Низомномаи Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ, барои таҳияи минбаъдаи техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" аз 31 январи соли 2015 № 34

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" январи соли 2015, № 34

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ, барои таҳияи минбаъдаи техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳияи минбаъдаи техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" (минбаъд-Комиссия) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, вазифаҳои асосӣ, ӯҳдадориҳо ва тартиби ташкили кори Комиссияро муайян менамояд.

2. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ", Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Фаъолияти Комиссия аз рӯи принсипҳои дастаҷамъона, объективона, мустақил ва масъул асос меёбад.

2. Вазифаҳои асосии Комиссия

4. Комиссия вазифаҳои зеринро амалӣ мегардонад:

- интихоби усули харид;

- дар мавриди зарурӣ тавзеҳ додани ҳуҷҷатҳои вобаста ба расмиёти харид;

- анҷом додани расмиёти кушодани лифофаҳо;

- баррасӣ ва арзёбии пешниҳоди тендерии довталабон;

- муайян намудани ғолиби тендер ва пешниҳоди тавсия барои бастани қарордод;

- ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаи расмиёти хариди гузаронидашуда;

- нашр намудани маълумот доир ба натиҷаҳои расмиёти харид;

- таҳлил ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои барои баррасӣ пешниҳодшаванда;

- амалӣ намудани дигар вазифаҳои ба расмиёти харид алоқаманд.

5. Комиссия ҳуқуқ дорад, дар ҳолатҳои зарурӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун"-ро ба ҷаласаҳои худ даъват намояд.

3. Ваколатҳои Комиссия

6. Комиссия барои иҷрои вазифаҳои худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:

- оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Комиссия тавсияҳо ва тавзеҳот пешниҳод намояд;

- протоколҳои дахлдори расмиёти харидро тасдиқ намояд;

- дар доираи салоҳияти худ бо дигар мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкорӣ намояд;

- вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Комиссия ҷаласа гузаронад.

4. Раиси Комиссия

7. Раиси Комиссия кори Комиссияро ташкил менамояд, аз ҷумла:

- сана, ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаи Комиссияро муқаррар менамояд;

- рӯзномаи ҷаласаи Комиссияро, бо дарназардошти пешниҳодҳои аъзои Комиссия ва мақомоти иҷроияи Ҷамъият муқаррар менамояд;

- дар ҷаласаи Комиссия раисӣ менамояд. Дар ҳолати имконнопазир будани иштирок дар ҷаласаи Комиссия, вазифаи Раиси ҷаласаро муовини Раис анҷом медиҳад;

- дар ҷаласаи Комиссия лифофаҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни озмунро мекушояд;

- ғолиби озмунро эълон менамояд; - ба протоколҳои ҷаласаҳои Комиссия имзо мегузорад.

5. Тартиби кори Комиссия оид ба гузаронидани ҷаласаҳо

8. Комиссия ваколатҳои худро дар ҷаласаҳо татбиқ менамояд. Ҷаласаҳои Комиссия дар ҳолати зарурӣ ва инчунин бо ташаббуси Раиси Комиссия, аъзои Комиссия ва Ҷамъият гузаронида мешавад.

9. Огоҳинома дар бораи гузаронидани ҷаласаҳои Комиссия аз ҷониби Раиси Комиссия имзо карда мешавад.

10. Огоҳинома дар бораи гузарондани ҷаласаи Комиссия ба ҳар як узви Комиссия ба таври хаттӣ на дертар аз 5 (панҷ) рӯз то санаи гузаронидани ҷаласаи Комиссия ирсол карда мешавад.

11. Дар ҳолате, ки узви Комиссия дар ҷаласаи Комиссия ҳозир набошад, ҳуқуқ надорад, ки овози худро ба дигар аъзои Комиссия ё дигар шахс диҳад.

12. Раиси Комиссия дар ҷаласаи Комиссия лифофаҳои дорои пешниҳодҳои довталабонро мекушояд.

13. Намояндагони довталабоне, ки барои иштирок дар озмун ариза додаанд, ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми кушодани лифофаҳо иштирок намоянд.

14. Дахолат кардан ба кори Комиссия аз ҷониби намояндагони довталабон, ки ҳангоми кушодани лифофаҳо иштирок менамоянд, қатъиян манъ аст.

15. Қарори Комиссия бо овози оддии бештари аъзои Комиссия, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Комиссия ҳалкунанда ҳисобида мешавад. Дар мавриди иштироки аз 3/2 ҳиссаи аъзои Комиссия, қарори Комиссия салоҳиятнок ҳисобида мешавад.

16. Қарори Комиссия бо протоколҳое ба расмият дароварда мешавад, ки аз ҷониби ҳамаи иштирокчиён-аъзои Комиссия имзо карда мешавад.

17. Узви Комиссия, ки бо қарори қабулкардаи Комиссия розӣ нест, ҳуқуқ дорад, ки ақидаи худро ба таври хаттӣ пешниҳод намояд.

6. Тартиби фаъолияти Комиссия доир ба анҷом додани расмиёти харид

18. Комиссия қарори худро оид ба тавсияи ғолиб на дертар аз 3 рӯз баъди қабули қарор ба Шӯрои нозирони Ҷамъият барои маъқул донистан пешниҳод менамояд.

19. Дар ҳолати зарурӣ, Комиссия ҳуқуқ дорад барои ташкили баҳодиҳии пешниҳоди довталабон тибқи тартиби муқарраргардида машваричиёнро ҷалб намояд.

20. Дар ҳолати мувофиқи мақсад надонистани қарори Комиссия аз тарафи Шӯрои нозирони Ҷамъият, Комиссия бо дарназардошти қарори Шӯрои нозирон тадбирҳои дахлдор меандешад.

7. Нақши воҳиди харид

21. Воҳиди хариди Ҷамъият барои таъмини фаъолияти Комиссия тибқи қонунгузорӣ барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои вобаста ба баргузории расмиёти харид масъул мебошад.

22. Воҳиди хариди Ҷамъият вазифадор аст, ки ба Комиссия дар ҳолатҳои зарурӣ кӯмаки машваратӣ расонад.

8. Ташкили кори Комиссия

23. Кори Комиссияро Раис, дар сурати ҳузур надоштани ӯ муовини Раис роҳбарӣ менамояд.

24. Корҳои омодагӣ ва ҳуҷҷатгузориро котиби Комиссия пеш мебарад.

25. Дар протоколи ҷаласаи Комиссия имзои Раис, котиб ва ҳамаи аъзои Комиссия ҳатмӣ мебошад.

Приложение 2

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 января 2015 года, № 34

Положение о Тендерной комиссии по организации и проведению международных тендеров на дальнейшую доработку техникоэкономической и социально-экологической документации строительства Гидроэлектростанции "Рогун"

1. Общие положения

1. Положение о Тендерной комиссии по организации и проведению международных тендеров на дальнейшую доработку технико-экономической и социально-экологической документации строительства Гидроэлектростанции "Рогун" (далее-Комиссия) разработано на основе законодательства Республики Таджикистан и определяет правовые основы, основные задачи, обязательства и порядок организации работы Комиссии.

2. Комиссия осуществляет свою деятельность на основе Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "Об акционерных обществах", Закона Республики Таджикистан "О государственных закупок товаров, работ и услуг", настоящего Положения и других актов Правительства Республики Таджикистан.

3. Деятельность Комиссии основывается на принципах коллегиальности, объективности, самостоятельности и ответственности.

2. Основные обязанности Комиссии

4. Комиссия исполняет следующие обязанности:

- выбор метода закупки;

- в случае необходимости, комментирование документов, связанных с процедурами закупки;

- осуществление процедуры вскрытия конвертов;

- рассмотрение и оценка тендерных заявок претендентов;

- определение победителя тендера и представление рекомендации для заключения контракта;

- заключение и анализ по результатам проведенной процедуры закупки;

- издание информации о результатах процедуры закупки;

- анализ и изучение представляемых для рассмотрения документов;

- исполнение других обязанностей, связанных с процедурой закупки.

5. Комиссия в необходимых случаях на свои заседания приглашает соответствующих представителей министерств, ведомств и исполнительного органа Открытого акционерного общества "Рогунская ГЭС".

3. Полномочия Комиссии

6. Комиссия для исполнения своих обязанностей обладает следующими полномочиями:

- представлять рекомендации и комментарии по вопросам, относящимся к компетенции Комиссии;

- утверждать соответствующие протоколы по процедурам закупки;

- в рамках своих полномочий сотрудничать с другими государственными и негосударственными органами;

- проводить заседания Комиссии по вопросам, касающимся ее компетенции.

4. Председатель Комиссии

7. Председатель Комиссии организует работу Комиссии, в том числе:

- определяет дату, место и время проведения заседаний Комиссии;

- определяет повестку дня заседания Комиссии, с учетом предложений членов Комиссии и исполнительного органа Общества;

- председательствует на заседаниях Комиссии. В случае невозможности участия на заседаниях Комиссии, функции Председателя выполняет его заместитель;

- вскрывает конверты на заседании Комиссии представленные участниками конкурса;

- объявляет победителя конкурса;

- подписывает протоколы заседания Комиссии.

5. Порядок работы Комиссии по проведению заседаний

8. Комиссия на заседаниях реализует свои полномочия. Заседания Комиссии проводятся в необходимых случаях, а также по инициативе Председателя Комиссии, членов Комиссии и Общества.

9. Уведомление о проведении заседания Комиссии подписывается со стороны Председателя Комиссии.

10. Уведомление о проведении заседаний Комиссии направляется каждому члену Комиссии в письменном виде не позднее (пяти) дней до даты проведения заседания Комиссии.

11. В случае если член Комиссии не может участвовать на заседании Комиссии, то он не имеет права передавать свой голос другому члену Комиссии или другому лицу.

12. Председатель Комиссии на ее заседаниях вскрывает конверты с предложениями претендентов.

13. Представители претендентов, которые подали заявление на участие в конкурсе, имеют право участвовать при вскрытии конвертов.

14. Строго запрещается вмешиваться в работу Комиссии со стороны представителей претендентов при вскрытии конвертов.

15. Решение Комиссии принимается большинством голосов присутствующих членов Комиссии. В случае равенства голосов, голос Председателя Комиссии является решающим. В случае участия 3/2 части членов Комиссии, ее решение считается правомочным.

16. Решение  Комиссии оформляется протоколом, который подписывается всеми участниками членами Комиссии.

17. Член Комиссии, который не согласен с принятым решением Комиссии, может представить свое мнение в письменной форме.

6. Порядок деятельности Комиссии по осуществлению процедур закупок

18. Комиссия не позднее 3-х дней после принятия решения об объявлении победителя представляет рекомендацию на победителя в Наблюдательный совет Общества для одобрения.

19. В случаях необходимости, для организации оценки предложений претендентов, Комиссия имеет право в установленном порядке привлекать консультантов.

20. В случае непринятия решения Комиссии со стороны Наблюдательного совета Общества, Комиссия в соответствии с решением Наблюдательного совета принимает соответствующие меры.

7. Роль подразделения по закупкам

21. Подразделение по закупкам Общества для обеспечения деятельности Комиссии в соответствии с законодательством ответственно за оформление документов, связанных с проведением процедуры закупки.

22. Подразделение по закупкам Общества обязано в необходимых случаях оказать консультативную помощь Комиссии.

8. Организация работы Комиссии

23. Работой Комиссии руководит Председатель, а в случае его отсутствия, его заместитель.

24. Подготовительные работы и делопроизводство осуществляется со стороны секретаря Комиссии.

25. Подписание протокола заседания Комиссии Председателем, секретарем и всеми членами Комиссии обязательно.