Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2014 № 1152 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №3, мод.130; с.2006, №3, мод. 150; с.2008, №6, мод. 449; №10, мод.799; с. 2012, №8, мод. 822) тағйироти зерин ворид карда шавад:

1. Дар қисми 4 моддаи 1 ва қисми 7 моддаи 16 калимаҳои "яроқ" ва "яроқи" мувофиқан ба калимаҳои "силоҳ" ва "силоҳи" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 2 моддаи 5, сархати сеюми қисми 7 моддаи 9, ном ва қисмҳои 2, 3 ва 7 моддаи 13, қисми 2 моддаи 15, қисми 9 моддаи 17, сархати дуюми қисми 1, қисмҳои 2 ва 8 моддаи 18, сархати чоруми қисми 1 моддаи 24 ва қисми 2 моддаи 25 калимаҳои "амволи" ва "амволҳои" ба калимаи "молу мулки" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

27 ноябри соли 2014 № 1152

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Миралиев

ш.Душанбе, 7 ноябри соли 2014, № 1652

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматичиёни ҳарбӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматичиёни ҳарбӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматичиёни ҳарбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 742

* прилагается на тадж.языке

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О статусе военнослужащих"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О статусе военнослужащих".

Первый заместитель Председателя

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                             А. Миралиев

г. Душанбе, 7 ноября 2014 года, №1652

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О статусе военнослужащих"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О статусе военнослужащих", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О статусе военнослужащих".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                        М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 20 ноября 2014 года, №742