Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи меваю сабзавотпарварӣ, таъмини аҳолии ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти озуқаворӣ аз яхдону сардхонаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи "Тоҷикматлубот", Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маблағгузории Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 - ро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, қарзҳои бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва сарчашмаҳои худӣ таъмин намоянд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҷиҳати татбиқи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рафти иҷрои Барнома пешниҳодшударо ҷамьбаст ва таҳлил намуда, ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 декабри соли 2014 № 727
ш.Душанбе