа, бланкҳо ва дигар аломатҳои муайянкунанда мебошад.
7. Фаъолияти Фонд аз ҳисоби маблағҳои пулии буҷет, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар маблағҳое, ки бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, таъмин карда мешавад.
8. Фонд дорои ҳуқуқи фаъолияти табъу нашр, гузаронидани курсҳои таълимӣ ва ҳамчунин амалисозии хизматрасониҳои пулакие мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
9. Номи расмӣ:
- бо забони давлатӣ - Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар шакли ихтисоршуда - МД "ФДСҲҶТ";
- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Фонд поддержки предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан", дар шакли ихтисоршуда - ГУ "ФПППРТ";
- бо забони англисӣ - State Enterprise "Fund for support of entrepreneurship the Goverment of the Republic of Tajikistan", дар шакли ихтисоршуда - SE "FSEGRT".
10. Суроғаи ҳуқуқии Фонд: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ - 44.
2. ҲУҚУҚҲОИ ФОНД
11. Фонд дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
12. Фонд ҳуқуқ дорад:
- тибқи Низомнома дар доираи самтҳои фаъолияти худ санадҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, қабул намояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкориро дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ, инчунин таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иҷрои барномаҳои таълимӣ, методӣ, молиявию хоҷагӣ ва фаъолиятҳои дигарро амалӣ намояд;
- мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои ҳамоҳангсози молиявӣ, донорҳо ва ғайра), муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар самти таълим, тадқиқоти илмӣ ва иттилоотию таҳлилӣ, ташкили симпозиумҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмию методро оид ба таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, аз ҷумла дар асоси хизматрасонии музднок мутобиқи қонунгузорӣ анҷом диҳад;
- тартиби истифодаи маблағҳои ба суратҳисоби Фонд аз сарчашмаҳои дигари буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ воридгаштаро самаранок ва мақсаднок муайян кунад;
- стратегия ва барномаҳои мушаххаси самтҳои алоҳидаи дастгирии соҳибкориро қабул ва маблағгузории онҳоро таъмин намояд;
- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва итифоқҳо бошад;
- мониторинги маблағҳои ба субъектҳои соҳибкорӣ ҷудошуда, инчунин соҳаҳои афзалиятноки истеҳсолии иқтисодиёти ҷумҳуриро гузаронида, бартарияти самтҳои маблағгузориро пешбинӣ намояд;
- Дастурамал дар бораи "Истифодаи маблағҳои Фонд, вобаста ба самтҳо ва барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ"-ро тасдиқ намояд;
- дар лоиҳаҳои байналмилалии дастгирии соҳибкорӣ, таълимию илмӣ ва дигар чорабиниҳо иштирок намояд.
3. САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФОНД
13. Самтҳои асосии фаъолияти Фондро таъминоти молиявии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳо дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, фаъолияти таълимӣ, иттилоотию таҳлилӣ, таҳририю интишоротӣ, молиявию хоҷагӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.
14. Вазифаҳои асосии Фонд:
- мусоидат дар раванди рушди муносибатҳои бозорӣ дар асоси дастгирии соҳибкорӣ ва рушди рақобат тавассути ҷалб ва самаранок истифодабарии барномаҳои асосӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои бахши соҳибкории хурду миёна;
- мусоидат дар гузаронидани экспертизаҳо, озмунҳои барномаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои маблағгузорӣ дар бахши соҳибкории хурду миёна, таъминоти бозори мол ва бунёди ҷойҳои нави корӣ;
- ҳифз ва дастгирии молиявии фаъолияти инноватсионии самтҳои соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонӣ барои навоварӣ ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти инноватсионӣ, ҳамкорӣ дар раванди азхудкунии технологияи ҷадид ва ихтирооти он;
- ҳамкорӣ дар раванди ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, қоғазҳои қиматнок ва вомбаргҳо барои амалӣ гардонидани самтҳои асосии рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва бунёди фазои солими соҳибкорӣ;
- ҷалби маблағҳои буҷетӣ, ки ба татбиқи барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ равона шудаанд, ҷалби маблағҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ ҷиҳати афзун намудани захираҳои молиявӣ;
- ҷалби маблағҳои пулии фондҳои хориҷии ёрирасон, барномаҳои хориҷии кӯмаки техникӣ, маблағҳои пулии ниҳодҳои молиявие, ки барои рушд ва таҳкимбахшии сиёсати молиявии лоиҳаҳои рушди соҳибкорӣ равона шудаанд;
- ҷалби мустақими маблағҳои қарзӣ;
- маблағгузории лоиҳаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- маблағгузории молиявии хурду калон, ки ба самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона шудаанд;
- амалисозии фаъолият дар Фондҳо ва созмонҳои хориҷӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, ҳадафҳо ва масъулияти дуҷонибаи иқтисодию иҷтимоии ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ва афзудани маҷмӯи қарзҳо;
- мусоидат дар маблағгузории чорабиниҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон барои субъектҳои соҳибкорӣ, такмили тахассуси онҳо, дастгирии сохторҳои нави иқтисодӣ;
- маблағгузории баргузории конференсияҳои илмию таҳқиқотӣ, машварату симпозиумҳо, аз ҷумла дар хориҷи кишвар, ки ба рушди соҳибкории хурду миёнаи ҷумҳурӣ равона шудаанд;
- мусоидат бо роҳи маблағгузорӣ дар таҳия ва омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, манзур намудани пешниҳодот ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва молиявие, ки ба дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ равона гаштаанд;
- амалисозии назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳои аз ҷониби Фонд ҷудогардида ё бо дастгирии Фонд аз дигар сарчашмаҳои молиявӣ ҷудошуда;
- қатъ намудани маблағгузорӣ дар асоси қарори Шӯрои нозирон дар ҳолатҳои аз тарафи субъектҳои соҳибкор ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳо;
- ба субъектҳои соҳибкорӣ ҷудо намудани қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат, дарозмӯҳлат ва маблағгузорӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ тибқи қарори Шӯрои нозирон;
- расонидани ёрии молиявӣ дар асоси қарори Шӯро барои гузаронидани расмиёти бақайдгирии давлатии соҳибкорон;
- додани қарзҳо тибқи қонунгузорӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ;
- пешниҳоди кӯмаки молиявӣ (субсидияҳо) бо мақсади пӯшонидани фоизҳо аз рӯи қарзҳои субъектҳои соҳибкорӣ, ки барои бақайдгирии давлатии соҳибкорон аз дигар сарчашма ва кӯмакҳои молиявӣ ҷудо гардидаанд;
- таъсиси шӯроҳои таҳқиқотии (экспертии) бонкӣ аз ҳисоби мутахассисони дохилию хориҷӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани навгониҳои илмӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкории судманди мутақобил бо субъектҳои молиявию қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии дохилию хориҷӣ оид ба хизматрасонӣ ва табодули маблағҳои пулӣ;
- тибқи қонунгузории амалкунанда ҳамкорӣ намудани марказҳои илмию омӯзишии молиявӣ дар самти соҳибкорӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, инчунин ба амонат гузоштани маблағҳои дар ихтиёрдошта;
- маблағгузории татбиқи чорабиниҳои Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020;
- амалӣ кардани ҳама намуди хизматрасониҳои музднок аз ҷониби Фонд.
4. МОЛИКИЯТИ ФОНД
15. Моликияти Фонд аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташкил меёбад:
- моликият ва воситаҳои пулии қабулкардаи Фонд ҳангоми таъсисёбӣ;
- ҳиссаҷудокуниҳо аз буҷети ҷумҳурӣ;
- даромад аз фаъолият, аз ҷумла аз барориш ва фурӯши қоғазҳои қиматноки Фонд, хариди қоғазҳои қиматноки давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин даромадҳое, ки аз ҳисоби фоизҳои қарзҳои ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешниҳодгашта гирифта шудаанд;
- саҳмгузории ихтиёрии пулии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ватанию хориҷӣ ва дигар маблағҳои воридшавандае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
- даромадҳо аз фаъолияти хизматрасониҳои Фонд, аз ҷумла даромад аз фурӯш, ҷойгиркунии воситаҳои озод, қоғазҳои қиматнок, маблағҳо ва амволи аз дигар сарчашмаҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомада, ки ҳисоби онҳо дар тавозуни алоҳида бурда мешавад.
16. Фонд барои амалӣ гардонидани фаъолияти худ метавонад дар сохтори худ фондҳои захиравӣ, суғуртавӣ, кафолатӣ вобаста ба шарту тартиботе, ки қонунгузории ҷорӣ муайян кардааст, ташкил намояд.
17. Муассис аз рӯи ӯҳдадориҳои Фонд ҷавобгӯ нест, дар навбати худ Фонд низ аз рӯи ӯҳдадориҳои Муассис ҷавобгӯ намебошад.
5. ИДОРАКУНӢ ВА СОХТОРИ ФОНД
18. Ба мақоми идоракунии Фонд Директор роҳбарӣ мекунад.
19. Директори Фондро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикнстон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд.
20. Ваколатҳои Директори Фонд:
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба фаъолияти Фонд роҳбарӣ менамояд;
- масъалаҳои ташкилию бақайдгирӣ дар Нозироти андоз, ҳангоми кушодани суратҳисоби бонкӣ таъмин менамояд;
- манфиатҳои Фондро бе ваколатнома дар суд, мақомоти давлатӣ, бонкҳо, дигар ташкилотҳо ва дар назди шахсони воқеӣ ҳимоя менамояд;
- нигоҳдории моликият ва маблағҳои пулии Фондро таъмин менамояд;
- фаъолияти молиявию хоҷагии Фондро ба роҳ мемонад;
- шартномаҳоро имзо мекунад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо суратҳисобҳои Фондро мекушояд;
- ба фармонҳо имзо мекунад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Фонд ҳатмӣ мебошанд;
- дар доираи маблағҳои пешбинишуда сохтори Фондро барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Фондро тасдиқ менамояд;
- роҳбарони воҳидҳои маъмурию хоҷагӣ, инчунин кормандони штатии Фондро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- ӯҳдадориҳои мансабии кормандони Фондро тасдиқ менамояд;
- дар амал татбиқ гардидани қарорҳои Шӯрои нозирони Фондро таъмин менамояд;
- моликияти Фондро ба манфиати он истифода мебарад;
- бо кормандони Фонд шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад ва онҳоро мувофиқи қонунгузорӣ бекор менамояд;
- ҷадвали басти вазифаҳои кормандони Фондро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- оид ба назорат ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои нозирон дар се моҳ як маротиба ба Шӯрои нозирон ҳисобот пешниҳод мекунад.
21. Ҳайати Шӯрои нозирони Фонд аз 10 нафар иборат буда, онро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад. Ҳамзамон Шӯрои нозирон Кумитаи қарзӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳайати аъзои Шӯрои нозирон намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва бахши хусусӣ дохил мешаванд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Дар сурати аз ҳайати он пеш аз анҷоми мӯҳлати ваколати Шӯрои нозирон баромадан (бозхондан) ҳайати Шӯрои нозирон бо ҳамон тартибе, ки Шӯрои нозирон ташкил мегардад, пурра карда мешаванд.
22. Шӯрои нозирон дар асоси Низомномаи мазкур фаъолият менамояд.
23. Вазифаи Шӯрои нозирон:
- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Фонд ва шарту шароити истифодаи маблағҳои он;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикнстон вобаста ба таҷдиди сохтори идоракунии Фонд;
- баррасии хулосаи санҷиши аудитории фаъолияти Фонд аз ҷониби аудитори мустақил;
- тасдиқи буҷети солонаи Фондро бо пешниҳоди Директор ва баррасии натиҷаҳои иҷрои он;
- баррасии ҳисоботи солонаи Фонд;
- муайянсозии шартҳои талабот оид ба бунёд ва самтҳои фаъолияти фондҳои эҳтиётии суғуртавӣ ва кафолатӣ;
- муайянсозии талабот оид ба интихоби намояндагони Фонд дар мақомоти идоракунии субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар сармояи оинномавиашон ҳиссаи аъзогии Фонд мавҷуд аст;
- амалӣ намудани ҷалби сармоя аз манбаъҳои иловагӣ, маблағгузории чорабиниҳои соҳаи дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна;
- андешидани чораҳо ҷиҳати беҳбудии сатҳи иқтисодии Фонд ва вазъи молиявии ҳайати кормандони он;
- мувофиқасозии натиҷаҳои фаъолияти солонаи Фонд ва пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати такмили онҳо;
- баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ ва грантиро ба субъектҳои соҳибкорӣ.
24. Ҷаласаи Шӯрои нозирон дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
25. Қарорҳои Шӯрои нозирони Фонд оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо овоздиҳии ошкоро, бо ҷонибдории аз нисф зиёди иштирокчиёни ҷаласа қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробарии овозҳо овози Раиси Шӯрои нозирони Фонд ҳалкунанда мебошад.
26. Ҷаласаи Шӯрои нозирон протоколи расмӣ кунонида мешавад, ки ба он Раиси Шӯрои нозирон ва котиби он имзо мегузоранд.
27. Иҷрои протоколи ҷаласаҳои Шӯрои нозирони Фонд барои ҳамаи сохторҳои Фонд ҳатмӣ буда, Директори Фонд барои таъмини он ҷавобгар мебошад.
6. ҲАЙАТИ ФОНД
28. Ҳайати Фонд аз роҳбарият ва кормандон (ҳайати ёрирасон ва техникӣ) иборат мебошад.
29. Ҳайати кормандони Фонд тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
30. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони Фонд бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ кафолат дода мешаванд.
31. Фонд ҳуқуқ дорад, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мутахассисони хориҷию ватаниро ба фаъолияти худ ҷалб намояд.
32. Талабот ва шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони Фонд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
33. Иловапулӣ ва мукофотпулии кормандони Фонд бо дарназардошти коэффитсиенти самаранокии фаъолияти корманд муайян карда мешавад.
34. Кафолати иҷтимоии кормандони Фонд бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
7. ФАЪОЛИЯТИ МАШВАРАТӢ ВА ИНТИШОРӢ
35. Фонд таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ, таҳлили бизнес - нақшаҳо, таҳқиқоти илмию методӣ мегузаронад.
36. Кормандони Фонд бо розигии Директор дар чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он иштирок менамоянд.
8. ҲАКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФОНД
37. Ҳамкориҳои байналмилалии Фонд дар шаклҳои зайл амалӣ мегарданд:
- даъват намудани мутахассисон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар фаъолияти Фонд;
- фиристодани кормандон ва шахсони зарурӣ барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ;
- амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ва хизматрасониҳои якҷоя бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ;
- гузаронидани конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳо ва намоишҳои байналмилалӣ;
- таҳкими заминаи муосири фаъолияти Фонд дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ;
- шомил гаштан ба иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои касбии байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ ФОНД
38. Фонд баҳисобгирии оперативӣ ва муҳосибавии натиҷаҳои фаъолияти худро амалӣ менамояд, дар шакли муқарраршуда ҳисоботи оморию муҳосибавӣ мебарад ва оид ба фаъолияти худ ҳисоботро ба Шӯрои нозирони Фонд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
39. Фаъолияти солонаи Фонд аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ё аудитори мустақил бо розигии Шӯрои нозирони Фонд санҷида мешавад.
40. Фонд ҳамасола дар васоитҳои ахбори омма ҳисобот оид ба азхудкунии маблағҳои буҷетии ҷумҳуриявиро, ки барои ташкили чорабиниҳои ҳимоя ва дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна равона шудааст, нашр менамояд.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
41. Баҳсҳои баамаломада дар ҷаласаҳои Шӯрои нозирони Фонд баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд. Дар ҳолати ҳалли мусбии худро наёфтани баҳсҳо, онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Замимаи 2
Бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 феврали соли 2015, № 62
тасдиқ шудааст
Сохтори Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Роҳбарият
Шӯъбаи ҷалби сармоя ва қарздиҳӣ
Шӯъбаи аудит ва баргардонии қарзҳо
Шӯъбаи танзими ҳуқуқӣ
Шӯъбаи нархгузории амволи гарав
Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 феврали соли 2015, № 62
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (аз рӯи вазифа):
1. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон
2. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Шӯрои нозирон
Аъзои Шӯрои нозирон:
1. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Вазири рушди иқтасод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
7. Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон
8. Котиби масъули Шӯрои нозирон (бе ҳуқуқи овоз)