ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚӯШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №3-4, мод.62; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод.127; с.2000, №11, мод.535; с.2002, № 4, қ.1, мод.260, мод.263; с.2003, №4, мод.141) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқӣ, ҳайат, вазифаҳо, таъинот ва принсипҳои фаъолияти қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.".
2. Қисми дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қӯшунҳои дохилӣ вазифаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ менамояд.".
3. Дар моддаи 5 калимаҳои "Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои "ва амволи", "муҷтамеъҳои", "амвол" ва "амволе" мувофиқан ба калимаҳои ",заминаи", "молу мулки", "молу мулк" ва "молу мулке" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
6. Дар моддаи 9:
- дар сархати сеюм калимаи "яроқу" ба калимаи "силоҳу" иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи "амвол" ба калимаи "молу мулк" иваз карда шавад;
...