Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" декабри соли 2014, № 738
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2017 № 439)
1. Муқаддима
1. Бахши сайёҳӣ ҳамчун падидаи нави иқтисодиёт ва яке аз самтҳои сердаромадтарини он дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад. Солҳои охир, даромаднокии ин бахш аз даромаднокии саноати нафту газ, автомобилсозӣ ва кимиё баландтар баҳогузорӣ гардида, ба ин соҳа таваҷҷӯҳ бештар шуда истодааст.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ чораҳои мушаххас қабул ва анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта, ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд.
3. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст. Аммо новобаста аз ин, захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ истифода нагардида, ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ ҷавобгӯ намебошанд, ҳамчунин шароити мусоид барои сайёҳон ба таври кофӣ муҳайё карда нашудааст. Аз ин рӯ, хеле сари вақт ва мақсаднок мебуд, ки ислоҳот дар ин соҳа идома дода шавад, то ки саҳми бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври назаррас зиёд шавад.
4. Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 (минбаъд , Барнома) стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм дар давраи миёнамӯҳлат муайян менамояд.
5. Дар доираи Барнома аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми туризми воридотӣ ва дохилӣ амалигардонии тадбирҳо баҳри ташаккули саноати рақобатпазирии туристӣ пешбинӣ шудааст.
2. Вазифаҳои Барнома
6. Вазифаҳои аввалиндараҷаи Барнома:
- таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии туризм;
- ташаккули стратегияи маркетингӣ оид ба таҳия ва рушди минбаъдаи маҳсулоти туристии миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва беруна;
- ташаккули имиҷи ҷолибияти туристии кишвар;
- рушди ҳамкории байналмилалӣ;
- такмили омор.
7. Нақши муҳим дар ин ҷараён ба субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризми ҷумҳурӣ вогузор карда шудааст, ки айни замон онҳо вобаста ба рушди худ ҳамкориро бо ҳамкасбони зиёда аз 20 мамлакати ҷаҳон ба роҳ мондаанд.
8. Дар ин раванд баҳри татбиқи вазифаҳои Барнома аз нерӯи инсонӣ ва модули субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм истифода бурда мешавад.
3. Таҳлили вазъи рушди туризми муосир
9. Сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи кишвар ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохӯриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ равона шудаанд, дар маҷмӯъ ба нишондиҳандаҳои тамоми намудҳои туризм, аз ҷумла туризми дохилӣ, содиротӣ ва воридотӣ таъсири мусбӣ расонидаанд.
10. Соли 2012 дар тамоми ҷаҳон қариб 1 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шудаанд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафарҳои сайёҳӣ мерасад. Дар ин радиф, суръати солонаи рушди иқтисодии мамлакатҳои тараққикарда 2,2% ва дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ду маротиба зиёд, яъне 4,4%-ро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки то соли 2015 миқдори сайёҳон ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ нисбат ба мамлакатҳои тараққикарда афзоиш меёбад.
11. Айни замон, ҳиссаи Тоҷикистон дар бахши сайёҳии ҷаҳон аз рӯи содирот ночиз буда, ҳамагӣ 0,032% ё ин ки 32000 нафар ва аз рӯи воридот 0,24% ё ин ки зиёда аз 244 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, мавзеъҳои бойи таърихӣ, қуллаҳои баланди куҳӣ ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст.
12. Ҳамасола Форуми байналмилалии иқтисодӣ ҳисоботро оид ба рақобатпазирии сайру сайёҳӣ таҳия месозад, ки он маҳсулнокии нисбии кишварҳоро аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳои туризм муайян мекунад. Мувофиқи ин ҳисобот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ҷои 114-умро дар байни 140 давлат ишғол намудааст.
13. Қобили қайд аст, ки амалигардонии қисми зиёди чорабиниҳо дар самти ислоҳоти бахши сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа он қадар мушкил нестанд. Идоракунии самараноки омилҳои мусоид вазифаи муҳим буда, маънои онро дорад, ки манфиатҳои имконпазирро метавон дар ояндаи дарозмуддат афзоиш дод. Дар аксарияти соҳаҳо, ин чорабиниҳои маҷмуӣ ва мувофиқашуда нақшаи умумии стратегиро низ талаб мекунанд.
14. Дар натиҷаи таваҷҷӯҳи хоса додан ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 нишон дод, ки соҳаи туризм дар сохтори иқтисодӣ-иҷтимоии давлат мавқеи худро мустаҳкам карда истодааст.
15. Вобаста ба беҳдошти фаъолият дар соҳаи туризм аз соли 2010 инҷониб ба қонунгузории кишвар ислоҳоти зарурӣ ворид карда шуд, аз ҷумла:
- монеагиҳои сунъии маъмурӣ ва ситонидани маблағ аз кӯҳнавардон барои фатҳи баландкӯҳҳо (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №220 ,Дар бораи аз эътибор соқит донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, №388 "Дар бораи тартиби литсензиякунонии фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохтҳои ҳатмии истифодаи табиат") аз миён бардошта шуданд;
- маблағи гарони воридшавӣ ба ҳудудҳои Парки миллии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 сомонӣ ба 10 сомонӣ барои як шабонарӯз паст карда шуд;
- бақайдгирии ҳатмии туристон дар мақомоти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №122) аз 7 то 30 рӯз тамдид карда шуд;
- сайёҳон аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ (Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ) дар давоми 30 рӯз озод карда шуданд. Тадбири мазкур туристони хориҷиро дар баробари интизорӣ дар навбатгоҳҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ, боз аз пардохти иловагии маблағ барои бақайдгирӣ озод намуд.
16. Қобили қайд аст, ки дар асоси ин ҳуҷҷат ширкатҳои туристӣ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки ба воситаи намояндагони корпусҳои дипломатии кишвар дар хориҷа ва консулгариҳо дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ мактуб-даъватнома ба шаҳрванди хориҷӣ барои дастрас намудани раводиди сайёҳии Тоҷикистон фиристанд. Инчунин, дар доираи татбиқи ин Барнома, шумораи мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводид бо тариқи соддакардашуда дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат доранд, аз 68 адад ба 81 адад расонида шуд.
17. Дар ин давра бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи туризм, 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки барои беҳдошти фаъолият дар соҳа созгор мебошад.
18. Саҳми арзандаро дар ин ҷараён қарорҳои мақсадноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба такмили фазои ҳуқуқии фаъолият дар соҳа ва бартараф кардани монеагиҳои маъмурии будубоши доимии туристони хориҷӣ гузошта истодаанд.
19. Дар баробари ин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №301 "Оид ба Нақшаи чорабиниҳо доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" иборат аз 29 банд тасдиқ шуд.
20. Аз ҷониби бахши хусусӣ низ моҳи марти соли 2011 бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои саноати туристӣ (ҳавопаймоҳо, осорхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, меҳмонхонаҳо ва дигарҳо) Ташкилоти ҷамъиятии "Шӯрои рушди туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис ёфтааст. Шӯрои мазкур аз рӯзи аввали таъсисёбӣ корро дуруст ба роҳ монда, ба унвони Кумита оид ба такмили фаъолият дар соҳаи туризм ва рушди минбаъдаи соҳа яқ қатор таклифҳои муфидро пешниҳод намудааст. Инчунин, дар моҳи июни соли 2014 Ассотсиатсияи туризм дар ҷомеаи асосёфтаи Тоҷикистон ташкил ёфт.
21. Бояд қайд кард, ки дар давраи солҳои 2010-2014 ҳашт созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо кишварҳои Покистон, Қазоқистон, Украина, Афғонистон, Туркманистон, Полша, Баҳрайн, Латвия ва Малайзия таҳия ва ба имзо расиданд.
22. Дар ин ҷараён се Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Созмони гардишгарӣ, саноати дастӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия ба имзо расиданд. Дар маҷмӯъ теъдоди созишномаҳо ва меморандумҳои ҳамдигарфаҳмӣ дар соҳаи туризм ба 20 адад расидааст.
23. Аз ҷониби Кумита се лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба таҷдиди Базаи кӯҳии лижаронии "Сафедорак", сохтмони Комплекси туристӣ дар ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон ва бунёди Маркази туристӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо забони англисӣ таҳия ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод карда шудааст. Кумитаи мазкур лоиҳаҳои мазкурро ба рӯйхати лоиҳаҳои инвеститсионӣ ворид намудааст. Лоиҳаҳои зикршуда дар форумҳои сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба баррасии шарикони потенсиалӣ манзур гашта истодаанд.
24. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мебошад ва намояндагони бахши туризми кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм аз соли 2011 инҷониб дар чорабиниҳои сиёсии ин Созмони бонуфуз иштирок намуда, сифати маҳсулоти тарғиботию иттилоотии худро баланд бардошта истодаанд.
25. Бо дарназардошти сатҳи баланди намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ аз ҷумла: "ITB Berlin" ва нақши калидӣ бозидани он дар ҷалби туристони аврупоӣ ба кишвар ҳайати намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии мамлакат дар ин чорабинии байналмилалии туристӣ ҳамасола иштирок карда истодаанд.
26. Бояд қайд кард, ки Намоишгоҳи мазкур яке аз чорабиниҳои муҳими сол ба ҳисоб рафта, дар он ҳар сол намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои туристӣ, ширкатҳои хавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар самтҳои саноати туристии зиеда аз 190 давлати ҷаҳон ширкат меварзанд.
27. Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари туристони хориҷӣ ба кишвар, ҳамасола ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа маҷмӯи харитаҳои туристӣ ва рукъаҳо аз мавзеъҳои туристии кишвар, инчунин буклетҳои туристӣ бо забони англисӣ пешниҳод шуда истодаанд.
28. Аз маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ бармеояд, ки талаботи муассисаҳои дипломатии мамлакат дар хориҷа ба маводҳои тарғиботию иттилоотӣ оид ба иқтидори туристии ҷумҳурӣ зиёд буда, дар оянда вобаста ба имкониятҳои молиявӣ таъмини бештари онҳо ба манфиати соҳа мебошад.
29. Дар ин давра бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои кишвар, диски туристӣ дар ҳаҷми 15 дақиқа бо забони англисӣ таҳия гардида, он тариқи намоишгоҳҳои туристӣ, форумҳои инвеститсионӣ бо иштироки соҳибкорони кишвар ва намояндагии дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа паҳн гардида истодаанд.
30. Ёддошти туристӣ бо маълумоти пурра оид ба қоидаҳои будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва нишонҳо барои муроҷиат дар ҳолатҳои ғайричашмдошт таҳия гашта, ҳамасола бо теъдоди зиёда аз 8474 адад аз нашр бароварда мешавад. Маълумоти мазкур дар муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа ва фурудгоҳҳои миллӣ паҳн карда мешавад.
31. Харитаи туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии зиёда аз 70 иншооти дорои аҳамияти соҳавӣ, маҷмӯи руқъаҳо бо акси мавзеъҳои тамошобоби кишвар таҳия ва бо забонҳои англисию русӣ нашр мегардад. Маводи мазкур дар байни дӯстдорони сайру саёҳат дар намоишгоҳҳои туристӣ, форумҳои инвеститсионӣ бо иштироки соҳибкорони кишвар ва тавассути Вазорати корҳои хориҷии кишвар паҳн карда мешавад.
32. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паҳн шудани маводҳо дар байни дӯстдорони сайру саёҳат дар хориҷа сабабгори ҷалби таваҷчӯҳ ва ташрифи рӯзафзуни туристони хориҷӣ гашта истода, ба андозае талаботи рӯзафзуни шаҳрвандони хориҷиро оид ба иттилоот аз мавзеъҳои туристии Тоҷикистон қонеъ карда истодаанд.
33. Аз соли 2010 то инҷониб Саҳифаи интернетии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти туризм бо забонҳои русию англисӣ бо нишони www.visittajikistan.tj ба истифода дода шудааст. Мӯҳтавои он тамоми паҳлӯҳои туризми кишварро фаро гирифта, зиёда аз 60 саҳифа матнро дар бар мегирад.
34. Ҳамзамон, дар баробари муваффақиятҳои бадастомада, як қатор мушкилиҳое низ ҳастанд, ки ба нигоҳдории туристони анъанавӣ ва ҷалби гурӯҳҳои нави шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар, таъсири манфӣ расонида истодаанд, аз ҷумла аз ҷониби баъзе кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои аъзои шабакаи Шоҳроҳи Абрешим тамоюли эҷод намудани монеагиҳои сунъии маъмурӣ барои рафтуомади бемайлони туристони хориҷӣ, маблағгузории маҳдуди соҳаи туризм аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар заминаи Барномаи давлатии рушди соҳа барои солҳои 2010-2014, масъалаи норасогии мутахассисҳои соҳибтахассуси техникии соҳаи туризм, алалхусус роҳбаладҳо, муносибати кормандони мақомоти давлатӣ, махсусан қудратӣ (корҳои дохилӣ, гумрук ва ҳифзи сарҳадот) нисбат ба туристони хориҷӣ, ҳангоми воридшавӣ, сайри пиёда ва бо нақлиёти кироя, инчунин вақти убури ҳудуди кишвар, алалхусус дар дидбонгоҳҳои бозрасии давлатии автомобилӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
35. Бо вуҷуди мавҷуд будани шумораи зиёди иншооти зерини кӯмакрасони объектҳои туристӣ, таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки сатҳ ва сифати хизматрасонии танҳо 20 фоизи онҳо ба талаботи туристони хориҷӣ мувофиқат менамоянд.
36. Шумораи осоишгоҳҳо:
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 3, вилояти Суғд - 3, ноҳияҳои тобеи марказ - 6.
37. Шумораи базаҳои туристӣ:
Вилояти Суғд-13, вилояти Хатлон - 2, шаҳри Ваҳдат - 4, ноҳияи Варзоб - 1, шаҳри Душанбе - 1.
38. Шумораи меҳмонхонаҳо:
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 16, вилояти Суғд - 48, вилояти Хатлон - 45, шаҳри Душанбе - 18 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
39. Барои таҳияи хатсайрҳои нави туристӣ ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти зарурии туристон, мавҷудияти инфрасохтори рушдёфта таъсири муҳим мерасонад: шабакаи роҳҳо, меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, базаҳои туристӣ, осоишгоҳҳо, саноати фароғатӣ, мусофиркашонии байналмилалӣ ва дохилии нақлиётӣ, хизматрасонии муосири алоқа ва бонкӣ.
40. Дар сатҳи маҳалҳо (мавзеъҳои асосии ташрифи туристон) аксарияти хизматрасониҳои зикршуда дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор доранд.
4. Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи Барнома
§1. Рушди низоми танзими давлатӣ ва дастгирии фаъолияти туристӣ
41. Дар самти мазкур, андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
- такмили минбаъдаи қонунгузорӣ доир ба масъалаҳои соддакунии расмиёти додани раводид ва бақайдгирӣ;
- қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ барои рушди туризми воридотӣ ва дохилӣ;
- такмил додани низоми баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии оморӣ дар соҳаи туризм, ҷорӣ намудани ҳисоби ёрирасони туристӣ дар низоми ҳисобҳои миллӣ;
- фаъол кардани ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ба мақсади тавсеаи заминаи шартномавии байналмилалии соҳа;
- баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои туристӣ ва меҳмонхонаҳо тибқи талаботи муқаррарнамудаи низоми танзими техникӣ;
- таъмини сатҳи дахлдори идоракунии туристӣ тавассути омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони соҳа;
- таъмини дастгирии давлатӣ барои рушди инфрасохтори туристӣ;
- мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ дар соҳаи туризм.
42. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани ҷалбнокии инвеститсионии соҳаи туризм, ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:
- баланд бардоштани иттилоотонии ҷомеаи байналмилалии соҳибкорӣ оид ба имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва дар ин самт рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ, аз он ҷумла ба воситаи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби сармоягузориҳо;
- мусоидат ба сармоягузории лоиҳаҳои сохтмони иншоот дар шакли маҷмааҳои туристию этнографӣ аз тарафи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ оид ба рушд;
- андешидани тадбирҳо оид ба рушди саноати маҳсулоти савғотии туристӣ.
§2. Маркетинг ва пешрафти маҳсулоти миллии туристӣ
43. Барои татбиқи маркетинг ва пешрафти маҳсулоти миллии туристӣ дар бозорҳои дахлдор дар намоишгоҳҳои машҳури байналхалқии туристӣ ва ташкили баргузории чорабиниҳои мазкур дар ҷумҳурӣ фаъолона иштирок кардан лозим аст.
44. Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо зарур аст:
- минбаъд амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ташаккули имиҷи ҷалбнокии туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи фаъолонаи омилҳои рушди таърихии кишвар, арзишҳои миллии он, анъанаҳо, таом, фарҳанг бо ҷалби нерӯҳои фарҳангӣ ва илмии ҷумҳурӣ;
- тадбирҳои самараноки тарғиботию иттилоотии давлатӣ (ғайритиҷоратӣ) оид ба пешрафти маҳсулоти туристии миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунаи хизматрасонии туристӣ таъмин карда шаванд (иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ ва нашри маводи тарғиботию иттилоотӣ).
§3.Туризми экологӣ - омили рушди устувор
45. Зарурати рушди туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҷомеаҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои дурдаст вобастагӣ дорад.
46. Тибқи маълумоти коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ туризми экологӣ дар даҳ соли охир байни туристон бештар машҳур гашта, яке аз фишангҳои устувори рушд дар давлатҳои манфиатдор ба ҳисоб меравад.
47. Тавре, ки натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристии кишвар нишон доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ (93% ҳудуди кишварро мавзеъҳои кӯҳӣ ишғол менамоянд) дорои имкониятҳои зиёд барои рушди туризми экологӣ мебошад. Асоси онро шароитҳои нодири табиӣ ва манзараҳо, дар якҷоягӣ бо муҷассамаҳои сершумори таърихӣ, мероси фарҳангӣ ва этникии мардуми Тоҷикистон дар давраҳои мухталифи таърихӣ ташкил медиҳанд.
48. Иқтидори иқтисодии туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок лозим меоянд. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои туризми экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ барои туристон таъмин карда шавад. Барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ, аз он ҷумла шахсӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар иншооти туризми экологӣ фароҳам овардани шароит зарур аст.
49. Тадбирҳое, ки барои фаъолнокии ҷараёни мазкур равона шудаанд, чунин мебошанд:
- такмил додани нақшаҳои генералии Боғи миллӣ, мамнӯъгоҳҳои давлатии табиӣ бо мақсади ташаккули инфрасохтори туризми экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- рушди ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризми экологӣ;
- иҷрои ӯҳдадориҳои конвенсияҳои тасдиқнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи муҷассамаҳои мероси ҷаҳонии табиӣ ва фарҳангӣ.
50. Иҷрои тавсияҳои мазкур ва таъмини талаботи махсуси туризми экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсуси муҳофизатшаванда, нигоҳдории намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот дар якҷоягӣ бо фарҳанги ба худ хос ва анъанаҳои аҳолӣ, инчунин тавсеаи мунтазами ҷуғрофияи хатсайрҳо имкон медиҳанд, ки рушди бомуваффақияти самти мазкури туризмро дар кишвар пешгӯӣ намоем.
§4. Такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи туризм ва таъминоти илмию методии он
51. Барои такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи туризм зарур аст:
- доир намудани конфронсҳои илмию амалӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии туристӣ оид ба тайёр кардани кадрҳо ва ҳалли мушкилоти асосии рушди саноати туризм;
- доир кардани семинарҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони саноати туризм, бо дарназардошти тайёр намудани роҳбаладҳои туризм, аз он ҷумла барои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва Боғи миллӣ.
- мусоидат дар таъмини адабиёти муосири соҳа барои муассисаҳои таълимие, ки кадрҳои соҳаи туризмро тайёр менамоянд.
§5. Таъминоти иттилоотии туризм
52. Барои таъмини иттилоотии соҳаи туризм зарур аст:
- Интернет портали ягонаи давлатӣ бо ҷойгиркунонии маълумоти зарурӣ оид ба иқтидори туристии кишвар, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон, ташкилотҳои туристӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо, шабакаҳои нақлиётӣ ва алоқа, тартиби гирифтани раводид, расмиёти бақайдгирӣ ва маъмурӣ таъсис дода шаванд;
- бо мақсади ташаккули имиҷи ҷалбкунандаи туристии ҷумҳурӣ дар воситаҳои фаъоли ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва минтақаҳо доир намудани маъракаҳои тарғиботию иттилоотӣ таъмин карда шавад.
§6. Таъмини бехатарии туристон
53. Яке аз шартҳои асосии рушди туризм ин таъмини бехатарии туристон ба ҳисоб меравад. Таъмини бехатарии туристон дар Хартияи туризм, ки соли 1985 дар Сессияи VI Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ дар шаҳри София (Булғория) маъқул дониста шудааст ва дар Кодекси одоби туристӣ, ки соли 1999 дар шаҳри Сантяго (Чили) қабул гардидааст, инъикос шудааст.
54. Бехатарии турист бевосита аз тадбирҳои андешидаи субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм ҳангоми ташкили хатсайрҳо вобастагӣ дорад.
55. Барои таъмини бехатарии туристон зарур аст:
- такмил додани масъалаи амалӣ намудани тайёрии махсуси кадрҳои туристӣ ва назорати риояи меъёрҳо, қоидаҳо оид ба техникаи бехатарӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм ҷиҳати хизматрасонӣ ба туристон;
- таъмини иттилоотонии туристон оид ба масъалаҳои бехатарии онҳо ҳангоми ташкили хатсайрҳои туристӣ.
§7. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи туризм
56. Ҷанбаи муҳими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи туризм таҳкими ҳамкории мутақобил бо Созмони умумиҷаҳонии туристӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ташкилот бо мақсади истифодаи самараноки имкониятҳои худ бояд дар чорабиниҳое, ки таҳти сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор мешаванд, фаъолона иштирок намояд.
57. Нақши сохтори мазкур ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар рушди туризм ва ба роҳ мондани ҳамкории байни мамлакатҳои ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ, барои ҳамаи аъзои он басо муҳим аст. Омили мазкур дар навбати худ, мавқеи ташкилотро оид ба пешбурди фаъолона ва рушди устувори туризм дар ҷаҳон пурзӯр менамояд.
58. Самтҳои асосии рушди туризми байналмилалӣ вусъат додани робитаҳои байналмилалии туристӣ ва татбиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи туризм ба ҳисоб мераванд.
59. Бинобар ин зарур аст:
- бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда таъмин кардани татбиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи туризм;
- баррасӣ кардани имконияти кушодани гӯшаҳои туристӣ дар назди сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳое, ки гурӯҳҳои асосии туристиро ба ҷумҳурӣ сафарбар менамоянд;
- ба роҳ мондани корҳо оид ба ташкили хатсайрҳои муштараки туристӣ дар доираи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ бо давлатҳои ҳамсоя;
- инкишоф додани ҳамкориҳои минтақавӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар мамлакатҳои минтақа оид ба татбиқи хатсайрҳои туристии транссарҳадӣ.
5. Захираҳои зарурӣ ва манбаъҳои маблағгузории онҳо
60. Тадбирҳо оид ба татбиқи Барнома аз ҳисоби маблағҳои, ки дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пешбинишуда ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ гардонида мешаванд.
61. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои бандҳои ба зиммаашон гузоштаро сари вақт таъмин менамоянд.
6. Натиҷаҳои пешбинишуда ва нишондиҳандаҳои Барнома
62. Дар шароити иҷрои пурраи маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории Барнома ҳамасола ташрифи устувори зиёда аз 50 ҳазор туристон ба кишвар, пешбинӣ шудааст. Агар як туристи хориҷӣ вобаста ба мӯҳлати будубоши худ ба ҳисоби миёна 300 доллари ШМА хароҷот намояд, дар давраи татбиқи Барнома воридоти асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз туризми воридотӣ 45 миллион доллари ШМА-ро ташкил хоҳад дод.
63. Татбиқи самараноки Барнома ба болоравии ҷалбнокии маҳсулоти туристии миллӣ оварда расонда, барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои туристӣ мусоидат менамояд. Инчунин, барои таҳкими рақобатпазирии саноати туристӣ, ки метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти давлат мубаддал гардад, замина гузошта мешавад.
*Дар тамоми матни Нақшаи чорабинӣ калимаҳои "Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ" ба калимаҳои "Кумитаи рушди сайёҳӣ" иваз карда шаванд.
Замимаи 2