Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2014 № 1156 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО"

Моддаи 1. Ба моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод.194; с.2006.,№4, мод.199; с.2007, №7, мод.673; с.2008, №12, қ.2, мод.999; с.2009, №9-10, мод.545; с.2011, №6, мод. 454; с.2013, №12, мод.893) қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, ӯҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

27 ноябри соли 2014 № 1156

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров

ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014, № 1604

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 747

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ДРАГОЦЕННЫХ МЕТАЛЛАХ И ДРАГОЦЕННЫХ КАМНЯХ"

Статья 1. Статью 19 Закона Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О драгоценных металлах и драгоценных камнях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №4, ст. 194; 2006г., №4, ст.199; 2007г., №7, ст.673; 2008г., №12, ч.2, ст.999; 2009г., №9-10, ст.545; 2011г., №6, ст.454; 2013г., №12, ст. 893) дополнить частью 7 следующего содержания:

"7. Физические и юридические лица, занятые в соответствии с настоящим Законом деятельностью по использованию и обращению драгоценных металлов и драгоценных камней обязаны предоставлять информацию обо всех подозрительных операциях и сделках с драгоценными металлами и драгоценными камнями в порядке, предусмотренном Законом Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма" в уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 ноября 2014 года, № 1156

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистана Ш. Зухуров

г. Душанбе, 9 октября 2014 года, № 1604

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан               М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 20 ноября 2014 года, №747