×

Регламенти техникии бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он аз 31 декабри соли 2014 № 811

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2014 № 811

тасдиқ шудааст

РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ БЕХАТАРИИ ХӯРОКИ ЧОРВО ВА ИЛОВАГИҲОИ ОН

1. Муқаррароти умумӣ

1. Регламенти техникии бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он (минбаъд - Регламенти техникӣ) талаботро нисбати бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки барои парвариши ҳайвоноти маҳсулотдиҳанда ва бемаҳсул пешбинӣ шудаанд, инчунин нисбати ашёи хом, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифодаи партовҳо ва нобудсозии онро, муқаррар менамояд.

2. Регламенти техникии мазкур ба хӯроки чорво ва иловагиҳои истеҳсолшуда (тайёркардашуда) ва овардашуда (воридотӣ), инчунин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилот ба сифати хӯрокаи ҳайвонот, маҳсулотҳои нимтайёр ё ашёи хом, истеҳсоли дигар хӯрокаҳо, новобаста аз технологияи истифодаашон пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешавад. Регламенти техникии мазкур барои хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки дар шароити хонагӣ истеҳсол шуда, барои истифодаи шахсӣ пешбинӣ шудаанд ва аз маҳсулоти растанигӣ ва/ё дигар маҳсулоти ба таври генетикӣ тағйирдодашуда тайёр шудаанд, татбиқ карда намешавад.

3. Талаботи Регламенти техникии мазкур ба фаъолияти ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истеҳсол (тайёркунӣ), интиқол, нигоҳдорӣ, фуруши хӯроки чорво ва иловагиҳои он иштирок менамоянд, татбиқ карда мешавад.

4. Дар Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он - ҷой надоштани хатарҳои нораво дар ҳамаи равандҳои (марҳилаҳои) коркард (тайёр кардан), истеҳсол, гардиш (муомилот), истифодаи партовҳо ва нобудсозии хӯроки чорво ва иловагиҳои он;

- организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда - организмҳои зинда (растаниҳо, ҳайвонот, бактерияҳо, вирусҳо), ки бо ёрии муҳандисии генӣ сохта шудаанд;

- хӯроки ғурушакардашудаи чорво (дона-донашуда) - хӯроки резаи пресскардашудаи дорои шакл ва андозаи муайян, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дорои моддаҳои хушк мебошанд;

- хӯроки дурушти чорво - хӯроке, ки дорои на зиёда аз 22% намӣ ва на зиёда аз 0,65 воҳиди хӯрокӣ мебошад;

- ҳайвонот - ҳамаи намуди ҳайвоноти хонагӣ, ваҳшӣ, боғҳои ҳайвонот, сирк, озмоишгоҳӣ, хушнамуд, мӯинадор, баҳрӣ ва дигар ҳайвоноти обӣ, паррандаҳо, занбӯрҳо ва моҳиҳо;

- ҳайвоноти маҳсулотдиҳанда - ҳайвоноти истифодашаванда ё ин ки мумкин аст барои гирифтани маҳсулоти чорводорӣ истифода шаванд;

- ҳайвоноти бемаҳсул - ҳайвоноте, ки бо мақсади гирифтани маҳсулоти чорводорӣ истифода намешаванд;

- хӯроки тар (сабз) - растаниҳои даравидашуда ё растаниҳое, ки ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ дар чарогоҳ истеъмол мекунанд;

- хӯроки чорво - маҳсулоти аз растаниҳо, ҳайвонот, маъданҳо, моддаҳои микробиологӣ ва кимиёвӣ ҳосилшуда, ё омехтаҳои онҳо, ки барои хӯрокдиҳии ҳайвонот истифода шуда, дорои моддаҳои ғизоии ҳазмшаванда мебошанд ва барои саломатии ҳайвонот таъсири манфӣ надоранд;

- иловагиҳои хӯроки чорво - маҳсулоте, ки аз растаниҳо, ҳайвонот, моддаҳои микробиологӣ, маъданӣ ва синтетикӣ ё омехтаи онҳо ҳосил шудаанд. Онҳо барои ба таркиби хӯрока ва емҳои ҳайвонот дохил намудан бо мақсади таъмини мутобиқати физиологӣ, пешгирии касалиҳо (ғайр аз маводи доруворӣ), афзоиш ва маҳсулнокии ҳайвонот (ғайр аз маводи доруворӣ), таъмини нигоҳдории компонентҳо, зиёд намудани дастрасии моддаҳои ғизоӣ, беҳтар намудани хусусиятҳои тамъӣ ва технологии хӯрока пешбинӣ шудаанд;

- арзиши ғизоӣ - маҷмӯи хусусиятҳои хӯроки чорво, ки тавассути мавҷудияти онҳо талаботи физиологии ҳайвонот ба моддаҳо ва энергияҳои зарурӣ қонеъ карда мешавад;

- комбикорм (хӯроки омехтаи чорво) - хӯроки чорво, ки тариқи омехта намудани хӯроки тозаи чорво ва майдакардашуда ва иловагиҳои хӯроки чорво ҳосил мешавад, ки хурокдиҳии босифати ҳайвоноти намуд, хел ва маҳсулнокиашон муайянро таъмин менамояд;

- омехтаҳои металлию магнитӣ - зарраҳои металлии дорои андоза ва шаклҳои гуногун, ки дар хӯроки чорво ва иловагиҳои он мавҷуданд ва ба оҳанрабо ҷазб мешаванд;

- хатарҳои нораво - хатарҳои афзояндаи дараҷаи бехатарии маҳсулот, ки тибқи санадҳои ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд;

- микрофлораи касалиовар - микроорганизмҳое, ки боиси пайдоишии касалиҳои ҳайвонот ва инсон мешаванд;

- хатар - эҳтимолияти таъсири номусоиди хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки боиси пайдоиши хатар ба ҳаёти одам, амволи он, муҳити атроф, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва наботот мегарданд;

- стандартҳое, ки бо мақсади тасдиқи мутобиқат ба регламенти техникӣ истифода мешаванд - стандартҳои интихобшудаи байналмилалӣ, минтақавӣ ва давлатӣ, ки истифодабарии ихтиёрии онҳо, риояи талаботи регламенти техникиро таъмин менамояд ва стандартҳое, ки дорои қоида ва усулҳои санҷиш, (ташхис) ченкунӣ, аз ҷумла қоидаи гирифтани намунаҳои барои истифода ва иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур, амалӣ намудани тасдиқи мутобиқати маҳсулот зарурбуда мебошанд;

- муҳлати истифодабарӣ - даврае, ки то ба охир расиданаш, хӯроки чорво ва иловагиҳои хӯрока барои истифода аз рӯи таъиноте, ки истеҳсолкунанда муқаррар намудааст, бехатар ҳисобида мешаванд;

- хасбеда - хӯроки чорво, ки дар натиҷаи хушккунии (беоб намудани) алаф ҳосил шудааст ва дорои на зиёда аз 17%-и ҳиссаи вазни наммӣ мебошанд;

- хошок - хӯроки чорво (тарбеда), ки аз алафҳои бармаҳал нашъунамокарда омода гардида, то намнокии на камтар аз 40% хушк карда шудаанд ва дар шароити анаэробӣ нигоҳдорӣ мешаванд;

- силос - хӯрокаи сершира, ки аз алафҳои тари (сабзи) консервонидашуда (ҷуворимакка ё растаниҳои яксола ё бисёрсолаи тару тоза даравидашуда ва навруста) ҳосил карда шудаанд;

- хӯрокаҳои ширадор - хӯрокаи растанигӣ, дорои намнокии зиёд (на зиёда аз 70%), дар ҳолати басташуда (бехмеваҳо, хӯрокаҳои зироати обчакорӣ, баргу пояи бехмеваҳо, хӯрока аз алафҳои ғизоӣ, алафҳои силосшуда);

- ашёи хом - объектҳои аз наботот, ҳайвонот, моддаҳои микробиологӣ, кимиёвӣ ва менералӣ ҳосилшуда, ки барои истеҳсоли (тайёр намудани) хӯроки чорво ва иловагиҳои хӯрокаҳо истифода мешаванд;

- заҳрнокӣ - хусусиятҳои хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки мавҷудияти моддаҳои заҳрнокро зиёда аз миқдори иҷозатдодашудае, ки метавонад боиси касалиҳо ва марги ҳайвонот гарданд, тавсиф менамоянд;

- истифодаи партовҳои хӯроки чорво ва иловагиҳои он - истифодаи хӯроки чорво ва иловагиҳои он берун аз мақсадҳое, ки барои онҳо пешбинӣ шудаанд ва маъмулан истифода мешаванд, ё нобуд намудани хӯрока ва иловагиҳои хӯрокаи бесифат ва/ё хатарнок, бо мақсади аз байн бурдани таъсири номусоиди хӯрока ва иловагиҳои хӯрокаи бесифат ва / ё хатарнок ба саломатии ҳайвонот.

2. Қоидаҳои ба муомилот баровардани хӯрокӣ чорво ва иловагиҳои он

5. Дар ҳолати мутобиқати хӯроки чорво ва иловагиҳои он ба талаботи Регламенти техникии мазкур агар онҳо амалиёти баҳодиҳӣ (тасдиқи) мутобиқатро, ки ин Регламенти техникӣ муқаррар намудааст гузашта бошанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад.

6. Ҳангоми ба муомилот баровардани хӯроки чорво ва иловагиҳои он бояд бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии онҳо таъмин бошанд.

7. Ба муомилот баровардани хӯроки чорво ва иловагиҳои он дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешавад:

- мутобиқ набудан ба талаботи Регламенти техникии мазкур;

- гузаштани муҳлати истифодабарӣ;

- доштани нишонаҳои аниқи вайроншавӣ;

- надоштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истеҳсолӣ ё дигар маълумотҳои вобаста ба он;

- мутобиқ набудани маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ дарҷ шудаанд;

- надоштани тамға бо нишондоди маълумотҳои дар Регламенти техникии мазкур муқарраршуда.

8. Ба хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки дар муомилотанд, мавҷудияти барангезандагони касалиҳои сироятӣ, паразитӣ ва заҳрҳое, ки барои саломатии одамон ва ҳайвонот хатар эҷод менамоянд, иҷозат дода намешавад.

9. Хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки дар муомилот мебошанд, аз ҷумла ашёи хоме, ки барои истеҳсоли онҳо истифода мешаванд, бояд бо ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии мол, ки назорат ва бехатарии ин маҳсулотро таъмин менамоянд, таъмин бошанд.

10. Гардиши иловагиҳои хӯрокаи бо роҳи кимиёвӣ ва микробиологӣ синтезшуда, бе сертификати байторӣ, бо ҳуҷҷати ҳамроҳие, ки барои тасдиқи сифат ва бехатарӣ ба корхонаи истеҳсолкунанда дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.

11. Воридоти хӯрокаи чорво ва иловагиҳои он бо риояи шароити таъминкунандаи бехатарӣ ва ҳифзи нишондиҳандаҳои сифат, дар ҳуҷҷатҳои техникии истеҳсолкунанда ё стандартҳое, ки бо мақсади баҳодиҳии мутобиқат ба Регламенти техникии мазкур муқаррар шудаанд, ба роҳ монда мешавад.

12. Хӯрокаҳое, ки бе истифодаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда истеҳсол шудаанд, метавонанд дар хати ба қайд гирифтанашуда - 0,5% ва камтар ва/ё дар хатҳои ба қайд гирифташуда0,9% ва на камтар аз ҳар як организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда дошта бошанд. Хӯрокаҳое, ки бо истифодаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда истеҳсол шудаанд, метавонанд, дар хати ба қайд гирифтанашуда - 0,5% ва камтар аз ҳар як организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда дошта бошанд.

3. Талабот ба бехатарии ашёи хоме, ки дар истеҳсоли (тайёр намудани) хӯроки чорво ва иловагиҳои он истифода шудаанд

13. Барои истеҳсоли (тайёр намудани) хӯроки чорво ва иловагиҳои он истифодабарии ашёи хоме, ки аз нуқтаҳои (мавзеъҳои) номусоиди дорои бемориҳои хатарноки ҳайвонот ва паррандаҳо дастрас шудаанд ва он бемориҳо ба номгӯи касалиҳои махсусан хатарноки ҳайвонот дохил шуда, ба нобудсозии ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми аз ҳайвонот истеҳсолшуда, ба саломатии ҳайвонот ва одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд, манъ карда мешавад.

14. Хӯрокаи ширадори чорво (хӯрокаҳои тар (сабз), хошок, силос) ҳамчун хӯрока дар шакли пурра ё коркардшуда ва ё ҳамчун ашёи хом дар таркиби вояҳои зиёди хӯрокаҳо ва омехтаҳои он истифода мешавад.

15. Хӯроки чорво бояд ба нишондиҳандаҳои сифат, ки дар ҳуҷҷатҳои техникии истеҳсолкунанда ё стандартҳое, ки бо мақсади баҳодиҳии мутобиқат ба Регламенти техники мазкур истифода мешаванд, мутобиқат намоянд. Онҳо набояд дорои аломатҳои мағорбандӣ, бӯи бегона ва растаниҳои заҳрдор бошанд.

16. Хӯрокаҳои дурушт (беда, коҳ) дар шакли тоза ва ҳамчун ашёи хом дар таркиби омехтаҳои хӯроки чорво барои истеҳсоли (тайёр намудани) хӯрокаҳои ғуруша истифода мешаванд. Хӯрокаҳои дурушт набояд дорои қисмҳои мағорбаста, растаниҳои заҳрдор, буйҳои бегона (заҳкашида, мағор, пӯсида), замбуруғҳо ва микроорганизмҳои касалиовар бошанд.

17. Ашёи хом - ғалладонаҳо (гандум, ҷав, ҷави русӣ, ҷавдор, ҷуворимакка, арзан, чормағзи заминӣ, донаҳои офтобпараст ва ғ), ки барои хӯроки чорво ҷиҳати истеҳсоли ему хошоки омехта (комбикорм) ва хӯрокаҳои зироатии лубиёӣ (мош, нут, наск, тирмис, лубиё, нахуд) пешбинӣ шудаанд, набояд дорои қаромуғ (сиёҳмуғ), қарокуя (сиёҳкӯя), ҳашароти зараррасон, микотоксинҳо ва омехтаҳои бегона бошанд.

18. Ашёи хом - зироатҳои бехмевагӣ ва обчакорӣ (барои хӯроки ҳайвонот) набояд аломатҳои пусидагӣ дошта бошанд ва дар онҳо меъёрҳои муқарраршудаи мавҷудияти модаҳои хатарнок ва заҳрдор баланд набошад.

19. Нигоҳдории ашёи хом, таҷҳизот, маводҳои бастабандикунӣ ва ёридиҳанда (минбаъд - маводҳо) бояд дар шароите, ки бехатарии маҳсулоти тайёрро таъмин мекунанд ва имконияти ифлосшавии онҳоро пешгирӣ мекунанд, ба роҳ монда шаванд.

20. Иҷрои талабот ба бехатарии моинии (туршиҳои) консервакунанда, ферментҳо, моддаҳои пробиотикӣ, шир ва зардоб (хушк) бояд аз тарафи истеҳсолкунанда таъмин карда шавад. Ҳар як дастаи ин маҳсулот, ки барои тайёр намудани хӯроки чорво ва иловагиҳои он таъин шудааст, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарии молро дошта бошад.

4. Талабот нисбати бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он ҳангоми истеҳсол (тайёр намудан)

21. Талабот нисбати бехатарии равандҳои технологӣ бо риояи меъёр ва талаботи стандартҳо, ки бо мақсади баҳодиҳии мутобиқат ба Регламенти техникии мазкур истифода мешаванд, пешбинӣ мегарданд. Бехатарии равандҳои технологӣ вобаста ба хӯроки чорво ва иловагиҳои он бо роҳи гузаронидани назорати истеҳсолӣ барои риояи онҳо кафолат дода мешавад.

22. Ҳангоми истеҳсоли хӯроки чорво ва иловагиҳои он риояи талаботҳои зерин зарур аст:

- хӯрока барои ҳайвоноти кавшакунандаи сермаҳсул набояд дар таркиби компонентҳои худ маводҳои аз дигар ҳайвонот гирифташуда, ба истиснои компонентҳои ширӣ, ғайр аз моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ, ки ба ҳайвоноти ширхӯр дохил намешаванд, дошта бошанд.

- хӯрока барои паррандаҳои сермаҳсул набояд дар таркиби худ компонентҳои ҳайвоноти кавшакунанда, ҳайвоноти дарранда ва ҳамчунин паррандаҳоро дошта бошанд.

- хӯрока барои ҳайвоноти маҳсулотдиҳанда, ки аз давлатҳои номусоиди дорои ангезандаи бемории ҳорӣ (бешенство) ҳайвоноти калони шохдор баромадаанд, набояд дар таркиби компонентҳои худ маводҳои аз ҳар гуна ҳайвонот гирифташуда, ғайр аз моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обие, ки ба ҳайвоноти ширхӯр дохил намешаванд, дошта бошанд.

23. Бехатарии хӯрокаҳои консервшуда бояд ба меъёрҳои тамъизии саноатӣ мутобиқат намояд.

24. Хӯроки чорво ва иловагиҳои он бояд ба нишондиҳандаҳои меъёрии бехатарӣ, ки дар замимаи Регламенти мазкур пешбинӣ гардидааст, мутобиқат намоянд.

5. Талабот нисбати бехатарии объектҳои истеҳсоли (тайёр намудани) хӯроки чорво ва иловагиҳои он

25. Объектҳои истеҳсоли (тайёр намудани) хӯроки чорво ва иловагиҳои он бояд дар ҳудуде, ки аз касалиҳои сироятии ҳайвонот ва паррандаҳо эмин мебошанд, ҷойгир бошанд ва бо риояи қоидаҳои байторӣсанитарӣ истифода шаванд.

26. Бино ва иншооти истеҳсолӣ бояд ин шароитро таъмин намоянд:

- имконияти ҷойгиршавии хати технологӣ ва таҷҳизот барои истеҳсол, нигоҳдории ашёи хом ва маводҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;

- ҷудо намудан бо ҳудудҳо ва ё биноҳои алоҳида барои тайёр кардани ашёи хом, истеҳсол ва нигоҳдории хӯроки чорво ва иловагиҳои он ҷиҳати пешгирӣ аз ифлосшавии онҳо;

- ҳавотозакунии биноҳои истеҳсолӣ, ёридиҳанда ва маишӣ ва биноҳое, ки дар он ҷо муҳофизат аз дохилшавии паррандаҳо, ҳайвонот ва ҳашарот мутобиқи меъёрҳои амалкунанда барои корхонаи саноатӣ бо мақсади ҳифзи онҳо ҳоил (иҳота) лозим аст.

27. Тайёр намудани хамирмояҳои истеҳсолӣ ва/ё моддаҳои афзоишдиҳандаи ҳуҷайраҳо (пробиотикӣ) дар шуъбаҳои махсуси ҷудошуда ва ҷавобгӯи амали туршкунӣ, ки ба талаботҳои зерин ҷавобгӯянд, амалӣ карда мешавад:

- дар як бинои истеҳсолӣ бо сехҳои асосӣ дар утоқи алоҳида ҷойгир намудан.

- доштани бинои алоҳидае, ки шароити ҳифзи хамирмояҳо ва зироатҳоро аз ифлосшавӣ аз организмҳои ба чашм ноаёни растанӣ ва ҳайвонот (микроорганизмҳо), бактерияхӯрҳо (бактериофагҳо) ва дигар ифлоскунандаҳо таъмин менамояд;

- доштани дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ ва/ё дигар системаҳои тозакунанда ва коркарди ҳаво.

28. Назорати сифати хамирмояҳо ва/ё моддаҳои афзоишдиҳандаи ҳуҷайраҳо (пробиотикӣ) дар вақти истеҳсоли (тайёр намудани) хамирмояҳо ва бакконсентратҳои фаъолшуда дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолӣ тавассути назорати истеҳсолӣ амалӣ карда мешавад.

6. Талабот нисбати бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва борҷомакунӣ

29. Хӯроки чорво ва иловагиҳои он бояд дар анборҳои махсус дар шароите, ки бехатарии онҳо дар муҳлати муайяннамуда бо риояи шароити нигоҳдорӣ, аз тарафи истеҳсолкунанда муқаррар шудаанд, нигоҳ дошта шаванд.

30. Истеҳсолкунанда (тайёркунанда) муҳлати истеъмоли хӯроки чорво ва иловагиҳои он, шароити нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳоро вобаста ба намуд ва тарзи истеҳсол муқаррар менамояд.

31. Муҳлати истеъмоли хӯроки чорво ва иловагиҳои он, аз тарафи истеҳсолкунанда мутобиқи ҳуҷҷатҳои техникии истеҳсолкунанда ё стандартҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муқаррар карда мешавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо - стандартҳое давлатие, ки дар асоси ихтиёрӣ қабул шуда, риояи талаботи Регламенти техникии мазкурро таъмин менамоянд, ба роҳ монда мешавад.

32. Нигоҳдорӣ ва интиқоли хӯроки чорво ва иловагиҳои он якҷоя бо маводҳои сӯзишворию молиданӣ ва маҳсулоти хӯрокворие, ки бӯйи хоса доранд, иҷозат дода намешавад.

33. Хӯроки чорво ва иловагиҳои он бояд дар воситаҳои нақлиёти хушк, тоза ва безараррасонандаҳои хӯрока аз рӯи тартибе, ки мақоми салоҳиятдор дар соҳаи байторӣ муқаррар намудааст, интиқол карда мешавад.

34. Маводҳо барои борҷомакунии хӯроки чорво ва иловагиҳои он бояд бехатарии маҳсулотро ҳангоми ба муомилот баровардани он дар давоми ҳамаи муҳлати истеъмолӣ таъмин намояд.

7. Талабот нисбати бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он ҳангоми нобудсозӣ

35. Ҳангоми дар раванди муомилот ошкор намудани хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки ба талаботи Регламенти техникии мазкур ҷавобгӯ нестанд, аз ҷумла гузаштани муҳлати истифодабарӣ, дорои аломатҳои возеҳи вайроншавӣ, ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо оид ба баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқат ва ё ба талаботи муқарраршуда, ҷавобгӯ набудани тамғагузорӣ, мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии мол ё дар ҳолати номутобиқатии иттилооте, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии мол сабт шудаанд, мақоми ваколатдор барои аз муомилот гирифтани онҳо чораҳо меандешад.

36. Хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки аз муомилот гирифта шудаанд, аз ташхиси озмоишгоҳи акредитатсияшуда гузаронида мешаванд ва тибқи натиҷаи он оид ба истифодаи минбаъдаи онҳо (истифодаи партовҳо ё нобудсозӣ) қарор қабул карда мешавад.

37. Нобудсозии хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки аз рӯи натиҷаи ташхиси озмоишгоҳ барои саломатии ҳайвонот хатарнок ҳисобида шудаанд, аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

8. Талабот нисбати тамғагузории хӯроки чорво ва иловагиҳои он

38. Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандаро ба иштибоҳ меоранд, хӯроки чорво ва иловагиҳои он бояд тамғагузорӣ шаванд.

39. Тамғагузории хӯрокаи чорво бояд дорои маълумотҳои зерин бошад:

- номгӯи хӯроки чорво;

- таркиби хӯроки чорво (аз рӯи тартиби камшавии ҳиссаи вазни иловагиҳои кимиёвӣ дар вақти истеҳсоли хӯроки чорво);

- суроға (макони ҷойгиршавӣ), номи фирмавии истеҳсолкунанда;

- вазни холис;

- санаи истеҳсоли хӯрока;

- муҳлати истифодабарӣ;

- шароити нигоҳдорӣ;

- таъминоти хӯрока ва тавсиянома оид ба истифодаи он;

- маълумот дар бораи тасдиқи мутобиқат;

- маълумот дар бораи мавҷудияти организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда, агар мавҷудияти онҳо дар хӯрока зиёда аз 0,9%-ро ташкил диҳад.

40. Тамғагузории иловагиҳои хӯрока бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- номгӯи иловагиҳои хӯрока;

- маълумот оид ба хусусиятҳои асосии истеъмолии иловагиҳои хӯрока;

- таркиби иловагиҳои хӯрока;

- арзиши ғизоии иловагиҳои хӯрока;

- суроға (макони ҷойгиршавӣ, номи истеҳсолкунанда);

- вази холис ё ҳаҷм;

- санаи истеҳсоли иловагиҳои хӯрока;

- муҳлати истифодабарӣ;

- шароити нигоҳдорӣ;

- таъминоти иловагиҳои хӯрока ва тавсиянома оид ба истифодаи он;

- маълумот дар бораи тасдиқи мутобиқат;

- нишони ягонаи муомилот;

- маълумот дар бораи мавҷудияти организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда дар иловагиҳои хӯрока, агар мавҷудияти онҳо дар иловагиҳои хӯрока зиёда аз 0,9%-ро ташкил диҳад;

- аломати манъи истифодаи иловагиҳои хӯрока (ҳангоми мавҷудият)

- чораҳои эҳтиётӣ ҳангоми ба муомилот баровардан (дар ҳолати мавҷудият).

41. Маълумоте, ки дар бандҳои 39 ва 40 нишон дода шудааст, бояд ба таври сабт намудани он дар борҷома ва тамғақоғазҳо амалӣ карда шавад.

42. Дар хӯроки чорво ва иловагиҳои он мавҷуд будани 0,9% ва камтар аз ин компонентҳое, ки бо истифодаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда ба даст оварда шудаанд, ногаҳонӣ ё иштибоҳи техникӣ ба ҳисоб меравад. Хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки дорои миқдори компонентҳои нишондодашудаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда мебошанд, ба категорияи хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки дорои компонентҳо ва бо истифодаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда истеҳсол шудаанд, дохил намешаванд.

43. Барои хӯроки чорво ва иловагиҳои хӯроки чорвои бастабандинашуда, маълумот бояд дар дастурамали истифодабарӣ ё варақаҳо дарҷ карда шавад.

9. Таъмини мутобиқат ба талаботи бехатарӣ

44. Мутобиқати хӯроки чорво ва иловагиҳои он ба Регламенти техникии мазкур бо иҷрои бевоситаи талаботи он ё ин ки иҷрои талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва дар сурати вуҷуд надоштани онҳо - стандартҳои давлатӣ, ки дар натиҷаи истифодаи ихтиёрии онҳо риояи талаботи Регламенти техникии мазкур таъмин мегардад, таъмин карда мешавад.

45. Қоида ва усулҳои санҷиш, (ташхис) инчунин тартиби гирифтани намунаҳо, ки барои иҷро ва амалӣ намудани талаботи Регламенти техникии мазкур, баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати хӯроки чорво ва иловагиҳои он аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳангоми мавҷуд набудани онҳо аз рӯи стандартҳои давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

10. Тасдиқи мутобиқати хӯроки чорво ва иловагиҳои он

46. Қабл аз ба муомилот баровардани хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ба истиснои хӯрокаҳои тару тоза, ширадор ва дурушт бояд тартиби тасдиқи мутобиқат ба талаботи Регламенти техники мазкур гузаронида шавад.

47. Тасдиқи мутобиқати хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, дар шакли зерин амалӣ мегарданд:

- сертификаткунонии ҳатмӣ;

- назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур;

48. Сертификаткунонии ҳатмии хӯроки чорво ва иловагиҳои он аз тарафи мақоми сертификаткунонӣ, ки дар доираи акредитатсияаш барои хӯрока ва иловагиҳои он дар асоси шартнома ва дархости байни дархостдиҳанда ва мақоми сертификаткунонӣ татбиқ карда мешавад.

49. Дархостдиҳанда ӯҳдадор аст мутобиқати хӯроки чорво ва иловагиҳои онро ба талаботе, ки Регламенти техникии мазкур муқаррар намудааст, таъмин намояд.

50. Тасдиқи мутобиқати хӯроки чорво ва иловагиҳои он аз тарафи воридкунанда дар шакли сертификаткунонии ҳатмӣ дар асоси хулосаҳое, ки аз ҷониби озмоишгоҳи аккредитатсияшуда дода мешаванд, амалӣ мегардад.

51. Дар ҳолати тасдиқи ҳатмии мутобиқат дархостдиҳанда ҳамчун истеҳсолкунанда ё фурӯшанда ба ҳисоб меравад.

52. Нисбати хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки ба дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда воридкунанда, фурӯшанда) бояд мутобиқати хӯроки чорво ва иловагиҳои онро ба талаботи Регламенти техникии мазкур таъмин намояд.

53. Ҳангоми тасдиқи мутобиқати ҳатмии маҳсулот тибқи Регламенти техникии мазкур истеҳсолкунанда ӯҳдадор аст:

- назорати истеҳсолиро ба роҳ монад ва барои он ки раванди истеҳсолот мутобиқати маҳсулотро ба талаботи Регламенти техникии мазкур таъмин намояд, чораҳои зарурӣ андешад;

- санҷиши пешакии ҳар як дастаи маҳсулотро дар озмоишгоҳи истеҳсолӣ барои назорати дохилӣ ҷиҳати мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии мазкур тибқи усулҳои муқарраршуда гузаронад.

54. Иловагиҳои хӯрока аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи байторӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.

55. Тартиби бақайдгирии ташкилоту муассисҳое, ки фаъолияти консалтингиро дар соҳаи ҷорикунӣ ва сертификатсияи системаҳои идоракунии сифату бехатарӣ амалӣ менамоянд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешавад.

11. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи регламенти техникии мазкур

56. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

12. Назорати давлатии риояи талаботи Регламенти техникии мазкур

57. Назорати давлатии риояи талаботи Регламенти техникии мазкур вобаста ба равандҳои истеҳсолот ва ба муомилот баровардани хӯрокаи чорво ва иловагиҳои он аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба бамеъёрдарории техникӣ анҷом дода мешавад.

58. Тартиби гузаронидани назорати давлатии риояи талаботи Регламенти техникии мазкур аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешавад.

Замима