Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014, № 813
тасдиқ шудааст
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014, № 813
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони хизматӣ ва ғайринизомии милаш рахпеч ва талаботи баҳисобгирии тирҳо ва гилзаҳое, ки ба махзани давлатии тиру гилзаҳо супорида мешаванд
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони хизматӣ ва ғайринизомии милаш рахпеч ва талаботи баҳисобгирии тирҳо ва гилзаҳое, ки ба махзани давлатии тиру гилзаҳо супорида мешаванд (минбаъд-Тартиб), аз ҷумла талаботи техникӣ оид ба гузаронидани тирпарронии санҷишӣ, гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, бақайдгирӣ, нигохдорӣ, супоридани тир ва гилзаҳои санҷишӣ ба махзани давлатии тиру гилзаҳо, инчунин азҳисоббарорӣ ва нобуд сохтани тир ва гилзаҳои санҷишии истифодашударо ба танзим медарорад.
2. Талаботи техникии оид ба гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпечи хизматӣ ва ғайринизомӣ
2. Тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони хизматӣ ва ғайринизомии милаш рахпеч, ки дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гардиш мебошад, бо мақсади сари вақт ба қайд гирифтан дар махзани давлатии тиру гилзаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати гум шудан, дуздида шудан ё пайдо намудани силоҳ, инчунин барои ошкор намудани ҷиноятҳое, ки бо истифода аз ин силоҳ содир шудаанд, амалӣ мегардад.
3. Тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони хизматӣ ва ғайринизомии милаш рахпечи калибраш на беш аз 11,56 мм дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- дар корхонаҳое, ки силоҳ истеҳсол менамоянд ва барои фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гаштаанд - пеш аз фурӯш;
- ҳангоми тамдид намудани муҳлати амали рухсатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳе, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ба шаҳрвандон дода шудааст - пеш аз тамдид намудани мӯҳлати амали рухсатнома;
- ҳангоми ба соҳибияти шахси дигар додан ё фурӯхтани силоҳ - пеш аз додан ё ба шахси дигар фурӯхтани силоҳ;
...