Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" октябри соли 2014, № 691
тасдиқ шудааст
Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)
Муқаддима
Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) 1 январи соли 1995 таъсис ёфтааст ва ҳадафи асосии он соддагардонии савдои байналмилалӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ ва шаффофият, мусоидат намудан ба рушди босуботи иқтисодӣ ва дар асоси ин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад. Давлатҳои аъзои СУС ин вазифаҳоро тавассути назорати иҷрои талаботи созишномаҳои бисёрҷониба бо дарназардошти гузаронидани гуфтушунидҳои бисёрҷониба, ба танзим даровардани савдо тибқи қоидаҳои СУС, дастгирии кишварҳои рӯ ба инкишоф ва таҳқиқи умумии сиёсати иқтисодии ҳамаи давлатҳои аъзо иҷро менамоянд.
Созишномаҳои СУС доираи васеи фаъолиятро дар бар гирифта, аз принсипҳои умумӣ ва бунёдӣ барои ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон иборат мебошад. Маҳз ҳамин принсипҳо заминаи бисёрҷонибаи низоми тиҷоратии СУС-ро ташкил медиҳанд. Айни замон 160 кишвар ба ин созмон қабул гардида, 27 кишвари дигар ба сифати нозирон қарор доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 159-уми ин созмон буда, барои ноил шудан ба ин мақсад давраи тӯлонии гуфтушунидҳоро анҷом додааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки раванди дохилшавӣ хеле мураккаб мебошад ва ба кишварҳои нозир зарур аст, ки қонунгузории ҷории худро ба талаботу меъёрҳои СУС мутобиқ намуда, бо давлатҳои аъзо оид ба низоми савдои хориҷӣ, шароитҳои дастрасӣ ба бозори мол ва хизматрасониҳо, ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеҳсолкунанда ва дигар самтҳо гуфтушунидҳо баргузор намоянд.
Бо мақсади зарурати узвият дар ин созмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2001 мактуби дархостиро ба Котиботи СУС оид ба нияти дохил шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ирсол намуд. Моҳи июли соли 2001 Шӯрои генералии СУС дар ҷаласаи худ дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, оид ба таъсис додани Гурӯҳи корӣ доир ба баррасии масъалаи дохилшавии кишвари мо ба СУС ва ба Тоҷикистон додани мақоми кишвари нозир, қарор қабул намуд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тезонидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷоя бо идораҳои манфиатдор корҳои мушаххасро ба анҷом расониданд.
Аз ҷумла, масъалаи ташкил ва ҳамоҳангсозии раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи ҳамкорӣ бо СУС ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 Комиссияи байниидоравӣ оид ба омодагии раванди дохилшавии Тоҷикистон ба СУС таъсис дода шуд. Бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои СУС корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Дар ҷумҳурӣ заминаи мустаҳками меъёрию ҳуқуқии ба талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ ҷавобгӯй ташкил карда шуд.
Вохӯриву мулоқоти намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СУС оид ба масоили дохилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар ду самт гузаронида мешуданд: мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба. Дар давоми 9 даври гуфтушунидҳо, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1300 дархосту саволҳои давлатҳои аъзои СУС ҷавоб доданд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 гуфтушунидҳои дуҷониба оид ба масоили дастрасӣ ба бозори хизматрасонӣ ва 13 гуфтушунидҳои дуҷониба оид ба масоили дастрасӣ ба бозори молҳоро гузаронида, протоколҳои дахлдорро ба имзо расонид.
10 декабри соли 2012 Шӯрои генералии СУС, Ҳисоботи Гурӯҳи корӣ ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои вобаста ба раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС-ро баррасӣ намуда, қобили қабул шуморид. Протокол оид ба ҳамроҳшавии кишвари мо ба СУС аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013 узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид.
Дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС пеш аз ҳама фаъолона ба раванди ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат намуда, ба таври мусбӣ ба нуфузи он дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсир мерасонад. Имконияти истифодаи афзалиятҳои савдои ҷаҳонӣ бо такмил додани сохтори идоракунии давлатӣ мусоидат намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт ва тиҷорати байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо яке аз масоили афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегардад. Узвияти Тоҷикистон дар ин созмон имкон медиҳад, ки дар дохили кишвар низоми шаффоф, пешгӯишаванда ва муҳимтар аз ҳама, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани тиҷорат барқарор гардида, рақобатпазирии маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда беҳтар гардад.
2. Зарурати таҳияи Барнома
Дар шароити кунунӣ, бо дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо истифодаи афзалиятҳои ҳамроҳшавӣ ба ин созмон, дар давраи гузариш омода намудани иқтисодиёти кишвар ба рақобати солим, дар чаҳорчӯбаи ӯҳдадориҳои гирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани иқтисодиёти он, ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди мунтазами робитаҳои иқтисодии хориҷӣ аҳамияти хоса пайдо намуда, ба омили асосии рушди иқтисодиёти миллӣ табдил меёбад. Дар чунин шароит рушди минбаъда ва мунтазами иқтисодиёт ҳамчун заминаи асосии стратегияи дарозмӯҳлати иқтисодии кишвар маҳсуб ёфта, ба ҳалли масъалаҳои азнавсозӣ ва ташкили иқтисодиёти бозаргонии рақобатпазир равона мегардад. Бинобар ин, ташкил намудани ҳамкории дахлдор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СУС, инчунин бо ниҳодҳои байналмиилалӣ талаботи замони муосир мебошад.
Мутобиқ намудани қонунгузории ҷумҳурӣ ба меъёру қоидаҳои СУС заминаи ҳуқуқии дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС буда, он дар раванди дохилшавӣ ба СУС пурра ба анҷом расонида шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххасро вобаста ба мувофиқа намудани қонунгузории ҷумҳурӣ бо меъёрҳои СУС, рафъи номутобиқатии қонунгузории миллӣ ба талаботи реҷаи миллӣ ва реҷаи мусоидати бештар ба анҷом расонид.
Аз раванди дохилшавӣ ба СУС беш аз 100 ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои СУС қабул гардиданд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои ин созмон нисбат ба Тоҷикистон чораҳои махсуси маҳдудгардонӣ оид ба кам кардани тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ андешида нашудааст. Мавриди тазаккур аст, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои бисёрҷониба оид ба соҳаи кишоварзӣ бо давлатҳои аъзои СУС Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки сатҳи дастгирии соҳаи кишоварзиро дар сатҳи 8 фоизи ММД-и соҳа нигоҳ дорад. Тоҷикистон дар раванди гуфтушунидҳо тавонист соҳаҳои афзалиятнокро, аз ҷумла коркарди пахта ва саноати сабук, саноати хурокворӣ ва коркарди дигар маҳсулоти кишоварзиро ҳимоя намояд.
3. Мақсади Барнома
Мақсади асосии Барнома ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории миёна ва хурд, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои СУС, таъмини афзалиятҳои узвият дар СУС барои доираи васеи соҳибкорон тавассути андешидани тадбирҳои зарурӣ, ки ба тезонидани раванди ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар равона гардидаанд, мебошад. Барномаи мазкур ба кам намудани сатҳи бекорӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона гардидааст.
Пайдо шудани бозорҳои нави содироти мол барои истеҳсолкунадагони ватанӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои СУС, иштироки фаъолона дар раванди ташаккули муносибатҳои тиҷоратӣ аз афзалиятҳои нисбии узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ба шумор мераванд. Бинобар ин, Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи СУС, дастрасӣ ба бозори молу хизматрасониҳои давлатҳои аъзои СУС, тавассути таъмини рақобати солим барои молистеҳсолкунандагони ватаниву хориҷӣ, ки аз Ҳисоботи Гурӯҳи кории кишварамон вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС бармеоянд, таҳия гардидааст.
Барномаи мазкур соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишварро фаро гирифта, мақсади асосии он аз ташкил намудани фазои ғайритабйизӣ, таъмини шаффофият, баробарҳуқуқии субъектҳои фаъолияти иқтисодиёти хориҷӣ, таъмини шароити ягонаи дастрасӣ ба бозори хизматрасонӣ ва омода намудани шароити муносиб барои рушди босуботи иқтисодиёти кишвар иборат мебошад.
Нақшаи чорабиниҳои замимашуда, қисми ҷудонашавандаи Барномаи мазкур ба шумор рафта, аз 9 боб иборат мебошад. Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо, ки аз ӯҳдадориҳои гирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СУС бармеоянд, Барнома масъалаҳои монеаҳои техникӣ дар савдо, чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, хизматрасониҳо, моликияти зеҳнӣ, чораҳои соҳавӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ва саноат, баланд бардоштани сатҳи дониш ва иттилоотонии доираи васеи соҳибкорон оид ба СУС ва соҳаи маорифро баррасӣ менамояд.
4. Вазифаҳои Барнома
Бо мақсади бартараф сохтани зуҳуроти манфӣ дар робитаҳои иқтисодиёти беруна, ташкили низоми самарабахши робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самт ба либерализатсияи марҳилавии савдои хориҷиро интихоб намуда, воридшавӣ ба СУС ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок қайд гардидааст. Қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1995, №261 "Дар бораи либерализатсияи (озод кардани) минбаъдаи савдои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар самти амалисозии ислоҳоти соҳаи мазкур қадами аввалин ба шумор меравад. Имрӯз бошад бо қаноатмандӣ қайд кардан мумкин аст, ки роҳи интихобнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дуруст ва саривақтӣ мебошад.
Татбиқи тадбирҳои Барномаи мазкур ба содда намудани маъмуригардонии гумрукӣ; кам намудани гардиши ҳуҷҷатҳои барои воридот ва содирот зарурбуда; кам кардани миқдори иттилоот барои назорати гумрукӣ ва додани иҷозатномаҳо; муқаррарсозии мӯҳлати назорат дар дидбонгоҳҳои автомобилӣ; таъмини назорат дар дидбонгоҳҳои автомобилӣ, бо мақсади бехатарии ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, роҳ надодани қочоқ; аз нав баррасӣ намудани низоми гузаронидани чораҳои назоратӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, бо мақсади аз гузаргоҳи сарҳадӣ ба терминали дохилӣ кӯчонидани корҳои назоратӣ ва тафтишотӣ; таъмин намудани иттилооти пешакӣ дар дидбонгоҳҳои иҷозатномадиҳӣ ва истифодабарии онҳо дар раванди қабули қарор оид ба истеҳсоли мол бо дарназардошти идоракунии хатарҳо; таҳияи тарифҳои нави боҷҳои гумрукӣ тибқи ӯҳдадориҳое, ки аз раванди шомилшавӣ ба СУС бармеоянд; таҳия ва истифодаи чораҳои муҳофизатӣ (зиддидемпингӣ, ҷубронӣ, чораҳои муҳофизатӣ); гирифтани мақоми давлати нозир дар созишнома оид ба хариди давлатӣ ва пешниҳоди дархост барои узвият; ҳамроҳшавӣ ба созишномаи СУС оид ба тиҷорат бо техникаи авиатсионӣ ва гражданӣ; зиёд намудани шумораи озмоишгоҳҳои назоратӣ; сохтмони озмоишгоҳҳои муосир, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд; бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳо; омӯзонидани кормандон оид ба истифодаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ; ташкили марказҳои иттилоотӣ оид ба хизматрасонӣ, ки ба тақвияти мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар савдои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Тақвияти ҳамгироии иқтисодиёти кишвар бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таъмини иштироки дахлдори он дар тақсимоти байналмилалии бозори меҳнат ва савдои ҷаҳонӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротӣ ва инвеститсионӣ, таъмини иштироки мунтазам дар раванди таҳияи қоидаҳои савдои байналмилалӣ ва ноил гардидан ба рушди устувор, мақсади асосии сиёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии кишвар ва замина барои ташаккули шарикии глобалӣ барои мақсадҳои рушд мебошад.
5. Афзалиятҳои Барнома
Ба афзалиятҳои Барномаи мазкур пеш аз ҳама истифода намудани имтиёзҳои амалкунанда дар доираи СУС, бо шартҳои муносиб ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, таъмини шаффофияту баробарҳуқуқӣ дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки дар маҷмӯъ ба зиёд гардидани нуфузи кишварамон дар назди давлатҳои аъзо оварда мерасонад.
Ҳангоми татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур, иқтисодиёти кишвар метавонад манфиатҳои зеринро соҳиб гардад:
- истифодаи шароити бештар мусоид дар савдо, ки баимзорасонии шумораи зиёди созишномаҳоро дар алоҳидагӣ бартараф месозад;
- татбиқи принсипҳои тиҷорати озод нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар савдои байналмилалӣ, ки асос барои аз байн бурдани монеаҳои манфӣ ва табйизӣ мегардад;
- баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ;
- имконоти истифодабарӣ аз системаи фаврии иттилооти байналмилалии тиҷоратӣ, ки барои татбиқи сиёсати тиҷоратию иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам меорад;
- имконияти истифодабарии механизми ҳалли баҳсҳои тиҷоратию иқтисодии дар чаҳорчӯбаи СУС амалкунада аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи қоидаҳои нави савдои байналмилалӣ, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ;
- фаъолгардонии иштироки субъектҳои фаъолияти иқтисодиёти хориҷии кишвар дар арсаи байналмилалӣ.
6. Натиҷаҳои Барнома
Дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барнома ба натиҷаҳои зерин оварда мерасонад:
- дастрасии ғайритабйизии молу маҳсулоти ватанӣ ба бозори ҷаҳонӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалб намудани сармояи хориҷӣ;
- мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои СУС;
- фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, бо дарназардошти афзоиши воридоти маҳсулоти хориҷӣ, хизматрасонӣ ва сармоягузориҳо ба бозори дохилӣ;
- воридшавӣ ба низоми ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ дар сатҳи байналмилалӣ;
- иштирок дар таҳияи қоидаҳои савдои байналмиллалӣ, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ;
- истифода аз системаи фаврии иттилооти тиҷоратӣ, ки барои татбиқи сиёсати тиҷоратию иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Замима