Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 № 1174 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод.308; с. 2005, №12, мод. 637; с. 2012, №12, қ.1, мод.1002; с.2013, №7, мод.523) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ҳуҷҷати электронӣ - маълумоте, ки дар ҳомили мошинӣ сабт шудааст ва ба талаботи муқарраркардаи Қонуни мазкур мувофиқат мекунад;

- гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ - тартибдиҳӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки ба воситаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амалӣ мешаванд;

- ҳомили мошинӣ - диски магнитӣ, лентаи магнитӣ, диски лазерӣ ва дигар ҳомилҳои моддӣ, ки дар сабту нигоҳдории маълумот ба воситаи техникаи электронию ҳисоббарор истифода бурда мешаванд;

- дигар воситаҳои ҳаммонандкунӣ - дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиби ҳуҷҷати электронӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ метавонанд онҳоро бо мақсади истифодабарӣ ҳангоми гардиши дохилӣ ё байниҳамдигарии ҳуҷҷати электронӣ дар мувофиқа қабул намоянд;

- мураттиби ҳуҷҷати электронӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз номи худ ё аз номи шахси дигар (бо супориш ӯ) ҳуҷҷати электрониро бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тартиб додааст;

- нусхаи электронии ҳуҷҷати коғазӣ - нусхабардории ҳуҷҷати коғазӣ дар шакли электронии рақамӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошад;

- нусхаи электронии ҳуҷҷати электронӣ - нусхабардории ҳуҷҷати электронӣ дар шакли электронии рақамӣ, ки бо воситаҳои ҳаммонандкунии аз эътибор соқитшуда ва ҳаммонандкунандаҳои ҳуҷҷати электронии эътибордошта акс гардидааст ва аз руи шакли худ ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ мебошад;

- имзои электронӣ - ҳамшабеҳи имзои дастӣ, ки барои ҳаммонандкунии шахси ҳуҷҷати электрониро имзокарда пешбинӣ шудааст ва ҳақиқӣ будани онро тасдиқ мекунад;

- молики система ва шабакаҳои иттилоотӣ - субъекте, ки дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани система ва шабакаҳои иттилоотӣ мебошад.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ЭЛЕКТРОННОМ ДОКУМЕНТЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 10 мая 2002 года "Об электронном документе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002г., №4, ч.1, ст.308; 2005г., № 12, ст. 637; 2012г., № 12, ч.1, ст. 1002; 2013г., №7, ст. 523) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 1 изложить в следующей редакции:

"Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- электронный документ - информация, зафиксированная на машинном носителе, и соответствующая требованиям, установленным настоящим Законом;

- оборот электронных документов - составление, использование, хранение и обмен электронными документами, осуществляемые посредством информационно-коммуникационных технологий;

- машинный носитель - магнитный диск, магнитная лента, лазерный диск и иные материальные носители, используемые для записи и хранения информации с помощью электронно-вычислительной техники;

- иные средства идентификации - другие средства идентификации составителя электронного документа, которые могут быть приняты юридическими лицами для использования во внутреннем обороте электронных документов или между ними, по согласованию;

- составитель электронного документа - физическое или юридическое лицо, составившее от своего имени или от имени другого лица (по поручению) электронный документ с использованием средств информационно-коммуникационных технологий;

- электронная копия бумажного документа - воспроизведение бумажного документа в электронно-цифровой форме, отвечающей требованиям, установленным настоящим Законом;

- электронная копия электронного документа - воспроизведение электронного документа в электронно-цифровой форме, отображенное утратившими силу средствами идентификации и идентификаторами электронного документа, имеющими силу, и ввиду своей формы соответствующее требованиям, установленным настоящим Законом;

- электронная подпись - аналог собственноручной подписи, предназначенный для идентификации лица, подписавшего электронный документ, и подтверждающий его подлинность;

- собственник информационных систем и сетей - субъект, обладающий правом владения, пользования и распоряжения информационными системами и сетями.".

...