Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014, № 813
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014, № 813
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки бо мақсади коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ барои ташаккули махзани давлатии тиру гилзаҳо ҷамъоварӣ карда мешавад
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки бо мақсади коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ барои ташаккули махзани давлатии тиру гилзаҳо ҷамъоварӣ карда мешавад (минбаъд - Тартиб), аз ҷумла ташаккули махзани давлатии тиру гилзаҳо, объектҳои коллексиякунӣ ва банамоишгузории тиру гилзаҳо, талабот нисбати пешниҳод намудани тиру гилзаҳо барои коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ, нигоҳдорӣ ва мусодираи тиру гилзаҳои барои коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ пешбинишударо,ба танзим медарорад.
2. Ташаккули махзани давлатии тиру гилзаҳо
2. Махзани давлатии тиру гилзаҳо дар асоси коллексия ва банамоишгузории тир ва гилзаҳое, ки аз силоҳи оташфишони ҷангӣ, хизматӣ ва ғайринизомии милаш рахпеч парронда шудаанд, ташкил карда мешавад.
3. Тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони ҷангӣ, хизматӣ ва ғайринизомии милаш рахпеч, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гардиш мебошанд, бо мақсади сари вақт ба қайд гузоштани силоҳ дар махзани давлатии тиру гилзаҳои бахшҳои ташхисию (экспертию) криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати гум шудан, дуздида шудан ва пайдо намудани силоҳ, инчунин барои ошкор кардани ҷиноятҳо, ки бо истифода аз чунин силоҳ содир шудаанд, гузаронида мешавад.
4. Коллексиякунӣ ва банамоишгузории тир ва гилзаҳои силоҳи оташфишони хизматӣ ва ғайринизомии милаш рахпеч баъди тирпарронии санҷишӣ ҳамчун намунаи муқоисавӣ дар махзани давлатии тиру гилзаҳои бахшҳои ташхисию (экспертию) криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
5. Коллексиякунӣ ва банамоишгузории тир ва гилзаҳои силоҳи оташфишони ҷангии милаш рахпече, ки дар ихтиёри ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда мебошанд, баъди тирпарронии санҷишӣ дар ҷузъу томҳои онҳо оид ба нигоҳдории аслиҳаи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда нигоҳ дошта мешаванд.
3. Объектҳои коллексиякунӣ ва банамоишгузории тиру гилзаҳо
...