Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 аз 31 октябри соли 2014 № 690

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" октябри соли 2014, № 690

тасдиқ шудааст

Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020

1. Муқаррароти умумӣ

1. Меҳнати кӯдакон дар ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз мушкилоти рӯз, проблемаҳои нисбатан шадид дар ҷумҳурӣ, ки ташвиши ҷомеаро ба миён овардааст, боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон барҳам додани меҳнати кӯдакон мавриди таваҷҷӯҳи ташкилотҳои мухталифи маҳаллӣ ва байналмилалие мебошад, ки дар самти пешгирӣ ва аз бозори меҳнат хориҷ кардани кӯдакон таҳқиқот анҷом медиҳанд ва лоиҳаҳои гуногунро татбиқ менамоянд.

2. Ба муносибатҳои меҳнатӣ ва шаклҳои бадтарини он ҷалб кардани кӯдакон ҳам барои худи кӯдакон ҳам дар оянда барои тамоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

3. 17 июни соли 1999 Конференсияи байналмилалии меҳнат Конвенсияро дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон (№182) ва вобаста ба он Тавсияи №190 - ро қабул намуд, ки давлатҳои аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнатро ба андешидани чораҳои фаврӣ ва самаранок барои манъ намудан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон даъват намуд.

4. Мутобиқи талаботи Конвенсияи мазкур ҳар як давлати аъзо бояд барномаҳои миллии худро оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон таҳия ва татбиқ намояд.

5. Ҳукумат тибқи талаботи конвенсияҳои байналмилалӣ, бояд нақши марказиро иҷро намуда, саъю кӯшишҳои шарикони иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҳалли проблемаҳои кӯдакони осебпазир роҳбарӣ ва ҳамоҳанг созад.

6. Бо дарназардошти ӯҳдадориҳои байналмилалии қабулнамуда, Тоҷикистон якҷоя бо шарикони сеҷониба (мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои корфармоён) Барномаи миллиро оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 (минбаъд Барномаи миллӣ) таҳия ва омода мекунад.

2. Мафҳумҳои асосӣ

7. Кӯдак ин мавҷудоти инсоние мебошад, ки дорои ҳуқуқ буда, нисбати худ таваҷҷӯҳи хос, инчунин кӯмаку дастгириро аз ҷониби давлат ва ҷомеа талаб менамояд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон(1) шахси то синни 18 - сола кӯдак ҳисобида мешавад.

8. Истилоҳи "меҳнати кӯдакон" ба коре мансуб аст, ки:

- аз ҷиҳати ақлонӣ, ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ё ахлоқӣ барои кӯдакон хатарнок ва зиёновар аст;

- ба таҳсили кӯдакон монеъ мешавад, боиси пеш аз мӯҳлат қатъ кардани таҳсили онҳо мегардад.

9. Меҳнати кӯдакон аз рӯи инҳо муайян карда мешавад:

- синну сол;

- давомнокии кор;

- навъи кор.

Меҳнати кӯдакон - маънои иҷрои корҳои хурд, корҳои хоҷагии дохилӣ ё хонагиро надорад.

10. Мафҳуми шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ба меъёрҳои дар ду конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат - Конвенсияи соли 1973 (№ 138) оид ба синну соли ҳадди ақал ва Конвенсияи соли 1999 (№ 182) оид ба манъкунӣ ва тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон асос ёфтааст.

11. Мувофиқи Конвенсияи №182 шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон аз рӯи критерияҳои зерин муайян карда шудаанд:

- ҳама шаклҳои ғуломӣ ё фаъолияти ба ғуломӣ шабоҳатдошта, ба монанди фурӯхтани кӯдакон ва савдои онҳо, асорати қарздорӣ, вобастагии муздурӣ ва меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ, аз ҷумла ҷалбкунии маҷбурӣ ё ҳатмии кӯдакон барои истифодаи онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона;

- истифода кардан, ҷалб кардан ё пешниҳод кардани кӯдак барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ, барои истеҳсоли маҳсулоти порнографӣ ё амалҳои порнографӣ;

- истифода бурдан, ҷалб кардан ё пешниҳод намудани кӯдак барои машғул шудан ба фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла барои истеҳсол ва фурӯши маводи нашъаовар, тавре ки дар шартномаҳои байналмилалии дахлдор муайян карда шудааст;

- коре, ки аз рӯи хусусияти худ ё шароите, ки дар он кор иҷро карда мешавад, метавонад ба саломатӣ, бехатарӣ ё одобу ахлоқи кӯдак зиён расонад.

12. Меҳнати хатарноки кӯдакон меҳнате мебошад, ки натиҷаи иҷрои он барои кӯдакон метавонад боиси марг, захмишавӣ ва ё зарар дидан гардад. Шаклҳои хатарноки меҳнати кӯдакон вобаста ба сохтори иқтисодиёт ва равандҳои саноатию истеҳсолӣ муайян карда мешаванд.

13. Мувофиқи тавсияҳои Конвенсияи №138 синну соли ҳадди ақали қобили меҳнат бояд аз синну соли хатми зинаи ҳатмии таҳсилот ( дар Тоҷикистон 16 солагӣ) паст набошад.

______________________

1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 55) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" (моддаи 4).

3. Вазъи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон

14. Дар Тоҷикистон омори меҳнати кӯдакон ба тариқи доимӣ пеш бурда намешавад. Арзёбии миқёси меҳнати кӯдакон асосан ба таҳқиқоти зерине, ки дар давраи аз соли 2004 то соли 2010 дар Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, асос меёбад:

- таҳқиқоти соли 2005 бо дастгирии лоиҳаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат гузаронидашуда оид ба проблемаҳои меҳнати кӯдакон дар маҳалҳои шаҳрии Тоҷикистон (шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе) (2);

- таҳқиқоти кластерӣ оид ба бисёр нишондиҳандаҳои соли 2005(3);

- экспресс - таҳлил оид ба меҳнати кӯдакон дар бахши ғайрирасмии иқтисоди шаҳрӣ бо таваҷҷӯҳ ба кӯдаконе, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаҳо кор мекунанд, соли 2005(4);

- таҳқиқоти қувваи кории солҳои 2004 ва 2009(5);

- таҳқиқоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба кӯдакони дар Тоҷикистон мондашуда, соли 2011.

15. Тибқи ҳисоботи таҳқиқоти кластерӣ оид ба бисёр нишондиҳандаҳои соли 2005, қариб 10 фоизи кӯдакони синни 5 - 14 - сола (160 - 170 ҳазор кӯдакон) ба соҳаи меҳнати кӯдакон ҷалб гардида буданд. Дар айни ҳол аксарияти кӯдакони коргар (89 %) ҳамзамон бо таҳсил дар мактаб кор мекарданд.

16. Меҳнати кӯдакон дар бисёр бахшҳо ва навъҳои фаъолият истифода карда мешавад. Бо дарназардошти он, ки аксари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот истиқомат мекунад ва бо кишоварзӣ машғуласт, шумораи аз ҳама бештари кӯдакони коргар низ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

17. Таҳқиқоти зикршудаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар соли 2005 нишон дод, ки аксарияти кӯдакон ба сифати аробакаш, боркашон, мошиншӯй, ёрдамчӣ дар бозор, фурӯшандаи халтачаҳои полиэтиленӣ, пулмайдакунанда барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунанд, ба таъмири хурд машғуланд, аз ҷумла духтаракони 14-15 - сола дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ёрдамчӣ мешаванд, дар қаҳвахонаҳо ба сифати пешхизмат, зарфшӯй ва фаррош кор мекунанд.

_______________________________

2 Нусхаи кории ҳисобот.

3 Тоҷикистон, Мониторинги вазъи кӯдакон ва занон. Таҳқиқоти кластерӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои мухталиф, 2005, саҳ. 78-79 (руссӣ).

4 Пажӯҳишгоҳи илмии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Экспресс-таҳлил оид ба меҳнати кӯдакон дар бахши ғайрирасмии иқтисоди шаҳр бо таваҷҷӯҳ ба кӯдаконе, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаҳо кор мекунанд, с. 2005 (русӣ).

5 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъ дар бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваи корӣ июн-июли соли 2009. Душанбе, 2010 (русӣ).

18. Дар маҳалҳои шаҳрӣ низ ҳиссаи кӯдакони дар соҳаи савдо машғулбуда калон аст (48,1%). Аслан тамоми кӯдаконе, ки дар соҳаҳои саноати коркард, сохтмон, чаканафурӯшӣ ва хӯроки умумӣ машғули кор мебошанд, ҳафтае зиёда аз 20 соат кор мекунанд.

19. Таҳқиқоти қувваи кории солҳои 2004 ва 2009 нишон доданд, ки шумораи кӯдакони синни 12 - 14 - сола, ки ақаллан ҳафтае 1 соат кор мекунанд, 179,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад (дар соли 2004 ин нишондод 134,7 ҳазор нафар буд)6

20. Меҳнати кӯдакон асосан дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (98%), дар соҳаҳои савдо ва тиҷорат (0,9%), саноати коркард (0,5%) ва сохтмон (0,5%) истифода мешавад. Аз 15 то 20 фоизи кормандонро дар соҳаи тиҷорати хурд ва миёна кӯдакон ташкил медиҳанд. Онҳо дар нонвойхонаҳо, дӯконҳои қаннодӣ, сартарошхонаҳо (ба сифати шогирд) кор мекунанд.

21. Тибқи маълумоти таҳқиқоти қувваи кории соли 2009, омилҳои зерин ба меҳнати кӯдакон сабаб мешаванд:

- камбизоатӣ;

- расму оинҳои миллӣ;

- оилаи калон;

- муносибати ғайриқонунии корфармоён;

- муносибати ғайриодилона нисбат ба духтаракон;

- муҳоҷирати меҳнатии падару модар.

22. Дар равандии меҳнати кӯдакон кӯдакони коргар бо хавфҳои зерин рӯ ба рӯ мегарданд:

- шароити зараровари истеҳсолӣ ва кори вазнини ҷисмонӣ;

- надоштани имконияти ғизои дуруст истеъмол кардан;

- хатар аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳ (мошиншӯйҳо, аробакашҳо);

- зӯроварии рӯҳӣ (равонӣ), таҳқиру дашноме, ки дар ҷойи кор рух медиҳад;

- ҳолатҳои фиребкунӣ аз ҷониби корфармоён;

- ғайриимкон будани якҷоякунии таҳсил ва кор;

- хавфу хатари таъсири омилҳои зараровар ба саломатии онҳо ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ (бардоштан ва кашондани борҳои вазнин, кор дар шароити гармию хунукӣ, рӯзи кори бемеъёр, хавфи зиёди сирояти бемориҳо, кор бо заҳрхимикатҳо ва ғайра).

23. Дар соҳаи чорводорӣ паҳншавии бемориҳои гуногуни ҳайвонот барои кӯдакон хавфи зиёди биологиро ба миён меорад. Масалан, беморшавии кӯдакон бо брутселлёз метавонад боиси бефарзанд шудани онҳо гардад.

24. Дар саноат, соҳаи савдо ва хизматрасонӣ низ кӯдакон бо душвориҳои ҷисмониву равонӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

_________________________

6 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъ дар бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваи корӣ моҳҳои июн-июли соли 2009. Душанбе, 2010.

25. Соли 2001 бори аввал сохтори назоратӣ - Нозироти давлатии меҳнат таъсис дода шуда буд. Соли 2007 он ба Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табдил дода шуд. Аз соли 2014 он Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

26. Соли 2009 таҳрири нави Қонун "Дар бораи ҳифзи меҳнат" қабул карда шуд, инчунин ҷавобгарии корфармоён дар доираи Кодекси нави ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ васеътар гардонида шуд.

27. Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010 - 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, № 278 тасдиқ шуда буд.

28. Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат №182 ва №138 - ро ба тасвиб расонидааст. Аз ин лиҳоз, қонунгузории миллӣ ба ҳамоҳангкунӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ зарурат дорад.

Дар қонунгузории миллӣ мафҳуми "Меҳнати кӯдакон" ворид карда нашудааст ва мутобиқан норасоии меъёрҳои вобастабуда ба амалия оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон эҳсос мегардад.

4. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

29. Мақсади Барнома: пурра барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон.

30. Вазифаҳои зерин муайян карда шудаанд:

- ташаккул ва инкишоф додани механизми сеҷонибаи ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар тамоми сатҳҳо;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон;

- татбиқи чорабиниҳои бевосита оид ба пешгирии воридшавии кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат ва хориҷ кардани кӯдакон аз шаклҳои бадтарини меҳнат.

31. Стратегияи Барнома ба ҳуҷҷатҳои зерин асос ёфтааст:

- талаботи моддаи 6 Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат №182, ки Тоҷикистон онро соли 2005 ба тасвиб расондааст;

- Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 166 тасдиқ шудааст;

- Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2000 Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шуд;

- Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011,  № 277 тасдиқ шудааст;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 169 "Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18 сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашондани борҳо".

32. Принсипҳои Барнома:

- риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини кӯдакон;

- таҳаммулнопазирӣ нисбати шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон;

- пешгирии ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат;

- фавран хориҷ кардани кӯдакон аз шаклҳои бадтарини меҳнат ва офиятбахшии онҳо;

- ҳимояи кӯдаконе, ки ба синни ҳадди ақали қобили меҳнат расидаанд аз истисмор ва ҷалб гардидан ба шаклҳои бадтарини меҳнат;

- ҳамгироии муқаррарот оид ба меҳнати кӯдакон ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва барномавии Тоҷикистон;

- ҳамгироии муқаррарот оид ба меҳнати кӯдакон ба ҳуҷҷатҳои барномавии соҳавӣ ва минтақавӣ ва нақшаҳои амал;

- ворид кардани масъалаҳои меҳнати кӯдакон ба равандҳои ташкилӣ (вазоратҳо ва дигар мақомоти идораи марказӣ, кормандон ва корфармоён), то ки дар фаъолияти худ масъалаҳои меҳнати кӯдаконро беҳтар ҳал кунанд;

- ҳамгироии муқаррарот оид ба барҳамдиҳии ҳама шаклҳои поймолкунии ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла духтаракон аз гурӯҳҳои этникии алоҳида ба стратегияҳои дахлдор ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ;

- андешидани тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии оилаҳое, ки кӯдаконашон дар шаклҳои бадтарини меҳнат иштирок мекунанд ва кӯдаконашон ба гурӯҳи хавф мансубанд;

- осонтар намудани дастрасии падару модарони кӯдаконе, ки таҳти хавфи ба шаклҳои бадтарини меҳнат ҷалб гардидан қарор доранд ва онҳое, ки дар шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон иштирок мекунанд ба грантҳо ва қарзҳо барои он, ки сифати зиндагии ин оилаҳо беҳтар карда шавад;

- азназаргузаронии мунтазами муассисаҳои ҳукуматӣ, оид ба масъалаҳои қабул намудани қарорҳо ба манфиати кӯдакони коргар;

- ҷалби кӯдакон ба фаъолият оид ба пешгирӣ ва мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнат.

5. Натиҷаҳои пешбинишаванда

33. Татбиқи чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- ба роҳ мондани фаъолияти самараноки Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон (минбаъд Шӯрои байниидоравӣ), ки бо фармони Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2012, №102 таъсис дода шуда, Низомномаи он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст;

- самаранок амал намудани механизми сеҷонибаи ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар сатҳи маҳаллӣ;

- тақвият ёфтани иқтидори муассисаҳо дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳалли проблемаҳои меҳнати кӯдакон;

- омӯзиши таҷрибаи муосири байналмилалӣ ва дар сиёсати миллӣ татбиқ намудани он;

- ташаккул ва такмили манбаи маълумот оид ба шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон;

- мутобиқ намудани қонунгузорӣ оид ба меҳнати кӯдакон бо меъёрҳои байналмилалӣ ва таъмини иҷрои он;

- дар сиёсати марбута (дар сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ) ҷой додани усул ва чораҳо оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон;

- таъмини дастрасии иттилоот ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва оқибатҳои он;

- мусоидат ба дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти умумии асосии ҳатмии босифат, рушди барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмӣ ва барномаҳои таҳсилоти касбӣ;

- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат;

- татбиқи чорабиниҳо оид ба дастгирии оилаҳои кӯдаконе, ки ба шаклҳои бадтарини меҳнат ҷалб гардидаанд.

6. Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии татбиқи Барнома

34. Барномаи миллӣ бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва бо ҷалби шарикони иҷтимоӣ, доираи васеи мутахассисон аз идораҳои дахлдор ва дигар тарафҳои манфиатдор таҳия гардидааст. Зарурати таҳияи ин Барномаи миллӣ дар доираи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 муайян карда шудааст.

35. Ҳуҷҷати мазкур ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба принсипҳои эҳтироми ҳуқуқи инсон ва татбиқи ӯҳдадориҳои дар доираи конвенсияҳои байналмилалӣ ба зимма гирифта инъикос менамояд, аз ҷумла Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба сину соли ҳадди ақал, соли 1973 (№138) ва оид ба манъкунӣ ва тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, соли 1999 (№182) ва Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак.

36. Маблағгузории татбиқи чорабиниҳое, ки дар Барномаи миллӣ пешбинӣ гардидаанд, дар доираи маблағҳое, ки ҳар сол ба муассисаҳои дахлдор ҷудо карда мешаванд ва аз дигар манбаъҳо, инчунин маблағҳои ташкилотҳои донорӣ ва шарикони рушд, тибқи қонунгузории амалкунанда анҷом дода мешавад.

37. Барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда, муассисаҳои масъул бояд фаъолияти донорҳоро ба соҳаҳое, ки наметавонанд аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шаванд, равона карда тадбирҳо андешанд.

7. Ҳисобот ва назорати иҷрои Барнома

38. Назорат ва арзёбии иҷрои Барномаи миллӣ ба зиммаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои байниидоравӣ вогузор карда мешавад.

39. Ҳамчун ҷузъи раванди назорат, гузоришҳо оид ба натиҷаҳои бадастомада бояд ҳар шаш моҳ (моҳҳои июл ва январ) таҳия карда шаванд ва дар онҳо иттилоот оид ба саъю кӯшишҳои анҷомдода барои иҷрои амалҳои дар ин Барномаи миллӣ пешбинигардида инъикос карда шавад. Гузоришҳо оид ба натиҷаҳои бадастомада бояд аз ҷониби муассисаҳои масъули татбиқи Барномаи миллӣ таҳия гардида, ба Котиботи Шӯрои байниидоравӣ пешниҳод карда шаванд. Котиботи Шӯрои байниидоравӣ бояд гузориш оид ба натиҷаҳои бадастомадаро ҷамъбаст намуда, онро ба баррасии Шӯрои байниидоравӣ пешниҳод намояд.

40. Дар охири ҳар сол бояд ҳисобот оид ба арзёбии иҷрои Барномаи миллӣ омода карда шавад. Ҳисоботи мазкур ҳар сол то 1 март бояд барои баррасӣ, тасдиқ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

41. Нақшаи амалҳо оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ба Барномаи миллии мазкур замима мешавад.

РӯЙХАТИ ИХТИСОРОТ

АНДМ        Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

АО          Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

БҶ          Бонки Ҷаҳонӣ

ВАО         Воситаҳои ахбори омма

ВКД         Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКХ         Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМИ         Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМКБ        Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

ВММША       Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВН          Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВТҲИА       Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВРИС        Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВЭЗО        Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИПҶТ       Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДТИХД       Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИКТ         Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон

КА          Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КДСИАД      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КЗО         Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КМХО        Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон

КҶВС        Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КҲК         Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КТР         Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳрҳу ва ноҳияҳо

МНМО        Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НК          Ташкилоти байналмилалии ғайриҳукуматии "Наҷоти кӯдакон" - Save the Children

НТҶ         Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

СБМ         Созмони байналмилалии муҳоҷират

СММ         Созмони Милали Муттаҳид

ТБМ         Ташкилоти байналмилалии меҳнат

ТҚК         Таҳқиқоти қувваи корӣ

ФИКМТ       Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

ХМ          Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲҶТ         Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶШ          Ҷомеаи шаҳрвандӣ

ШБМК        Шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон

ШИ          Шарикони иҷтимоӣ: ташкилоти кормандон (иттифоқҳои касаба), ташкилотҳои корфармоён

ШҲБ         Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравии ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо ШБМК-и назди ВММША

ХКСММ       Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид

Замима